Завқибек замоне бо навиштаҳои хубу ҷолибаш ситораи матбуот буд. Баъдан тавонист бо барномаҳои рангину тамошобоб диққати ҳазоронро ҷалб кунад. Ҳоло бо навиштани андешаҳо ва коментхои фарқкунандааш ситораи Facebook аст. 

Умед бар он дорем, ки дар ояндаи наздик ситораи You Tube мешавад, зеро таклифҳо барои блогер шуданаш хеле зиёданд. 

 

ФАСЛИ АВВАЛ

Кӯдаки роҳ

–  Аз даврони кӯдакӣ чи хотироте доред? Чӣ чиз аз он рӯзҳо дар ёдатон боқӣ мондааст?

– Ман дар кӯдакӣ ба ду чиз бештар таваҷҷуҳи хос доштам. Яке шеърнависӣ, дигаре ҳунармандию коргардонӣ…

– Биёед аввал аз ҳунармандию коргардониятон бигӯед.

– Як рафиқ доштам, усто буд. Устои суратгир, наворбардор. Ҳар замоне, ки камераи наворбардорӣ ё суратгиракеро таъмир мекард, пинҳонӣ, то омадани соҳибаш ман аз онҳо истифода мебурдам. Хело мехостам, ки коргардон ва ё ҳунарманди синамо бошам. Фикр мекунам ҳамон наворбардорӣ ва коргардонӣ сабаб шуд, ки имрӯз ҳам дар ин ҷода шавқам пир нашудааст.

– Имрӯз Шумо на ҳунарманд ва на коргардон ҳастед, балки журналист ҳастед. Чаро кӯшиши амалӣ намудани орзуву хоҳиши кӯдакиро накардед?

– Ман кӯшиш кардам, аммо тақдир набудааст. Дар аввал мехостам бо ҳамон шавқу завқи дар дил будаам ба донишкадаи санъат дохил шавам, аммо бо сабаби он ки ман бисёр шармгин будам, аҳли оилаам зид баромаданд.

 Баъдан, соли 2007 ният кардам, ки филме ба навор мегирам, вале мутаассифона натавонистам, чунки декабри соли 2007 ва январи 2008 дар тарафҳои мо (шаҳри Роғун) чунон хунукию яхбандӣ омад, ки филмбардорӣ як тараф истад, ба берун баромадан мушкил буд. Ҳамин тавр орзӯи ман амалӣ нашуд.

– Филми орзуҳо дар бораи чӣ буд?

– Ҳаводиси ҷанги шаҳрвандиро инъикос мекард. Масалан, он солҳо агар дар хонае нафаре аз муҳоҷирати меҳнатӣ меомад, ҳатман, ки дузде, роҳзане, авбоше ба он хона ҳамла мекард. Ин филм умуман дар бораи ноадолатию беқадрии ҷони одамӣ бояд мебуд.

– Намехоҳед, ки дар бораи шеъру шоириатон ҳарф занед?

– Даъвои шоирӣ надорам, танҳо хоҳиш доштам, ки шеър эҷод кунам. Аввалҳо чапаву роста бисёр менавиштам, аммо вақте боақлтар шудам, фаҳмидам, ки он қадар кори муҳим нест ва ҳоло танҳо барои ҳамсарам менависам.

– Чаро ба ин фикр ҳастед?

-Шеъре, ки дар бораи зиндонӣ шудани чанд нафари бегуноҳ нест, шеъре, ки инъикоскунандаи қиматии бозорҳо нест, шеъре, ки беқурбии одамизодро намегӯяд, шеъре, ки аз ноадолатию вазъи ногуворе намегӯяд, пас вай шеър нест. Шеъри имрӯз аз шиками сер аст ва ҳар нафаре, ки шикамаш сер бошад, шеър менависад.  Масалан дар бораи зулфи ёр ва қомати дилрабои нозанинаш ва ғ.

– Пас чаро худи Шумо ҳамин мавзӯъро ба риштаи назм намекашед?

– Тавре дар боло гуфтам, ман даъвои шоирӣ надорам ва медонам, ки наметавонам он чизе, ки дар дилам аст дар қолаби назм дарорам. Шеъру шоири вазифаву кори ман нест.

 

ФАСЛИ ДУВУМ

Хоки Ватан

-Ба андешаи он ки «ҳарҷо ки шикам сер шуд, ватан аст» Шумо розиед?

-Не, асло розӣ шуда наметавонам. Дар ғарибӣ ман ҳатто шиғҳои хонаамонро ёд карда будам. Ватан зодгоҳ аст!

-Фикр мекунам, ки дар ғарибӣ азобу машаққати зиёд кашидаед…

-Пас аз хатми дониишгоҳ ба Русия рафтам. Барои тамошо не, балки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будам. Ҳамагӣ сеюним моҳ кор кардам. Вале тӯли сеюним моҳ қариб,  ҳама дашному таҳқири русро шунидам. 

-Масалан…

-Ман дар дастам як хол дорам, Вақте бемор шудаму ба беморхона рафтам, духтурон пайи ҳам аз ман мепурсиданд, ки ту “укол” мекунӣ? Онҳо медонистанд, ки хол аст, аммо…

-Чаро ин қадар кам дар Русия мондед?

-Ман дар ҷое кору зиндагӣ мекардам, ки парвозкунии ҳавопаймоҳо ҳар лаҳза ба назар мерасид. Ҳар вақте, ки парвози ҳавопаймоеро медидам, дилам реш-реш мешуд ва ҳамон замон худамро дар дарунаш ҳис мекардам. Тӯли ин муддат чанд маротиб, хаёлан дар ин ҳавопаймоҳҳо ба Тоҷикистон меомадаму мерафтам.

-Ва билохира…

-Билохира, дигар сабрам намонд ва омадам. Баробари аз ҳавопаймо фаромадан, бар хилофи мардуме, ки сӯи автобус медавиданд, ман бо зону зада, хоки ватанро ба дидагонам молидам, хазорхо маротиба шукри Худоро кардам, ки боз ба ватан баргаштам.

 

ФАСЛИ САВВУМ

Чанд кадам дар роҳи дароз

-Шумо пас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба журналистика пайвастед?

-Ман дар замони донишчӯйӣ ҳам менавиштам ва бо ВАО ҳамкорӣ доштам. Танҳо пас аз муҳоҷирати семоҳа пурра ба касбам пайвастам.

-Корро аз куҷо расман оғоз кардед?

-АзТелевизиони Симои Мустақили Тоҷикистон. 

– Кӣ ба Шумо ба ҳайси навкор дасти кӯмак дароз мекард?

-Ба ман бештар устодон Хилватшоҳ ва Зинатулло кӯмак мекарданд.

-То ҷое медонем, Шумо бо рӯзномаҳои “Пайкон” ва “Имрӯз-нюс” ҳам ҳамкорӣ доштед…

-Бале. Вақти кор карданам дар СМТ, барои таъсиси рӯзномаи ҳаррӯза яъне “Имрӯз-нюс” ба як гурӯҳ бачаҳо, ки ман ҳам дар миёнашон будам, устод Раҷаби Мирзо дарс гуфтанд. Моро ҳаматарафа ва пурра омода карданд барои кор дар рӯзномаи харрӯза. Ҳамон замон ман ҳамкорӣ кардам. 

-Кӣ ба журналист шудани Шумо мосоидат кард?

– Инҳо ба ман ҳаққи устодӣ доранд: Хилватшоҳи Маҳмуд, Раҷаби Мирзо, Саймуддин Дӯстов, Гулчеҳра, Зинатуллои Исмоил, Асадулло Раҳмон, Ҷумъаи Толиб, Зафари Сӯфӣ.

-Саҳифаи “Ҳарфи ҳодиса”-и Шумо матолиби пурсару садои “Имрӯз-нюс” ба шумор мерафт. Шикоятҳо аз болои журналистон ҳам буданд?

-Албатта, бе ин намешавад! Қариб ҳаррӯз шикоятҳои гуногун ба суроғи мо меомаданд, аммо ҷавоби мо якто буд: “Марҳамат 300-400 метр Суди олӣ аст, чӣ шикояте, ки доред онҷо рафта гӯед”

-Хонандаи аввалинатон дар навиштаҳои фейсбукиатон кист?

-Ҳамсарам. Ӯ аксар вақт ба навиштаҳои ман муқобил мебарояд ва то андозае кӯшиш мекунад, ки ман нармтар нависам.

-Сабаби зиёд «лайк»-у  «комент» гирифтани матолибатон чист?

-Ман барои “лайк” гирифтан наменависам. Вале бояд бигӯям, ки агар ба навиштаҳои журналист вокуниш нишон надиҳанд, пас вай танҳо барои худаш менависад. Журналистро бояд суроғ кунанд, кобанд, ёбанд. Бо журналист мардум бояд ҳамфикр шаванд ё зид бароянд. 

 

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

Тадқиқоти нотамом

-Дар Телевизиони Тоҷикистон корро аз чӣ оғоз кардед?

-Корро дар барномаи «Чарх» оғоз кардам. 

-«Чарх» ба бинанда чиро нишон додан мехост?

-Падару модаронеро мазаммат мекард, ки фарзандони худро дар ятимхонаҳо партофта буданд.

-Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки телевизион ба мардум наздик буд?

-Бале наздики наздик буд. Масалан, чанд сол қабл, бо гурӯҳи эҷодии барномаи “Тадқиқоти журналист” ба ноҳияи Файзобод рафта будем. Вақте худамонро муаррифӣ кардему гуфтем, ки барои ҳалли мушкилии Шумо омадаем, мӯйсафеде, ки дар 8 сотих замин бо 4 писару келинҳояш зиндагӣ мекард аз хурсандӣ ашк рехт. Ҳарчанд кӯшиш кард, ба ҷуз як ҷумла дигар чизе гуфта натавонист: «Шумо аз телевизион омадед барои мушкилии мани камбағалро ҳал кардан?» Мо танҳо кӯшиши онро мекардем, ки бо халқ наздик шавем. 

-Бештар кадом масъалаҳоро пайгирӣ мекардед?

-«Тадқиқоти журналист» барномаи идоравӣ буд. Дастаҷамъона кӯлоҳашро истифода мекардем. Ман бошам зиёдтар баҳсҳои судиро пайгирӣ мекардам.

-Лаззати кори журналистӣ кадом вақт зоҳир мегардад?

-Вақте ки ба рӯйи мардуми оддӣ ҳама дарҳо пӯшида мешаванд ва ягона роҳи ҳалли мушкилияшонро дар кори журналистӣ мебинанду ба мо муроҷиат мекунанд. Мо, ки умеди охиринашон ҳастем, бо шавқу завқ аз пайи ҳалли масъала мешавем. 

-Оё тадқиқоти журналистӣ дар матбуот аз тадқиқоти журналистӣ дар телевизион дида  осонтар аст ё баракс?

-Аслан ҳеҷ тадқиқот осон нест, аммо метавон гуфт, ки усули тадқиқоти мо, ки дар барномаи «Тадқиқоти журналист» мегузаронидем, осонтар буд. Ду тарафи даъвогарро ҳамроҳи шоҳидҳояшон рӯ ба рӯ мешинондем ва равиши сӯҳбатро идора мекардем.

– Чаро «Тадқиқоти журналист» аз миён рафт?

-Баъзе масъалаҳое пеш омаданд, ки монеаи пахш ин барнома шуданд. 

-Ҳоло барномаи «Самт»-ро пеш бурда истодаед?

-Бале, ҳоло «Самт»-ро пеш бурда истодаам. Аслан, ин барнома дар якҷоягӣ бо кормандони БДА мегузарад. Кӯшиш мекунем, ки аз қонуну қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мардумро огоҳ созем. 

-Чанде пеш қароре қабул шуд, ки ҳар нафаре, ки дар ҳолати мастӣ сари чамбарак мешинад, 15 000 сомонӣ ҷарима ё 15 шабонарӯз ҳабс мешавад. Шумо чӣ назар доред?

-Ман 100% тарафдорам. Мардум ҷонашонро аз куча наёфтаанд. Фикри ман ин аст, ки ҳоло ҳам ҷаримаро бояд зиёдтар кунанд.

-Барномаи охиринатонро дидам, дар бораи терминалҳои мусофирбарӣ буд…

-Изҳори нигаронии ман дар ин маврид аз он аст, ки аксар шаҳру навоҳии мо ба маънии томаш терминали мусофирбарӣ надоранд. Масалан, шаҳри Роғун, ки 27 бинои 9 ошёна дорад умуман терминали мусофирбарӣ надорад. Ин мушкилии бисёр ҷиддист, махсусан дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ». Сайёҳи хориҷӣ мисли мо дар пӯшти дарахтону мағозаҳо нақлиёт интизор намешаванд. Барои онҳо терминали мусофирбарӣ сохтан лозим. Моро маҳз аз рӯи ҳамин баҳо медиҳанд. 

 

ФАСЛИ ПАНҶУМ

Шеърбатл бо падар

-Инсон бисёр вақт аз ҳақиқат мегурезад ва бовар намекунад, ки нафари наздик ва ё чизи муқаддасеро аз даст додааст. Шумо ба ин ҳолат афтода будед? 

-Дуруст гуфтед. Чанд рӯз пас 1 сол мешавад, ки падарам бо ман несту ба олами абадӣ рафтааст. Аммо ҳеҷ боварам  намеояд, ки  имрӯз ӯ дар барам нест. Вуҷудам месӯзаду бовар намекунам. Ин дард бовар нокарданист.

-Падаратон ба чӣ кор машғул буданд одатан?

-Падарам усто буданд. То охирин нафас бо меҳнати худ нони халол хӯрда буданд. 

-Дар ҷое гуфта будед, ки аз падарам пиртар ҳастам, инро чӣ гуна  шарҳ медиҳед?

-Падари раҳматии ман ҳамагӣ 58 сол доштанд, бисёр ҷавон буданд.  Ҳоло се дандони ман афтида аст, аммо ягон дандони падарам ҳатто нуқсон надоштанд. Худ қазоват кунед, кӣ пир аст? 

-Дар оила чӣ гуна шахсият буданд? 

-Хислати аҷибе доштанд. Аз омадан то рафтани меҳмонон рост меистоданд, ҳатто лаҳзае наменишастанд.

-Ба ғайр аз устогӣ боз ба чӣ корҳо шуғл доштанд?

-Кам-кам шеър менавиштанд. Ба шеърҳои ошиқонае, ки ман барои чанд духтар навишта будам, ҷавоб гардониданд. Ман ҳам дар навбати худ бо шеър посух мегардонидам. 

-Яъне шеърбатл? 

-Ҳамин тавр.

-Завқибек Сайдаминӣ чиро дид дар ин дунё?

-Ҳам алмосро ва ҳам меросро.

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь