Бежанр

Ҳоло замони бозаргонист, биё, бархе имконотамонро, ки аслан рисолатамон ҳастанд, бартер” кунем. Яъне, ман ҳамчун соҳибкасб вазифаамро иҷро мекунам, ту бошӣ имкони бештар деҳ, то ки дилгарм шавам.

Ман журналистам. Имкон дорам, ки ба ту мудом аз мушкилоти ҷомеа, аз кору пайкори ҳамаи табақаҳои аҳолӣ хабар диҳам. Ту бошӣ, маро шунав, таваҷҷӯҳ кун ва ҳар вақте ки мушкилотро ҳал кардӣ, аз натиҷаи корат хабар деҳ. Бартери зур-а?

Ман блогерам. Метавонам бо чанд аксу “Reels” туро дар ҷаҳон муаррифӣ кунам, зеро шумораи пайгирону бинандагонам марзи миллионро убур кардааст. Ту бошӣ, ба ман ангеза деҳ. Роҳнамоӣ кун, то ки чӣ кор карданамро донам. Омӯзон, то ки ҳар матлаби нашркардаам ба фоидаи миллату давлатам бошад, на ин ки “хайп” гуфта, ба сияҳкорӣ роҳ диҳам. Ва дар охир имкону имтиёз деҳ, то ки рушд карда тавонам. Маъқул шуд пешниҳод?

Ман муаллимам. Омодаам, ки донишу малакаи 40-солаи омӯзгориамро ба фарзандони ту диҳам. Барои онҳо роҳнамову маслиҳатдеҳ бошам. Кӯмак кунам, то ки ба қуллаҳои баланд бирасанд. Ту бошӣ, ба ман маоши хуб деҳ, то ки дар дафтари мағозачӣ номам дар сатри аввал набошад. Ҳадди ақал 10-15 рӯзи аввали моҳ хӯрокам гӯшт дошта бошад. Тавонам либоси мавсимӣ харидорӣ кунам. Дар се сол ҳам як маротиба имкони ба истироҳат рафтанро пайдо кунам. Ва аз ҳама муҳим, ба шогирдонам намуна бошам, то ки онҳо барои хондан ангезае дошта бошанд.

Умед бандам ба дастгириат?

Ман духтурам. Бемори туро бо ҷону дил табобат мекунам. Чунон табобату нигоҳубин мекунам, ки афсонаи духтурони хориҷиро ва ҷамъ кардани пули ҳангуфтро фаромӯш мекунӣ. Ту бошӣ, ба ман имкон деҳ, ки бо фоизи паст (22-30 фоизи солона не!) қарзи ипотекӣ гирам ва ҳадди ақал дар давоми даҳ сол соҳиби хонаи шахсӣ дар пойтахт гардам.

Пешниҳодамро дастгирӣ мекунӣ?

Ман донишҷӯям. Бовар кун, ҳоло иҷора гарон, ҳатто баъзе соҳибхонаҳо бо донишҷӯён гап намезананд. Хӯрокворӣ гарон, ҳатто дигар шарм медорем аз мағозаи пеши бино қарз пурсем. Роҳкиро гарон, ҳатто агар 50 дирам кам диҳем, бархе кондукторону ронандагон тавре муносибат мекунанд, ки гӯё одам нестем.

Китобҳо гарон, ҳатто ба иҷора намедиҳанд. Ин ҳама як сӯ, ҳатто идрорпулии донишгоҳам ба маблағи якмоҳаи иҷораам намерасад. Биё, имрӯз ба ман бархе имтиёзҳо деҳ, то фардо қарзатро баргардонам.

Чӣ фикр дорӣ?

Ман номзади илмам. Тадқиқотамро ба анҷом расонидам, вале  барои он ки натиҷааш ба мардум фоида расонад ё аз ягон ҷиҳат кори онҳоро осон кунад, дастгирии ту лозим аст. Ҳамчунин, чанд идеяи тадқиқотии дигар низ дорам, ки дар сурати амалишавиашон кори як гурӯҳи одамонро осон мекунанд. Ту бошӣ, ба ман шароите муҳайё кун, ки пас аз кори тадқиқ шабҳо хобида, барои фардо қувва гирам, на ин ки то бевақтиҳои шаб бо мошини зарди ҳамсинфам барои чанд сомонӣ дар кӯчаҳои Душанбе таксӣ ронам.

Имкон дорӣ ёрӣ расонӣ?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь