Ҷаноби Тоҳирӣ, волидон аз кӯдаконашон хоҳишоти зиёд мекунанд. Фалон корро кун. Фалон корро накун. Мактаб рав. Китоб хон. Бозор рав. Берун набаро. Хӯрок хӯр. Хоб кун. Гапи маро фаҳм. Телевизор тамошо кун. Чой нӯш… Вале кам ҳолате мешавад, ки волидон аз хоҳишоти фарзандонашон огаҳ шаванд ва онҳоро амалӣ кунанд. Ба ин хотир, дар ин мактубам ба ту 10 хоҳиши кӯдаконро мегӯем.

  1. Вақт ҷудо кунед;

Ҷаноби Тоҳирӣ, чандин афсона, ҳикоя ва саҳнаҳои тарбиявиву филмҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки сужаашон дар бораи вақт ҷудо кардан ё накардани волидон барои фарзандонашон сохта шудааст. Вақт ҷудо кардан ба кӯдакон ҳаммаънои худро бахшидан аст ва бешак аз тамоми чизи дунё дида, худро бахшидан авлотару арзишмандтар аст.

  1. Сахтгир набошед;

Ҷаноби Тоҳирӣ, мо волидони зиёдеро дучор меоем, ки нисбат ба фарзандонашон ниҳоят сахтгиранд. Дар муносибат бо кӯдаконашон бадқавоқу ҷиддӣ, ғамгину ногап мешаванд. Вале набояд фаромӯш кард, ки хоҳиши аввалиндараҷаи кӯдакон ин муносибати хуб доштани волидон аст. Ва боз набояд фаромӯш кард, ки бадқавоқу ҷиддӣ, ғамгину ногап будани волидон ба кӯдакон ба ҷуз хотираи баду рӯҳияи бад дигар чизе дода наметавонад.

  1. Шароит муҳайё кунед!

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар дилхоҳ мактабу дилхоҳ синфхона ба хонандагоне дучор меоем, ки либоси хуби мавсимӣ надоранд, ё баъзе лавозимоти мактабӣ ба онҳо намерасад, ё имкони дар чорабиниву ба қавле қурутобхӯриҳои ҳамсинфон ширкат кардан барояшон нест ва “ё”-ҳои дигар… Ин норасоиҳо ба мо мегӯянд, ки барои ояндаи хуби фарзандамон бояд шароит муҳайё кунем, зеро чунин нодориҳову натавонистанҳо ба кӯдакон зарбаи сахт мезананд. Яъне, кӯдакони мо мехоҳанд барои мактаб рафтанашон бо роҳкиро, обедпулӣ, пули парда, пули обуна, пули зодрӯзи муаллимаву ҳамсинфон, барои футболбозӣ “будсӣ”, тӯб, либоси варзишӣ ва бо дигар лавозимот таъмин бошанд.

  1. Гапгир бошед;

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳамон тавре ки ту мехоҳӣ фарзандат ҳамеша гапатро ду накунад, дар навбати худ кӯдак ҳам ин хоҳишро дорад. Яъне, ҳама кӯдакон ҳам ҳақиқати худро дошта, мехоҳанд он тантана кунад.

  1. Саволҳоро бе ҷавоб намонед;

Ҷаноби Тоҳирӣ, олимон исбот кардаанд, ки кӯдакони то 4-сола рӯзона то 400-500 савол медиҳанд ва дар ин айём хоҳиши калонашон ин аст, ки волидон ё атрофиён ҳадди ақал ба қисме аз саволҳои онҳо посух гӯянд. Дар ин баробар, бояд ёдовар шуд, ки ҳар ҷавоби мо ба онҳо қуввату тавоноии дигар мебахшад. Яъне, ба ту гуфтаниям, ки ба ҳама саволҳои фарзандат  ҷавоб деҳ.

  1. Хӯрок хӯред;

Ҷаноби Тоҳирӣ, шояд ин хоҳиши кӯдакон каме шубҳанок намояд, вале бояд гуфт, ки қисме аз кӯдакон хоҳиши зиёд доранд, то ки волидонашон бо онҳо якҷо хӯрок хӯранд. Инро донистан хуб аст, ки дар баъзе оилаҳо кӯдакон дар дастархони алоҳида хӯрок мехӯранд ва ин ҷудокунии волидон боиси гиряву норозигиҳои зиёди кӯдакон мегардад. Яъне, фарзандон бо волидон хӯрок хурданро бисёр дӯст медоранд ва ин амалро зиёд такрор кардан мехоҳанд. Агар нафаҳмида бошӣ, мефаҳмонам: бо фарзандат хӯрок хӯр.

  1. Ба маҷлис равед;

Ҷаноби Тоҳирӣ, бадбахтона, дар мо ба маҷлиси падару модарон рафтани волидон муд нест. Бархе мераванд ва қисме не. Ҳар нафаре, ки ба маҷлиси мактабӣ намеравад, сабабу баҳонаи худро дорад. Вале бештар ба маҷлиси падару модарон рафтани волидонро кӯдакон мехоҳанд, зеро он маҷлисҳо махсус барои волидон ҳастанд ва иштироки онҳо барои фарзандон қувват, умед ва боварии зиёд бахшида метавонад.

  1. Ба шумо тақлид мекунанд;

Ҷаноби Тоҳирӣ, исбот шудааст, ки кӯдакон то синну соли муайяне мехоҳанд мисли падар ё модарашон бошанд. Ба гуфтор, рафтор ва кирдори волидон тақлид мекунанд, мехоҳанд либосҳои ба онҳо монанд пӯшанд, хӯрокашонро ба монанди онҳо тановул кунанд, мехоҳанд касби онҳоро интихоб кунанд ва ғайраҳо, вале қисме аз волидон инро хуб фаҳмида наметавонанд ва ин хоҳиши кӯдаконро нодида мегиранд. Албатта, яке аз он падарон ту ҳастӣ.

  1. Муҳофизат кунед;

Ҷаноби Тоҳирӣ, аҳамият дода бошӣ кӯдаконе, ки бе падар ё модар ба воя мерасанд, нисбат ба онҳое, ки волидайн доранд, беҷуръатаранд. Ҷуръат, натарсидан, боварӣ доштан, ба пеш ҳаракат кардан ва дигар хусусиятро ба кӯдакон танҳо волидон дода метавонанд. Ва ҳамин аст, ки ҳамеша фарзандон ба муҳофизати волидон ниёз доранд. Ту ҳам фарзандатро аз бачаҳои кӯча муҳофизат кун.

  1. Хоҳишоти фарзандонро иҷро кунед;

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳоҳиши охири кӯдакон ин аст, ки ҳамаи хоҳишоти онҳоро волидон иҷро кунанд. Ба фикрам, бароят фаҳмо шуд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S: 1 июн – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь