Мо тақдир дорем ва ин баҳснопазир аст, аммо бояд донист, ки дар баробари тақдир мо интихоб ҳам дорем, ки вазифаи ақл аст.

Мутаассифона, дар ин дунё нафарони зиёде зиндагӣ мекунанд, ки новобаста аз бетаҷрибагиву кофӣ набудани донишашон, кӯшиши роҳи худро интихоб карданро доранд ва боз, мутаассифона, онҳо интихоби хато мекунанд. Масалан, Меҳроҷ баробари дар факултаи дорусозӣ таҳсил карданаш ба тиҷорат машғул шуд. Замоне шуд, ки ҳам тиҷорат ва ҳам дарсҳояш хуб пеш мерафтанд. Яъне фоидаи аз тиҷорат гирифтаашро бо дарсҳояш ду тақсим мекард. Рафта-рафта фаъолияти тиҷориаш аввал суст ва пасон якбора қатъ шуд. Дар ин вақт муҳлати дарсхонӣ дар донишгоҳ ҳам ба охир расид. Дар панҷ соли таҳсил аз донишгоҳ ба ҷуз “нб” дигар чизе надошт ва нагирифт. Ва аз ин мондаву аз он ронда шуда буд. Ба деҳа баргашт. Аз ҳолати худ беистиҳола ба оилаву ҳамсояҳо ва хешу пайвандон мегуфт: “Хайр, ин тақдири ман будааст, Худо хост чунин шуданашро!”.

Ин гуна хатоҳои нобахшиданиро на яку ду, балки ҳазорҳо ҳазор нафарон, хусусан донишҷӯён содир мекунанд ва дар охир ҳама айбу нуқс, камбудиву норасоиро бар сари тақдир бор карда, бо виҷдон ногап мешаванд. Магар ин аз рӯйи адолат аст? Магар ин ноҳақӣ дар шинохти Офаридгор нест? Магар ин беақливу надоштани мақсад нест? Магар ин нашинохтани худ нест?…

Дуруст аст, ки вабои замони мо беихтиёр интихоби ихтисосу факулта ва донишгоҳ аст. Ва боз баҳснопазир аст, ки Худованд ба бархе одамон малака, маҳорат ва истеъдоди фавқулодда додааст ва дар касби интихобкардаашон нею дар дигар самт онҳоро муваффақ менамояд. Вале ин маънои онро надорад, ки мо бе фикр ва беақлона роҳи нодурустеро интихоб намоем ва пасон бо тақдир ҷанг эълон кунем.

Дар ҳамин вақт Манучеҳр дар факултаи молия ва иқтисод таҳсил кард. Барояш рӯшан шуд, ки ба ҷуз соҳаи худаш ӯ боз дар дигар соҳаҳо ҳам харидор дорад. Қобилияти ӯро муҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои раддаи аввали ҷумҳурӣ дида, пас аз нашри ҳар матлабаш ӯро ба кор даъват мекарданд. Яъне ӯ бар замми иқтисоддониаш қобилияти навиштан, таҳлил кардан ва ақидаи худро дар дилхоҳ мавзуъ гуфтанро дошт. Дар ин росто ҳоло дар дилхоҳ ҷузъи ВАО-и мо журналист-иқтисодчӣ мисли обу ҳаво лозим аст. Манучеҳр бо тавсияи ақлу идрокаш зинаи магистратураро дар факултаи журналистика таҳсил кардаву ҳоло аз пешқадамтарин журналистони иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Бисёриҳо намедонанд чи гуна интихоби дуруст кунанд. Ва ин ҷо мо чанд қоидаро меорем, ки мумкин аст дар вақти интихоб кардан кӯмак расонанд:

Қоидаи аввал: ҳар вақте ки мо чизеро ё роҳеро интихоб мекунем, бояд пеш аз ҳама ба он боварӣ дошта бошем. Боварии расидан ба он.

Бо баҳое, ки волидон ба мо медиҳанд, наметавон худро сохт, зеро дар он баҳоҳо ҳақиқат дар ҷомаи меҳр, дилсӯзӣ, дӯстдорӣ, муҳаббати падариву модарӣ аст. Ин қоидаи дуввум буд.

Қоидаи саввум, метавон гуфт, ҳар нафар бояд дар бораи роҳи интихобмекардааш маълумоти зиёд дошта бошад, ки дар марказ иттилоот меистад.

Қоидаи чаҳорум мегӯяд, ки интихобҳои бузургро танҳо, бе ёрии дигарон, яъне бо ақл маслиҳат карда, амалӣ намоеду ба хулосаи ниҳоӣ оед.

Ва дар охир, қоидаи панҷум, принсипи маъмулии 3 дар 10 аст, ки пеш аз интихоб бояд ба нақша гирифт, ки бо интихоб кардани фалон роҳ ё кор пас аз 10 рӯз, 10 моҳ ва 10 сол чӣ хоҳам андешид!?

Ҷустуҷӯ кунед, омӯзед ва созед!

Сино ТОҲИРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь