Аввал ин ки вожаҳои “дурӯғ”-у “дард” бо як  ҳарф сар мешаванд ва ҳамин бас аст, ки андеша кунем, ки инҳо бо ҳамдигар чӣ пайвандие доранд  ва вожаи “дареғ” низ хешу табори ҳаминҳост.

Пас аз хондани мактуби Шумо бо унвони “Дард ва Дурӯғ”, ки ҳар дуи ин вожаро бо ҳарфи калон навиштаед, намедонам чӣ ҷавоб нависам. Чун ман одати дурӯғгӯйӣ надорам, агар ҳам боре шуда бошад, ки гуфта бошам, пас ҳамон “дурӯғи маслиҳатомез” будааст.

Шумо дар ҳар номаатон маро ба он муттаҳам мекунед, ки аз ҷавоб мегурезам ва дар посухи номаи Шумои азиз ягон мавзӯи наверо пешкаш мекунам. Ин шеваро барои он ба кор гирифтаам, ки дар номаҳои Шумо мавзӯи мавриди назар пурра ҳал мешавад ва ҳоҷат ба ҷавоб навиштану дубора ҳамон матлабро маҳаки баҳс қарор додан намехоҳам. Хонандаи борикбин худ ба суолҳои Шумо ҷавоб дорад ва ҷавоби ман ба дарди касе намехӯрад.

Шумои арҷманд дар номаатон аз Дидрою Достоевскийу Оскар Уайлду Систерон суханҳои хубу хонданию монданӣ  хотиррасон кардаеду “ҳатто Дидро ҳамандеши ман будааст” гуфтаед: “Дени Дидро ҳам ҳамандешаи ман аст. Яъне тавсия медиҳад, ки беҳтар аст, то ҳақиқатро гӯӣ, агарчи талх бошад: “Агар дурӯғ ба муддати кӯтоҳе ҳатто ба манфиати кор бошад ҳам, аммо бо гузашти айём зарар меорад. Дар ҳамин ҳол, ҳақиқат бо гузашти вақт баманфиат аст, ҳарчанд тавре гуфтем, дар аввал метавонад заҳри ҳалоҳил бошад.” Мантиқ куҷо шуд, додари қандам?! Ин ба ҳамон масал монад, ки писар аз падар ранҷид, ки дар тӯяш маро хабар накард. Бигӯед: “ман ҳамандеши Дидро ҳастам, ки гуфтааст…” ва ҳарчӣ андешаи монанд доред, ироа кунед, вассалом!

Хуршедҷон! Барои ҳақ баровардани худамон шарт нест, ки бузургонро шафеъ биёварем. Ҳамин қадар бас аст, гӯем, ки “мо ҳар рӯз то сесад бор дурӯғ мегӯем ва ҳатто намедонем бори охир кай бо гуфтани дурӯғ сурх шуда будем”. Ин шеваи дурӯғ гуфтану сурх шудан бо даврони гузашта фано шуд, дӯстам! Ҳанӯз ҳам ману Шумо “андар хами як кӯчаем.” Ба Худо!

Шумои азиз солҳои охир дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намеварзед, намедонам барои чӣ ин қадар ба “дурӯғ” часпидед? Ҳамин ширкат накардани журналистони ҳақҷӯю ҳақталаб дар маъракаҳои сатҳи баланд аст, ки ҳар кӣ ҳар чӣ дурӯғ гуфтан хоҳад, мегӯяду менависаду маълумот медиҳад. Чун медонанд, ки касе аз пайи кофтуков нест ва ҳарчӣ гӯянд, тасдиқ мешавад. Яъне ба  дурӯғ печидани ҷомеа аз сокинону дастандаркорон вобаста аст.

“Ана акнун Шумо ба ин суоли ман посух диҳед, Абдувоҳид, ки чаро вақте мушкили зиндагии имрӯзро қатор мекунанд, аз овардани муҳимтарин камбуди ҷомеа – ДУРӮҒ худдорӣ менамоянд? Чаро?” Ҳамин ҳам савол шуд, дӯстам?! О, ин мардум аз гуфтани дурӯғ худдорӣ намекунанд, баръакс аз гуфтани сухани рост худдорӣ мекунанд! Чун “ҳар қадар рост бигӯӣ, ба бало мепечӣ”-ро сармашқи кору зиндагии худ  кардаанд.

Дар боло дар бораи “дарду дурӯғу дареғ” гуфтем. Шояд мавзӯи яке аз номаҳо “дареғ” мешавад?

АБДУВОҲИД

 ДАРеғ

Дуруд шоир!

Пеш аз он ки ба номаи нави Шумо посух диҳам, мехоҳам каме дар бораи номаи пешинаи Шумо истода гузарам. Дар номаи пеш навиштаед:

“Аммо, оё ҳамон шогирдоне, ки тӯли даҳсолаҳо барояшон қаламкашӣ омӯхтед, ба ин касб ва ба устоди беминнаташон содиқ монданд? Кадрҳое, ки Шумо тайёр мекунед, то дасташон рост шудан дар идораи МТЖТ “хизмат” мекунанду баъд аз он ба гуфтаи худашон “дингуз” мезананд ва ҳам мешунавем, ки ҷойе ҳамин шогирдони бовафоятон “Хуршед пули кам медиҳад” мегӯянд.”

Аввалан, хушбахтона ман ба садоқати эшон ниёз надорам. Бигзор ба қавли Сафват Бурҳонов “дарро чунон пӯшанд, ки ҳангоми бозгашт сурх нашуда, ворид шуда тавонанд”. Умуман, Шумо зери мафҳуми САДОҚАТ чиро мефаҳмед? Барои ман эшон шогирд буданд ва шогирд мемонанд. Шогирд аз назари ман касе аст, ки дар соҳаи худаш камтар аз ман хондааст, камтар аз ман дидааст, камтар аз ман медонад, камтар аз ман шунидааст, ба ҳарфи ман ниёз дорад. Барои ҳамин шояд Далер Назар, ситораи тобноки эстрадаи тоҷик гуфта буд: “Шогирди ман ҳамонест, ки дар ҳунару истеъдоду дониш аз ман фаротар рафта бошад.”

Баъдан, онҳо замоне пеши ман меоянд, ки аксар як хабари ҳалол навишта наметавонанд. Баъди хабарнависиро ёд гирифтан, роҳашон сафед бод, ки ба кию ба чӣ хидмат мекунанд. Хушбахтона, ҳоло аз ҷойе нашунидаам, ки шогирди ман пеши раисе, вазире, мансабдоре чорқат шуда бошад. Барои ман ҳамин кифоя, чун муроди ман фақат ҳамин аст.

Ахиран, дар мавриди “дингуз” задан. Шояд ононеро дар назар доред, ки расман фаъолият доштанду чун маблағи зиёдтар ваъдаашон карданд, рафтанд? Чаро не? Хонаю дари ободи онҳо боиси хурсандии ман буд, ҳаст, мемонад. Ҳоло ҳам баъди солҳо, ҳатто баъди Аврупою Амрикоро гаштан, ба сӯроғам меоянд, замони наврасиашонро ёд мекунанд, ташаккур мегӯянд. Барои дилхоҳ устод болотар аз ин ифтихор буда метавонад?!

Ана барои ҳамин ҳам, ман хилофи он андешаи Шумо ҳастам, ки баъди дарду дурӯғ ҳатман калимаи “Дареғ” бошад. Не! Ва боз ҳам не! Ман боре Дареғ нагуфтаам! На ба амали анҷомдодаам, ки ба сарам сарсонӣ овардааст, на ба пайраҳаи сипардаам, на ба ишқи варзидаам, на ба ҳарфи гуфтаам, на аз талхии дидаам!

Куҷое хонда будам, ки “вуҷуди эҷодкор мӯҳтоҷи ғусса аст. Чун аз ғуссае раҳид, барои хеш ғуссаи нав эҷод мекунад”. Барои ҳамин бе ДАРД наметавон зист, аз дасти ДУРӮҒ ҳамеша фиғон бояд кард, аммо ҳаргиз бояд ДАРЕҒ нагуфт, Абдувоҳиди азиз!

Ҳоло баъди муддате дубора “Фараж” даст ба даст мешавад, дубора ману Шумо сукути пеш аз тӯфонро мешиканем.

Сабур бошед, дӯсти азиз!

Хуршед АТОВУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь