Дуруд, киё Хуршед Атовулло!

Мукотибаи шумо бо Абдувохид Маликовро дар мавриди “танҳоӣ” замоне мутолиа кардам, ки тоза ба ҳавопаймо ворид шудаму барои лаҳзае ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук сар задам.

Масъалаи мавриди назаратон бароям хеле ҷолиб тофт, аз ин рӯ онро дар як нафас хондам.

Ба маҳзи ғарқи мутолиа буданам худро берун аз фазои ҳавопаймо эҳсос мекардам. Мисле ки мардум дар канори туст, аммо ту бо худ ҳастӣ. Ва бо худ будан танҳоист! Вақте ки дар сар ҳавову ҳавас мепарварӣ ва бо худ ҳарф мезанӣ, ки дигарон дарнамеёбанд, дигар чӣ буда метавонад?! Оё бо худ будан нест?!

Аммо бадбахтӣ ин аст, ки “соҳибони вақт” (ҷаҳондорон дар назар аст) бо созмон додани шабакаҳои иҷтимоъӣ ва мавҷи иттилоот зеҳни моро даргир мекунанд ва намегузоранд, ки лаҳзае бо худ бошем. Ба хотири он ки инсонҳо худро дар ин муҳит хушбахт эҳсос кунанд, онҳо бар ивази вақт ба мағзи сар “дефомин” медиҳанд. Ҳамин аст, ки анбӯҳи одамон ба хотири қонеъ кардани талаботи рӯҳии худ шабонарӯз дар ин фазо ҳастанд ва дар олами маҷозӣ худро хушбахт эҳсос мекунанд. Дар ҳоле ки баъзе дар дунёи воқеъӣ хушбахт нестанд…

Суоли муҳим инҷост, ки “тарроҳон” чаро ин амалкардро анҷом медиҳанд? Чун метарсанд, ки авом табдил ба донишманду огоҳ ва имконнопазир ба дасткорӣ мешаванд. Аз ин рӯ ба “гӯсфанд” кардани мардум пардохтаанд. Зеро дақиқан медонанд, ки пайомади доноӣ танҳоист ва мудирияти рама дар парокандагӣ душвор аст…

Дар ин замина Карл Густав Юнг чунин андеша дорад:

“Танҳоӣ товони доноист. Инсоне ки зиёд медонад, танҳо мешавад.

Ва ё чунонки шоир Фарзонаи Хуҷандӣ мефармояд:

“Танҳоии доноён бехотима хоҳад буд,

Ҳаргиз нашавад озод хуршед зи танҳоӣ.

Ё худ ба таъбири шоири форсизабон Нозим Ҳикмат:

“Танҳоӣ

чизҳои зиёде

ба инсон меомӯзонад.

Аммо ту нарав!

Бигзор ман нодон бимонам”.

Шумо, киё Атовулло, дар чанд матлаб аз нависандаи равоншод Муҳаммадзамони Солеҳ гуфтовард кардаед:

“Монанд набудан танҳоист!

Бо нависанда ҳамнавоям. Ба пиндори ман, ҳар касе ки беҳамтост, ҳамнишини Худост! Аз ин рӯ инсон зоти шариф аст ва танҳоии ӯ раҳи халлоқиятро ба рӯяш боз мекунад. Инсон офаранда мешавад. Корҳое анҷом медиҳад, ки агар Чарлз Дарвин зинда мебуд ва аз вижагиҳои ҳуши маснуъӣ огаҳӣ меёфт, назарияи таҳаввулоташро рад мекард…

Киё Хуршед, дар сафар ҳастам, бо худ китоби “Хунро бо хун мешӯянд”-ро гирифтаам. Дар солуни ҳавопаймо зи танҳоӣ онро варақгардон кардам ва детективи “Доғи як бӯса”-ро мутолиа кардам. Маро ин асар шигифтзада кард. Гӯё ки дар ин асар маро тасвир карда бошед. Қаҳрамони асаратон – Беҳзоди рӯзноманигори ҳамакнун муҳоҷири корӣ дар Русия ва саргузашти рангину беранги ӯ ману рӯзгори маро мемонад…

Радду бадали шумо бо киё Зевар бароям боз аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки ҳарду аз инсонҳое мисли Ҳошим Гадо ёд овардаед. Ин марди наку ва ҳунарманд 10-уми майи соли 2022 дар маросими таҷлил аз солгарди умраш як хотираи аҷиберо нақл кард:

“Боре мухбире аз қафои ман давид.

– Ҳошим-ака, маро аз кор меронанд.

– Барои чӣ?

Гуфт, сармуҳаррир таъкид намуд, то аз Ҳошим Гадо ягон мусоҳиба наорӣ, дафъ шав!

Ман гуфтам, ки раву аз номи ман чунин навис: “Ҳошим Гадоро дар зиндагӣ набинед, Ҳошим Гадоро дар зиндагӣ нашунавед. Ҳошим Гадоро дар синамо бинед, дар саҳна бинед, дар китобҳояш варақ занед!”

Ин таъкиди Ҳошим Гадо ҳарфи шуморо ба хотирам овард.

Ёд доред, замоне барои дидор бо шумо ба утоқи кориятон омадам? Гӯшае нишастаму аҳволпурсӣ кардам. Аз боби ду-се чиз пурсон шудаму бинобар даргир будан бо кор беэътиноёна ба пурсишҳоям ҷавоби кӯтоҳ додед. Дарёфтам, ки авзоъатон чандон хуш нест, аз ин рӯ пас аз чанд дақиқа зи ҷой бархостаму худоҳофизӣ кардам ва гуфтам: “Устод, ягон рӯз менишинем, суҳбат мекунем”.

Чӣ гуфтан мехоҳам?

Афроди соҳибистеъдод барои он офарида шудаанд, ки танҳо бошанд. То эҷод кунанд, достон нависанд, филм бисозанд, оҳанг банданд, акс бигиранд, шеър нигошта кунанд. Вагарна зиндагии сахти онон баҳри чист? Чаро аксари дилбарон хиёнат мекунанд? Ноқадршиносии аҳли ҳунар магар бе ҳикмат аст?

Ман фикр мекунам, ки танҳоӣ бисёр чизи хуб аст ва ман онро мепарастам!

Чунонки Субҳони Саид қабл аз маргаш гуфта буд:

“Гоҳо танҳоӣ ба дилам гарон меояд, аммо худро ба он тасалло медиҳам, ки он ягона бародар, дӯст, шогирд, ҳамрозу ҳамсозест, ки намефурӯшад ва туро тарк намекунад!!!.

Шумо чӣ фикр доред?

Ардашер Пайванд

Истонбул, Туркия

27.07.2023, соати 20:21

 Мабодо….

Дуруд Ардашер!

Ростӣ, баъди хондани номаи ту ва ба баҳси ману Абдувоҳид ҳамраҳ шуданат ва болотар аз ин, баёни андеша карданат дар мавриди танҳоии эҷодкорон, зиндагии пурмашаққати эшон, ки болотар аз ҳамаи ин арҷ гузоштанашон ба қалам,  лаҳзае худро гум кардам. Махсусан, вақте изҳор  кардӣ ки:

“Киё Хуршед, дар сафар ҳастам, бо худ китоби “Хунро бо хун мешӯянд”-ро гирифтаам. Дар солуни ҳавопаймо зи танҳоӣ онро варақгардон кардам ва детективи “Доғи як бӯса”-ро мутолиа кардам. Маро ин асар шигифтзада кард. Гӯё ки дар ин асар маро тасвир карда бошед. Қаҳрамони асаратон – Беҳзоди рӯзноманигори ҳамакнун муҳоҷири корӣ дар Русия ва саргузашти рангину беранги ӯ ману рӯзгори маро мемонад”…

Медонӣ, ба ёдам чӣ омад? Ин детектив ба замони муҳоҷирати ман ба бозори “Лужники” – и Маскав рост меояд. Он замон агар хато накунам, ҳамагӣ 23 сол доштам. Ва имрӯз бо гузашти 27 соли дигар тақдири ман такрор мешавад. Донишгоҳ-бори вазнини зиндагӣ-муҳоҷират-бозгашт. Вақте ман дар ин бозор дидам, ки номзади илм шашликфурӯшӣ мекунад, шоири маъруфи миллат ароба мекашад дигар таҳаммули ин ҳама азият накардам. Баргаштам. Баргаштам ва дигар барнагаштам. Вале он ҳама ҳодисоти замони ғурбат мисли навор то ҳол пеши чашмам аст.Нақши азияти ҷисмонию рӯҳӣ он қадар ба дили ман корагар шуд, ки то ҳол аз ёд овардани он хотираҳо вуҷудам меларзад. Ана барои чӣ ҳамеша ба ман мегӯянд,  ки “ навиштаҳоям навмедона аст, пессимистона аст, рӯҳияи зистанро бедор намекунад”. Аммо, дурӯғ ҳам мегӯянд. Баъди бозгашт аз Руссия муҳокимаи нахусткитоби ман “Зиндони зиндагӣ” дар маҳфиле, ки донишманд Комил Бекзода ва шогирдонашон таъсис дода буданд, доир шуд. Устод гуфта буд:

“Аз назари аввал навиштаҳои Хуршед навмедона аст. Фикр мекунӣ, ки ҳамин ҳозир мераваду худро меовезад. Вале ин тавр нест. Пушти ҳар сатри навиштаҳояш бонги бедорӣ, исён алайҳи бедодгариҳои зиндагӣ ниҳон аст ва бовар дорам Хуршед замоне мерасад, ки фарёди дилашро ба хонандагон мерасонад”.

Ман аз таърифи устод то хеле ба худ наомадам. Ва баъди андешаи зиёд, таронаю ҳикояро сӯе гузошта ба навиштани детектив оғоз кардам…

Медонӣ Ардашер, Мария Ремарк боре навишта буд:

Хотира, агар хоҳӣ ки аз он истифода барӣ, бояд зери назорати қатъӣ бошад. Мисли заҳре, ки кушанда аст. Вагарна, он метавонад туро кушад”.

Ана ҳамин гуна бо ин андешаҳо ҳарчанд дар шумораи пеш дӯсти шоири ман Абдувоҳид ҳарчанд навиштани хотираро ба ман тавсия доданд, ва ба қавли Жан Пол гуфтанд, ки “ Хотира ин биҳишти ягонае аст, ки мо наметавонем ронда шавем”, аммо ҳарфи Раневская ки “хотираро бойигарии пирӣ” меномад, маро каме шигифтзада карду дарк кардам, ки ҳанӯз барои ман вақти хотиранависӣ нарасидааст.

Аз ин рӯ, бо андешаи таҷрибаи худам ба ту маслиҳат медиҳам ки

Туркия меравӣ, Русия меравӣ, Амрико меравӣ, бирав! Дунёро бубин, ҷавон ки ҳастӣ, азоби ғарибиро каш, аммо ақалан ба номаҳои ман мисли имрӯз, посух навис! Чаро? То ки худро ҷузъе аз узви ҷомеа ҳисобӣ, ба мушкилу ояндаи ватанат бепарво набошӣ!

Шодравон падарат вақте ман шиква мекардам аз вазъи зиндагӣ, бо табассуми фақат ба худашон зебанда, мегуфтанд: “Мулло Хуршед аввал ном ёбед, ном. Нон худаш меояд”. Имруз ин панди падаратро ба ту мегӯям: “Ном ёб, нон худаш меояд!” Навиштанро ҳаргиз мапарто! Қалам мисоли оҳан аст, кор ки нафармудӣ, занг мезанад ва оҳиста -оҳиста фаромӯш мешавад…. Ба пеш ба сӯи зиндагии номаълум!”.

Агар ки “Доғи як бӯса” писандат уфтода бошад, аз ҳозир дар вақти холӣ, сенарияи ин филмро соз, худро дар ҷойгоҳи Беҳзод тасаввур кун, мушкилии ғурбатро дар пӯсти хеш, ки эҳсос менамоӣ, рӯшантар инъикос намо. Вале дар номаат як ҷумла маро шигифтзада кард. Ту менависӣ:

“Афроди соҳибистеъдод барои он офарида шудаанд, ки танҳо бошанд. То эҷод кунанд, достон нависанд, филм бисозанд, оҳанг банданд, акс бигиранд, шеър нигошта кунанд. Вагарна зиндагии сахти онон баҳри чист? Чаро аксари дилбарон хиёнат мекунанд? Ноқадршиносии аҳли ҳунар магар бе ҳикмат аст?”

Ҷумлаи “чаро аксари дилбарон хиёнат мекунанд?” дар ин нома мисли тарошаи аз бом афтода нест? Мабодо сабаби ғурбат интихоб кардани ту маҳз ин мушкил нест? Медонам, медонам, о ваҳ, чӣ хуб медонам, ки ишқ инсонро, махсусан инсони эҷодкору эҳсосиро ба сӯйи қаҳрамонӣ, ба сӯйи эътирофи маҳбуба мекашад. Ва ҳама ин ранҷу ғусса барояш ҳеҷ метобад.

Мабодо ки чунин набошад Ардашер?!!!

Бо эҳтиром: Хуршед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь