Рӯзи Байналмиллалии Занон- дар таърих ҳамчун рӯзи ҳамрайъии занон дар бештари мамлакатҳои дунё,  мубориза барои барорбарҳуқуқӣ ва эмансипатсия пайдо гаштааст. Аз моҳи марти соли 1975 Рӯзи Байналмиллалии Занон дар ООН ҷашн гирифта мешавад.

28-уми феврали соли 1908 бо даъвати ташкилоти занонаи сотсиал-демократии Ню-йоркӣ ҷамъомад бо лозунгҳо дар бораи бароробарҳуқуқии занон баргузор гардид. Дар ин рӯз беш аз 15 000 зан роҳпаймоӣ карда, кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ ва бо мардон барорбар намудани шароити музди меҳнатро талаб намуданд. Аз он ҷумла масъалаи ба занон додани ҳукуқи интихобкарданро ба пеш гузоштанд.

Соли 1909 ҳизби сотсиалистии Амрико рӯзи миллии занонро эълон кард, ки он то соли 1913 дар охирин рӯзи якшанбеи моҳи феврал қайд карда мешуд.  Баъдан, соли 1910 ҳайати вакилзанон аз ИМА ба  Копенгаген, барои  иштирок дар Конфронси дуюми байналмиллалии занони сотсиалӣ омаданд ва инҷо бо комунистзани номӣ Клара Сеткина вохӯрданд.

Клара Сеткина 27 августи соли 1910, дар Конфронси дуюми байналмиллалии занони сотсиалӣ, ки дар Копенгаген дар доираи конгресси 8-уми Интернатсиали дуюм баргузор мегардид, барпо кардани Рӯзи байналмиллалии занонро пешниҳод кард. Яъне дар ин рӯз занон митинг ва рахпамоӣ карда, ҷамъиятро ба проблемаҳои худ ҷалб месозанд.

19 марти соли 1911 аввалин Рӯзи Байналмиллалии Занон дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария бо пешниҳоди аъзои комитети марказии ҳизби сотсиал-демократи Олмон Елена Гринберг қайд гардид. Пас аз як сол ин рӯз дар ҳамон давлатҳо, вале аллакай 12 май қайд карда мешуд. 2 марти соли 1913 бори аввал занон дар Фаронса ва Русия ба митинг баромаданд. Намоиши оммавӣ, инчунин дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейтсария, Голландия санаи 9 март, ва дар Олмон 12 март баргузор гардид. Соли 1914 рӯзи занон дар рӯзи якшанбе, 8 март якбора дар 8 давлат: ИМА, Британияи Кабир, Австрия, Дания, Олмон, Нидерландия, Россия ва Швейтсария қайд карда шуд.

То соли 1917 ҳуқуқ ба овозро пурра ва ё қисман занони Зеландияи Нав, Австралия, Финландия, Норвегия, Дания ва Исландия гирифтанд.

Аз соли 1966, дар мувофиқа бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 8 майи соли 1965, Рӯзи Байналмиллалии Занон на танҳо ҳамчун рӯзи ид, балки рӯзи истироҳатӣ низ қабул карда шуд. Оҳиста -оҳиста ин ид ранги феминистии худро гум кард. Чаро? Чунуки рӯзи занон, духтарон ва ҳатто духтарчаҳо дар байни оила, корхона ва хонандагон гардид.

Аз ҳамон лаҳзаи қабули расмӣ гардидан дар Русия, баъди Инқилоби Октябри соли 1917 ин ид дар давлатҳои сотсиалистӣ ба шакли аслӣ таҷлил мегардид. Баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин 1 октябри соли 1949 дар он ҷо 8-март расман Рӯзи Занон эълон гардид, ки занони Чинӣ дар ин рӯз рӯзи кории нопурра доштанд.

Имрӯз ин идро дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ ҳамчун Рӯзи Байналмиллалии Занон таҷлил мекунанд.

Ин рӯз танҳо дар Тоҷикистон аз соли 2009 бо ташаббуси Президенти кишвар Рӯзи Модар ном гирифтааст.

Дар поён маълумоти мухтасар дар бораи тоҷикзанҳое, ки  аввалин шуда шуғлеро интихоб намуда, дар баробари мардон корнамоиҳо кардаанд овардем. Месазад, ки ба муборизаҳои занҳои қаҳрамон ва талоши онҳо барои зиндагии сазовор рӯзи 8-уми мартро ҳамчун рӯзи Зан-Модар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намоем.

Мастура Авезова- аввалин зане, ки бо фаранҷипӯшии занон мубориза бурдааст;

Паттӣ Азизова- аввалин милисаи зан дар Тоҷикистон;

Зебӣ Муқобилова – дар 14 солагӣ роҳбарии ду синфи иборат аз 98 шогирдро ба уҳда дошт;

Ӯғулой Шамсутдинова – аввалин  комиссари халқӣ ё Вазири беҳдошти Тоҷикистони Шӯравӣ;

Ҳамро Алиева аввалин бонуест, ки бо орденҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст;

Иқбол Нормуродова  аввалин дӯзандазан, ки дар фабрикаи дӯзандагӣ кор кардааст;

Шарипова Гулчеҳра – аввалин зане, ки генерал шудааст;

Ойгул Мамадҷонова –  аввалин лётчикзан;

Бибиҷон АШӮРОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь