Ҳар гоҳе аз тарафи чороҳаи маҳаллаи 46 ҷониби бозори “Саховат” меоям. Дар пиёда роҳи серҳаракат дар ду тарафи роҳрав фӯрӯшандаҳои қади роҳи ҳастанд. Гоҳ рӯз се гоҳ рӯз чор нафар бачаҳо ҷудогона наушник ва кулчақанди “толо” мефурӯшанд ва инчунин бозиеро мегузаронанд. Ба қавле баробари харид “приз” ба даст меорӣ. Бозӣ чун алик малик аст, якеро интихоб мекуниву бахти худро месанҷӣ. Дар дохили наушникҳо, ки 5 сомон арзиш доранду бо андозаи 15 сомон ба фурӯш медиҳанд, қоғазчаҳо гузошта шудааст. Агар толеъ баланди кунаду қоғазчаи шонс рақами хуб ё ашёҳое, ки дар канори фурӯшанда гузошта шудааст аз қабили чехолҳо, калонкаҳо, наушникҳои бузургтар, телефон, телевизион ва асосаш то андозаи 1200 сомонӣ маблағ мебаромадааст. Ҳар боре, ки мегузарам, танҳо мушоҳида мекунам, дар гирди онҳо донишҷӯён ё одамони нав аз деҳот омада, ҷамъ мешаванду зери доми ин тоифа мегарданд. Наушник як намуди ин бозӣ аст, намуди дигар кулчақанди “толо”, ки як сомонӣ арзиш дорад, бо нархи 5 сомонӣ ба фурӯш меравад аст. Одамене, ки ҷамъ омаданд каме фикр мекунанд. Бо каме нигоҳ пасон бахт тавакал гуфта, як наушник ё кулчақанди толоро харидорӣ мекунанд ва даҳонашонро боз месозанду ба кофтани қоғазчаи шонс шурӯъ мекунанд, қоғазча пайдо мешавад. Дар қоғазча ҳеҷ чиз ё рақами ночиз аст. Харидорон умеди калон доштанд, баробари дидани қоғазча симояшон дигар мешаваду ба бахташон нафрин мегӯянд ва “бахт баланди накард” мегӯянду ба рохашон давом медиҳанд. Ба фикрам ба худ мегӯянд “кош бозӣ намекардам”. Гӯё ин наушнику кулчақанди “толо” пули гарону тӯҳфаи арзанда дорад, аммо дар ҳеҷ кадоме ягон чизи арзишманд нест. То он вақте, ки меистаму назора мекунам, касе чизи арзишманд бурд намекунад. Ин танҳо фиреби назар аст, ки барои ҷалб кардани муштари роҳандози шудааст. Моли бесифатро бо воситаи бозӣ бо нархи дучанд ба фурӯш мебароранду мардуми гумроҳро фиреб медиҳанд. Ин як усули ба даст овардани пул аст.
Як рафиқам борҳо ин муҳитро дида, хост аз ин ҳолат навор гирад. Навор мегирифту бехабар аз онки ин ҷавон бо ҷавонҳои дигаре, ки ба монанди ин мардумфиребӣ мекунанд ва ҷавононе, ки гӯё ҳамчун харидор дар наздишон меистанд буд. Инҳо дастае ҳастанду ононе ки дар масофаҳои байни ин фӯрӯшандаҳои фиребгар бекор меистанд, шариконашон аст, бехабар буд. Яке аз онҳо ин ҳолатро пай бурда, аз рафиқам соат мепурсад, аммо худ ҳам телефон дораду ҳам дар даст соат. Рафиқам аз соати дастиааш вақтро мегӯяд, аммо ӯ қонеъ нашуда, мехост аз телефон бубинад ва мақсади асосияш дидани телефон буд. Вақте рафиқам намехоҳад телефонро нишон диҳад, дӯстони гурӯҳи якҷой мешаванду ӯро гирифта, ба қавле ҷои ҳисобу китоб мебаранд, маҷбураш месозанд, ки наворо пок созад ва ӯро худ навор мегиранд. Ба гуфти дӯстам агар зане пайдо намешуд, мехостанд чунонаш зананд, ки навор гирифтанро фаромӯш созад. Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки дидаву дониста афроде дар байни мардум озодона ба мардумфиребӣ машғуланду назорат намешавад. Наход боре ин ҳолатро касе надида бошад, наход берун аз маконҳои фурӯш дар ҷойҳое, ки роҳрав асту бояд монеа барои роҳравон набошанд мумкин бошад, ки ҳар касе хост чизи хостаашро ба фурӯш гузорад. Ин тарзи фурӯш кайҳо боз дар ин макон идома дорад. Ва то ҳол боре нашудааст, ки инҳоро касе ронда бошад. Метавонанд озодона ҷавонони содаро гӯл зананду ҷайбҳояшонро холи созанд. Шояд ин як чизи одӣ бошад, лек ҳама чиз аз одӣ шурӯъ шуда, ба бузург мубаддал мегардад.
Шаҳзод ЗАФАРҶОН