Чаро як саволи оддӣ бархе мансабдоронро асабӣ мекунаду онҳо дағал мешаванд?

Яке аз самтҳои асосии сиёсати Пешвои миллат ба он равона шудааст, ки арзишҳои милливу фарҳангии мо қадрдонӣ ва ҳифз шаванд. Дар ин замина, аз ҷумла рӯзҳои “Шашмақом” ва “Фалак” чанд сол аст, ки ба таври арзанда таҷлил мегарданд.

12-уми май, таври маълум, дар Тоҷикистон Рӯзи “Шашмақом” аст. Бо ин ният чандин маъракаҳо сурат гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳи ҳунармандони Филармонияи давлатӣ ба мо шикоят аз он карданд, ки роҳбарияти филармония ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе чиптаҳоро бурда, ба таври маҷбурӣ бо нархи 30 сомонӣ фурӯхтаанд. Манобеъ ба мо ҳамчунин гуфтанд, ки роҳбарияти филармония дари чандин муассисаҳои дигарро низ барои харидани чиптаи маҷбурӣ кӯфтаанд.

Ҳунармандон суол мегузоранд, ки чаро тӯли 21 соли фармони Президенти Тоҷикистон доир ба Рӯзи “Шашмақом” дар ягон муассиса аз масоили молиявӣ сухан набуду акнун тибқи кадом як санад инҳо аз донишҷӯён (ҳатман роҳбарони муассисаҳо инҷо даст ба коранд) иҷборан маблағ меситонанд?

Ин саволро мо бо раҳбарони муассисаҳое, ки аз болояшон шикоят ҷо дошт, дар миён гузоштем. Аҷиб ин аст, ки ҳамаи онҳоро ин саволи дар назар оддӣ асабӣ намуд. Аз ҷумла,Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллӣ дар сӯҳбат ба мо то ҷое дағалона ва бо “шарти хос” сӯҳбат кардан хост. “70 фоизи донишҷӯёни мо ба «Шашмақом» ҷалб шудаанд, бо чӣ хел ба ман билет мефурӯшанд? Ба мо чунин мактуб наомадааст. Агар номи одами шикоятгарро мегӯед, ба саволатон ҷавоб медиҳам, агар не, ман ҳам ба саволатон посух намегӯям”,- гуфт ӯ.

Ба ҷаноби ректор фаҳмонидам, ки қонунгузорӣ ба мо иҷозат медиҳад, ки номи манбаи худро ошкор накунем. Бовуҷуд, ӯ шарти худро аз талаботи қонун афзалтар донисту аз сӯҳбат бо мо худдорӣ кард.

Роҳбарияти Филармонияи давлатӣ низ масъалаи мавриди баҳси моро хеле бадард қабул карданд. Директори муассиса Кароматуло Раҳимзода аввал дар бораи мушкилоте гуфт, ки онҳо доранд: “Муассисаи мо худмаблағгузор аст ва барои ҳар як консерти гузаронидаамон 5 ҳазору 700 сомонӣ пули иҷораву обу барқро пардохт мекунем. Пас худатон фикр кунед, хоҳар, ки мо пулро аз куҷо ёбем?”. Баъдан сӯҳбатро сари ба фикраш “омили асосӣ”, яъне “душманонаш” бурд, ки гӯё ба онҳо имкони кор кардан намедиҳанд. Ҳарчанд саволи мо мушаххас ва мантиқӣ буд, ки чаро то имсол ин маърака бе ҷамъоварии маблағ ва билетфурӯшӣ сурат мегирифту имсол баръакс шуд? Посухи Раҳимзода бошад, сари дигар чӣ мерафт: “Ростӣ, то ҳол барои кисаи худам кор накардаам. Фақат аз қафои ҳал кардани мушкилотам. Мушкилоти филармонияро то имрӯз касе ҳал накардааст. Дар натиҷа мо ҳунармандоне ҳам дорем, ки маълумоти синфи сеи мактаби миёнаро доранду ҳамчун ҳунарманд фаъолият доранд. Ман ҳамаашро ҷавоб додам ва мумкин онҳо аз қафои ман мекобанду менависанд. Нархи баландтарини чипта 20 сомонӣ аст. Охир, мо онро нафурӯшем, намешавад. Мумкин шикояткунанда ҳамон нафаре бошад, ки бо Эргашев ҷанг шудааст. Як занак буд, аз кор рафту гуфт, ки “ман аз қафотон менависам””.

Воқеан, ба маълумоти директори Филармонияи давлатӣ мерасонем, ки ҳунарпешаи шинохта, марҳум Ато Муҳаммадҷонов ҳам, мегӯянд на маълумоти пурраи мактабӣ дошт ва на олии касбӣ. Оё Раҳимзода ба сатҳи касбии ӯ шубҳа дорад?

Ин савол дар омади гап ва барои ба андеша во доштани роҳбари филармония…

Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишакадаи фарҳанг ва санъат ҳам шикоят барои чиптафурӯшӣ дар донишгоҳашонро рад кард ва гуфт, ки ба онҳо даъватнома фиристодаанд: “Онҳо, агар хоҳанд ҳам, ба мо чипта фурӯхта наметавонанд, чунки 50 донишҷӯйи моро дар ин чорабинӣ истифода мекунанд”.

Ҷамшед Эргашев, муовини директори филармония ба баҳс ҳамроҳ мешавад: “Филармония аз ягон ҷо маблағгузорӣ намешавад, худмаблағгузор аст. Пас мо магар ягон ҷиноят кардем? Фақат билет фурӯхтем. Ду консерт гузаронидем, мо ба якдигар тавассути донишкадаҳои вобаста ба санъат кумак кардем, мактуб кардем бо хоҳиш мекунем мусоидат кунед. Имрӯз мо шунавандаи фарҳангӣ кам дорем, ки биёянду чорабиниҳои фарҳангии моро тамошо кунанд, бахусус “Шашмақом”-ро. Як савол: оё имрӯз бо як “пардаи қоқ” мешавад консерт гузаронд? Танҳо ороиши саҳна 35 ҳазор сомониро ташкил дод, мо ҳатто барои фаррошҳо натавонистем 1 сомонӣ пул диҳем, бовар мекунед? 4 ҳазор сомонӣ фақат масрафи барқу оби ташноб. Аз куҷо супорем? Аз соли 2000-ум ҷашн мегирем Рӯзи “Шашмақом”-ро. Сазовор ҷашн гирифтем. Пас чаро ба Рӯзи Модарон – 8-уми март чиптаро мефурӯшанду Рӯзи “Шашмақом” мо нафурӯшем?”.

Хулоса, ин ҳарфу мавқеъгириҳои ба ҳам зид аз як ҷониб масъаларо чигилтар намуда, шубҳаҳоро меафзояд, аз сӯи дигар асабонияту дағалии масъулон ин саволро ҷиддитар мекунад, ки оё дар ҳақиқат зери коса нимкоса бошад? Агар не, чаро бархе мегӯянд чиптафурӯшӣ накардаанд, баъзе ошкоро дар ин бора сӯҳбат мекунанду мегӯянд дар ин корашон қонуншикание нест?

Саволи мантиқӣ ва ҳуқуқӣ?

Пас интизори вокуниши мақомоти дахлдор мешавем…

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь