Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, хатми мактаби миёна, мактаби олӣ, хизмати ҳарбӣ ва муҳоҷират.

Ҷаноби Тоҳирӣ, аз ҷумлаи парокандаи боло чизе фаҳмидӣ? Нафаҳмида бошӣ, мефаҳмонам. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса гузашт (23 май), хонандагон мактаби миёнаро хатм мекунанд ва дар пешашон се роҳ меистад: муҳоҷират, хизмати аскарӣ ва мактаби олӣ. Бале, аллакай фаҳмидӣ, ба ту дар бораи интихоби ҷавонон гуфтаниям.

Ману ту нағз медонем, ки бачаҳо пас аз хатми мактаби миёна се роҳ доранд ва бояд якеро интихоб кунанд. Якум, дохил шудан ба мактаби олӣ. Дуюм, ба хизмати аскарӣ рафтан. Сеюм, муҳоҷири меҳнатӣ шудан. Агарчи, бархеҳо ин интихобашонро бидуни фикри зиёд ё маслиҳату машварати калонсолон анҷом диҳанд ҳам, набояд фаромӯш кард, ки ин қадами онҳо барои ояндаашон бисёр муҳим аст.

Албатта, дар ин маврид фикрҳо якранг нестанд. Яке мегӯяд, хизмати аскарӣ рафтан худсозисту дигаре муқобил мебарояд. Сеюмӣ ба фикрест, ки ба мактаби олӣ дохил шудан вақткушисту чаҳорумӣ далел меорад, ки фалонӣ дар донишгоҳ таҳсил карду соҳиби касбу кор шуд. Панҷумӣ аз азобҳои муҳоҷират мегӯяду шашумӣ аз худсозиҳое, ки ҷавонони мо бо шарофати кор дар муҳоҷират анҷом додаанд.

Илова бар ин, пинҳон намедорем, дар мавриди интихоби роҳи ояндаи бачаҳо фикрҳои хубу нохуб хеле зиёд дорем.

Пинҳон намедорем, бархеҳо ба фикреанд, ки ҳоло дар мактаби олӣ таҳсил кардан бефоида аст. Ҷавон касб омӯхта наметавонад. Сарфу харҷи беҳуда кардан лозим нест. Баръакс, ҳоло дар замоне зиндагӣ мекунем, ки касбҳои замонавию бозоргирро дар муддати кӯтоҳ омӯхта мешавад ва соҳибкасб кори хуб ёфта метавонад.

Пинҳон намедорем, бархеҳо дар кӯчаҳо “облава”-и ҷавононро дида, дасту дилашонро аз хизмат рафтани фарзандонашон мешӯянд ва куллан зидди хизмати аскарӣ мешаванд. Ба фикре ҳастанд, ки дар қисмҳои низомӣ бо ҷавонон муносибати хуб карда намешавад. Баръакси ин ҳолат, барои халосӣ аз хизмати ҳарбӣ ҳар кори аз дасташон омадаро анҷом медиҳанд.

Пинҳон намедорем, бархеҳо аз азобу машаққатҳои муҳориҷӣ ёдоварӣ карда, малакаву ҳунари худро дар ватан истифода кардан мехоҳанду ризқашонро аз кишвари худ меҷӯянд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам, гаранг шудӣ, вале бовар кун, ҳаёт он тавре ки ману ту мепиндорем, сода нест. Яке 4 сол мактаби олиро бо пули деҳқонии падараш мехонаду чизе намеомӯзад ва Русия меравад. Яке чанд маротиба муҳоҷират мераваду меояд, вале танҳо шиками аҳли оилаашро сер карда метавонаду халос. Яке хизмати ҳарбӣ меравад ва пас аз он омада, ҳайрон мемонад, ки чӣ тавр зиндагияшро пеш барад. Ва албатта, ҳолатаҳои дигар ҳам ҳастанд. Вале ин ҷо тавре огаҳ шудӣ, мақсади ман он аст, ки бачаҳо бояд роҳи интихоб мекардаашонро бидонанд.

Дар бобати интихоби роҳи оянда ба як ҷавон аз ҳама нафаре, ки маслиҳату машвари хуб дода метавонад, ин худи ҳамон шахс аст. Яъне ҳар ҷавон худро беҳтар аз дигарон мешиносад, дарк мекунад ва дӯст медорад. Барои ҳамин, хуб мешавад агар ҳар нафар барои худ муайян кунад, ки кадом роҳ барояш созандаву кадомаш сӯзанда аст.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар охир аз ту пурсиданиям, ки агар ҳоло 66 -сола нею 17- сола мебудӣ ва мактаби миёнаро хатм мекардӣ, кадом роҳро интихоб мекардӣ?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь