Бежанр

Бо вуҷуди он ки ба ҳамдигар ваъдаҳои зиёд додаву ояндаро бе ҳам тасаввур намекардем, як рӯзи боронӣ дар назди сечароғиҶазиратарзе ҷудо шудем, ки гӯё аз ҳам гилае надорем.

Ману ӯ дар як вақт ҳамдигарро дӯст доштем, дар як вақт гуфтем, ки Офаридгор моро ҷуфти ҳам офаридааст, дар як вақт нишон додем, ки каси дигар бароямон вуҷуд дошта наметавонад ва дар як вақт эълон кардем, ки аз ҳам хаста шудему бояд роҳҳоро ҷудо кунем, аммо ҳардуямон медонистем, ки ин ҷудоӣ аз рӯи ғурур аст, на аз таҳи дил. Пас аз ҷудоӣ ҳаётамонро ба куллӣ иваз кардем. Барқасдкориро оғоз намудем.

Ман барқасди ӯ аз онҳое, ки нафрат доштам ба хотири мансабашон мусоҳиба гирифта, дар газета чоп кардам. Ӯ бошад, барқасди ман рӯймолашро дур партофта, блогер шуд.

Ман барқасди ӯ дар доираҳои гуногун мегуфтам, ки бо фалониҳо дӯстаму бародар, то ки ҳамнишинонам донанд чӣ қадар одами даркорӣ шудааму ба вай расонанд. Ӯ бошад, барқасди ман ба оғӯши чанд кас яку якбора даромад ва исбот карданӣ шуд, ки зӯртар аст.

Ман барқасди ӯ шабҳоро ба навиштан дар васфи даҳҳо нафар рӯз мекардам, ки тавсифшавандаҳо хонанду донанду бароям лутфе кунанд. Ӯ бошад, барқасди ман лаҷоми чанд шикамғафсро дар даст дошту ҳар навъе, ки мехост зиндагиашро реклама мекард.

Ман барқасди ӯ шими костюмамро ҳар рӯз иваз мекардам, мошинамро сари ҳар моҳ дигар мекардам, рӯзе се маротиба дар тарабхона хӯрок мехӯрдам. Ӯ бошад, корҳои маро такрор мекард ва иловатан баробари мошинашро иваз кардан, ҳамболинашро ҳам нав мекард.

Ман барқасди ӯ бо занҳои аз худам чанд сол калон  муносибат мекардам. Ӯ бошад, барқасди ман бо ҷавонони аз худаш чанд сол хурд истироҳат мекард.

Ман барқасди ӯ қарз мекардам, гуноҳ мекардам ва ҳаловат мебурдам. Ӯ бошад барқасди ман аз тамоми арзишҳои зиндагиаш гузашт.

Ману ӯ аз дигаргунии зиндагии ҳамдигар бохабар будем ва ба ҷуз мо ҳама ба гумроҳиамон бовар мекарданд. Маро сабаби бадномии як корхонаву ӯро сабаби бадномии чанд идора медонистанд. Аммо ин ҳама барқасдкорӣ ба диламон зад ва боз рӯзи бороние дар назди ҳамон сечароғи “Ҷазира” вохӯрдем.

– Саҳифа-саҳифа навиштӣ, худатро одами бисёр муҳим ва доно тарошидӣ, чунон бо кибр гаштӣ, ки сояатро надидӣ… чӣ гирифтӣ?, – ором ва бо ҳамон табассуми зебандааш пурсид.

– Ту аз хати одамӣ берун шудӣ, худатро фурӯхтӣ, барои “сториз”-ҳои Инстаграм тӯи қалбакӣ ташкил кардӣ, ҳар моҳ ҳамболинатро иваз кардӣ, узвҳои баданатро калону майда кардӣ… чӣ гирифтӣ?- ба ҷои ҷавоб савол додам.

– Аввал ба саволи ман ҷавоб деҳ,- эътироз кард.

– Ҷавоб намедиҳам, зеро медонам, ки ту ҳам посух намедиҳӣ,- паст наомадам.

– Ману ту беморем, аммо қабул намекунем,- хандида гуфт.

– Бале, бемори худхоҳӣ, ҳасудӣ, қасдгирӣ ҳастем, вале бовар кун агар қабул ҳам кунем, табиб надорем.

– Пас, биё барқасдкориамонро давом медиҳем,- гуфту таксии аз самти муқобил омадаро ишора кард, ки истад.

– Давом медиҳем,- баландтар гуфтам, вақте ки аз роҳ мегузашт.

Ҳ. Тоҳирӣ

P.S. Қаҳрамонҳои ин матлаб, ки дӯстони ман буданд, 100 сол пеш дар 100-солагиашон аз дунё даргузаштанд.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь