Бо ин сатҳу воқеиятҳое, ки мо дар кӯдакистонҳоямон дорем, куҷо равонаем ва чиро бояд интизор шуд?

Дар робита ба мушкилот аз кӯдакистонҳо шикояти зиёди волидон, махсусан модаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавем. Дар ин робита онҳо мавзӯъеро бештар ба муҳокима мегузоранд, ки барояшон дигарон кадом кӯдакистони хубро тавсия медиҳанд. Ин гуна баҳсу баррасиҳо махсусан вақте пайдо мешавад, ки кӯдакон субҳ ба боғча рафтан намехоҳад ва бегоҳ бо шикояти зиёд ба хона бармегарданд. Ҳарчанд ин мавзӯъ дар назари аввал як чизи муқаррарист, аммо хеле ҷиддиятҳоро ҳам дар худ дорад. Оре, кӯдак психологияи хеле нозук дорад ва ин ки саҳар аз хоби ноз хестан намехоҳад, ё кӯдакистонро ба хонаи одаткардаи худ иваз кардан намехоҳад, табиист. Аммо вазифаву масъулияти мураббияҳо маҳз дар ҳамин ифодаи худро меёбад. Яъне, бояд ӯ чунин равияи тарбияро нисбат ба кӯдак истифода барад, ки кӯдак саҳар аз хоб бо шодиву хурсандӣ бархезад ва сӯи кӯдакистон қадам занад.

Мураббияҳо набояд инро аз хотир бароранд, ки кӯдакистонҳо аввалин ҷои ҷамъиятии шогирдони кӯчаки онҳо буда, маҳз дар ин ҷо муҳаббат ба Ватан, ҷомеа ва муҳити ҷамъиятӣ дар зеҳни онҳо пайдо мешавад. Ё баръакс, метавонад дар рӯҳияи кӯдак ин чизҳоро коҳиш ё барбод диҳанд. Барои ҳамин аст, ки дар кишварҳои пешрафта на ҳар касро ба сифати мураббӣ қабул мекунанд. Зеро дар симои мураббӣ тарбиятгари ояндаи кишварро мебинанд.

Дар мо бошад, мутаассифона, солҳои охир аз сатҳу сифати мураббияҳои ҷавон шикоятҳо бисёранд. Дар бораи дағалгуфториву зӯроварӣ нисбати кӯдакон ҳам кам нашунидаем. Дар ин гуна шароит, албатта, тифли кӯчак наметавонад ба кӯдакистон меҳр бандад. Таъкид мекунам, ки тарбияи кӯдак махсусиятҳо дорад. Намешавад ба ӯ бо зӯрӣ чизеро омӯзонд. Ин гуна муносибатро фақат мураббии бесаводу бетаҷриба карда метавонад. Ҳамчунин фаромӯш намекунем, ки зӯроварӣ ба кӯдак ҷиноят буда, муҷозот дар пай дорад.

Аммо мушкилоти кӯдакистонҳои мо бо ин тамом намешавад. Низоми кории онҳо низ баҳсзост. Масалан, дар мо мурабияҳо кӯдаконро ҷудо мекунанд, чӣ ҳангоми омадани коммисия аз вазорати маориф, ё дар вақти хондани шеър ва додани нақши асосӣ дар намоишномаҳои кӯдакона, ҳатто, ҳангоми бозӣ ва дигар машғулиятҳо. Аз чунин тартиби муносибат кӯдак таъсири бади равонӣ мегирад. Тафаккури “худӣ” ва “бегона” аз ҳамин гуна чизҳои дар назар содда сар мешавад. Дуруст аст, ки сатҳу фаҳмиши кӯдакон якхел нестанд, аммо ин набояд сабаб барои тафриқаандозии онҳо шавад. Барои рафъи чунин ҳолат дар мактабҳои пешрафтаи ғарбӣ ҳатто аз низоми баҳомонии кӯдакон дар мактабҳо даст кашидаанд. То мактабхонҳо худро ба “аълохон”–у “духон” ҷудо накунанд. Сатҳи тафаккуру хулосабарории кӯдакони то синни мактаб бошад, аз ин ҳам нозуктар аст. Пас дар ин бора бояд фикр кард, ки чӣ гуна бояд мураббияҳо ба бачаҳо ангеза диҳанду онҳоро ба сафи кӯдакони фаъолу доно бештар намоянд.

Педагогикаи замони мусоир исбот кардааст, ки “ҷазо” дар шакли баҳои бад ё задан роҳи ҳал нест, балки ин натиҷаи баръакс медиҳад. Мутаассифона, дар кӯдакистонҳои мо мебинем, ки баъзан мураббияҳо ба ҷои сайқал додани донишу фаҳмиши худ барои тарбияи кӯдак, бештар ба орову торо додани худ машғуланд ва инро муҳим мешуморанд.

Ҳатто, дар миёни маорифчиён сару садое ҳаст, ки дилхоҳ ректорро аз вазифа гирифтан осонтар аст назар ба он як мураббии кӯдакистонро. Зеро дар пушти ин гуна “мураббияҳои олуфта” гӯё ким кадом одамони таъсиргузор истодаанду онҳоро ба хотири “карераи оянда” дар кӯдакистонҳо мемонанд. Ин як психологияи кӯдаконаи “одамони зӯр” аст, ки ояндаи кишварро сарфи назар мекунад. Дар ҳақиқат, шояд аз ин “мураббияҳои олуфта” кадом як мансабдори ба ҷои худ нолоиқ дар оянда пайдо шаваду рушди кишварро боздорад. Бештар аз ин, фаромӯш кардан даркор нест, ки дар байни кӯдакони кӯдакистонҳои мо метавонад даҳҳо олим, вазир, ҳатто, президенти оянда ҳузур дошта бошанд.

Пас, беҳтар нест, ки “одамони зӯр”- и мо дар ин бора фикр кунанд, агар рушди кишварро мехоҳанд? Ё кӯдакистонҳо фақат фарзандони баъзе маорифчиёнро рӯйи мижжа монанду дигарон бо даҳони боз нигоҳ кунанд?

Мушкилотҳои мавҷудаи баъзе кӯдакистонҳоро бо сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Баҳром Исмоилзода баррасӣ кардем. Қарор аст аз ҳар яки он дидан кунем. Ваъзи ҳақиқии онро ба самъи раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ хоҳем расонид, чунки барои солимгардонии кӯдакон сифати таълим ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Пас, ба қадри ин заҳматҳо бояд расид, ҳамин тавр не?

Ҷамила Мирбозхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь