ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

  1. Идеологияи миллии мо бояд нангу номусу ҷасорати миллӣ, бошарафӣ, ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи табиат, таъмини зиндагии шоиста ба аҳолӣ, муборизаи беамон ба хурофоту ҷоҳилӣ ва  ҳифзи Ватан  бошад!
  2. Дар ин замонаи пуртазоди ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҳаёти мамлакат идеологияи миллӣ амалан ҷоннок карда шавад ва ин набояд фақат дар сухан бошад! Паёми ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгӯйи идеологияи миллӣ буда, барои ҷомеа роҳнамоянд. Шиори ҳаррӯзаи мо бояд чунин бошад: “Даст ба кору дил ба ёр!”

Шикасти идеология шикасти давлат мебошад.

  1. Раисони шаҳру ноҳия, роҳбарони вазорату корхонаву идораҳои давлатӣ агар нангу номусу ҷасорати миллӣ надошта бошанд ва ба давлату миллату Пешвои маҳбуб содиқ набошанд, мардона ба истеъфо раванд.
  2. Дар мактабҳо фанҳои Ифтихори Ватандорӣ, Гигиенаи санитарӣ, супоридани нормаи ГТО, таълими меҳнат, машқи тирпарронӣ ҳатман ҷорӣ карда шаванд. Ба наврасону ҷавонон омӯзонида шавад, ки дин барои инсон аст, на инсон барои дин!

Илм, ахлоқ, меҳнат ва ҳифзи  Ватан аз ибодат афзалтаранд. Фақат он халқе пеш меравад, ки боилму бофарҳангу ҳушёру зирак аст!

  1. Дар тамоми дарсҳои мактабҳои миёна, коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ 5-7 дақиқаи соати дарсӣ ба ватандӯстӣ, муқоисаи оромии давлати мо бо дигар давлатҳои ноамн бахшида шавад. Ақл, илм ахлоқ, меҳнат ва ҳақиқат бояд асоси таълиму тарбия дар соҳаи маориф бошад.
  2. Нафақа ва маош аз ҳисоби коркарди канданиҳои фоиданок чун тилло, нуқра, уран 5-7 маротиба зиёд карда шавад. Дар натиҷа фирори мағзҳо кам шуда, зиёиён дар ватан соҳиби кор мегарданд. Вақт нишон дод, ки дар муҳоҷират ҷавонон бештар ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.
  3. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳарчи бештар заминҳои корам киштгардон карда шуда, яхобмонӣ ва шудгори босифат карда шаванд. Нуриҳои органикӣ истифода бурда шаванд, на селитраи ба инсон зараровар! Тутзорҳо, токзорҳо барқарор карда шаванд.

Рустам ШЕРОВ, табиб, шаҳри Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь