Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам, аз он ки чанд моҳ ба ту мактуб нанавиштам, аз ман ранҷидаӣ ва ҳатто овозаҳо омаданд, ки дар кадом маъракае шикоят ҳам кардаӣ. Ба ранҷидану шикоят кардан ҳақ дорӣ, вале бовар кун, сабаби аслии хомӯш будан, ин надоштани мавзӯъ аст.

Мавзӯъ надорам, намеёбам ва иловатан хоҳиши ҷустуҷӯ ҳам надорам. Фикр дорам, ки ҳамаашро партояму ба фурӯши хот-дог гузарам, зеро баробари даромади хот-догфурӯши назди биноамонро фаҳмидан, даҳонам боз шуд. Ҳасудӣ намекунам, оши ҷонаш шавад, вале ҳоло чунин аст. Як сартарош, пойафзолдӯз, хот-догфурӯш… аз аксар дорандагони диплому касб дида, даромади хуб, зиндагии хуб ва хонаи хуб доранд. Пас, аз ин даводави беҳуда дида, роҳи дигарро ёфтан даркор. Ба фикрам, ҳаминро ба назар гирифта, устод Хуршед Атовулло дар матлабашон гуфтаанд, ки дар фикри иваз кардани пеша ҳастанд ва аз миёни устои яхдон, ронандаи таксӣ ва ойинабур якеро интихоб мекунанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, акнун пас аз он ки худамро сафед кардам, сари мақсад меоям.

Як дӯсти бисёр наздикам дар фикри чопи китоб шуд. Матолибашро ҷамъ карда, ба дасти муҳаррир супурд. Баъди муҳаррир мусаҳҳеҳон хонданд. Саҳифабандӣ шуд. Дар чопхона дод. Пас аз чанде китоб чоп шуд. Фаҳмидам, ки қисми зиёди хароҷоти китоб бо пули қарз аст. Одатан, дар мо хеле аз эҷодкор китобашонро нашр мекунанд, ки ҳадди ақал аз фурӯш пули чопхонаро бароранд, вале ин хел намешавад. Медонӣ чаро? Ба фикре ҳастем, ки ҳар нафаре китоб чоп кард, маҷбур аст, ки ба мо як нусха туҳфа кунад. Ҳатман ва маҷбурӣ!

Ба суроғи китоби дӯсти ман ҳам хелеҳо омаданд, аммо касе фикр накард, ки бояд ҳадди ақал як маротиба доир ба харҷу дахли китоб пурсад, сухан кушояд ва ҳаққи қаламро диҳад. Ҳама мехоҳанд китоби эҷодкореро, ки бо қарз чоп шудаасту чанд моҳи оянда барои додани қарз аз сари маошаш қайчӣ мекунад, тӯҳфа гиранд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳатто нафароне ҳам пайдо шуданд, ки занг задаву бо кунҷи лаб шакли электронии китобро дархост карданд. Дӯсти ман чунин шакли дархостро шунид: “Мо китобро электронӣ мехоҳем ва дар фалон рақам Telegram аст, фирист”.

Ҷаноби Тоҳирӣ, шояд сарзаниш кунӣ, ки китобро барои хондан чоп мекунанд ва бояд ба намуди тӯҳфаи чопӣ ё электронӣ ба мардум дастрас гардад. Вале дар шароити имрӯз чунин амал танҳо ва танҳо бар зарари ҳар эҷодкор аст. Дуруст мешавад, агар китоб бо сарпарастии китобдӯсте нашр гардад ва ройгон тақдим шавад, вале оне, ки бо қарз чоп кунему туҳфа диҳем, бемантиқ аст.

Агар фарҳанги китобхариро миёни худамон ба роҳ монем, шояд эҷодкорон ангеза гиранд ва аз пули фурӯши китоби якум китоби дуюмашонро нашр кунанд. Аммо бо ин ки тӯҳфа мехоҳем, дигар шавқи нашри китоб мемирад. Дигар намехоҳанд китоб чоп кунанд. Дигар китоб баробари китоб гуфтан, қарзашонро ба ёд меоранд. Дигар мардуми тӯҳфахоҳ ислоҳ намешаванд. Дигар китобҳои навро кам мебинем. Дигар матолиби хубу арзишманд танҳо дар ноутбукҳои эҷодкорон мемонанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь