Агар ман ин қиссаи зиндагиамро ба касе аз дили софу беолоиш ҳам бигӯям, онро ҳазён мепиндоранд. Оҳ, чӣ сон айб мондан кори осону ҳеҷ шудааст! Бигӯед, оё Шумо метавонед маро аз ман беҳтар донед, эҳсос кунед?

Пас бо кадом андеша, аз рӯйи кадомин фаросат эҳсосоти маро нисбати маҳз худи ман инкор мекунед? Бигӯед, Шумо кистед?

Худо?

Муҳаммадзамони Солеҳ,

 «Оҳанги шаҳри ишқ»

Пайғом

 Ҳеҷ чиз ба ту наздиктар аз ту нест.

 Чун худро нашносӣ,

 дигаронро чӣ гуна хоҳӣ шинохт?

«Кимиёи саодат»

 «Ошнои ноошно» – намедонам ин ибора ва ибораҳое ҳаммаъно ба онро, мисоли «шиноси ношинос» бори аввал дар куҷо шунидааму дар куҷо хондаам ва дар куҷо истифода кардаам. Вале, то ҷое метавонам ин маъниро шарҳ диҳам, ки пушти ин ибора чиро дар назар дорам ва ба кадом хотир дӯст медорам истифода барам.

На, истифода аз он ба маъние нест, ки шоирона садо медиҳад ва вожаҳое зебо аст. Ба он маънӣ ҳам нест, ки симои қаҳрамонро мураккаб ва печида дар ҳаводиси рӯзгор таҷаллӣ медиҳад. Шояд касе ҳам даъво кунад, ки воқеан ин ибора чунин маънидод мешавад, аммо муроди ман ин нест.

Чеҳраҳо, шахсиятҳо, нафароне ҳастанд, ки номашон аз саҳифаҳои рӯзномаҳо канда намешавад ва дар ин сатрҳои берӯҳу якранг симое ҷилвагар мешавад, ки барвақт пайраҳа интихоб кардааст ва дигар ин пайраҳа ӯро хоҳад бурд. Ин раҳнавард гӯё дигар имкони интихоби пайраҳа надорад, ба қавли Нодирпур «ҳама пулҳоро дар паси худ шикастааст» ва дигар меравад дар як пайраҳа ва дар як мавқеъ.

Ва кам мешавад, ки ягон нафар аз ҳамкасбу ҳампешаи ман биравад ва бипурсад, ки «эй раҳнавард, ин тӯшаи роҳе, ки гирифтӣ, аз кадом хон буда ва аз кадом чашма ташнагӣ шикастаӣ?»

На, иштиёқ ва ҳисси кунҷкобии он ки ин пайраҳа куҷо хоҳад бурд ва дар ҳолати бо ҷарии бетаг рӯ ба рӯ шудан раҳнавард чӣ чорае хоҳад андешид, таҳлилу пешгӯиҳо перомуни поёни ин раҳ имкон намедиҳад, то чунин суолгузорӣ шавад.

Ва ин раҳнавард муддати тӯлоние, ҷуз дар сояи сатрҳои беҷони шарҳи ҳол, як ошнои ноошно барои ҷомеа боқӣ хоҳад монд.

Қаҳрамони имрӯзаи ман ҳам чунин як фард аст, ки чанд соли ахир дар ҳама намуди ВАО зиёд дар борааш мегӯянд, лекин касе ба қавле намепурсад, ки «чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд?».

Маҳз хоҳиши ошно шудан бо чеҳраи ноошно моро ба утоқи кории раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров овард.

Китоби аввал:

Хоҷа Аҳрори Валӣ ва Нақибхони Туғрал

Ӯ меравад ба ёдгӯшаҳои

дури дили пажмурдаи ман. Ӯ азизи гӯшаҳои

 пажмурдаи ёдҳои ман аст.

Сайф Раҳимзод, «Таронаҳо ва тавбаҳо»

Худро чун авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ муаррифӣ кардаед. Ин шахсият дар асл ба Шумо чӣ пайвандие дорад? Бовар доред, ки хислатҳои ин чеҳраи то андозае афсонавӣ, дар Шумо ҳам таҷассум мешавад?

– Хоҷа Аҳрори Валӣ дар ҳамон деҳае, ки ман таваллуд шудаам, яъне деҳаи Боғистони вилояти Тошканд таваллуд шудааст. Бобокалони Хоҷа Аҳрори Валӣ, Шайх Умари Боғистонӣ буд ва писари вай Шайхи Тахур ном дошт, ки ба хотири ӯ дар Тошканд ноҳияеро бо номи Шайх Тахур гузоштаанд. Духтари Шайх Тахур, модари Хоҷа Аҳрори Валӣ буданд, падарашон бошад, Маҳмуд ном доштанд ва аслан аз Хоразм. Хоҷа Аҳрори Валӣ ду писар доштанд, ки калонӣ бо роҳи илм ва хурдӣ бо роҳи дин рафтанд. Ман аз авлоди писари калонӣ мебошам. Авлоди писари хурдӣ Нақибхон Туғрал аст. Умуман, агар аз рӯи насл гирем, ман бистуякумин насли Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳастам ва то ҳозир дар деҳаи мо мумкин 50 фисад аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ бошанд.

Дар хусуси кадом хислатҳоро аз Хоҷа Аҳрори Валӣ доштанам чизе гуфта наметавонам. Танҳо ҳаминро медонам, ки Хоҷа ҳеҷ гоҳ мансаби давлатӣ надоштанд, аммо як сиёсати ҷамъиятиеро дар айёми худ гузаронида буданд. Ман фикр мекунам, ки аз ин ҷиҳат мо камтар наздикие дорем. Баъдан, ман мисли он кас аз ҷиҳати молиявӣ ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набудам. Новобаста аз он ки ман мансаб доштам. Зеро аз рӯи имконияти ақлонӣ ҳама гуна мушкилоти пулиро ҳал карда метавонистем ва имрӯз низ ман ҳал карда метавонам. Боз чандин мисолҳои дигар овардан мумкин аст. Масалан, Хоҷа Аҳрори Валӣ шогирдони зиёд доштанд ва ман ҳам аз ин ҷиҳат танҳо дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ зиёда аз сӣ номзади илм, панҷ доктори илм тайёр кардаам. Ҳатто шогирдони ман дар соҳаи «радифи маснӯии замин» рисолаҳо ҳимоя кардаанд. Ҳамчунин, дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла адабиёт, кибернетика шогирд дорам. Аслан, барои ман ҳуқуқшиносӣ аввалиндараҷа ҳисоб намешавад. Чунки нисбати соҳаи ҳуқуқшиносӣ ман мумкин дар соҳаи иқтисод, таъриху фарҳангшиносӣ бештар кор карда бошам. Ҳуқуқшиносӣ дар давраи гузариш ин як касби зарурӣ ҳисоб мешавад, масалан, дар ҳолате, ки одам вақте мехоҳад масъалаеро ба таври принсипиалӣ ҳал кунад, ин намуди илм якумдараҷа ҳисоб мешавад. Лекин вақте давлат демократӣ мешаваду волоияти қонун риоя мегардад, ҳуқуқшиносӣ як касби дуюмдараҷа аст. Ҳозир даврае шудааст, ки соҳаи ҳуқуқшиносӣ барои ман пурра як касбӣ сиёсӣ шудааст.

Падару модари Шумо ҳоло ҳам дар деҳаи Боғистон зиндагӣ мекунанд?

– Волидайни ман барвақт аз дунё гузаштаанд. Падарам соли 1985 ва модарам соли 1996 дар деҳаи Боғистон вафот карданд. Онҳо дар ягон вазифаи баланд кор накардаанд. Аммо падарамро ҳамчун устои дуредгар дар деҳаи Боғистон ва атрофи он ҳама мешинохтанд. Ман ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил карданам ҳамроҳи падарам зиёда аз сӣ бинои ҷамъиятӣ, хусусан, масҷиду чойхонаҳо сохта будем. Мо аз тарафи модарӣ ба табақаи шайхҳо шомил будем, аз тарафи падарӣ ба табақаи тӯраҳо. Лекин мо ҳам дониши дунявӣ ва ҳам дониши динӣ гирифтаем. Ҳарчанд барои авлоду аҷдоди мо таҳсилу диплом гирифтан аввалиндараҷа ҳисоб намеёбад, аммо ҳар фарзанд дониши мукаммал доштанаш зарур буд. Барои ҳамин ҳам, дар макотиби давлатӣ мехондем ва ҳам сабақи динӣ мегирифтем.

Чун Нақибхони Туғрал низ аз авлодони Шумо ҳастанд, бо авлодони он кас ягон робитае доред ё не?

– То солҳои охир қариб ки ягон рафтуомаде набуд. Ҳозир кӯшиш карда истодаам, ки ҳамин муносибатҳои авлодиро барқарор кунем. Ният дорам соли 2009, ки аз рӯзи қатли Нақибхони Туғрал 90 сол пур мешавад, дар борааш ду китоб чоп кунам. Яке ҳуҷҷатҳову мавод дар борааш, дигаре дар бораи ҳаёту зиндагиномааш. Ва ин китобҳо натанҳо дар бораи ҳаёти шахсии Нақибхони Туғрал, балки дар бораи нақши ӯ дар маънавиёту таърихи халқи мо хоҳад буд. Ҳозир фикр мекунам вақти он расидааст, ки мо аҳамияти Нақибхони Туғралро аз нав баҳогузорӣ карда, арзиши эҷодиёти ӯро муайян кунем. Намедонам, ин шояд камбудии ман бошад, ки сари як идеяи худ дар кадом соҳае набошад, солҳои зиёд андеша карда, кор мекунам. Ҳамчунин, дар бораи Хоҷа Аҳрори Валӣ низ қариб маводро барои панҷ-шаш китоб ҷамъ овардааму то ҳол ягон китобе нашр накардаам. Ман бештар сари он андеша мекунам, ки то ман барои худ нақши онҳоро тасаввур накунам, пурра муайян накунам, чизе навишта наметавонам. Масалан, бояд ман донам, ки онҳо чӣ гуна шахс буданд ва гоҳо ҳар як маълумоти нави пайдокардаам хулосаҳои маро тағйир медиҳанд.

Китоби дуввум:

Кандакор ва шоир

Ман аз бозуи худ дорам басе шукр,

Ки зӯри мардумозорӣ надорам

(Ҳофиз)

 То ҷое мо маълумот дорем, он ҳунари дуредгарие, ки аз падаратон ба мерос гирифтаед, аз доираи утоқи корӣ ва хонаатон берун намеравад, то мардум гӯянд, ки ин нақши дасти усто Раҳматулло аст…

– Аслан, дар он биноҳое, ки сохтаам, боре нанавиштаам, ки ин ҳунари Зойиров аст. Аз тарафи дигар, дар мо худнишондиҳӣ, навиштани он ки амали дасти кист, мӯд набуд. Дуюм ин ки ман худро ҳунарманди касбии пешаҳои кандакориву дуредгарӣ ҳисоб намекунам. Чунки ин барои ман касб нест, балки як шуғли дӯстдошта ҳисоб мешавад. Дар давраи ҷавонӣ бисёртар ба ин кор машғул мешудам, ҳозир бошад, танҳо дар лаҳзаҳои бекорӣ ба кандакорӣ рӯй меорам. Лекин баъзе ҳолатҳое мешавад, ки дар муддати ду соат ман мизи кории калонеро танҳо бо як корду як теша тайёр мекунам.

Мегӯянд, ки Шумо ҳунари шеър навиштан ҳам доред ва шояд ин ҳам алоқамандие дошта бошад ба он ки бо Туғрал пайвандӣ доред…

– Дуруст аст. Даҳ сол пеш, яъне дар синни чилсолагиам ман се китобчаи шеър барои чоп тайёр карда будам. Соли 1998 чунин шуд, ки 16-уми март ман чилсола мешудаму рӯзи 18-уми март Анҷумани муассисони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро гузаронидем. Ба хулосае омадам, ки вақте ҳизбро ташкил кардам, бояд чопи китобҳоро ба таъхир гузорам. Аммо пас аз ҳамин, дигар вақт ҳам наёфтам. Баъдан, ҳозир шеърҳои ман каме хусусияти сиёсӣ ва фалсафӣ гирифтанд.

Дар мавриди оҳанги сиёсӣ доштани шеър, ҳаминро гуфтаниам, ки дар таърихи назми халқи тоҷик фалсафаи сиёсӣ баъд аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ умуман вуҷуд надорад. Аммо як шоири маъруфи рус Фёдор Тютчев буд, ки ӯ низ дар системаи давлатӣ кор мекард ва пас аз 55-солагӣ ӯ шоири машҳур шуд.

Ман мактаби миёнаро бо забони ӯзбекӣ хатм кардам ва аз ин сабаб дар аввал бо ин забон шеър менавиштам. Ҳамчунин, аксарияти шеърҳои ман бо забони русӣ мебошанд. Тақрибан чор сол мешавад, ки бо забони тоҷикӣ шеър менависам.

Бисёриҳо ба ин андешаанд, ки аксарияти онҳое, ки дар соҳаи сиёсат ва ё иқтисодиёт кор кардаанд, ба он хотир ба шеърнависию асарэҷодкунӣ машғул мешаванд, ки то андозае аз ин соҳаҳо дур шаванд. Яъне нигоштани шеър як гурез аст аз воқеияти зиндагӣ ба сояҳои хаёлу зебоӣ….

– Албатта баъзе ҳолатҳое мешавад, ки бо ин андеша мутобиқ ҳастӣ, вале ман барои худам як одат дорам: Ҳар кореро, ки мекунӣ, он тавре бояд анҷом диҳӣ, ки арзанда бошад. Ба ақидаи ман, он чизе ба лирика вобаста аст, бо сиёсат ҳам бояд наздикӣ дошта бошад. Аксарияти шеърҳои ман хусусияти лирикӣ надошта, бештар хусусияти фалсафӣ доранд. Аз ин рӯ, шеърҳои ман аз сиёсат дур нарафтаанд.

Китоби саввум:

«Рӯ ба рӯ» ва «Растохез»

Инсон касе аст, ки мехоҳад

алайҳи сарнавишти хеш қиём кунад

Албер Камю

 Шумо як муддат дар Украина ҳам будед. Чӣ Шуморо ба он ҷо бурд?

– Ҳанӯз вақте дар Олмон хидмати ҳарбӣ анҷом медодам, ба корҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ машғул будам. Дар вазифаи раиси шӯрои сиёсии қисми ҳарбӣ кор мекардам ва дар ҳамон вақт ман дархост навишта будам, ки ба ман роҳхат диҳанд, то дар яке аз институтҳои махсус дар Свердловск ё Саратов ё Харков таҳсил кунам. Бештар дилкашолӣ ба Харков доштам. Зеро мардуми украин ба мардуми мо бисёр наздикӣ доранд ва аз онҳо бисёр чизро омӯхтан мумкин буд. Ман мехостам ин кишварро бо Русия муқоиса кунам. Ҳатто маълумотҳое низ буданд, ки Украина дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ аз Русия ҳам пешрафтатар аст. Аз рӯи таърих медонистам, ки солҳои ташаккулёбии давлати шӯравӣ низ аксари Кодексҳо дар Украина таҳия мешуданд, вале онро аввал Русия қабул мекард, баъд Украина.

Ин аст сабабҳои Украинаро интихоб кардани ман. Ҳамчунин, дар шаҳри Харков як шарқшиноси бузург Максим Максимович Ковалевский зиндагӣ менамуд, ки маро мисли оҳанрабо ба сӯи хеш мекашид. Ман барои омӯхтани мероси эҷодии ин шахс ранҷ кашидаам. Яъне дар Украина ман барои худ як китобхонаи дорои даҳ ҳазор китобро пайдо карда будаму он вақт ҳамеша дар пайи илмомӯзӣ будам.

Яъне гуфтан мумкин, ки вақте Шумо аз Украина баргаштед, ҳанӯз дар фикри илм будед, на дар андешаи сиёсат? Интихоби Душанбе чӣ гуна сурат гирифт?

– Ман то соли 1986 ба Душанбе қадам нагузошта будам. Солҳои 1985-86 вақте Горбачёв ба сари ҳокимият омаду давраи бозсозӣ оғоз шуд, масъала ҷиддӣ шуд ва ногаҳон дарёфтам, ки ман ҳамчун тоҷик боре дар Тоҷикистон набудам. Аммо барои ба Тоҷикистон омадан ҳанӯз соли1982 ҳангоми дар Украина будан ба Прокуратураи генералии ҶСС Тоҷикистон мактуб фиристода будам, ки ба ман як даъватнома фиристанд, то ман ба ҳайси як мутахассис ба ҷумҳурӣ биёям. Аммо чунин шуд, ки аз Прокуратура даъватнома хеле дер омад. Аз ин рӯ, маро дар Академияи илмҳои Украина ба ҳайси муаллим ба кор гирифтанду тақрибан се сол он ҷо кор кардам. Баъдан, солҳои бозсозӣ барои ман як сабаб шуд, ки ман ба Тоҷикистон биёям ва барои пешрафти соҳаи ҳуқуқшиносию мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар хизмат кунам. Намедонам аз чӣ буд, ки ман ба худ боварӣ доштам, ки аз ӯҳдаи ин мебароям. Танҳо тарс аз надонистани забони тоҷикӣ доштам, вале чун он замон дар ҳама ҷой бо забони русӣ гап мезаданд, каме дилам пур буд. Вақте ба Прокуратураи Тоҷикистон омадам, маро барои кор ба Прокуратураи шаҳри Хуҷанд фиристоданд. Он вақт мудири шӯъбаи кадрҳо Комаров буд. Пас аз сӯҳбат маро хуб қабул кард. Дар баробари ин, ман ки ҷавони илмҷӯ будам, мехостам кори илмиамро давом диҳам, ҳарчанд касеро намешинохтам. Ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ омада, хоҳиш кардам, ки маро ба кор гиранд. Баъдан, бо Ҳасанов шинос шудаму он кас пас аз дидани ҳуҷҷатҳои ман гуфтанд, ки «ҳеҷ куҷо намеравӣ, дар ҳамин Донишгоҳ дарс медиҳӣ». Вале чун ман аз Академияи юридикии Харков ҳанӯз пурра набаромада будам, баргаштам ба Украина. Вақте омадам, барои маро ба кор қабул кардан ҳатто озмун ҳам эълон нашудааст, зеро дар ин ҷо касе бовар накардааст, ки ман Академияи юридикии Украинаро партофта, Тоҷикистон меоям. Баъдан, ман ба муддати чор моҳ ба ҳайси китобхоначӣ ва боркаш кор кардаму 2-юми сентябри соли 1986 тариқи озмун ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДТ чун муаллими кафедра ба кор даромадам.

Вақте шарҳи ҳоли Шуморо то ин лаҳза мебинем, бо назардошти вазъи сиёсии онвақтаи Тоҷикистон чунин гумон пайдо мешавад, ки Шумо агар ба сиёсат мепайвастед, ё ба ҳаракати мардумии «Растохез» ё ба Ҳизби наҳзати Ислом бояд рӯй меовардед. Аммо Шумо ҳизбе таъсис додед, ки як навъ қолаби ғарбӣ дорад. Сабаб чӣ буд?

– Бояд гуфт, ки сари мақсади таъсиси ҳизби алоҳидаи сотсиал-демократ ман дарҳол наомадам. Аввал бо бисёр ҳаракатҳо, ҳизбҳо, махсусан, бо «Растохез», ҳизби демократ ҳамкорӣ намуда, дар пешниҳоди идеяҳо, тарҷумаҳои ҳуҷҷатҳо ёрдам мекардам. Ғайр аз ин, ман яке аз таъсисдиҳандагони маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» будам. Чунин маҳфилро дар Биробиҷон ва Русия ташкил карда будем. Дар Маскав соли 1988 мо дар Анҷумани якуми комсомол, ки бахшида ба 70-солагии Комсомол доир шуд, иштирок кардем. Пас аз он ки бо ақидаҳои нав ошно шудем, ба хулосае омадем, ки дар Тоҷикистон низ ин идеяҳоро ҳамчун як арзиши олидараҷа бояд дарк кунем. Аз ин рӯ, мо мақсад гузоштем, ки ҳизби сотсиал-демократро ташкил диҳем. Ин замони парокандашавии Иттиҳоди шӯравӣ буд. Аммо идеяи таъсиси онро намегуфтем.

Баъд аз парокандашавии Иттиҳоди шӯравӣ, Тоҷикистон агар як самти муайяни пешрафти ҷамъиятиро интихоб карда натавонад, на илм, на дигар соҳаҳои касбӣ рушд мекунад. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекардем мардумро ҷамъ оварда, ҳизбҳои сиёсӣ ташкил кунем ва ин масъаларо фаҳмонем. Хулоса, дар муддати чор сол мо натавонистем, ки ин ҳадафамонро амалӣ кунем. Ахиран, соли 1997 одамонеро пайдо намудем, ки ин ташаббусро ба зиммаи худ гиранд ва чунин як ҳизбро худи мо ташкил кунем.

Китоби чаҳорум:

Ман ва Ман

 Тӯфони таъна хандаи моро зи лаб нашуст,

Кӯҳему дар миёнаи дарё ситодаем.

Чун сина ҷойи гавҳари яктои ростист

З-ин рӯ, ба мавҷи ҳодиса танҳо нишастаем.

 Фурӯғи Фаррухзод

Шумо пас аз Устод Отахон Латифӣ дуввумин нафаре ҳастед, ки бо ихтиёри худ аз мансаби баланд ариза навишта аз кор рафтед. Оё боре аз ин амали худ эҳсоси пушаймонӣ кардед?

– Не, боре ҳам пушаймон нашудаам. Зеро дар зиндагии ман ин бори аввал нест. Ман чунин вазифаҳои баландро зиёд дидаам. Ҳатто дар давраи шӯравӣ низ вақте ба ман вазифа пешниҳод мекарданд, аввал фаҳмидан мехостам, ки оё ман озодона метавонам кор кунам ё не? Ман мехостам шахс озодона кор кунаду ба ягон мансаб вобаста набошад, идеяи худро амалӣ карда тавонад. Соли 2003 вақте интихоб пеш омад, ки ман дар вазифаи мушовири давлатӣ монам ё ба истеъфо равам, бе ягон дудилагӣ ба истеъфо рафтам. Аммо кор кардан барои ман маънои онро надошт, ки вазифаи баландтар гирам, балки бо роҳи қонунӣ вазифаи худро иҷро мекардам. Ин ҷо андешаи дигар низ ҳаст, ки вақте мегӯянд ду андеша якдигарро инкор мекунад, бояд доимо роҳи интихоб яке бошад. Ва ягона роҳ роҳи хидмат ба халқ, ба ҷомеа аст.

Дар бораи Шумо чунин овоза ҳам пайдо шуда буд, ки Шумо зархариди ҳукумати вақт ҳастед. Яъне оппозитсияи кисагӣ. Оё ин рост аст?

– Ин гуна андешаҳо нав пайдо шуданд. Пештар мегуфтанд, ки Раҳматулло Зойиров ҷосуси Ӯзбекистон, аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайраҳо аст. Ин гуна овозаҳо як-якуним сол давом кард. Чанд мансабдор ҳам аз ман ҳарчанд рӯирост пурсида наметавонистанд, лекин мегуфтанд, шумо одами боло ҳастеду бо шахси аввал бевосита созишнома доред. Ин саволро ҳатто вақте ман дар водии Зарафшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ будам, ба ман медоданд ва мепурсиданд, ки «рост аст ё не?».

Ва дар ҷавоби ин суол, ки дар як нишасти матбуотӣ доданд, гуфтам: Ман дар умрам на танҳо бо Президент, балки бо ягон кас созишнома доир ба намояндаи ягон нафар ва ё ягон давлат будан набастаам. Барои он ки ман дар навбати аввал инсони озод будан мехоҳам ва озодии виҷдону озодии сухан, ба касе вобаста набудан, ин асоси зиндагии ман аст.

Тавре ёдрас шудед, яке аз овозаҳое, ки дар мавриди Шумо ҳаст, вобаста ба Ӯзбекистон мебошад, зеро зодгоҳи Шумо ин кишвар аст. Дар мавриди тоҷиконе, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд ва имрӯз зери сиёсати вақти ин Ҳукумат ранҷ мекашанд, ҲСДТ барномае дорад?

– Мо дар ин маврид дар як анҷумани худ қароре қабул карда будем. Бояд ҳаминро гӯям, ки ду сол пеш ман дар Маскав будам, бо муҳоҷирон вохӯриҳо гузаронидам. Дар натиҷа, 400 нафар аъзои ҲСДТ шуданд. Дар навбати худ, мо аз ҷониби Шӯрои сиёсии ҳизб ба чанд нафар ваколатнома барои фаъолият кардан дар Русия додем. Лекин ягон хел изҳорот аз номи ҳизб пешниҳод накардаем, чунки ин ягон мушкилро ҳал намекунад.

Масълаи тоҷикони Ӯзбекистон бошад, дар Шӯрои сиёсии ҲСДТ баррасӣ шуда буд, вале баъдан мо аз амалӣ кардани он худдорӣ кардем. Ба ман низ дар Ӯзбекистон солҳои 1975-76 чанд бор пешниҳод карда буданд, ки миллати худро ӯзбек нависам, баъд кори беҳтар мегирам. Аммо ман инро рад карда будам.

Амалиёте, ки дар сохтори давлатдории имрӯзаи Ӯзбекистон нисбати тоҷикон пеш гирифта шудааст, пештар низ буд. Он як муддат то солҳои 1959-61 ҷиддӣ амалӣ мегашт, баъдан суст гардид. Лекин охири солҳои ҳаштодум вақте Тоҷикистони шӯравӣ нисбати Ӯзбекистон камтар пешрафта шуд, дар Ӯзбекистон масъалаи тоҷикон дубора рӯ зад. Тоҷикони ин мамлакат аз рӯи худшиносии миллӣ худро тоҷик меномиданд, тоҷик будани худро ошкоро мегуфтанд ва ин ҳукуматдорони ӯзбекро ба ташвиш овард. Дар ҳамин вақт, ҳангоме дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд, ҳукуматдорони Ӯзбекистон нисбати тоҷикони дар мамлакатбуда, бисёр ҳам як сиёсати сахтро пеш гирифтанд. Ҳоло бошад, нисбати тоҷикон дар ду минтақаи асосии Ӯзбекистон сиёсати гуна-гуна ба вуҷуд омадааст. Ӯзбекистон таърихан ба ду қисмати асосӣ ҷудо мешавад. Яке Самарқанду Бухоро ва дигаре водии Фарғона. Дар водии Фарғона мушкилоти тоҷиконро аллакай дар солҳои 20-40 ҳал карда буданд ва он ҷо масъалаи миллат ва калимаи «ӯзбек» аз соли 1921 ҳал шудааст. Аммо новобаста аз он ки Бухоро маркази дини Ислом буд, масъалаи дунявӣ дар ин минтақа ғолибтар буд. Дар водии Фарғона масъалаи динӣ васеътар доман паҳн кард. Барои ҳамин, дар Ӯзбекистон дар ҳокимият ягон намояндаи на Тошканд ва на водии Фарғона ҳеҷ гоҳ на котиби якум ва на президент мешуд, дар водии Фарғона ҳеҷ гоҳ ҳокимияти дунявӣ ғолиб наомадааст. Он ҷо мардум бештар хусусияти оппозитсионӣ гирифта буданд. Ва он ҳукуматдороне, ки аз Самарқанду атрофи Бухоро буданд, ҳамеша аз гузашта ва ному насабашон тарс доштанд. Ин раванди тарс аз аҷдодон ҳоло низ амал мекунад.

Мисол, охирҳои соли шастум дар Тошканд, дар «қасри пионерон» чанд нафари бомаърифати тоҷике буданд, ки агар ба онҳо бо як калимаи тоҷикӣ муроҷиат мекардӣ, ба чор тараф бо ҳарос нигоҳ мекарданд. Ин як навъ худсензура мебошад, ки бештар миёни зиёиён дида мешуд. Ҳар нафаре, ки мансаб мегирифт, мекӯшид, то тоҷик буданашро касе нафаҳмад. Ва он сиёсате, ки имрӯз дар Ӯзбекистон аст, давоми ана ҳамон сиёсати пешатара мебошад.

Аммо ин сиёсат дар ҳоле идома меёбад, ки агар хато накунам, худи Ислом Каримов дар як сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, дар рагҳои ман хуни тоҷикӣ ва ӯзбекӣ баробар ҷараён доранд. Дар ҳамин ҳол, ӯ як сиёсати бадбинона нисбати натанҳо мардуми тоҷик, балки нисбати давлати Тоҷикистон пеш гирифтааст. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?

– Моҳияти ин гуна сиёсатро ҳанӯз Ленин гуфта буд. Он нафаре, ки дар давлати дигар ба як миллати дигар мансуб буда, онро роҳбарӣ мекунад, вай мекӯшад аз миллати худаш дур бошад ва танҳо он миллатро тарғиб кунад. Агар ба таърих нигарем, дар кадом давлату халқият чунин шахс роҳбар бошад, вазъ чунин аст. Албатта ин маънои онро дорад, ки дар ҷомеа фазои демократия нест. Дар ҷомеае, ки муҳити демократӣ нест, доимо чунин шовинистҳо зиёд мешаванд.

Ман фикр мекунам, ин проблема бисёр давом мекунад. Барои он ки вақте мо давлати миллӣ мегӯем, ин мафҳумро дар Тоҷикистон танҳо нисбати тоҷикон истифода мекунем, дар Ӯзбекистон нисбати ӯзбекҳо, ки ин ҳам як нишонаи миллатгароӣ мебошад…

Баъзе коршиносон мегӯянд, ҲСДТ бо вуҷуди аз шахсиятҳои пешқадаму рӯшанфикр иборат будан, дар ҷомеа нуфуз пайдо накард ва сабаби ин дар географияи Раҳматулло Зойиров аст. Аммо Шумо роҳбариро дидаву дониста идома медиҳед. Чаро?

– Як масал аст, мегӯянд, барои бо роҳи дуруст рафтан дурӯғ чун восита лозим бошад, бо ин роҳи ҳақ расидан ғайримкон аст. Фикр мекунам ман ва ҲСДТ дар як роҳи ҳақ ҳастем. Лекин ман агар дидаву дониста худро ба миллатпарастӣ ва маҳалпарастӣ занам ё ин чизро ба хотири сиёсат истифода барам, худро ҳамчун сиёсатмадор намебахшам. Ва мо бояд аз ин маҳалпарастӣ гузашта, ифтихори ватандорӣ, тоҷикистонӣ буданро инкишоф диҳем.

Китоби панҷум:

Заҳр

Марг дар ҳар ҳолате талх аст, аммо ман,

Дӯст медорам, ки чун аз раҳ дарояд марг.

(Аз дафтари як бемор)

 Вақте соли гузашта бемор шудед, ҳар гуна овозаҳо паҳн гардиданд, ки гӯё ба Шумо заҳр дода бошанд. Худи Шумо ин овозаро чӣ гуна қабул кардед?

– Ман ҳатто аз ин ҳам овозаи сахттар шунидам, ки гӯё Зойиров мурдааст. Вақте бори аввал бемори инсулт шудам, он қадар аҳамият надодам. Лекин баъд аз 50 рӯз бори дуюм ба ин беморӣ гирифтор шудам

. Фикр кардам, ки инро бевосита дар хориҷа ташхис кардан лозим. Вақти ба Швейтсария рафтан ман дар Маскав аз ташхис гузаштам. Муайян карданд, ки дар ҳақиқат ин беморӣ ду бор рух додааст. Аммо сабаби ба ин беморӣ гирифтор шудан ин ишимияи дил, фишори хун ва ғайра мебошад, ки дар ман ин бемориҳо вуҷуд надоштанд. Баъд дар таркиби хуни ман чанд чизе маълум шуд, ки онро бо хӯрок ё чизи дигар ба организм ворид кардан номумкин аст. Дигар ин ки аз се як қисми майнаи сари ман аллакай мурдааст. Яъне дигар ин қафаси асаби ман барқарор намешаванд. Аммо на дар Маскав ва на дар Швейтсария гуфта натавонистанд, ки ба воситаи чӣ ва чӣ гуна заҳролуд шудаам. Баъдан, вақте бо табибон сӯҳбат кардам, гуфтанд чунин шуданаш мумкин нест, ки одам баъди ду бор инсулт шудан худаш танҳо, бе ягон ҳамроҳ ба Швейтсария равад. Дар Маскав табибон гуфтанд, ки мо ҳоло ин ташхисро пешниҳод карда наметавонем, чунки парвандаи ҷиноӣ боз шуданаш мумкин. Барои ҳамин, инро бояд дар давлати худи Шумо дида бароянд.

Падруд

…Эй он ки дар харобаи умедҳои хеш,

Сар то ба по хазонаӣ, роҳат сафед бод!

Лоиқ

Суоли охирин. Ба фикри Шумо агар интихобот воқеан ҳам озодона гузарад, ҲСДТ бо роҳбарии Шумо ба сари қудрат омада метавонад?

– Ҳозир не…

Шиори Шумо дар зиндагӣ?

– Агар дар зиндагӣ надонӣ, ки чӣ хел амал кунӣ, аз рӯи қонун амал кун.

Сӯҳбати Хуршед АТОВУЛЛО

P.S Аз редаксия:

Ҳафтаи гузашта баъди беморӣ қаҳрамони ин сӯҳбат Раҳматулло Зойиров дар синни шасту ҳафт аз дунё гузаштанд. Аҳли қалами нашрия ба пайвандону пайравони ин марди донишманд тасаллият арз карда? чун хотира ин мусоҳибаро, ки соли 2008 дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр гардида буд, дубора пешниҳоди хонандагон менамояд. Равони марди доно шод бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь