Дуруд шоир!
Кайҳо боз ба Шумо наменависам.
Сабаб мепурсед?
Агар ёд дошта бошед, як нафар аз шогирдонам Ардашери Пайванд, ки банда аз шогирдони падари равоншодаш Пайванди Гулмурод будам, ба номаи ману Шумо посух навишту Шумо гуфтед ҳатман онро чоп кун.
Ман посух навиштам ва ӯ посух дод. Як панди падараш ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Солҳои 1994-1995 буд. Боре бо Устод дар троллейбус вохӯрдам. Устод аз фаъолияти эҷодӣ пурсиданду ман шиква кардам, ки нашрияҳо бинобар бепулӣ маҳкам шуда истодаанд ва рӯзе ман ҳам дар кӯча мемонам. Хандиданду бо ҳамон табассуми олуда ба писханд, ки фақат ба худашон мезебид, гуфтанд:
-Мулло Хуршед, Шумо аввал ном ёбед, нон худаш баъд меояд!
Бовар мекунед, дӯсти шоирам, ман то ҳол ин панди Устодро ба садҳо шогирдонам, ки бо умеди чизе омӯхтан ба наздам меоянд, такрор мекунам. Акнун баргардем сари қазия.
Ҳамин тавр, аз мукотибаи ману Ардашер як моҳ гузашт. Ардашер аз ҷавонони муваффақи насли нав аст, насиб ояндаи хубе дорад. Андешаҳояш фаротар аз андешаи ҳар як ҳамсолаш аст. Ба таърих майл дорад, бисёр мехоҳад ба чуну чароҳои таърих посух ёбад. Дар ниҳояти номанависиҳо ба вай тавсия додам, ки бигзор ба офаридани филмҳои мустанади таърихӣ рӯй орад. Бовар дорам, муваффақ мешавад. Аз ояндаи Ардашер меандешидаму як хислати устоди равоншод Отахон Латифӣ ба ёдам меояд, ки ҳамсолонаш ҳазорон бор навиштаанд.
Шодравон, ки ба тири қотилони миллат кушта шуданд, замоне хабарнигори маъруфтарин нашрияи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҳар ҷойе навиштаи як қаламкаши муваффақеро дар паҳнои Тоҷикистон мехонданд, ҳама корро партофта думболаи ҷустуҷӯи вай мешуданд, ӯро пайдо карда сӯҳбат мекарданд, маслиҳат медоданд, кӯмак менамуданд. Ба номи Худо, бигӯед, оё имрӯзиёне, ки худро сутуни журналистикаи миллат меҳисобанд, ин амалро анҷом медиҳанд? Биллоҳ, ки не! Аз чаҳорчӯбаи маҳаллу авлод берун намебароянд! Вой бар ману вой бар мо…
Боз ҳам риштаи сухан дигар суй рафт, хулоса намедонам, Ардашер ин пешниҳодро пазируфт ё на, вале алъон мебинам, ки саргарми баҳси шогирду устод шуда, Шумо маро ва ман Шуморо қариб фаромӯш кардаем.
Ин сабаб буд ва ҳам ду – се нафар аз шахсиятҳои маъруфи кишвар пайғом фиристоданд, ки ҳаводори ин гуфтугӯи ману Шумо ҳастанду бояд ин корро давом диҳем. Ба аввалӣ “дигар наменависам” ва ба дуюмӣ “ягон вақт бармегардем ба номанависӣ” гуфтам, аммо вокуниши сеюмӣ тунд буд:
-Ман ба хотири ин номаҳо рӯзномаи Шуморо мехарам. Нонатонро ҳалол карда хӯред!
Абдувоҳид, ман гоҳе батакрор ин номаҳоро мехонаму ҳеҷ дарк карда наметавонам, ки хонандаи ману шумо миёни он сатрҳои парешон чӣ пайдо кардаанд ё чиро пайдо карданӣ ҳастанд. Ин номаҳои ману Шумо сирф аз эҳсоси ботинию аз дарди дили ману Шумо аст. Ё шояд эшон он ҷо дарди худро дидаанд? Намедонам.
Ба ҳар ҳол, бо он умед ин номаро менависам, ки пайғоме ба он бигирам, дӯстам…
Бо дуо Хуршед
Номаи дардолуд
Дуруд ба Хуршедшоҳи гиромӣ!
Шояд чанд моҳ шуда бошад, ки ёд аз навиштан накарда бошам. На шеър, на мақола, на нома, на дарди дил. Воқеан, чанде пеш вақте ки дар кӯча дидаматон, дар бораи номаҳоямон чанд нукта иброз доштед, ки маро ба навиштан водор кард. Вагарна ҳеч хуши навиштан надорам. Аз оне, ки номаҳои ману Шуморо мехонанд, баррасӣ мекунанд, фикру ақидаашонро баён мекунанд, хушҳолам.
Гуфта будам ва боз такрор мекунам, ки аз навиштани нома муроди мо побарҷо доштани ҳамин жанри номанависӣ буду ҳаст, вагарна ба чор подшоҳ маълум аст, ки ману Шумо метавонем сӯҳбатҳоямонро тариқи телефону шабакаҳои иҷтимоӣ ё бевосита дар нишастҳои рӯ ба рӯ баён карда бошем.
Аммо дар ин муддати мадид нома нанавиштани ман бӯҳрони эҷодӣ нест, чун ба ҳар тараф менигарам, ҳама ҷо пури мавзӯъ, лак-лаку ҳазор-ҳазор! Мавзӯи номаи кунуниро ҳозир интихоб кардам: Дард!
Оё боре шудааст, ки Шумои азиз дар бораи мафҳуми дард андешида бошед? Дард чист? Дард чӣ гуна аст? Оё онро дида мешавад, ламс карда мешавад, чашида мешавад, ба вуҷуд овардаю нобуд карда мешавад ва ғайра.
Чун дар ҷомеаи мутамаддини мо бештар мафҳумҳое ба монанди “дарди сарата набинам”-у “дардат занад” дар гуфтугӯ ва ҳатто дар навишт истифода мешаванд, ки бештар аҳли зиё ҳангоми табрики дӯстонашон истифода мекунанд. О, намешавад, ки гӯӣ: “Балот бизанад, дарди сара дида намешавад!”
Аммо дар навиштору гуфтор истифода бурдани “дарди дил кардан”, “дарди бедаво”, “дарди ишқ”, “дарди сари касе шудан” ва ҳамин гуна дардҳо зиёд ба чашм мехӯранд, ки ман ҳам гоҳу ногоҳ истифодаашон мекунам. Ҳатто фикр мекунам, ки дар ин ахир хеле зиёд истифодаашон мекунам. Шояд бо ҳамин роҳ мехоҳам дарди дил карда бошам?!
Ё ба дарди ишқ гирифтор шуда бошам, Хуршедшоҳ? Намедонам. Фақат ҳаминро дарк мекунам, ки мубталои як дарди бедаво ҳастам, аъзои баданам дард мекунад, рӯҳам дард мекашад, ҷонам дард мекунад. Гоҳ мехоҳам, ки хандаи қаҳқаҳа бизанам, гоҳ мехоҳам, ки ҳой-ҳой бигирям. Шояд девона мешавам?
Дило, девона шав, девонагӣ ҳам оламе дорад! (Ин мисраъ моли ман нест ва ба дурустияш ҳам эътимод надорам).
Хуршеди арҷманд!
Шумо чанд маротиба гуфтеду навиштед, ки мо ҳамдардем. Пеши худ фикр кардам, ки дуруст аст, зеро дар як ҷомеа зиндагӣ кардану берун аз он будан имкон надорад. Мо дар як ошёнаи “Шарқи Озод” кор мекунем, ман аз интернети Шумо истифода мекунаму Шумо гоҳ-гоҳ дар утоқи кории ман сигор мекашеду қаҳва менӯшед ва ҳамроҳ дарди дил мекунем.
Аммо боре нашудааст, ки ман ё Шумо дар бораи зиндагии шахсиамон сӯҳбат дошта бошем. Гӯё ману Шумо дар зиндагиамон мушкилӣ надорем! Мушкилии мо мушкилии ҷомеа аст: чаро ҳақиқатро ба назар намегиранд, чаро ба ноҳақ рафтор мекунанд, чаро моли давлат тороҷ мекунанд, чаро корхонаҳо ба дараҷаи зарурӣ кор намекунанд, чаро китоб намехонанд, чаро бе ибо дуздӣ мекунанд, чаро диссернет.. Оҳ, монед, ки нагуфтанам беҳтар! Бало ба паси ҳамин дарди бедавои ман! Биёед, ба ҷомеа бармегардем. Чун дар боло “ҷомеаи мутамаддин” гуфтем, бояд дар бораи тамаддун ҳарф бизанем. Ё Шумо чизи дигар мехоҳед бигӯед? Аммо ман пешрафти тамаддуни башариро дар се чиз мебинам: ахлоқ, дониш ва одамигарӣ! Оё ҷомеаи мо ин чизҳоро дорост ё хайр? Чун ин андешаро сари як ҷуръа қаҳва ба як дӯсти муштаракамон гуфтам, гуфт: “Ҷомеа аз бедонишӣ бадахлоқ шавад ва одамигариро фаромӯш созад!”
Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?!
Бо эҳтиром Абдувоҳид