Ҳаками озмуне будан, маънои аз ҳама доно буданатонро надорад!

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Президенти кишвар ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Он, воқеан ҳам, миёни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ҳамовозии амиқ пайдо кард. Барои ғолибони озмун ҷоиза аз 30 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Шояд як сабаби таваҷҷуҳи зиёди мардум, хоса хонандагон ҳамин бошад. Ин муҳим нест, муҳим натиҷа аст. Дар натиҷа бошад, мо мебинем, ки кӯдакони зиёде ба хондани китобу азёд кардани шеъру достонҳо шавқманд шудаанд. Чунин кӯдаконамонро вақте мебинем, сари одам ба осмон мерасад.

Дуруст аст, ки чунин озмунҳо бисёрии вақт бе шикояту норозигии водидайн анҷом намеёбанд. Шикоятҳо гуногунанд, сар карда аз бесалоҳиятии ҳакамон, то баҳогузории ноадолатонаашон.

Дар як озмун модаре ҳатто ба банда занг заду гуфт, ки “писарам дар як озмуни вобаста ба театр ва мусиқӣ иштирок кард, вале ҳайати ҳакамон на аз актёрҳо ва донандаҳои хуби мусиқӣ буданд, балки ҳама масъулони ин ё он вазорату раёсатҳо омада тақдири кӯдаконро “ҳал карданд”-у рафтанд. Яъне “одами даркорӣ”-и худро ғолиб эълон карданду озмун анҷом ёфт”…

Аммо ин дафъа ба мо як меҳмони хориҷӣ муроҷиат намуд, ки тасодуфан дар озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар пойтахт ба сифати тамошобин иштирок доштааст. Ӯ бардоштҳои худро дар саҳифаи фейсбукии худ навишт. Баъдан паёмҳое, ки ӯ пас аз ин озмун ба мо навиштааст, хеле маҳзункунандаанд: “Ман бо камоли майл дар ин озмун ҳамчун меҳмон иштирок доштам. Майлу рағбати кӯдакону наврасонро ба шеъру адабиёт медидаму ҳаловат мебурдам. Вале маро муносибати ҳакамони озмун сахт озурда кард. Хоҳиш мекунам, ба онҳо расонед, ки агар онҳоро ба сифати ҳакам ба озмун интихоб кардаанд, маънои онро надорад, ки онҳо ягонаи замонанд. Аз тарзи муносибати ин гуна “зиёиён” бардошти ман чунин шуд, ки онҳо бар зидди ҳадафҳои ин озмун бархӯрд мекунанд. Ба ман гуфтанд, ки ин озмун бо мақсади ҷо додани шавқу рағбати китобхониву адабиётпарварӣ дар дили мактаббачаҳо ташкил шудааст. Дар муқобил медидам, ки тарзи муносибати ҳакамон ба он оварда мерасонад, ки ин тифлакону наврасон умуман аз баҳри китобхониву шеърдӯстӣ бароянд. Тасаввур кунед, як шоири тоҷик (мутаассифона ман дар охири толор менишастам ва ному насабашро хуб нашунидам), якбора мисли тарошае аз осмон аз духтараки иштирокчии озмун мепурсад:

– Телевизор тамошо мекунӣ?

Духтарак посух дод:

– Не, тамошо намекунам.

Посухи худро бо иқтибосе аз Бил Гейтс асоснок намуд, ки ростӣ ман ҳаловат бурдам: “Онҳое, ки китоб мехонанд, аз болои онҳое, ки телевизор тамошо мекунанд, роҳбарӣ хоҳанд кард!”.

Ҷавоби ҳакимонаи ин духтараки воқеан доно ба он шоир писанд наомад. Ӯ ҳатто иқрор шуд, ки духтарак гӯё онҳоро бо ин посух таҳқир кардааст. Дар натиҷа “ҳуҷуми” духтарак сар шуд. Бечорагиву ҳолати равонии сахти ин иштирокчии доно барои ҳамаи ҳозирин маълум мешуд… (ин усули “атака” аст,- Ҷ. М.).

Агар шумо дар ин бора матлабе таҳия карданӣ бошед, хоҳиш мекунам, ба он духтарак ва иштирокчиёни дигар ҳатман аз номи ман расонед: “Аҳсан ба шумо, ба муаллимонатон ва ба падару модаратон! Шумо новобаста аз натиҷагириҳои ин ҳакамон ғолибед. Мардум аз шумо ҳатман бояд ифтихор намоянд!”.

Хулосаи ман аз ин озмун ин аст, ки Тоҷикистон ҳанӯз ба варта нарафтааст, вақте чунин насли донову хоно дорад. Пас онҳоро дилбардориву арҷгузорӣ бояд намуд, на ин ки руҳафтода!”.

Розӣ шавед, ки мактуби пур аз эҳсосу ҳаяҷон аст.

Қаблан низ як модар ба ман аз ноадолатӣ дар як озмуни миёни хонандагон навишта буд: “Моро гуфтанд, агар барои озмун костюм ба онҳо дӯзаму тайёр кунам, ҷои аввалро ба духтарчаам медиҳанд ва зуд-зуд аз маблағ ёдовар мешуданд. Аммо ман медонам, ки фарзанди ман лоиқи ҷойи аввал нест. Барои ҳамин на супоришашонро иҷро кардаму на аз мағлуб гардидани духтарам дар озмун дилсард гардидам”.

Беҳтарин бархӯрд!

Кош ҳамаи падару модарон чунин мебуданд ва кош онҳое, ки дар ин ё он озмун ба сифати ҳакам интихоб мешаванд, аз рӯи Худо ва адолат натиҷагирӣ карданро месанҷиданд. Танҳо дар он сурат имкон дорад, ки пешрафтҳои Тоҷикистон бештар гардад ва насли ҷавон ба оянда бо шавқи зиёд талош намоянд. Бо “через”-у тағову акаву амакбозӣ, хусуру домод, бо тарсонидану шантаж, бовар кунед, ҳич кас ба ҷое нарасидааст.

Ё шумо далели дигар доред?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here