То чанд рӯзи охир илмҷӯён шояд аз фориғтарин қишри ҷомеа буданд, ки ба ҷуз аз илм ба чизи дигаре фикр намекарданд, акнун ТОРҳои асаби онҳо низ бо судури як қонуне кашида шуданд
Шурӯъ аз 1-уми апрели имсол даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиши ҷумҳурӣ бо тағйироти нави қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳо ҳарбӣ” оғоз гардид. Мутаассифона, масъалаи тағйироти ба миён омада ҳоло ҳам ба қисме аз ҷомеаи мо нофаҳмост, вале ин ҷо мо қонунро шарҳ намедиҳем, бадки дар бобати нозукии дигар мегӯем.
Яке аз тағйирҳо ба қонуни мазкур ин аст: “Шаҳрвандони дар шуъбаҳои фосилавӣ, коллеҷҳо, зинаи таҳсилоти магистр ва доктори фалсафа – PhD дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсилдошта барои хизмати ҳарбӣ низ даъват карда мешаванд. Пас аз адои хизмати ҳарбии ҳатмӣ ба барои магистрантону доктор PhD ба муҳлати 12 моҳ онҳо метавонанд таҳсилашонро дар зинаҳои дахлдор идома диҳанд”. Яъне, тибқи навгонии ба қонун воридшуда як нафаре, ки дар зинаи докторантура таҳсил мекунад, бояд дар аввал ё мобайн ва охири таҳсилаш ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шавад. Мушкил ин аст, ки муҳаққиқи ҷавон агар бо тамоми майлу хоҳиш ба таҳқиқ машғул шавад ҳам, имкони кораш, илмаш, китобҳояш, роҳбараш, донишгоҳашро монда, ба хизмати аскарӣ рафтанаш ҳаст.
Ба кори илмӣ ё таҳқиқ машғул шудан ин маъноро надорад, ки мо дар бозори Корвон чизе мефурӯшем ва ҳар вақте хоҳем рухсатии яксола гирифта, баъди як сол боз ба корамон давом медиҳем. Дар кори таҳқиқ як рӯз танаффус кардан, ҳафтае ё ҳатто моҳе қафо монданро мемонад. Аслан муҳаққиқон барои кори илмӣ анҷом додан бисёртар рухсатии бемузд мегиранд, то бодиққат ва тамоми ҷузъиёти корашонро таҳқиқ кунанд ва ба воситаи илмашон дар хизмати халқу Ватан шаванд. Илм бодиққатӣ, якмаромӣ, бефосилагӣ ва ақлу ҳуши ҷамъро аз муҳаққиқ талаб мекунад. Вале мавзуи аз оғози моҳи апрел ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани докторантҳо парадокси гуфтаҳои боло мебошад.
Мо ба ҳеҷ ваҷҳ гуфтанӣ нестам, ки бояд бачаҳо хизмат накунанд, балки хизмати аскарӣ кардан ба ҳар яки мо қарз аст ва ба ақидаи инҷониб барои толибилмон, ки тамоми қувваашонро ба таҳқиқу илмомӯзӣ равона месозанд ҳамон 2,5 соли таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ ва гузаштани машқҳои 40-рӯза бисёр муфид буд. Масалан, муаллифи ин сатрҳо ҳам ҳоло аз соли 2019 афсари эҳтиётӣ аст ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ бачаҳо тамоми муҳимиятҳоро аз худ карда метавонанд. Ва далели ин гуфтаҳоро дар тағйири нав ба қонун, ки бар ивази пули муайян (ҳоло Ҳукумати кишвар муайян накардааст) ва тамринҳои якмоҳа бачаҳо аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд, метавон маънидод кард.
Ин ҷо саволе пайдо мешавад: Агар дар бобати ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани муҳаққиқони ҷавон фикри дигаре накунем, пас моро чӣ интизор аст?
Агар фикри дигаре накунем, як докторант ба китобхона рафта наметавонад, зеро Худо накарда бо “облавашик”-ҳо рӯ ба рӯ шавад, ҳатман пас аз як соли хизмат ва фаромӯш кардани услуб, забон ва ҷараёни кори илмӣ ба китобхона меравад (агар роҳи китобхонаро аз ёд набарад).
Агар фикри дигаре накунем, як докторант ба донишгоҳу назди роҳбараш рафтанро кам мекунад, ё умуман намеравад, зеро дар ин ҳол костюму галстук ҳам ба ӯ кӯмак карда наметавонанд. Ӯро “облава” мекунанд. Ва илтимос, нагӯед, ки “облава” нест.
Агар фикри дигаре накунем, ҳолу аҳволи илмӣ тоҷик бадтар мешаваду беҳтар не.
Агар фикри дигаре накунем, довталабони ба зинаи докторантура кам мешаванд, завқмандон илм роҳи дигарро пеш мегиранд ва мумкин аст, ки майдони таҳқиқ беранг гардад.
Ва агар фикри дигаре накунем, барои ба роҳи илм рафтани насли ҷавон тамоми шуълаҳоро хомуш мекунем.
Медонем, ки аллакай тағйирот ба қонун қабул шуд ва аз ин сӯ пас мутобиқи тарҳи нав кор ҷараён мегирад, вале бояд гуфт, ки дида баромадани масъалаи ба хизмати аскарӣ ҷалб шудани докторантон ва ҳатто магистрантон ҳам аз фоида холӣ нест. Мумкин роҳи дигаре пайдо шавад, ки раҳнавардони роҳи берангу бӯи илм ноумед нашаванд ва ба таҳқиқ ҷиддӣ машғул гарданд.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ