Ману Парвина (агар расмӣ гӯем Ашӯрзода Парвина) на танҳо ҳамкурсем, балки ҳамкурсони наздикем. Бо гузаштани 8 сол ҳамоно ӯ бароям ҳамон ҳамкурси наздик аст. Агар аз ҷонибе, аз нигоҳе ношиносе бетарафона назар кунем, ӯро ҳамчун яке аз журналистони ҷавон ва ҳамзамон хабарнигори пуркору пурмаҳсули соҳаи варзиш дармеёбем. Гоҳ дар студия иттилоъ медиҳад, гоҳ дар варзишгоҳ аст, гоҳ дар кадом толори варзишӣ аз кадом варзишгаре мусоҳиба мегирад ва гоҳи дигар дар дили шаб аз фурудгоҳ гузориш медиҳад. Муҳимтар аз ин, ҳамкурси ман аввалин шореҳи зан дар соҳаи варзиши тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022 рақобатҳои рақси рӯйи яхро, ки таҷрибаи нав дар журналистикаи тоҷик буд, бо забонӣ тоҷикӣ шарҳ додаааст.
Хуллас, ба “Не-не”-и Парвина гӯш надода, дар мавзуъҳои гуногун ҳамроҳаш суҳбат кардам. Аз тасодуфӣ ба телевизион рафтан то омӯзиши соҳаҳои муҳими журналистика, аз ивази шакли таҳсил то оиладориву модар шудан, аз фазову муҳити телевизион то “ситора” нашудан, аз ифтихор то тарс.
ФАСЛИ АВВАЛ:
“САБР МЕВАИ ШИРИН ДОРАД”
– Ёдат бошад, дар курси дуюмӣ якҷо ба Телевизиони “Варзиш” дархости кор фиристода будем, аммо ту ба кор қабул шудиву ман не. Метавонем пайвастани туро ба телевизиони “Варзиш” ва умуман дунёи варзиш тасодуфӣ гӯем? Ё ҳамон замон ҷиддӣ мехостӣ журналисти самти варзиш шавӣ?
– Ба журналистикаи варзишӣ пайвастанам тасодуфӣ аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар умум ба журналистика омаданам таваккалӣ бошад. Ҳанӯз аз замони мактабхонӣ наттоқ шудан мехостам ва ҳамин хоҳиш маро ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овард. Дар ҷараёни омӯзиш дарк кардам, ки журналистӣ танҳо наттоқӣ нест, балки дунёи дигар аст. Кор то ҷое расид, ки ман бисёр мехостам бардоштҳоямро аз дарсҳои устодон амалӣ бисанҷам ва ба бахти баланди ман ду шабакаи телевизионӣ – Телевизиони “Варзиш” ва “Синамо” таъсис ёфтанду аввалӣ барои ишғоли ҷойи кори холӣ озмун эълон кард. Ман дар он озмун таваккалӣ ва аз волидонам пинҳонӣ иштирок кардам ва танҳо хостам кӯшиши кор кардан кунам. Хушбахтона, аз имтиҳонҳои назариявиву амалӣ гузаштам ва ҳамчун муҳаррир дар идораи иттилоотӣ ба кор қабул шудам.
– Дар соли 2016 журналисти варзишӣ шудани як духтар, албатта, каме аҷиб менамуд. Ҳатто ишора кардӣ, ки аз падару модарат пинҳонӣ ба телевизион рафтӣ. Он шабу рӯз ва умуман дар аввали фаъолият ба чӣ гуна бархӯрдҳо дучор шудӣ?
– Устодон маро бубахшанд, аммо ба фикре ҳастам, ки журналистикаи варзишӣ ба таври комил дар кишвари мо пас аз таъсиси Телевизиони “Варзиш” рушд кард. Солҳои аввали кор дар шабакаи варзишӣ вокушини атрофиён гуногун ва аҷиб буд. Албатта, барои ҷомеа гузориш додани як духтар аз майдони футбол, гӯштин ё бокс чизи нав буд. Бархеҳо мегуфтанд, ки “Ту дигар ҷойи кор наёфтӣ, чаро касбӣ мардакӣ интихоб кардӣ?” ё “Дар Телевизиони “Варзиш” мардҳо кор мекунанд, духтар чию футбол чӣ?” Вале ман аҳамият намедодам, зеро касбамро дӯст медоштам ва мехостам то қадри имкон назарҳоро иваз кунам. Яъне ибтидо осон набуд, аммо ҳамеша сабр меваи ширин дорад. Хушбахтона, ҳоло дар кишвари мо ҳам дигар касби духтаронаю мардона ё варзиши духтаронаю мардона нест. Ҳама дар интихоб озод аст.
ФАСЛИ ДУЮМ:
“БИНАНДА ФИКР МЕКУНАД, КИ…”
– Дар идораҳои журналистӣ хоҳ-нохоҳ ба онҳое, ки донишгоҳро ғоибона хатм кардаанд, каме дигаргуна назар мекунанд. Ҳарчанд ту се сол рӯзона таҳсил карда бошӣ ҳам, собит аст, ки ғоибона тамом кардӣ. Аз рӯи ин нукта, дар телевизион муносибат бо ту чӣ гуна буду чӣ гуна шуд?
– Ту дар матбуот кор кардаӣ ва шояд чунин муносибатро мушоҳида намудаӣ. Вале бояд бигӯям, ки дар Телевизиони “Варзиш” чунин нест, зеро аксари кормандони шабакаи мазкур хатмкардаи соҳаҳои гуногунанд ва шакли таҳсилу факулта муҳим нест, балки талаботи қатъӣ ин иҷрои вазифа аст.
– Чаро пас аз курси сеюм шакли таҳсилатро иваз кардӣ?
– Панҷ моҳ ба таври шартномавӣ фаъолият бурдам. Ҳамон замон ду ҳамкорам аз кор рафтанд ва роҳбарият пешниҳод карданд, ки шакли таҳсиламро ғоибона намуда, пурра кор кунам. Ман, ки корамро дӯст медоштам, розӣ шудам.
– Журналисти варзишӣ будан барои як модар ва ҳамсар мушкил нест?
– Фикр мекунам, на танҳо журналисти варзишӣ, балки дилхоҳ кор барои як зан ва модар душвор аст. Ман пас аз оиладор шудан худамро “панҷ қисм” кардам. Дар баробари кору таҳсил, инчунин ҳамсар, келини хонадон ва модар шудам. Ин ҳама масъулияти хеле вазнин аст. Ба хотири хуб будани ҳам ҳаёти оилавӣ ва ҳам таҳсилу кор бояд яку якбора чанд вазифаро иҷро кард.
– Журналисти соҳавӣ, яъне танҳо дар як соҳа будан барои як шахси эҷодкор бад нест?
– Журналисти соҳавӣ будан хуб аст. Махсусан, дар кишвари мо, ки журналистикаи соҳавӣ мелангад. Бигзор донишҷӯён ба равияҳо ҷудо шаванду ҳамон соҳаи муайян ва дӯстдоштаи худро хуб омӯзанд ва журналисти касбии як соҳа шаванд. Агар шахс дар соҳаи интихобкардаи худ (варзишӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ) муваффақ гардад, пас, бешак маводи таҳиякардаи ӯ низ касбӣ мешавад.
– Ин маҳдуд кардани худ нест?
– Ман чунин фикр намекунам. Масалан, ҳоло метавонам дар дилхоҳ мавзуъ нависам, аммо медонам, ки варзишро зиёдтар мефаҳмам ва бояд кореро анҷом диҳам, ки фаҳмиши зиёд дорам. Агар ҳама кори дӯстдоштаашро кунаду онро хуб дарк намояд, пас бисёр хуб мешавад.
– Боре фикри аз кор рафтанро кардӣ? Барои мисол, дар дигар шабакаҳоямон барномаи шомгоҳӣ ё субҳонаро пеш бурдан.
– Фикри қатъии аз кор рафтанро кардаам, лекин андешаи ба дигар шабакаҳо рафтанро не.
– Наттоқӣ одамро танбал мекунад ё сабаби дигарест барои барномаи муаллифӣ надоштан?
– Айни ҳол муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ ҳастам. Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти шабака ин универсал (ҳамакора) шудани кормандон аст. Яъне ман дар баробари наттоқӣ, гузориш таҳия мекунам. Ва боз агар лозим шавад, суфлёр, танзимгару наворбардор ҳам мешавам. Сабаби асосии барномаи муаллифӣ надоштан ё таҳия накарданам ин кори зиёд аст. Бинанда фикр мекунад, ки ман танҳо омада матни тайёрро мехонаму меравам, аммо ин тавр нест.
ФАСЛИ СЕЮМ:
“МАН НАМЕХОҲАМ, КИ “СИТОРА” БОШАМ”
– 8 сол мешавад, ки дар телевизион кор мекунӣ. Агар ба қафо нигарӣ, чӣ мебинӣ, кадом корҳоят пешорӯят меоянд?
– Ҳангоме ки ба телевизион омадам, донишҷӯи соли дуюм будам. Агар навиштанро аз устодони факултет омӯхта бошам, кори амалиро дар ин шабака омӯхтам. Телевизиони “Варзиш” барои ман мактаби бузурги журналистикаи варзишӣ аст. Кор дар телевизион касро маҷбур мекунад, ки пайваста барои такмили касбӣ кӯшиш кунад ва ҳамқадами замон бошад. Шукр, ки баробари ин телевизион рушд карда истодаам ва агар ба қафо нигарам, дар баробари даҳҳову садҳо гузоришам, такмили ихтисос ва ҳамчун журналисти варзишӣ рушд кардан пешорӯям меояд.
– Фазову муҳити телевизион барои кор кардани як журналисти ҷавон чӣ гуна аст?
– Агар дониш ва хоҳиш бошад, ҳеҷ кас дар ҳеҷ куҷо монеа эҷод карда наметавонад, балки дар ҳамаҷо бо муносибати хуб рӯ ба рӯ шуда, дар фазои хубу солим кор мекунӣ.
– Мегӯянд телевизион “ситора” мекунад. Чаро ту “ситора” нашудӣ ё шудиву мо бехабарем?
– Шояд ман намехоҳам, ки “ситора” бошам (механдад).
– Ба оне, ки мегӯянд қисми зиёди барномаҳои шабакаҳои телевизионии мо нусхабардорӣ аз дигар телевизионҳо ҳастанд, чӣ назар дорӣ?
– Фикр мекунам, муҳим он аст, ки маводи омодашуда ба дарди мардум хӯрад ва шавқовар бошад. Нусхабардорӣ дар тамоми дунё буд, ҳаст ва давом меёбад.
ФАСЛИ ЧОРУМ:
РАҲОРАҲ
– Кадом барномаҳои телевизионҳои дигарамонро тамошо мекунӣ?
– Бинобар набудани вақт тамошо намекунам.
– Аз кадом корат ифтихор дорӣ?
– Аз оне, ки ман ҳамчун як зан таҳсилкардаам, соҳиби касбам, соҳиби оила ва фарзандони дӯстрӯяк ҳастам. Ва аз ҳама муҳим, як луқма нонро худам ёфта метавонам.
– Аз чӣ метарсӣ?
– Аз туҳмати ногаҳонӣ.
– Агар аз дастат меомад, кадом мушкили ҷомеаро ҳал мекардӣ?
– Мушкилоте, ки ҳал кардан мехоҳам, зиёданд. Вақте ҳал кардам, баъд мегӯям.
– Боре фикр кардӣ, ки чаро мо ба дунё омадаем?
– Бале, ба гумони ғолиб барои зиндагӣ кардану боз аз худ чизе боқӣ мондан. Ҳадди ақал номи нек.
– Дар ин дунё зиндагӣ кардан осон аст?
– Зиндагӣ кардан рӯз аз рӯз душвор шуда истодааст. Худо кунад, ки одамӣ, имону инсоф аз байн наравад.
– Ишқ бузург аст ё дӯстӣ?
– Ишқ.
– Тасмим гирифтан осон аст ё ба касе маслиҳат додан?
– Барои ман, маслиҳат додан.
– Киҳоро журналисти муваффақ меҳисобӣ?
– Аз журналистони худамон Орзу Исоев, Субҳон Ҷалилов, Наргис Касимова, Раҷаб Мирзо, Вера Исмаилова… инҳо касонеанд, ки бо маҳсули эҷодашон шиносам ва чизе омӯхтаам.
– Аз миёни ҳамкурсонамон аз ҳама зиёд ту муваффақ ҳастӣ, ин талошҳо ягон формулаи осон доранд, ки дигарон ҳам тавонанд мисли ту шаванд?
– Ман ин гуна фикр намекунам. Агар ҷое муваффақ ҳисобам кунед, пас мегӯям, ин бо шарофати фидокорист. Барои расидан ба мақсад фидокор будан лозим меояд.
– Дар кишвари мо зиёда аз 10 ихтисоси журналистӣ ҳаст. Ба фикри ту ин хуб аст ё бад?
– Яке аз мушкилоти журналистикаи кунунии мо ин лангидани журналистикаи соҳавӣ аст. Бигзор ихтисосҳо зиёд бошанду журналистшавандаҳо самтҳои муайянро интихоб карда омӯзанд ва журналистикаи соҳавиро тақвият бахшанд.
– Соҳибкасбон пешакӣ маълум мекунанд, ки то фалон сол кор мекунам. Масалан, футболбоз то 35-40, муаллим то нафака, сохтмончӣ то 50 ва ғайраҳо. Ту боре фикр кардаӣ, ки чанд муддати дигар кори журналистӣ мекунӣ?
– Чанд соли дигар журналистӣ карданамро намедонам. Мо ҳама барои пеш бурдани зиндагӣ кор мекунем. Айни замон рӯзгорамро аз ҳисоби журналистиам пеш мебарам. Шояд то ҳамон замоне, ки зиндагиро дигар бо меҳнати журналистӣ пеш бурда натавонам.
– Ин суҳбатро чӣ гуна ҷамъбаст мекунӣ
– Дар фарҷом ба ҳар як духтаре, ки ин сатрҳоро мехонад, мегӯям, ки ба худ бовар дошта бошад, хонад, пайваста барои рушд додани худ талош кунад, худро дӯст дорад, зиндагиро дӯст дорад ва доимо ба пеш ҳаракат намояд. Номбардори падару модар ва ватану миллат бошад.
Мусоҳиб,
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ