Дурудҳо ба Хуршеди гиромӣ!

“Хирс ва мулло”- ятонро дар лаби дарёи Вахш хондам. Ин дафъа макони моҳигирии мо наздикии шаҳри Бохтар қарор дошт, ки интернет бе мамониат кор мекард.

Рӯзи ҷумъа, аниқтараш бегоҳи шанбе Доктор Тоҳир-ака ногоҳ занг заданду бе ягон муқаддимаю пешгуфтор амр карданд, ки “бору буғчая ҷамъ кунед, пагоҳ саҳар соати 9:00 роҳ мебароем… ва деги афғонию чодару дурбини шаббину чироғчаи дастию тӯри моҳигирию доруи фишору як миқдор пули нақд ҳамроҳ гиред.”

Мо ҳам маътали ишора, ба гуфти худи Доктор ҳамчун “законнопослушанний гражданин” “хуб, чашм” гуфтему аз паси иҷрои амру фармонашон шудем. Макони вохӯрии пеш аз сафарро назди бозори “Саховат” таъин намудем, чун таксиҳои минтақаи Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) аз ҳамон ҷо ба роҳ мебароянд. Ва Доктор аз мағозаи шароби рӯ ба рӯйи бозор ду шиша шароби таърифии “Нурабис” гирифтанд (ростӣ, ҳеч нафаҳмидам “нурабис”-аш чӣ маъно дошта бошад?). Рахти сафарамонро ба як таксӣ бор кардему озими Бохтар шудем. Нархи таксиҳои Душанбе – Бохтар барои як нафар аз 20 сомонӣ то 40 сомонӣ будааст. Ҷузъиёти дигари ин сафарро, насиб карда бошад, дар суҳбати рӯ ба рӯ нақл мекунам.

Биёем сари масъалаи номаи Шумо.

Воқеан, баҳси китобу сохтмони як китобхонаи замонавӣ дар минтақаи Рашт, ки донишманди фарҳехта Ҳафиз Раҳмон бо номае ба Раҳими Ғармӣ муроҷиат карда буд, хушбахтона барои миллат ба хубӣ анҷом пазируфт. Яъне соҳибкори дастбахайр Раҳими Ғармӣ тавассути як дӯсташ бо Устод Ҳафиз дар тамос шуда, ваъда кардааст, ки “иншооллоҳ ин амали хайр низ дар нақшаамон ҳаст.”

Шумо дар номаатон дар баробари китобхонӣ мавзуи забономӯзиро низ матраҳ кардаед, ки ин мавзӯъ доманадор аст ва баҳси алоҳида мехоҳад. Аммо ёдам меояд, ки вақте ман Ҳушангро мактаби урусӣ мондам, як рафиқи шафиқ, ки худро аз саромадони журналистикаи даврони истиқлолият мехонад, гуфт: “аз ту умедам ин набуд… фарзандатро мактаби урусӣ мондӣ..” Ҷавобаш дода будам, ки “шумо бояд фарзандонатонро мактаби тоҷикӣ монед то забони давлатиямонро ёд гиранд, фарзанди ман бо забони ноби тоҷикӣ калон мешавад, чун падару модараш дар ҳамин рӯҳия бузург шудаанд.” Каме ранҷид, аммо пас аз чанд сол маълум гардид, ки ман кори дурусте анҷом додаам.

Борҳо дар суҳбатҳои дӯстона ва ҷамъомадҳои сатҳи баландтар ҳам, мушкилиҳои нашрияҳои кӯдаконаро матраҳ кардаем ва бонги хатар ҳам задаем, ки “хон! агар мехоҳед, ки миллат китобхон шавад, аввал обунаи маҷбурии нашрияҳоро барои кӯдакон ба роҳ монед ”, аммо касе парвои фалак надорад! Дар ин бора ногуфтаҳо зиёданд, андеша дорам, ки сари ин мавзӯъ низ муфассалтар биистем.

Чӣ гуфтед Хуршедшоҳ?!

Бо эҳтиром: АБДУВОҲИД

БОЯД БИГӮЯМ…

Субҳи шумо бахайру пур аз шодмонӣ бошад!

Медонед, шумо навиштаед, ки номаи пеши маро “дар лаби дарёи Вахш” хондаед ва ман дар мавриди дар куҷо хондани номаҳое, ки сари он бояд андешӣ, ба фикр рафтам. Ёд доред дар наврасӣ номаҳои ошиқонаро чӣ гуна арҷ мегузоштему эҳтиёт мекардем то ба дасти шахси дигар наафтад? Ҳоло ин гуна арзишҳое мисоли қадри номаи дилдор намондааст, балки бойиси масхараю хандахариши номанавис шудааст. Эҳ, замоне буд…биёед мавзӯъро ба дигар сӯ набарем…Дӯсте дорам, ки нашрияи “Азия плюс”-ро ҳиҷҷа карда мехонаду сари ҳар сархати он андешаашро мегӯяд. Боре аз он ки дар бораи маводи ин нашрия, ки дар бораи истифодаи ҳоҷатхонаи кӯдакона ((“горшок”) буд, сари баҳсро оғоз карду дағалона суханашро буридам:

-Ҳамин ту ҳамеша шиква дорӣ, ки ҳамеша корат нотамом мемонад, аниқтараш, дастат намерасад. О ту аз куҷо вақт меёбӣ то рӯзномаро то охир хонӣ?

Посухе дод, ки бароям ногаҳонӣ буд:

-Дӯстам, ман ҳар замоне ба ҳоҷатхона меравам, як дона аз нашрияҳои тозанашрро ҳамроҳ мегирам ва мазза карда то охир мехонам.

Ҳамин тавр дӯсти шоирам, ҳатто ҳар маҳалли мутолиа сабаби интихоб ва қиссаи хешро дорад аз назари ман.

Дар масъалаи номи водкае, ки пурсидед, яъне “Нурабис”. Ин ном то ҷое медонам, як номи бемаъние аст ки ба хотири номи соҳиби ин “бренд”, яъне шакли кӯтоҳшудаи Нуруллоев Абдурашид Исмоилович, соҳиби он аст. Аммо, ҳисси кунҷкобӣ иҷозатам надод, ва ба ҷустуҷӯ идома додам ва медонед чиро пайдо кардам?

Дар бораи Анубис – дар луғати қадимаи мисрӣ он номи Худованди мурдаҳо, анъанаҳои вобаста ба мурдаи инсон будааст. Он дар нақши гург, шағол ё инсон бо сари шағол инъикос мешудааст. Яъне шағоле, ки дар идома ҷасади мурдаҳоро мехӯрад.

Бало ба паси ном! Мехоҳам чанд ҳарфе перомуни ҳамсафар гӯям. Медонед, ман кӯшиш мекунам дар ҳама сафар ба куҷое дошта бошам, ё ҳаҷвнавис, дӯсти қадимаам Холиқназар Ҷумъаев ё рӯзноманигор Одили Нозир ё агар дар он маҳфил сурудану хондан шарт бошад Зоҳири Сайфуллоро ҳамсафар гирам. Зеро аввалӣ агар ҳунари хандондану майл ба суйи ҳазл дошта бошад, дуввумӣ бо баррасии ҷиддии масъалаҳои фарҳангӣ намегузорад то дақиқае аз ин масъала дур бошед, саввумӣ бошад намегузорад то лаҳзае аз дунёи Аҳмад Зоҳири шодравон бехабар бошӣ! Аммо ҳамсафари шумо як табибе ҳаст, ки метавонад дар дами пирӣ хуну набзи Шуморо дар лаҳзаи даркорӣ санҷад. Ман чунин табиби ҳамсафару ошно надорам, ростӣ дорам дар ноҳияи Масчоҳи нав, вале ташвишаш намедиҳам. Худованд табиби ҷону қалбро дар паноҳаш дорад!

Фикр мекунам, ки ин бор зиёд гуфтам ва ҳафтаи дигар дар бораи обунаи маҷбурӣ ва забономӯзии фарзандон хоҳем гуфт.

Бо эҳтиром: ХУРШЕД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь