Монолог

Эътимод чист? Оё боварист? Не, дӯстам Хоҷаев! Доираву таҳмаънои эътимод аз боварӣ ба маротиб болову мураккабу мушкилписанд аст.

Дар бораи боварӣ борҳо, садҳо маротиба, бе мушаввашии андаку бисёр, бидуни андешаҳои мутавосит, соддаву осон, амсоли зочабозии кӯдакон сухан гуфтаву мегӯям. Аммо, ба назари бандаи ганда, эътимод дигар чиз аст. Ҳарчанд ҳамон боварист, вале дар тасдиқаш оҷизӣ мекашам, ки он ба куллӣ боварӣ бошад. Чаро?

Ба пиндори ман, эътимод мисли онест, ки ба фард, ба он кас, ки бовар мекунӣ, дил мебандӣ ва ҳеҷ гоҳ тасаввури онро надорӣ, ки аз боварият мебарояд. Яъне, эътимод як, ду, се, чор,… беинтиҳо зинаҳо аз боварӣ бояд болову беинтиҳо бошад, то тавонад исбот намояд, ки он боварӣ не, балки эътимод аст.

Нафароне, ки оҷилияти дарки эътимоди дигарон ба худ ва эътимоди худ ба дигаронро мехоҳанд, бояд дарк намоянд, ки эътимод аз ду дил дар навои як оҳанг бармехезад. Мефаҳмам туро, дӯстам Хоҷаев, мефаҳмам. Дарк мекунам, ки ин дам дар ҳавои ҳамҳамаҳои кайҳонии ман газгӯшт гаштаӣ, ёрои ҳаракат надорӣ, мепиндорӣ, ки ман, як нафари хокии обӣ ва бодӣ бо ҳарзапиндорҳои худ туро ба боди норавоӣ гирифтору мутмаин карданиам. Вале, на! Инҳо, ки мегӯям, на ҳама ҳарзаанд. Дуруст, ман ба фалсафа, ба олами кайҳонӣ, ба ҷурмҳои осмонӣ, ба ашёҳои аёну ноаён он қадар иштиёқу таваҷҷуҳ дорам, ки шояд қариб ба олами ботинии худ. Зеро, ба назарам, фалсафа маънои зиндагӣ аст ва ман онро дӯст медорам. Касе, ки банди андешаҳои фалсафист, азоб мекашад, дарун ба дарун худро мехӯрад, хароб мешавад, аммо ҷаҳони ботинии ӯ, мафкураву шуурнокиаш бой, ғайриоддӣ, ибратомӯз, муҳитдӯстонаву инсонпарварона аст. Барои ҳамин, нафароне, ки ғарқи талотуми фалсафаанд, аммо ба мавҷудияти эътимод ҳамчун як пораи он (ба андешаи камина,- Ф. А.) боварӣ доранд, ба ман писанданд.

Як вақте навиштаи нафаре маҳбубу машҳур ба назарам яке аз намунаҳои беҳтарини дарки эътимод намуд, ки ҳоло мехоҳам порае аз онро пешкашат созам. Воқеан, он пораматни ҳузнангезро наметавонистӣ бидуни чашми пурнам мутолиа намоӣ…

Ҳамкасби азиз, акои гиромӣ, рӯзноманигори беҳамто Раҷаби Мирзо дар саҳифаи «Фейсбук» бо номи «Маро бубахш, хоҳар!» матне бо аксе кошт ва навишт: «Замоне буд, ки агар мабодо нотоб мешудаму намехостам ҳич касе аз пайвандонам огоҳ шавад, хоҳарам ҷои ҳамаро мегирифт. Ҳамин акс ҳам, ки мебинед, замони сӯиқасди дуюмбора ба ман аст. Падару модарам дертар хабар ёфтанд, аммо Баргигул аз аввал бо ман буд… Ба ӯ сахт бовар кардан мумкин буд, сирри дилро ошкор кардан имкон дошт. Аммо ӯ ба ман бештар эътимод мекард. Гапи дӯстдоштааш: “Ака дорам, чӣ ғам дорам!”. Хаёл мекард, ки ҳама кори дунё аз дасти ман меояд…».

Шоир ва мунаққиди англис Чарлз Лэм мегӯяд, ки «барои инсони баркамол боварӣ заифӣ аст». Ба ин гуфта бо дарназардошти ҳолатҳои муайян метавон розӣ шуд. Ва ман мегӯям, ки «барои инсони баркамол эътимод қудрат аст». Яъне, боварӣ метавонад шиканад, аз ҳам пошад, вале эътимод бояд ҳамеша устувор бошад. Вақте «эътимод шикаста шуд» мегӯем, пас он на эътимод, балки ҳамон боварӣ будааст…

Агар аҳамият дода бошӣ, дар сиёсати бузург ҳам назар ба истилоҳи боварӣ, эътимод бештар истифода бурда мешавад, ҷаноби Хоҷаев! Масалан, ба ин қиссаи кӯтоҳ таваҷҷуҳ намо:

Рӯзе Чу Кунг аз устодаш Конфутсий суол мекунад:

– Устод, барои пойдор нигоҳ доштани давлат чӣ лозим аст?

Конфутсий мегӯяд:

– Озуқавории кофӣ, силоҳи кофӣ ва эътимоди халқ!

Чу Кунг давом медиҳад:

– Агар бисёр ба танг оеду маҷбур аз баҳри ин се чиз гузаред, аввал аз кадомаш сар мекунед?

Устод посух медиҳад:

– Аввал аз баҳри силоҳ ва баъд аз баҳри озуқаворӣ мегузарам.

– Чаро?

– Чунки аз давраҳои қадим то ба имрӯз мардумон бо сабабҳои гуногун маргро чашида, ба ҳар ҳол тавонистанд пойдор бимонанд. Вале дар таърих мисоли халқеро, ки ба роҳбараш эътимод надошта, вуҷудашро идома дода бошад, пайдо кардан мумкин нест.

Пас, эътимод аз куҷо сарчашма мегирад? Албатта, аз лаҳзаҳои аввали зоҳир гардидани объекти намунавӣ ва амалҳои накӯ. Некӣ аст, ки эътимоди атрофиёнро нисбати мо бедор месозад ва накӯии бардавом умри эътимодро дароз мекунад.

Фазлиддин АСОЗОДА,

«ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь