Фоҷиаи Крокус Сити Ҳолли Маскав шояд баъди фоҷеаи Газа мудҳиштарин фоҷеаи солҳои охир бошад. Касеро, ки бар сари ин фоҷиа дилаш хун намешаваду ашкаш равон, “нашояд, ки номаш ниҳанд одамӣ”. Албатта, бар асари чунин фоҷеа эҳсосот барангехта мешавад, қалбҳо ба шӯр меоянд ва шуур якбора саранҷоми корро пайдо карда наметавонад. Хусусан, барои тоҷикон аз як тараф асороти кушта ва захмӣ шудани шахсони бегуноҳ, аз тарафи дигар боиси бадномиву сархамии мардум шудани он хеле гарон аст. Аз ҳамин ҷост, ки бар асари ин фоҷиа сару садоҳои зиёде бархоста, гурӯҳе ба мазаммати “гунаҳгорон” садо баланд карданду гурӯҳе ба ҳимояташон. Албатта, ҳама хулосаҳояшонро бар асоси наворҳову намоишҳои интернетиву телевизионӣ ифода кардаанд. Дар шумори ҷонибдорони бегуноҳии дастгиршудагон якчанд таҳлилгар, аз ҷумла, Руслан Курбанов ном шахсе дар YouTube гузориши пурмантиқе ироа намуд, ки фарзияҳояш асоснок, бо далелҳои муътамад пешниҳод шудаанд. Ақли андаке мантиқгаро дарк мекунад, ки ин фалокат кори ин дастгиршудагон нест. Вуҷуд доштани ду мошин, ки мошини ақиб мошини пешро навор мегирифт, шахсони паҳлавонсимо будани террористон, хунсардона ва оромона паррондани одамон, бераҳмона буридани гулӯҳои захмишудагон, оташ задани бинои консертӣ, пахш гардидани навори рақамҳои мошин далели онанд, ки дар таги коса нимкосае ниҳон аст. Бераҳмона куштани зиёда аз сад кас ва захмӣ шудани бештар аз он одамон кори террористи умраш ба куштор сарфшуда, чашмонаш аз хун сершуда, ба қавле кори “гурги борондида” аст, на аз ҷавонакҳо – “баррачаҳои ларзоне”, ки ҳамагӣ якчанд сол пеш аз Тоҷикистон, аз сарзамине, ки парваришгоҳи раҳму шафқат буда, ҷавононаш дар руҳияи инсондӯстӣ тарбия меёбанду калон мешаванд, ба муҳоҷирӣ рафтаанд. Ёд дорам, дар кӯдакиам дар деҳа вақте чорвоеро барои маъракае забҳ мекарданд, кӯдаконро намегузоштанд, ки наздик биёянд. Ин ҷо фарзияи равониро дар мадди аввал бояд гузошт. Ҳеҷ як тоҷики асил бо автомат ҳатто ба рамаи ҳайвонот он гуна тарпарронӣ карда наметавонад, ки дар бинои Крокус Сити карда шуд. Чунин шахс бори гарони чунин фоҷиаи мудҳишро бардошта натавониста, шояд ҷо ба ҷо аз ақл бегона шавад. Нақшаи ин террор чунон мӯшикофона тарҳрезӣ шудааст, ки дар болотарин марказҳои ҷосусиву разведкавӣ тарҳрезӣ шудани он маълум аст. Ҳатто пайдо кардану ба дом афтондан ва маҳз аз миёни тоҷикон интихоб намудани “қурбониён”-и ин дасиса бо ҳадафҳои махсус тарҳрезӣ шудааст. Фарз кардем, агар тоҷикон чунин қудрат медоштанд ва ин корро мекарданд, то охирин лаҳза яроқашонро аз даст намегузоштанд, зеро медонистанд, ки дигар ҳаёт барои онҳо маънӣ надорад. Аммо ин “баррачаҳо”-и ларзон, ҳайрон намедонистанд, ки барои чӣ онҳоро дастгир кардаву латукӯб мекунанд, ҳатто хабар надоштанд, ки дар мошинашон яроқ доранд. Аммо ин яроқҳо на онҳое буданд, ки аз онҳо ҷониби одамон оташ кушода шуд. Зеро террористон аз он ҷо бе ришу бурут ва беяроқ баромада буданд. Ин яроқҳо низ ба ҳадафи махсус гузошта шуда буданд. Дигар, тавре аз филмҳо ва дигар манбаъҳо мебинем, барои қатли ҳатто як нафар то як миллион доллар ҳақ дода мешавад. Ба ин 500 ҳазор рубли русӣ тоҷикбачаҳо барои он розӣ шуданд, ки шояд он барои ҳай карда бурдани мошин ба вилояти Брянск буд. Барои амалӣ намудани чунин даҳшат хоҷаҳои асосӣ миллионҳо долларро дареғ намедоранд. Аммо тоҷикбачаҳо ноилоҷ бояд ба гуноҳашон розӣ мешуданд, бо он муносибате, ки нисбаташон карда шуд… Аммо гуноҳашон танҳо ин буд, ки содагӣ карданд, ба дом афтоданд. Акнун дар сурати дастгир шудани гунаҳкорони асосии фоҷеа дар гумон аст, ки онҳо сафед карда шаванд. Ин ҷо бояд пайгирон (муфаттишҳо)-и ботаҷриба қазоват кунанд ва омили асосӣ – омили РАВОНӢ-ро таҳлил намоянд. Оё ин фоҷиаро ҳамин тоҷикбачаҳо амалӣ карда метавонистанд?

Р. S. Ин амал имкон дорад, аз ҷониби созмонҳои террористӣ ва ҷосусии ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвари Русия тарҳрезӣ шуда бошад. Акси садояш ба наздикӣ ошкор хоҳад шуд.

Муҳтарам ҲОТАМӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь