Аз Ҷопону Куриё то Туркияву Марокаш
Барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» яке аз барномаҳои муаллифӣ-таҳлилии телевизиони “Тоҷикистон” ба шумор рафта, шуруъ аз 7-уми феврали соли 2012 тӯли 8 сол рӯйи эфири телевизион пахш мешавад. То имрӯз зиёда аз 570 нашри барнома дар дохил ва хориҷи кишвар таҳия ва пахш гардидааст. Вобаста ба бурду бохти барнома дар ин муддат бо муаллиф ва ровии барнома Фатҳиддин Замон суҳбате доштем.
– Муҳимтарин мавзуҳое, ки наметавон имрӯз дар телевизионҳои кишвар дид, аммо Шумо онро дар барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ҷой додаед…
– Мубрамтарин ва ҳассотарин мавзуоти барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” вазъи феълии сайёраи Заминро дар муқоиса бо сиёсати Тоҷикистон таҳия ва пешкаш мекунад. Мавзуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ, ахлоқӣ, илмӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, буҳрони муҳоҷират, паноҳҷӯёни бесарпаноҳ, масъалаи омодасозии яроқҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон, тағйирёбии иқлими сайёра, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳуқуқи зан ва кӯдак, баробарҳуқуқии зан ва мард, ваъият дар Ховари Миёна ва хоки Афғонистон, мамлакатҳои соҳили баҳри Миёназамин, муҳимтарин дастовардҳои улуми кайҳоншиносӣ ва илму технологияи навин, ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар самти обу экология, ҳамкориҳои СММ ва нақши созмонҳои байналмилалӣ дар таъмини сулҳу суботи ҷаҳонро барнома дар бар мегирад.
– То имрӯз чанд барнома дар хориҷи кишвар ва кадом давлатҳо пахш шудаанд?
– Мо зимни сафарҳо ва боздид аз мамолики ҷаҳон кӯшиш мекунем, то як-ду барнома сабт карда, пешкаши тамошобинон намоем. То ба имрӯз дар шаҳрҳои Абу – Заби ва Дубайи АМА, Ал Бремяи Салтанати Уммон, Наҷрони Арабистони Саудӣ, Сеул ва Дейҷони Куриёи Ҷанубӣ ва марзҳои Куриёи Шимолӣ, Токио, Нагасаки, Ҳирошима ва Киотои Ҷопон, Тошкент, Бухоро ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Доҳаи Ҷумҳурии Қувайт, Сингапур, Куала-Лумпури Малайзия, Истамбули Ҷумҳурии Туркия ва Работи Марокаш ва Қайравони Тунис барномаро сабт ва пахш кардем. Қисми зиёди барномаҳои дар хориҷи кишвар сабтшуда бо забонҳои ҳамон ҷумҳуриҳо тарҷума шуда, ба сафоратхонаҳои онҳо фиристода мешаванд.
– Ҷойгоҳ ва инъикоси вазъи имрӯзаи ҷаҳон, аллалхус Шарқи Наздикро дар барнома чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ҳоло вазъият дар Шарқи Наздик торафт нооромтар мегардад. Оғози соли 2020 бо бархӯрду таҳримҳои абарқудратҳо вазъро дар минтақа боз ҳам ноамнтар кард. Дар ин баҳсҳо ба назар мерасад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ аз ин таҳаввулоти минтақавӣ мутаассир хоҳанд шуд. Мо ҳамеша пайгири вазъ дар минтақа ва Шарқи Наздик ҳамтем ва доимо бахшҳое аз ҳодисоти манотиқи ноамнро дар барнома ҷой медиҳем. Чунин моҷароҷӯиҳо нишон медиҳад, ки Минтақаи Шарқи Наздик ва Афғонистон боз ба марҳалаи нави нооромиҳо ворид мешавад ва ниҳояти осоиш ва субот дар ин минтақаи арабиву мусалмонӣ ва сарзамини нузули адёни осмониву саҳроҳои нафтхез номаълум боқӣ мемонад. Аммо фаротар аз ҳама, дар байни таҳлилгарон ва коршиносони бонуфузи кишварҳои арабии Шарқи Наздик талошҳои ҷиддиву иқдомҳои ҷадиде ба назар мерасад, ки яъне ягона роҳи ҳалли буҳронҳои сиёсӣ дар минтақа ва пешгирии ҷангҳои хонумонсӯзи эҳтимолӣ – ин хурӯҷи неруҳои низомии хориҷӣ, аз қабили Қувваҳои ҳарбии Амрико дар Шарқи Наздик аст. Бо назардошти иродаи имрӯзи сиёсии коршиносон ва таҳлилгарони давлатҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, онҳо рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои сиёсиву низомии худро нисбат ба дигар қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Амрикову Чину Эрон бо Русия мехоҳанд тақвият бахшанд.
– Масъалаи сулҳ дар Афғонистон ва интиқоли нооромиҳо ба мамолики Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
– Масъалаи сулҳи Афғонистон, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша тарафдори он аст ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд мекунанд, ҳоло зери суол аст. Музокироти Толибон бо Ҳукумати вақти Афғонистон идома дорад, аммо гуруҳи ҷангҷӯёни Толибон аз он эътироз доранд, ки бояд низомиёни хориҷӣ, ки дар қаламрави кишвар лангар партофтаанд, оҷилан Афғонистонро тарк намоянд ва баъд мо сари масъалаи оташбас меоем. Дар баробари ин, онҳо мехоҳанд Аморати Афғонистонро таъсис диҳанд ва талоши онҳо танҳо барои Ҳукумати Афғонистон аст. Аммо Ҳукумати Афғонистон ҳеҷ гоҳ ҷонибдори Аморат шудани ҷумҳурӣ нест, бинобар ин, масъалаи сулҳ ва музокироту оташбас ҳанӯз ҳам зери суол боқӣ мемонад.
– Куштори мусалмонони уйғур дар Чин, мусалмонони Кашмир дар Ҳинд, мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмар ва мусалмонони Араб дар Исроилро чӣ гуна метавон пешгирӣ кард? Чаро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои мусалмоннишин ба ин вокуниш нишон намедиҳанд?
– Аз ахбороти ҷаҳон ҳама огаҳанд, ки имрӯз куштори мусалмонони уйғур дар Чин, мусалмонони Кашмир дар Ҳинд, мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмар ва мусалмонони араб дар Исроил сурат дорад. Мавзӯи камбуди эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон, аз ҷумла, хушунатҳои иҷтимоӣ ба муқобили ақаллиятҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон яке аз мавзуоти актуалӣ дар барнома ба ҳисоб меравад. Ҳоло хушунатҳои иҷтимоӣ ба муқобили ақаллиятҳои динии Роҳинҷа, мусалмонон ва масеҳиён, хароб кардани биноҳои динӣ дар минтақаҳои низоъ, сиёсати маҳрум кардани мусалмонон аз соҳибият ба замин ва моликият дар баъзе минтақаҳо ва ба тасвиб расонидани пешниҳоди Қонун дар бораи ҳимояи қонунгузориҳои динӣ ва нажодӣ ба он тарзе ки ҳуқуқҳои динӣ ҷиддан маҳдуд мешаванд, дар Мянмар давом дорад. Рӯзноманигорон ва фаъолонро барои инъикоси хушунатҳои зидди мусалмонон ва суханҳои пурнафрини зиддиисломӣ таҳдид карданд. Қонунҳои зиддитабъизӣ аз рӯи мазмунашон дар ин кишвар ба дигар гуруҳҳои этникӣ ба монанди мусалмонҳои Роҳинҷа дар шимоли иёлати Рахине, ки қонунан ҳамчун шаҳрванд эътироф нашудаанд, дахл надорад. Пас аз он ки даҳҳо мусалмонҳои Роҳинҷа аз ҷониби низомиён, полис ва неруҳои амниятиҳои мусаллаҳ гӯё дар ҷавоб ба куштори афсари полис қатл шудаанд, Ҳукумат ба ҳуқуқдонони мустақил кафолат надод, то ки воқеаҳои гузаштаро таҳқиқ кунанд.
Маҳдудиятҳои мусалмонҳои уйғур дар Чин яке аз масъалаҳои доғ аст. Ҳукумати Чин нигаронии худро дар бораи “се шайтон”, яъне, “ҷудоихоҳӣ, ифротгароии динӣ ва терроризм” зиёдтар зоҳир карда, онҳоро ҳамчун асос барои ба тасвиб расонидан ва пурзӯр кардани маҳдудиятҳои ибодатҳои мусалмонҳои уйғур истифода мебарад. Ин саркӯбиҳо асосан дар музофоти Шинҷон бештар аст.
Дар баробари ин, вазъи мусалмонони минтақаи Кашмири Ҳиндустон низ, ки солҳост ҳамчун минтақаи баҳсталаб байни Ҳиндустону Покистон боқӣ мондааст, на он қадар хуб аст.
Инчунин, дар сарзамини Исроилу Фаластин маркази тамаддуни исломӣ Байтулмуқаддас низ вазъияти мусалмонон ҳамеша зери хатар аст. Куштору қатли бераҳмонаи инсонҳо дар ин сарзамин ҳамарӯза аз ҷониби ВАО-и ҷаҳон инъикос меёбад. Ҳамаи ин воқеот дар бахшҳои алоҳидаи барнома инъикос меёбанд.
– Вазъи муҳоҷират, ки яке аз бахшҳои пахши барномаро фаро мегирад, дар соли 2020 аз кишварҳои Африқо ба мамолики соҳили баҳри Миёназамин чӣ ҷараён хоҳад гирифт?
– То вақте ки дар минтақаҳои ҷудогонаи кишварҳои африқоӣ, ба монанди Сомали, Лубнон, Судон, Нигерия, Ҷумҳурии Конгои демократӣ оташи ҷанг аланга дорад, муҳоҷирати аҳолии кишварҳо ба мамлакатҳои аврупоии соҳили Баҳри Миёназамин идома меёбад. Бахши муҳоҷирати ҷаҳонӣ низ дар барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” мавқеи хоса дорад. Мо ҳамеша вобаста ба мавзуъ гузоришҳо ва барномаҳои ҷудогона пахш мекунем, то мардум аз вазъи ҷаҳони муҳоҷират ба хубӣ огаҳӣ пайдо кунанд.
– Дар баробари дар самти журналистӣ фаъолият кардан, инчунин навиштаҳои зиёди Шуморо дар шабакаҳо мушоҳида мекунем, ки ба ҳайси дафтарҳоятон номбурд мешаванд. Ин навиштаҳо чизанд ва аз чӣ мегӯянд?
– Дар роҳи саодати олам ва инсоният нигоштаҳои чопношудаи банда “Дафтари Нокуҷообод”, “Ояҳои хокистарӣ”, “Маҳтоби Беватан”, “Ёдномаҳои Падар” ва “Вожаҳои тоҷикӣ дар Қуръон ва Ҳадис” навишта шудаанд. Навиштаҳо барои ҷавонмардони растагору ободкор, равшанзамирони додварз ва минухирад, покизарафторони хиёбони ҳаёт дар “Шаҳри Инсоният” рӯйи қоғаз омадаанд.
«Серӣ дар чашм аст, дар шикам нест, сарват аз маънавиёт аст, аз киса нест». (“Ояҳои Хокистарӣ”)
***
Абрҳо бар коиноти бениҳояти олам паноҳ мебаранд, кӯдакон ба домони модарон, ошиқон дар бистари ишқҳои пок, ятимон дар инояти саховатмандон, хирадмандон дар камингоҳи маърифат ва ман бар Ту такя мекунам, Эй Парвардгори ҷаҳон, зеро ҳанӯз дар сояи пуштибонии ибрати азизи Падар Ту танҳо муттакои ҷону ҷаҳонам будиву ҳастӣ! Ва инҷо дар Мағориби Олам нигоҳам ба сӯйи ту аст, Эй “Анвори Ҳастӣ” ва Эй ғояи ниёиши ман!» (“Маҳтоби Беватан”)
***
«Дар сарзаминҳое, ки нажодпарастӣ, маҳалгароӣ, беадолатӣ ва ришвахорӣ дар зери пӯсти ҷамъияти он камин гирифтааст, ҷавононаш омол ва орзуҳои худро ба гӯр хоҳанд бурд». (“Дафтари Нокуҷообод“)
***
«Инсон дар ҳаёти дунявӣ дар ҷаҳони камсаъодат ба монанди қалам аст. Зеро рӯзе аз рӯзҳо ранги он ба поён мерасад ва онро нестӣ фаро мегирад. Ва танҳо навиштаҳои он барои ҳамеша боқӣ мемонад». (“Ёдномаҳои Падар”).
Мусоҳиб: Нуралӣ КАРИМ