Хабари кумак ба хонаводаҳо, пизишкон, устодон дар Амрико ё кишвари Ӯзбекистони ҳамсоя дар давраи пандемия барои ҳамватанони мо ҷолибу хонданӣ аст.

Аксари кишварҳои давру бари мо барои сокинони худ роҳҳои осон кардани кумак расониданро пайдо мекунанд, то мардум аз ин буҳрон берун шаванд, кор кунанд ва ба иқтисодиёти худ саҳм гузоранд.

Танҳо дар мост, ки на танҳо ҳарфе аз имтиёз ба сокинон нест, балки зуд-зуд хабари бештар хароб кардани тавоноиҳои молии мардумро мешунавем. Ҳамин аст, ки як гуруҳи волидайн аз масъулини Литсейи Президентии рақами 3 шикоят доранд, ки аз онҳо ғайриқонунӣ пул талаб доранд. Ба гуфтаи волидайн, замоне, ки хонандагони тамоми ҷумҳурӣ ба таътили дарозмуддат аз 17-уми апрел то моҳи июн фиристода шуда буданд, аз шуъбаи муҳосибот ҳар рӯз ба онҳо занг мезананд ё паём мефиристанд, ки маблағи дар замони пандемия Ковид-19-ро ҳарчи зудтар супоред: “Маблағро супоридан даркор, мо бояд ҷамъбаст кунем”. Волидайни норозӣ ҳарчанд суол мекунанд, ки «хонандагон тамоман таҳсил накарданд, ҳатто онлайн ҳам касе аз ҳоли онҳо пурсон нашуд, пас маблағ барои чист?», касе ба ин суоли онҳо посух надодааст. Танҳо ишора мекунанд, ки “биёред, дер шуд, қарзҳоятонро пардохт кунед”. Дар литсейи мазкур барои як хонанда дар як моҳ 800 сомонӣ маблағ супорида мешавад, ки солона 7 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Вале волидайн мегӯянд, ки онҳо бо литсей қарордод доранд, ки дар як сол бояд ҳамин миқдор маблағи болозикрро месупоранд ва тамом. Аммо кор дар чунин литсейҳои обрӯдор ҳам бо қарордод анҷом намеёфтааст. Ҳар моҳ комитет махсус аз ҳар як хонанда 10 сомонӣ барои “ободонӣ” ҷамъ мекунанд. Ва ҳамчунин гуфтаанд, «салфеткаи влажний», ниқоб, антисептик ҳар моҳ ба мактаб ба миқдори 10 адад бояд биёранд. Пули китоб солона то 700 сомонӣ месупорем. Бо вуҷуди ҳамаи ин, либоси ягонаи онҳо, агар соли гузашта 200 сомонӣ будааст, имсол танҳо костюмро ба маблағи 250 сомонӣ фурӯхтаанд, вале бе шим. Баъдан гуфтаанд, ки шимро равед алоҳида харидорӣ кунед. Магар бо шимҳои гуногун метавон гуфт, ки либоси ягона, яъне юниформа аст?

Волидайн албатта ҳарос аз он доранд, ки номашон дар расонаҳо зикр нагардад, чун ин метавонад ба таҳсили ояндаи фарзандашон таъсири манфӣ расонад. Ва ҳатто ба фарзандашон мушкилоти сунъӣ эҷод кунанд. Қаблан ҳам чунин тарзи талаби ғайриқонунӣ буд, ки талабаҳоро бо овардани ҷорӯбу чормағз, оҳану қоғазпора, картошкаву каду, латтаву собун, ҳоло ромису фери, қоғази ташноб, мисле ки “нақша” иҷро мекарданд, андармон месохтанд.

Ҳоло 5-6 нафар волидайне, ки худро бою бадавлат меҳисобанд, пулро супоридаанд, яъне “рақобат”-ро ҷиддитар карданд. Ва ҳоло бахши муҳосибот якбора даргирифт: “Бачаи ҳамин ҳам нахонд, супорид-ку, ана инро мегӯянд падару модари масъулиятшинос, барои фарзанадашон чӣ корҳое намекунанд, ояндаашонро чӣ хел фикр мекунанд. Шумо қапидед як гапа – нахонданд”!

Муаллимон бошанд, таъкид ба он мекунанд, ки саҳми волидайн дар вақти таътил барои донишомӯзии фарзандон калон аст, ҳар рӯз барояшон нақша тартиб бояд медодед, то вақти худро беҳуда сарф намекарданд. Ин эрод албатта дуруст аст то ҷое.

Қаблан Вазорати маориф ва илми кишвар гуфта буд, ки дар давраи таътил тариқи барномаи “Сандуқчаи зулбиё”- и “Телевизиони Баҳористон” дарсҳо гузаронида мешаванд.

Ҳоло суоли волидайн ин аст, ки пас, ин маблағ барои барнома ҷамъ карда мешавад ё барои “сандуқчаи пурасрор”?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь