(Сӯҳбати сарироҳӣ бо шоири ҷавон Иброҳим Дӯстализода)

-Бисёре аз шоирон тахаллус интихоб мекунанд. Шумо тахаллус доред?

-Замоне ба Донишгоҳ омадам, алакай шеър мегуфтам. Дар маҷаллаҳо шеъру мақолаҳоям ба номи худам нашр мешуду соли 2012 аввалин дафтари шеьрам бо номи «Дуруд, фардо» ба нашр расид. Чанд бор фикр кардам ва ба хулоса омадам, ки Иброҳимҷон Дӯстализода бимонам.

-Дар сарсухани дафтари шеъратон “Мусиқии нафас” Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода гуфтааст, ки дар ҳар сурудаҳоятон ҳадафи равшану мушахасе мавҷуд аст. Оё шеьр сурудан ҳадаф аст ё дарду ниёзи гӯянда?

-Дар ин дунё ҳар амале пайи ҳадафе равона аст. Дар шеьр ормонҳои нуҳуфтаи шоир дар омезиш бо ҳадафҳояш иникос меёбад.

Шеъри «Бӯйи ҷуйи Мулиён»-и устод Рӯдакӣ ва таъсири он ба Насри Сомониро ба ёд биёред. Ана ин аст ҳадафрас будани шеьр. Коре, ки шеъру сухан мекунад бо чизи дигаре наметавон анҷом дод.

Албатта мурод аз мавзун кардани вожаҳо ин нест, ки мо танҳо дарёи дардҳои худро ба ин маҷро равона созем, мақсуди мо ин аст, ки чизеро бигӯем, ки наметавон ба забони ғайр аз шеър баён кард.

– Шеъре доред бо номи «Дар сари гаҳвораи тифл». Баъзеҳо бар он назаранд, ки дар ин мавзӯъ танҳо модарон сухан мегӯянд. Назаратон дар ин маврид чист?

-Албатта суруди ҷовидони алла танҳо аз забони модарон ба гӯши ҷони ҷигарбанд хуш мерасад, вале падарон низ метавонанд дар сари гаҳвораи фарзандашон нишинанд, бо ӯ суҳбат бикунанд ва дӯстдорӣ намоянд.

Моро хам Худованди бузург ба номи падар лоиқ дид. Вақте модарам писари маро дар гаҳворае, ки маро баста буданд, хобонида, суруди алла мехонданд, ин шеър эҷод шуд.

 Чӣ хушбахтист ҳоло модари ман

Туро ҳам андар он гаҳвора бандад

Дуоят мекунад аз қалби покаш

Илоҳо бахту иқболат бихандад.

Ин шеьр як навъ гуфтугӯи сода бо писарам Исмоилҷони чандмоҳа буд, ки зиёда аз даҳ сол пеш эҷод шудааст.

-Шумо шеъри сафед ё шеъри озод гуфтаед. Оё ин навъи шеьр имрӯз хонанда дорад?

-Бале, мо дар ин навъи шеър ҳам чанд намуна эҷод кардаем. Албатта вақте ҳарфи тоза бо перояҳои адабию тахайюлӣ якҷо асту дилчасп, новобаста аз чигунагии қолаби шеьр ба дилҳо мерасад. Дар адабиёти мо беҳтарин шеърҳо ҳастанд, ки дар қолаби озод ё нимоӣ суруда шудаанд. Намунаи беҳтаринаш шеьри «Ба модарам»- устод Лоиқ аст.

-Умуман кадом навъи шеър имрӯз харидор дорад ва дар кадом қолаби шеърӣ суруданро дӯст доред?

-Шеъре, ки аз дил суруда шудааст, яъне дорои дарунмояи отифӣ аст, ҳамеша хонандаи худро дорад. Лаҳзае, ки шеър меояд, шоир ирода намекунад то қолабҳои шеъриро мувофиқи хостааш интихоб намояд. Ин андеша аст, ки қолабро интихоб мекунад. Шеър пеш аз онки руйи авроқ резад, дар андешаи шоир бо ҳамон қолаб ва ритму оҳанги худ зуҳур мекунад.

Дар шеъратон «Асрори ҷавонӣ» гуфтаед, ки:

Ҳоло ки ҷавонам ман,

Дунёи маро дарёб.

Дунёи шоирӣ чӣ гуна дунёст?

-Дунёи перомуни шоир як дунёи хос аст, ки дар он шоир танҳо зиндагӣ мекунад ва шеър воситаест, ки дигаронро ба ин дунё мешиносонад. Диди шоир ба оламу одам ва зуҳуроти ҳастӣ фарқкунанда аст.

-Шумо шогирди устод Гулрухсор ҳастед. Чаро дар ягон китобатон сарсухан нанавиштаанд?

-Ба дафтарҳои шеъри мо шогирдони устод Гулрухсор сарсухан навиштаанд, вале яке аз тавсияномаи ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул шудани маро устод Гулрухсор навиштаанд, ки дар бойгонии мо ҳамчун чизи арзишманд нигоҳдорӣ мешавад.

Шояд дар оянда агар ягон чизи арзишманд аз мо ба нашр бирасад, устод Гулрухсор пешгуфторашро нависанд.

-Дар пайравии устодатон Гулрухсор ягон шеър гуфтаед?

-Дар ибтидо ҳама шоирон пайрави ягон шоире мешаванд, зеро агар осори як шоирро зиёд мутолиа кунед, ғайриихтиёр ба шеърҳоятон таъсир мерасонад. Устодон мегӯянд, ки аз навиштаҳои мо бӯйи шеъри устод Гулрухсор, устод Фарзона, устод Рустам Ваҳҳобзода ва Сӯҳроби Сипеҳрӣ меояд. Агар воқеан чунин бошад, мо хушбахтем.

Ба андешаи ман ҳар шоир пас аз ба роҳи шеър расидан, бояд сухани хоси худашро бигӯяд, ки бе зикри ном Шумо пай баред, ки ин шеъри кист. Масалан ман агар шеъри устод Абдуллоҳи Раҳнамо ё Рустам Ваҳҳобзода ё устод Фарзонаро мутолиа намоям, зуд дарк мекунам, ки ин ҳарфи онҳост.

-Аз қиссаи шогирдиатон ба устод Гулрухсор Сафӣ бигӯед. Чӣ шуд, ки шеъратон ба дасти он кас афтод? Тасодуф ё хостаи худатон буд?

-Замони мактабхонӣ ба ашъори устод Гулрухсор Сафӣ таваҷҷуҳи хоса доштам, девони ашъорашонро харидам, ки «Дафтари ишқу ашку ханда” ном дошт.

Ҳамон вақт шеъре ба номи «Савғо» навишта будам, ки чунин мисраҳо дошт:

Аз чашмаи Яхч кӯзаи об,

Ин дафтари ишқ ашку ханда.

Бар ташналабони шеър орам,

Бар деҳаи хеш Варзиканда.

Вақте донишҷӯ шудам, ман ва дустонам Толиби Луқмон, Шоҳбегим Маликшоҳзода, Шаҳриёр Олимӣ, Ваҳдат Дайхудо, ки аксарашон имрӯз шоир ва пажуҳишгаранд, ба ҳуҷраи кории устод Гулрухсор рафтем. Устодро бори аввал онҷо дидам бо чеҳраи кушодаю хандаҳои ширин моро ба утоқ хонданд. Онҷо нишастему шеърхонӣ кардем. Устод аз миёни мо шеъри Толиби Луқмонро хуш пазируфтанд ва ба ҳамаи мо тавсияҳо доданд. Яьне устод Гулрухсор гавҳаршинос ҳастанд. Имрӯз дӯсти мо Толиби Луқмон дар миёни мо дар гуфтани шеъри тоза ва тасвири маъниҳои бикр пешсаф аст. Ҳамин тавр бо устод Гулрухсор муносибати устоду шогирдии мо оғоз шуд.

-Аз устод Гулрухсор чиро омӯхтед?

-Ман аз устод Гулрухсор инсон будан ва шоирона зистанро омӯхтам.

Тарҷумонҳое, ки забони чиниро донанд, бисёранд, аммо тарҷумаи шеър эҷодкорӣ мехоҳад, ки тарҷумон дар баробари донистани забон худ эҷодкор бошад, то рӯҳи шеърро нигоҳ дорад. Шумо забони чиниро хуб медонед ва бевосита аз ин забон тарҷума мекунед. То ҳол тарҷумаҳое, ки аз забони чиноӣ сурат гирифтаанд, аз тарҷумаи русияшон баргардон шудаанд. Ин корро идома доданӣ ҳастед?

-Бале, мо ният дорем ки ин кори хайрро ки дар тавонамон ҳаст, идома диҳем ва ба ин васила адабиёти худро низ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Дар маҷаллаи «Садои Шарқ» тарҷумаи шеъри чиниятон ба нашр расид. Чӣ гуна истиқбол гирифтанд ва назари мунаққидон ба тарҷума чун буд?

Бале бо раҳнамоӣ ва таҳрикҳои устод Рустам Ваҳҳобзода намунае аз тарҷумаҳои мо дар ин маҷалла ба нашр расид. Пас аз ба чоп расидан чанде аз дӯстон ва устодон ба мо занг зада табрик карданд ва хуш пазируфтанду хостгори идомаи он шуданд.

Дар як шеъратон гуфтед:

Дар ин дунё даме шодӣ надидам,

Зи савдои ғам озодӣ надидам…

Ин кадом дард аст, ки шуморо ба гуфтани шеър вомедорад?

-Дар як суҳбаташ шоири номдори эронӣ Соя мегӯяд, ки дард як эҳсосест, ки наметавон онро ба дигаре барои дарк кардан интиқол дод. Агар дардманде назди табиб биравад, барои баёни калимаи дард чор -панҷ сония сарф мекунад, вале табиб барои баёни саволи куҷоят дард мекунад? -шояд як ё ду сония сарф намояд. Яъне табиб он дардро дар ҷисми худаш эҳсос намекунад.

Ба хамин маънӣ мегӯям ки агар ман субҳ то шом аз ранҷҳои дидаам ба Шумо ҳикоя кунам, ба гумони ғолиб даҳ фоизи онро ки шояд бароятон ошно бошад, эҳсос менамоед.

Дар ин ҷавонӣ аз марги фарзанд то марги қиблагоҳу азизон ва бемориҳои вазнину хиёнатҳоро дидам, ки ба ёд оварданаш бароям сангин аст, вале дар дунё неъматҳои бузургест, ки мо бояд шукргузориаш намоем.

Ба гуфти Мавлоно:

Нагӯям шукр к-ин неьмат, зи ҳадди шукр афзун шуд.

Шукр ба ҳама доду нододи табиат ва шукр ки моро сокини дунёи зебое намуда, ки номаш шеьр аст. Соиб мегӯяд:

Мардон зи роҳи дард ба дармон расидаанд,

Соиб азиз дор дили дардмандро.

Чӣ шуд, ки журналист табдили касб карду мутахассисии бахши роҳсозӣ шуд?

“-Ба як мард чил ҳунар кам аст” мегӯянд. Ин чиз тааҷубовар набояд бошад. Ҳар ҷавони ҳамватани мо ҳар истеъдоде ки дорад, бояд такмил диҳад ва ба ин васила хидматгузори ватан бошад.

Барои як журналист ва шоир донистани забони хориҷӣ чӣ имтиёз медиҳад? Чаро шоиру нависандаи ҳамзабонамон чанд забони хориҷӣ медонанду адибони мо не?

“-Забондонӣ ҷаҳондонӣ” гуфтаанд. Донистани забонҳо ва омӯзиши онро ҳамеша пешвои миллат таъкид менамоянд. Мо низ адибоне дорем ки чанд забон медонанд ва умедворем, ки аз сафи ҷавонон ин шумора зиёд гардад

Дар пешгуфтори китобатон «Як қадам то худ» Рустам Ваҳҳобзода навиштааст, ки Шумо забони чиноӣ, русӣ ва англисиро хуб медонед ва ба тарҷумаи ашъори худ ва шоирони дигари муосири тоҷик шуғл меварзед. То кунун кадом шеъратонро тарҷума кардаед ва оё дар маҷмуае ба табъ расидаанд? Ашъори кадом шоиронро тарҷума кардаед?

-Ашъори устодону ҳамқаламонро тарҷума карда истодаем ва нияти нашри ҳамин маҷмуаро дорем.

-Мафҳуми зиндагиро дар шеьр чи гуна тасвир мекунед?

-Зиндагӣ воқеан як асрори бузургест, ки ҳама онро ба дидгоҳи хеш маърифат менамояд. Ман як шеьри шоири соҳибноми эрон Суҳроби Сипеҳриро зиёд дӯст дорам ки мегӯяд:

Зиндагӣ фаҳми нафаҳмиданҳост…

Ман низ як шеъре гуфта будам, ки аз як байт иборат асту ном дорад “вазни зиндагӣ”:

Дохили дарё натонӣ моҳиёнро баркашӣ,

Вазни моҳии бурун аз об вазни зиндагист.

Худро меросдори чӣ чизе мехисобед?

-Худро ва ҳама ҳаммилатонамро меросдори фарҳанги бузурги миллати кабир меҳисобам, ки масъулияташ низ бузург аст.

Суҳбати Раҳима Аъзам

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь