Суҳбати ихтисосие дар бораи театр ва фаъолияти он бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, коргардони театр ва синамо устоди марҳум Убайдулло Раҷабов, ки дар арафаи 80-умин солгардашон анҷом дода шуда, вале то ба ҳол пахш нагардида буд, пешкаш мегардад.

 – Устод, дар оғоз мегуфтед, ки чӣ гуна ба олами театр омадед?

– Медонед, ман саркашӣ аз сарнавишт кардаам. Бисёр мехостам, ки таҳсил намоям. Аммо фарзанди хурди хона ки будам, падарам меросбари хеш таъйинам карда буданд. Хонаву дар, молу мулк, замину боғу бӯстон, гову гӯсфандон – кулли дороӣ ба номи ман ангушт зада шуда буд. Танҳо падар мехостанд, ки дар барашон бошам.

Вале меҳри хондан рӯз аз рӯз афзун мегардид. Ҳар китоби мехонда, ҳар ҷаридаи медида, ҳар сухани мешунидаам маро ба таҳсил ҷалбтар ва ҷазбтар менамуд. Билохира, ман гурехтам…

Соли 1957. Баъд аз ба даст гирифтани номаи камол ба оҳистагӣ аз хона фирор кардам. Аввалин бор озими Сталинобод шудам. Ҷоеро намедонам. Кӯеро суроғ надорам. Намедонам, бо лутфи Худо, бародарам Қимматуллоро, ки ин ҷо дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ таҳсил мекард, ба тасодуф дарёфтам. Аз дидани ман ҳам шокӣ буду ҳам шод. Аттестатро ба дасташ додаму фирорамро қисса кардам.

Ӯ механдид…

Хандаи ҳайратзада…

– Ҳамроҳи кӣ омадӣ?,- аввалин суоли бародарам буд.

– Худам, танҳо.

– Ҳеч мумкин нест!,- мегуфт ӯ.

Ҳамин тавр, дигар ҳуҷҷатҳоямро барои таҳсил ӯ омода карду бо як номаи камол ман донишомӯз шудам. Донишомӯзи Омӯзишгоҳи мусиқӣ.

Лекин дар ин ҷо зиёд истода натавонистам, баъди ду сол ба Омӯзишгоҳи рассомӣ рафтам. Пою қадами ман буд ё чизе дигар, ки ҳамон сол дар назди Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Студияи маҳорати актёрӣ ташкил шуд ва барои ба ҷодаи ҳунар қадам монданам сабаб гардид.

– Фаъолияти студия чӣ гуна буд?

– Дар ин студия мо ҳам амалӣ ва ҳам назариявӣ таҳсил намудаву дар ҷодаи ҳунар тарбия ёфтем. Аз аввалин рӯзи таҳсил мо ҳамзамон, ки мехондем, болои саҳна машқ мекардем, саҳна меофаридем, назди тамошобин мебаромадем. Дарсҳои мо аз рӯи барномаи Мактаби олии театрии (Институт) ба номи М. С. Шепкин дар шаҳри Маскав гузаронида мешуд ва мебоист, ки мо дипломи он ҷоро мегирифтем, аммо бо мушкилоти аёну ноаён инро созгор надиданд.

Лекин дар гуруҳ мо хеле шӯру шар доштем ва дар ҳақиқат устодон нафаронеро интихоб намуда буданд, ки малакае дар тинаташон бошад. Гуруҳи мо ҳатто ҳар бегоҳ ба театрҳои Маяковскию Айнӣ ҳам рафта, дар сафи пеш ҷо мегирифтанд, ки ҳунари ҳунармандро аз наздик бубинанд, нафаси ӯро эҳсос кунанд, тинати ӯро дарёбанд ва пандеву дарсе гирифта бошанд.

– Киро устоди аввалини хеш меҳисобед?

– Устоди нахустини банда Эфим Исаевич Мителман буданд, ки хеле роҳнамоиву роҳкушоӣ бар ҳунари ман кардаанд. Лекин ҳамчунин Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аслӣ Бурҳонов, София Туйбоевна, Алиназар Хоҷаев ва чанде дигар ҳунармандони варзида, ки дар студия ба мо дарс мегуфтанд, ҳақи устодӣ доранд.

– Чаро фаъолиятро дер оғоз кардед ва он ҳам на дар пойтахт: соли 1968, дар Театри драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб?

– Не, аслан чунин нест. Соли 1964 мо 16 нафар Студияи маҳорати актёриро хатм кардем ва дар байни хатмкардагони аввалин 5 нафар дар Театри академӣ-драммавии А. Лоҳутӣ ба хидмат пардохтем. Ҳамон сол маро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд ва 3 сол дар хидмати Ватан будам. Дарси таълимиро аз Самарқанд шуруъ карда, баъди муддати кӯтоҳ муовини командири взвод ва командири взвод (гарчанде ин гуна зуд аз ҷо хестан мумкин набуд) таъйин шудам. Соли хизмати мо бо масоили Осиёи Марказӣ дар Қарақалпоқистон Округи Осиёи Марказиро ташкил намуданд, ки аз тамоми гӯшаву канори СССР афсарони зираку ҳушмандро ҷамъ оварда буданд. Дар ин байн, намедонам, ки дар ман командирон чӣ диданд, маро ба сафи ин Округ фиристоданд ва боқии хидматро дар Округи махсус гузаронидам. Ноябри соли 1967 хидмати ҳарбиро тамом кардам.

Вақте ба Театри Лоҳутӣ баргаштам, ки ҷои ман банд буд. Назди директори театр даромада, далел пеш бурдам, ки “ман аз ин ҷо ба хидмати Ватан рафтам ва тибқи Қонуни мудофиаи СССР баъд аз хидмат ман бояд дар ҷои кори пешинам баргардонида шавам”. Ва ҳамин хел ҳам шуду ман аввали соли 1968 дар Театри Лоҳутӣ ду нақш бозӣ кардам.

Лекин ҳамон сол Театри драмаи мазҳакавӣ-мусиқии ба номи С. Вализодаи дар вилояти онвақта Кӯлоб баъди солҳои аз фаъолият мондан, бозкушоӣ шуд ва ҳунармандоне, ки аз вилоят дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ фаъолият доштанд, ба ин даргоҳ даъват шуданд. Аз ҷумла, бандаро ҳам бо чанд дархост аз Театри Лоҳутӣ ба Театри драммавӣ-мазҳакавии ба номи Вализода равон карданд. Дар он ҷо аз соли 1968 то 1970 фаъолияти ҳунарӣ доштам, нақшҳои хурду бузурги зиёде ба монанди Хуршед аз драммаи «Орзу»-и М. Назаров ва Ҳоҷӣ Нуъмон аз «Ишқи африқоӣ»-и П. Меримеро офаридам, рӯи саҳна гузоштам. Аммо бо сиёсати норавшани директори вақти театр, ки аслан марди тасодуфӣ дар ҳунар буд, бардошт карда натавониста, 20-уми майи соли 1970 дигарбора баргаштам ба Театри Лоҳутӣ.

– Озодӣ барои фаъолияти як эҷодкор то чӣ андоза муҳиму таъсиргузор буда метавонад?

– Озодӣ барои инсони эҷодкор мисли обу ҳаво зарур аст. Инсон бе обу бе оксиген ҳеч гоҳ умр ба сар бурда наметавонад. Эҷодкор – бе озодӣ!

Озодии ҷисмӣ, озодии рӯҳӣ, озодии ақлонӣ, озодии баёнӣ ва дигару дигар озодиҳое, ки ҳаст, ҳамааш барои инсони эҷодкор лозим аст ва ҳеч фард бидуни озодии комил эҷодкор буда наметавонад. Барои эҷодкор монеа гузоштан, дасташро бастан, суханашро қатъ кардан маҳшар аст, марг аст. Бубинед, Самарқанду Бухороро бо ҷабру зулм сохтанд, обод карданд, тавонистанд, аммо бидонед, ки ҳамон замон ҳам мусаввирону мунаққишон ва ононе, ки ба нигориш машғул буданд, комилан озод гузошта мешуданд.

– Театрро чӣ гуна дарёфтед?

– Чун Академияи улуми зиндагӣ: туро бар ту нишон медиҳад.

– Пайванди шумову театр ташбеҳи чист?

– Мисли ду пой: яке худ, дигаре театр. Бе ҳамоҳангӣ пеш наравӣ.

– Театр аз нигоҳи шумо?

– Хонаи инсоншиносӣ, хонаи хештаншиносӣ.

– Аз мини-театре огаҳӣ ёфтем, ки дар дохили театри Лоҳутӣ ташкил шуда, “ғайрирасмӣ фаъолияти назаррас мебарад. Ҳикоя ё худ таърихчаи ин чӣ гуна аст?

– Дар ҳақиқат, фаъолияти гуруҳи хурди мо хеле овозадор шуда буд. Дар оғоз ман барномаҳои консертии театрро барандагӣ мекардам ва фурсат ки даст дод, як-ду монолог ва чанд миниатюраи ҳаҷвӣ рӯи саҳна мегузоштам. Чун ин аз ҷониби тамошобин хуб қабул гардид, Ортиқ Қодиров ва Сайидмурод Мардоновро ҷалб кардам. Аз намоиш то намоиш мо машғули ҷустуҷӯву коркарди саҳнаҳои нав будем. Дигар сари китфи мо масъулияти барилова зам гардида буд. Мо мардумро одат кунонида будем ва дигар консертҳои театр бе миниатюраҳои мо намегузашт. Дар ҳар консерт 2-3 монолог ва 5-6 саҳнаи хурди мазҳакавӣ, ки зермаънои тарбиявӣ-ахлоқӣ дошт, манзури бинандагон мегардонидем. Кори мо он гуна шуд, ки худ аз худ мини-театр эътироф гаштем.

Билохира, фаъолияти гуруҳ васеътар шуд ва берун аз театр ба шаҳру ноҳияҳо мо – панҷ нафар – камина, Сайидмурод Мардонов, Ортиқ Қодир, ронанда ва радист ба сафари хидматӣ баромада, дар як рӯз дар ду ноҳия намоиш нишон медодему нақшаи якмоҳаи театрро панҷ нафар дар 7-10 рӯз анҷом дода бармегаштем.

Ин амалкарди моро роҳбарияти театр хеле хуш пазируфт, аммо… буданд нафароне, ки дигар моро чашми дидан надоштанд.

Аммо ин ҳама заминаи пайдоиши Театри намунавии миниатюраи “Оина” гардид, ки дар оғози соли 1990 таъсис ёфт.

– Дарвоқеъ, чаро “Оина”? Дар зермафҳуми он чиро ниҳон мебинед?

– Ба он хотир “Оина”, ки чанд маъниро ин вожа ниҳон доштааст:

– аввалан, оина асли театр аст – театр ҳамон чиро нишон медиҳад, ки мебинад, мисли оина;

– баъдан, оина покист, покизагист, шаффофист ва инро аз фарди рӯ ба рӯяш талаб мекунад;

– саввум, оина дар равшанӣ ва зери нурҳои офтоб хосияти ҷилодиҳӣ пайдо мекунад, ки агар ба чашм бирасад, ҳар хобмондаро бедор мекунаду ҳар зӯреро беҷо месозад ва беихтиёр даст ҷонибаш мебардорад;

– бидуни оина инсон худро ороста карда наметавонад, бидуни театр ҷомеа пероста намегардад.

– Оғози фаъолиятро дар ёд доред?

– Бале, 8-уми июни соли 1990 маросими оғози расмии фаъолияти Театри намунавии миниатюраи “Оина” дар майдони бузурги Фархор ба таври бошукуҳ баргузор гардид. Мо бо омодагии хеле хуб ва намоишҳои комилан ҷадид ҳамоишро баргузор кардем. Овозаи чорабинӣ то ба Душанбе расид ва шаҳрдорӣ бо сарварии марди накӯном, ки аз ӯ банда хеле мамнуну сипосгузорам – Мақсуд Икромов аз натиҷа хушнудӣ карда, моро ҳам шод намуданд: ҷое барои театр замин интихоб кунед, мо онро ҷудо карда, ба ихтиёратон месупорем.

Фаъолияти мо ба зудӣ равнақ ёфт ва дар тамоми шаҳру навоҳиву куҳистонҳо театр сафари ҳунарӣ анҷом дод. Ёд дорам, ҳангоме мо дар Панҷакент будем, мардуми ҳамсоякишвари ӯзбек ҳам моро бо самимияти хоса даъват карданд ва дар Самарқанду чанд ноҳияи атрофи он ҳунарнамоӣ низ доштем.

– Аммо театр солҳои охир ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Чаро: ғубори “Ойина” аз чӣ буд?

– Театри “Оина” ҳама вақт бо намоишномаҳои тозаву ҷадид рӯи саҳна омадааст. Ҳамаи намоишҳояш бо маънии баланд ва зермаънии амиқ омода мешуданд. Фаъолияти театр то солҳои мадид назаррас буд. Аммо дигар мо бинои дилхоҳу шахсии худро надоштем. Ҳатто соли 2016 бо фармони Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, 75-умин солгарди умри банда ва ҳамзамон 25-солагии Театри “Оина” дар Кохи Борбад бо иштироки ҳамаи мансабдорони баландпояи Ҳукумат ба таври бошукуҳ баргузор гардид ва мо беҳтарин намоишҳоро пешниҳод кардем, дақиқтарину гӯётарин саҳнаҳои мазҳакавиро манзури онон гардонидем, монологу сурудхонӣ доштем, ки ҳар яке як олам маънӣ медод.

Аммо ман аз натиҷааш қаноатманд набудам: он чизе, ки ман ва аҳли театр мехостем, намоиш дода натавонистем. Саҳна хеле васеъ буд ва мо онро пур карда натавонистем. Дар театр фарз аст, ки саҳна пур бошад, ҳунарманд комилан дида шавад, нафаскашии ӯ эҳсос гардад, хурдтарин амалаш дарк шавад. Аммо мо дар рӯи саҳнаи Кохи Борбад гум мешудем, танҳо овозамон шунида мешуду халос.

Аз рӯи надоштани саҳнаи шахсӣ фаъолияти театр кам гардид ва замоне баҳонаи камфаъолии онро намуда, хостори бастани театр ва ба ҷои он ташкили студияи рақсу бозӣ ҳам шуданд, ки барои инсони бофарҳанг шарм буд, ки театрро бандиву саҳнаи рақс ташкил намоӣ!

– Намешуд, ки бо кумаки мақомоти шаҳрдорӣ ин мушкилиро бартараф кунед?

– Он замоне буд, ки дигар “ба театр ниёз надоштанд”.

– Сабаби рафтани шумо аз театр дар чӣ буд?

– Ман танҳо аз сарварии театр даст кашидаву истеъфо додам, аммо аз ҳамаи корҳои бачаҳо огаҳам ва мо аз ҳам ҷудо нашудаем.

– Пас шарт буд истеъфо шумо?

– Шарт набуд. Аммо худ инро зарур шуморидам.

– Устод, бар вазъи имрӯзи театри тоҷик чӣ андеша доред?

– Медонед мардум барои чӣ ба театр мераванд? Асосан барои дидани ҳунарпеша ба театр мераванд. Мераванд, то бубинанд, ки ҳунарманд чӣ гуна нақшро бозӣ мекунад, чӣ “девонагӣ”-е ба рӯи саҳна меорад. Имрӯз бошад, театри тоҷик кам ҳунарманде дорад, ки дар ҷомеа эътироф гашта бошад. Ҳастанд нафароне, ки нақшро хуб бозӣ мекунанд, аммо нақши қолабӣ дар ҷомеа дигар пазироӣ надорад, дар хотираҳо ҳаккокӣ намегардад. Нақшро бояд ҳунарманд зинда кунад, ҷон бахшад.

– Ба пиндори шумо, театри тоҷик боз бо кадом мушкилиҳо мувоҷеҳ аст?

– Бинанда як маротиба ба театр омада намоишномаи хубро бинад, нақши зиндаро тамошо кунад, фарҷоми хотирмон ба ёдаш монад ва аз он сар рӯи даст монда андеша барад, ҳатман боз ба театр бармегардад. Аммо кам намоишномае дар театрҳои мо ҳаст, ки дар хотири бинандагон боқӣ монад.

– Баъзе ҳунармандон сабаби намоишҳои сатҳи хуб надоштаи театрро ба маблағи зарурӣ надоштан ҳавола мекунанд. Театр чӣ андоза бар пул эҳтиёҷ дорад ва оё пул тамошобинро ба театр оварда метавонад?

– То ҷое ин фикр дуруст аст: ороиши саҳна бояд ба маънои намоишнома мувофиқ бошад ва тамошобин гӯёии саҳнаро эҳсос кунад ва ҳамчунин сарулибос ва пардози ҳунарманд. Намоишнома якранг намешавад ва якрангӣ дилгиркунанда ҳам ҳаст. Драммаҳое аз даврони антиқа то давраи Фирдавсӣ, аз Фирдавсӣ то Аморати Бухоро, замони Шӯравӣ ва аз оғози истиқлолият то имрӯз, дар ҳар як намоишнома дар ин тақсимбандӣ саҳнасозӣ, дизайн, сарулибос, кӯлоҳ, шамшеру камон, гурзу найза, олоти ҳамон давр ва дигар лавозимоти заруриро бояд дошта бошад, ки барои ҳамааш маблағ лозим аст.

– Имрӯз бинои Театри миллӣ қомат меафрозад ва дар назар аст, ки театрҳои пойтахтро дар ин ҷо ҷамъ меоваранд. Аз ташкил ва фаъолияти минбаъда мекардаи он чӣ умед доред ва оё он метавонад фазои театриро дар кишвар дигар созад?

– Бидонед, ки ҷамъ овардани ҳамаи театрҳо дар як бино бузургтарин ҷурм аст. Ҳамаи театрҳо, ки дар як ҷо ҷамъ шуданд, дигар рақобати эҷодӣ мемирад ва аз дигаршавии вазъ умеде намемонад.

– Устод, пас намеандешед, ки театри тоҷик имрӯз ба як таҳаввулот ва навгӯии ҷиддӣ ниёз пайдо кардааст?

– Ҳамаи гап дар сари ана ҳамин аст. Ҳар давра бояд маҳсули эҷоди худро дошта бошад ва кам тақлид бар гузашта бикунад, ки дилгир мешавад. Мебояд театри тоҷик театри асри XXI-ро созмон диҳад.

– Имсол 80-солагии умр ва 60-солагии фаъолияти эҷодиатон аст. Аз рӯзгор ва кори эҷодии худ розӣ ҳастед?

– Агар гӯям, ки қисман розияму қисман на, чӣ хел мешавад? Ман умри нек ва фаъолияти эҷодии хуб доштам, аммо на он ҳамаи зарфиятҳое, ки доштам, бароварда тавонистам. Мехостам бисёр корҳои дигар кунам, ки имконият даст надод.

– Фикр мекунед, чанд фисади истеъдодатонро истифода кардед?

– Ҳудуди 40-50 фоизашро.

– Мегӯянд: «Марги ҳунарманд замоне фаро мерасад, ки ҳунараш бимирад». Ҳунарро чӣ зинда медорад?

– Ҳунарро касбияти волои ҳунарманд.

– Агар рӯзе худро аз ҳунар дур бинед, чӣ ҳоле дошта метавонед?

– Он рӯз мемирам.

Мусоҳиб: Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь