Баъзан мо аз ғояти нодониву ҷоҳилӣ бо ғаму шикоят кӯшиши иваз кардани ҳолати доштаамонро мекунем, вале бехабар аз он ки ин ду калимаи боло қудрати дигаргун кардани чизеро надоранд.
Империяи Рим ғуломони зиёд дошт. Онҳо ба ҷуз як нафар дигар ҳамагӣ як хел буданд: доимо ғамгин, хотирпарешон, сарсону ҳайрон, дар азоби зиёди руҳӣ. Иловатан, ҳар вақте ки бо якдигар рӯ ба рӯ мешуданд, аз ину он шикоят намуда, ба қавле, дарди дил мекарданд. Ғам хӯрдан ва шикоят намудан кори доимӣ ва таскинбахши онҳо маҳсуб меёфт. Бо шикоят карданҳояшон худро сабук ҳис карда, шикоятномахониро ба гӯши ҳамдигар омили асосии сабукии худ медонистанд. Бо гузашти солҳо онҳо азоб мекашиданд, худу наздиконашонро аз даст медоданд, беҳолу бемадор мешуданд, рафиқи пирӣ мегаштанд, аммо ҳеҷ дигаргунии мусбате дар ҳаёташон рух намедод. На яке озод мешуд, на дигаре ба кори сабуктаре мегузашт. На яке аз ғамҳо раҳо мегашт, на дигаре аз беҳудагӯйӣ хаста мешуд. Хуллас, ғамномаву шикоятномаҳояшон ба онҳо танҳо як чиз медод: ноумедӣ.
Дар ин маврид бешубҳа метавон гуфт, ки сарчашмаи қисми зиёди нокомиҳову ноумедиҳо шикоятномаҳои мо ҳастанд, ки ҳар вақти дилхоҳ болои сари худу атрофиёнамон мерезем.
Вале он нафар, аниқтараш ҳамон ғуломе, ки монанди дигарон набуд, бисёр зиндагии хуб дошт. Ӯ ба ғуломияш нигоҳ накарда, кӯшиш менамуд, ки ҳаёташ ба хушиву хурсандӣ гузарад ва ҳамин тавр ҳам мекард, яъне худро хушбахттарин одами сайёра мешуморид. Вай бо як мароқи зиёд ҳама уҳдадориҳоеро, ки бар дӯшаш вогузор шуда буданд, иҷро мекард. Ӯ умрашро ба ғам хӯрдану шикоят кардан талаф намедод. Ба ҳама ҳоводису воқеоти манфӣ сабр мекард. Ҳама чизро гузаро ва ғанимат мешуморид, ҳатто лаҳзаҳои дардовару ногувори ҳаёташро. Ҳамин буд, ки чанде пас муҳлати ғуломияш тамом шуд ва ӯро озод намуданд. Бо нахӯрдани ғам ва шикоят накардан озодӣ насибаш шуд, зеро ӯ вақти ғамхӯриву шикоятноманависиро ба иҷрои корҳои бар дӯшаш буда сарф кард.
Аслан нафароне ғам мехӯранд, ки дигар аз дасташон кори мекардагӣ намеояд. Нафароне бо ғам ошно мегарданд, ки аз ғам боло фикр кардан барояшон имконнопазир аст. Нафароне ҳамнишини ғам мешаванд, ки зиндагияшон аз тарс, навмедӣ, содагӣ, нодонӣ ва торикӣ иборат аст. Ва боз нафароне шикоят менавсанд, ки дилашон монанди ранги қалам сиёҳ аст. Нафароне бо шикоятномаҳо зиндагӣ мекунанд, ки пурра аз ҳаёт дилхунук шуда, роҳи наҷот, роҳи озодӣ ва роҳи дурустро гум кардаанд. Нафароне пеши дигарон шикоят мекунанд, ки аз дасташон ба ҷуз ин кор дигар амале намеояд. Нафароне бо шикоят зиндагӣ мекунанд, ки дигар баҳонаи зистан надоранд. Нафароне бо алам шикоят мекунанд, ки худро гум кардаанд.
Ҳамаи инҳо дар худ ҳақиқате доранд. Баъзан мешавад, ки мо ба ҷойи роҳи ҳалли мушкилиро кофтан бо шикоятномаҳо сенарияи зиндагиамонро сиёҳ мекунем. Вақтамонро бисёр арзон ҳадяи ноумедиҳо менамоем. Шикоятҳои беҷо ва бемантиқ карда, аз худ норозӣ мешавем. Ва боз болои ҳамаи ин барои гуноҳҳоямон доимо дар ҷустуҷӯйи гунаҳкор ҳастем. Яъне дар ҳаёти мо ҳолатҳое мешавад, ки содагӣ ва нодонӣ ғолиб баромада, аз тамоми шириниҳои дунё танҳо ғам насибамон мегардад. Ва ҳароина ба нафарони алоҳида ва наздикамон шикояткуниро оғоз мекунем, бехабар аз он, ки шикоятҳои мо чизеро тағйир намедиҳанду касе хоҳиши шудани онҳоро надорад.
Мо медонем, ки ғаму шикоят чизеро барнамегардонад, вале бо вуҷуди ин ҳамнишину рафиқи ин ду мафҳум шуда, худ ба худ барои сӯхтани ҳаётамон розӣ мешавем. Ва ҳам хуб медонем, ки ғаму шикоят хонаҳои сӯхта, мошинҳои ба садама дучоршуда, пулҳои сарфнамуда, ишқи рафта, дороии қаблиамонро ба мо намеорад, аммо боз аз ҳавои онҳо нафас мегирем. Инро дида метавон гуфт, ки ғам ва шикоят ба ҷуз чанд дақиқа хира кардани таъби худу атрофиён дигар чизе дода наметавонад.
Аз ғаму шикоят дур бошед ва худро эҳтиёт кунед!
Сино ТОҲИРӢ