Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман ба худ қавл дода будам, ки дигар ба унвони ту як калима ҳам наменависам, зеро ба ҷуз дардро шунидан дигар коре аз дастат намеояд, аммо ҳарчанд фосила миёнамон зиёд шуд, дарк кардам, ки ту ягона розшунав ва ба ибораи устод Хуршед Атовулло “ҳамқаламу ҳамалам”-и манӣ. Умедворам, маро маъзур медорӣ ва мактубамро мехонӣ…

Ҳафтаи гузашта чашмам ба навори як блогери тоҷик бо номи Сомон, ки мавзуи марказии саҳифаи ютубиаш таъмири мошин аст, афтид, ки аз дилсардӣ ва ба ҳамдигар ёрӣ нарасонидани мардум гила кардааст. Ӯ мегӯяд: “Бо нияти 300 ҳазор рубли русиро хайр кардан ба кӯчаҳои Душанбе баромадам. Нақша доштам, ки аз мардум ёрӣ мехоҳам, агар ба ман ёрӣ диҳанд, 500 сомонӣ ҳамчун тӯҳфа медиҳам. Нархи самбӯсаро пурсидам. Фурӯшанда “3 донааш 10 сомонӣ” гуфт. Ҳарчанд кӯшиш кардам, бар ивази ду сомонӣ як дона самбӯсаам надод. Назди таксист рафтам. Роҳкиро то ноҳияи Шаҳритус 50 сомонӣ буд, аммо бо вуҷуди хоҳиши зиёд розӣ нашуд, ки мани “дармонда”-ро дар ивази 20 сомонӣ ба ноҳия барад…”

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳамчунин, муаллиф ишора намудааст, ки навори пурраашро дар интернет нашр намекунад. Аслан, навори пурраро, ки ба гуфтаи ӯ лаҳзаҳои дасти як корафтодаро нагирифтани ҳамватанонамон сабт шудааст, дар интернет нагузоштан ин кори хуб аст, аммо дар мавриди хулосаи блогер аз мардумамон, ки гӯё дилашон ба як каси гурусна ё роҳмонда насӯхт, розӣ шуда наметавонам, зеро барои ин сокинон сабаб доранд. Сабаб он аст, ки шумораи талбандаҳо ва неоталбандаҳо аз меъёр зиёд шуд, хеле зиёд. Бовар намонд, эътимодро куштанд, фарқ кардани эҳтиёҷманд аз муфтхӯр хеле мушкил шуд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, як бор ба атроф назар кун: аз назди сечароғ то даруни бозор, аз даромадгоҳи масҷид то пеши дари беморхона, аз кӯчаи марказӣ то даруни гузаргоҳи зеризаминӣ… ба касоне рӯ ба рӯ мешавем, ки аз мо пул мехоҳанд. Факт нест, ки онҳо ҳамаашон мӯҳтоҷи тангаи мо ҳастанд. Илова бар ин, онҳо суханҳои махсуси худро доранд. Оне, ки дар назди сечароғ меистад, “роҳи сафед”, нафари даруни бозор “Худо баракатат диҳад”, каси даромадгоҳи масҷид “пули иҷораамонро бояд супорем, хайр кунед”, талбандаи беморхона “бемор дорам, кӯмак намоед”, роҳрави кӯчаи марказӣ “бояд фалон ҷо равам, роҳкиро надорам”, бошандаи гузаргоҳи зеризаминӣ ”ота надорам, кӯмак кунед” мегӯянд. Сипас, бемордор ба “бемордор” хайр мекунаду иҷорашин ба “иҷорашин”.

Сахт нагӯем, ки сахт нарасад, аммо бовар кун, ҷаноби Тоҳирӣ аз касоне, ки ҳамарӯза вомехӯрем ва аз мо пул мехоҳанд, шумораи камашон қодир нестанд, ки кор кунанд, балки аксарашон аз ману мо боқуввату солиму бардаму фарбеҳтар менамоянд. Онҳо қодиранд, ки кореро анҷом диҳанд. Намедонам, дар бозор савдогар шаванд, таксирон шаванд, дар мактаб фаррош шаванд, дӯзанда шаванд, пазанда шаванд, сохтмончӣ шаванд… аммо намешаванд, зеро роҳи осони пулкоркуниро ёфтаанд. Медонанд, ки мардуми тоҷик раҳмдилу дилсӯзанд ва ҳатман то қадри имкон ҳоҷати дастнигарро бароварда мекунад, ноумед намекунад. Аз ин ғамхорӣ ва раҳмдилӣ сӯиистифода мекунанд ва ин омил сабаб мешавад, ки бархе аз тамоми талбандаҳо шубҳа кунанд ва дигар дираме хайр накунанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар назди масҷид ба духтарони ҷавони талбандае рӯ ба рӯ мешавем, ки худро ороиш карда меоянд. Бовар намекунӣ? Метавонӣ рафта бубинӣ! Мо дар назди сечароғ бо ҷавонон ё мардоне вомехӯрем, ки дилхоҳ кори вазнин аз дасташон меояд, аммо намекунанд. Дар беморхонаҳо бархе нафарони корафтодаро вомехӯрем, ки бидуни талбидан ҳам метавонанд худашон ҷое кор кунанд ва ҳоҷаташонро бароварда кунанд, аммо намекунанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман ба ҳеҷ ваҷҳ зидди хайр намудану ба мардуми эҳтиёҷманд дасти кӯмак дароз кардан нестам, балки ин амали хайр аст ва ҳар кас метавонад то қадри имкон ёрирасон бошад. Аммо зидди чунин мардумфиребӣ ҳастам. Фикр мекунам, барои рафъи ин мушкилӣ назоратро пурзӯр кунем, курсҳои касбомӯзиро зиёд кунем, ҷойҳои корӣ ташкил кунем ва онҳоеро, ки ба талбандагӣ машғуланд, ба роҳи рост ва меҳнат кардан роҳнамоӣ намоем, зеро оқибати хуб надорад.

P.S. Ҷаноби Тоҳирӣ, барои маълумоти ту бояд бигӯям, ки ман ин мактубро ба ту дар як соат навиштам ва шояд охири моҳи оянда аз нашрия 20 сомонӣ горорарам равон кунанд, аммо фикр мекунам неоталбандаҳо дар ин як соат зиёдтар аз 20 сомонӣ кор мекунанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь