Бо коре ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода рафтам. Бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Тағоймурод Розиқов вохӯрдам, ки мисли замони донишҷӯиямон, ки декани факултаамон буд, бо дилсӯзӣ аз дардҳои миллат мегуфт. Он замон низ ӯ, мо донишҷӯёнро ба китобхонӣ ташвиқ мекарду аз ҳисси миллатдӯстӣ ҳарф мезад. Суҳбатамон то дер давом кард, ки муҳтавои онро пешкаши шумо мегардонем.

-Дар сӯҳбати телевизионие аз бачагиятон бо ҳарорату шавқ суҳбат кардед ва онро хушбахттарин айёми умр номидед. Аз он даврон чӣ ба ёд доред?

– Беҳтарин лаҳзаҳои умри одам бачагист. Инсон қариб тамоми умр бо ёди бачагиаш зиндагӣ мекунад. Ҳатто лаҳзаҳои ногувор гуворо мешаванд вақте, ки кӯдакиатро ба ёд меорӣ. Чун амалҳои кардаатро ба хотир меорӣ, ғаму андӯҳат дур мегардад. Одам дар кӯдакӣ фикри жарф надорад, андешааш сарсарист, баъзан ба ҳоли худашу ба камбудиҳое, ки кардааст, механдад. Аҷоибии зиндагӣ низ дар ҳамин лаҳзаҳост, ин лаҳзаҳо одамро тарбия мекунанд.

Вақте мактаб мехондам, пас аз дарсҳо бо ҳамсолонам ба кӯҳу ҷангал мебаромадем, тамошо мекардему аз зебоии диёр лаззат мебурдем. Боғҳои калон, табиати зебову афсонавӣ ва нотакрор, чун нигоҳ мекунӣ, ҳайрон мешавӣ. Бовар кунед, дар деҳаи ман ҳар ҷое бишинӣ, дастатро дароз кунӣ, тут мехурӣ. Ҳамин хел бобаракат аст зодгоҳам Даштиҷум.

Даврони бачагӣ наврӯзиҳоро дар деҳа бисёр зебо мегузарондем, гулгардонӣ мекардем. Ҳар куҷо мерафтем ба мо тухму ҳалвову гандуму орзуқ медоданд. Бо ҳамсолонамон якҷо ҷамъ мешудему идро ҷашн мегирифтем. Ба умеди муаллимон намешудем, худамонро хурсанд мекардему ба калонсолон кордор набудем.

Азбаски мерақсидему доира мезадему барнома месохтему шухӣ мекардему механдидем, мизҳои мактабамон мешикастанд. Дар табиати зебо нишастану ҳеҷ кор накардан гуноҳ аст, бинобар ин мо ҳунарнамоӣ мекардему шод мешудем.

Баъд моро аз ноҳияи Даштиҷум ба ноҳияи Ҳамадонӣ (собиқ “Московский”) муҳоҷир карданд. Дар ин ноҳия муддати зиёд намондам, зеро падару додарам бемор буданд, модарам бо се кӯдаки хурдсол монда буд. Шароит бисёр бад буд. Ин омил боис гардид, то шаҳодатномаамро бигираму бо як рафиқам озими Душанбе шавам. Дар хонаи кӯдакони деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод то синфи 7 хондам, чунки он вақт мактаб то синфи 7 буд.

-Пас метавон гуфт, ки зебоии маҳаллатон шуморо ҳунарпеша кард?

– Зебоии маҳалламон дар интихоби касбам бетаъсир намонд. Ҳисси зебоипарастиву муҳаббат ба ҳунар аз зодгоҳам пайдо шуд. Ноҳияи мо Даштиҷум зеботарин ноҳия дар Тоҷикистон аст. Ман тамоми Тоҷикистонро дидам, мисли ноҳияи Даштиҷум надидам. Зодгоҳ барои инсон ширин аст, вале зодбуми ман бисёр зебову хушрӯст, дил канда наметавонӣ.

Даштиҷум сабзу хуррам, гулпӯшу дилрабост. Вақте ҳунармандон аз пойтахт бо сафари ҳунарӣ ба минтақаи мо меомаданду болои ин табиати афсункор суруд мехонданду мусиқӣ менавохтанд ва намоишнома пешкаш менамуданд, зебоии либосҳояшон бо зебоии табиати афсонавӣ нур болои нур мешуд. Зеро ҳунармандону мутрибону овозхонҳо либосҳои зебои саҳнавӣ ба бар доштанд.

Моро муҳоҷир карда буданд, баъдан бо сабабҳои гуногун имкон нашуд ноҳияамро бинам. 52 сол дар Даштиҷум набудам. Тобистон рафтам, дидам замин сап – сафед аст, ҳама ҷо тут рехта аст, боғҳо сафед аст. Баракати зиндагиро бин. Одам ҳайрон мешавад.

-Мегӯянд дар кӯдакӣ садои зебо доштед.

– Бале, то синни 14- солагӣ бениҳоят овози хуб доштам. Вақте аҳамият надодам, овозамро гум кардам. Ҳоло шукр гап зада метавонам (механдад) овоз барои саҳна дорам. Аммо овози овозхонӣ дигар шуд.

Садо барои актёр то кадом ҳад зарур аст?

– Овоз барои актёр бисёр муҳим аст. Актёре, ки овоз хонда натавонад, рақс карда натавонад, ягон асбоби мусиқиро навохта натавонад, бисёр камбағал аст. Ҳунарманд бояд ҳатман саводи мусиқӣ дошта бошад. Бояд мусиқиро ҳис кунад, зарбро ҳис кунад. Агар ҳис накунад, равиши намоишномаро ҳис карда наметавонад. Роҳҳоро бинед, мошинҳо чӣ хел мераванд, равишро гӯш мекунӣ, мебинӣ, ки аз ҷараён қафо намонӣ.

-Назаратон роҷеъ ба озмунҳое, ки дар кишвар баргузор мегарданд, чист? Шумо, ки ҳунарпешаед, қироати шеъри онҳо ба талабот ҷавобгӯст?

-Имрӯзҳо озмунҳои зиёд баргузор мегардад, лекин озмунҳои нодурустанд. Мебинам, асабӣ мешавам. Зеро шеърро бесаводона мехонанд. Наход як нафар миёни инҳо набошад, ки шеърро дуруст хонда тавонад? Ин озмунҳо тарзи ғалат қироат намудани шеърро тарғиб мекунанд, ки ҳазорҳо нафар тавассути телевизион онҳоро мебинанд ва фикр мекунанд, ки шеърро ҳамин гуна бояд хонд. Не, ин тавр нест. Бо шеър гап задан даркор аст, бо шеър тарбия кардан даркор аст, бо шеър бозӣ кардан даркор нест. Маънои шеърро додан даркор аст, мақсади шеърро. Бояд таъсири шеър ба мухотаб рафта расад. Ҳамчун коргардон дар бинои Сирки давлатӣ як озмун бо номи «Зан зеби ҳаёт аст» баргузор кардам. Як муаллима шеъри худашро мехонд, кӯдакҳоро дар толори бино ба шакли дили модар шинонда будам, ҳар гоҳ онҳо аз ҷояшон мехестанду менишастанд, мисли дил задани модар мешуд. Ва ин вақт муаллима бояд шеърашро мехонд: “Ту ҷоооони манӣ, ай писарҷооон” – гуфта, оғоз кард.

Эҳ Худо, ин чӣ тарзи шеърхонист? Гуфтам “муаллимаҷон, шеърро ин тавр намехонанд. Писар доред? Пагоҳ писаратонро гирифта биёред”. Пагоҳ писарашро овард. “Муаллимаҷон шеъратонро бихонед, ана писаратон” – гуфтам. Боз ҳамон тарзи қироати нодурусту ғалати шеър ва оҳанги иштибоҳ гузоштан ба хониши шеър. Писарашро гуфтам “Рустамҷон, модарат туро навозиш кард бо ин шеъраш?  Ба ту маъқул шуд?”

-Не очаам маро масхара карда истодааст, – гуфт фарзанди он омӯзгор.

Гуфтам муаллима, шеърро ин тавр намехонанд.

-“Э ман 34 сол аст, ки забону адабиёт дарс медиҳам, шеър хонда наметавонам?”,- гуфт. Бубинед, 34 сол ӯ мардумро бесавод кардааст. Магар мумкин аст ин тавр?

-Бархе журналистони радио ва телевизионҳо ғалат мехонанд, чӣ расад ба мардуми одӣ.

-Журналистон бояд натанҳо маҳорати актёрӣ хонанд, сухану суханварӣ бихонанд, ровигӣ биомӯзанд! Бояд тамоми ровиёни телевизионҳо аз мактаби ровигӣ гузаранду баъд ҳуқуқи дар телевизион сухан гуфтанро пайдо кунанд.

-Ба назаратон чаро мактаби ровигӣ надорем? Ҳамаашон қолабӣ ва хушку холӣ гап мезананд, сохтакорӣ мекунанд.

– Наметавонанд! Бигзор курси наттоқӣ таъсис ёбад, ки ҳамаи ровиён аз он гузаранд. Бояд ҳуҷҷат дошта бошанд, ки инҳо ин курсро гузаштаанд. Ҳамин қадар шабакаҳои зиёд ҳаст, ягон наттоқе, ки тавонад суханашро ба мардум расонад, надорем. Гуфта наметавонам, ки фалон наттоқ метавонад. Бовар мекунед, гап мезананд, тамоми калимаҳоро яксон, бемаънӣ ва ғалат талаффуз мекунанд: меееееравам, бооозӣ кард.

Барномаҳои симои кишварро тамошо намекунам, даррав ба дигар шабака мегузарам. Зеро таваҷҷуҳ кунед, наттоқи телевизион хабар мехонад: “Имрӯз тарма фаромад ва қариб 50 нафар ҳалок шуданд”. (Ӯ ин ҷумларо хушҳолона, хурсандона ва бо табассум адо мекунад).

О наход аз ҳалок шудани 50 нафар эҳсоси хушӣ кунӣ? Бояд ҳини гуфтани ин ҷумла чеҳраву садои ровӣ ғамгину мотамзада бошад. Шунаванда ё бинанда аз хониши ровӣ ғамгин шавад. Вақте, ки вай тахассус надорад маълумот надорад, намедонад, ҳуқуқ надорад ба воситаи телевизион ва радио сухан гӯяд. Вай бояд донад, хонда бошад, маълумот дошта бошад. Натанҳо журналистон, овозхонҳое низ дорем, ки маънои шеърҳои сароидаашонро намефаҳманд. Сарояндаҳое мисли Давлат Назрӣ, Рустам Шарифов ва онҳое, ки мактаби актёриро гузаштанд, каму беш ҳаракат мекунанд, аммо дигарон…

Шабакҳои нағз дорем, вале дар онҳо бояд шахсоне фаъолият баранд, ки тавонанд, донанд, фаҳманд, мутахассиси соҳа бошанд. Агар мутахассис кор кунад, ҳатман он ҷо обод мешавад.  Ҷое хондам, ки мактаб мераванд барои зиндагӣ мактаб хондан даркор нест, барои зиндагӣ хондан даркор аст, ки чизи хондаатро дар зиндагӣ истифода бурда тавонӣ. Аксари намоишҳоро нигоҳ мекунам, мо ҳам хато мекунем, бе хато Худост, лекин охир то ин дараҷа не.

Вазъи синамо чӣ гуна аст?

– Коргардонҳое пайдо шудаанд, ки ҳар рӯз филм мегиранд. Аммо мебинӣ дар филмаш амакашро гирифтааст, тағояшро гирифтааст, холаашро гирифтаст. Вай ҳеч кор карда наметавонад. Истодааст. Як сурат, як сурати безеб, қолаб. Охир агар ин касб осон мешуд 5 сол дар Маскав коргардонӣ мехонданд? Масалан Муҳиддини Музаффар шогирди худам аст, 5 сол дарсаш додам. Чандин филм гирифт. Вақте, ки Маскав рафту коргардонӣ хонд, бинед ки тамоми филмҳояш як тараф, филми «Дов»-аш як тараф. Ба ин соҳа ман ташвиқаш кардам. Бисёр миннатдорам, ки ӯ дар Донишкадаи давлатии кинемотографиии ба номи А. Герасимов таҳсилашро идома дод. Аз Валерий Аҳадов  миннатдорам, ки ба Муҳиддини Музаффар кӯмак кард.

Намоиши филми «Дов» дар кинотеатри Ватан баргузор шуд. Ҳамагӣ се тамошобин омад. Аммо дар шаҳри Калкутаи Ҳиндустон ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарӣ»-ро гирифт. Сабаб чист? Маънавиётамон паст рафтааст, боз чизҳои пастро тақлид мекунем. Мардуми мо актёрҳои асилро кам дидаанд, кам суҳбат кардаанд, кам аҳамият медиҳанд.

Муваффақияти коргардони филм дар он аст, ки илми синаморо омӯхт, донист, фаҳмид, нозукиҳояшро аз худ кард. Табибе, ки илми тибро надонад, табобат карда метавонад? Ҷарроҳе, ки узвҳои инсонро надонад, ҷарроҳӣ карда метавонад? Ин касб ҳам ҳамин тавр аст. Шахси ғайритахассус ҳуқуқ надорад дар ин симат кор кунад. Метавонад баҳо диҳад, назарашро гӯяд, пешниҳод кунад, аммо ҳуқуқ надорад дар бораи тахассус гап занад.

Чӣ кунем, ки ақидаи мардум ба актёр дигар шаваду ҳунармандро масхарабоз наҳисобанд?

– Мардум актёрро масхарабоз медонанд. Фикр намекунанд, ки актёр Роналд Рейган 8 сол президенти Амрико буд.

Сабаб чист?

– Вазъи иқтисодии актёр бисёр бад аст. Бисёр маошаш кам аст, аз 800 то 1200 сомонист. Актёрҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ бояд таъмин бошанд. Бояд давлату ҳукумат дар ин хусус бисёр ҷиддӣ андешад. Тасаввур кунед як шаб истироҳат дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» 500 сомонист. Куҷост пуле, ки актёр истироҳат кунад? Магар актёр метавонад истироҳат кунад? Актёр фақат кор мекунад. Бояд истироҳат ҳам кунад. Ҳунарманд кадом вақт эҷод карда метавонад? Ҳаматарафа таъмин бошад, озод бошад. Бечора актёр мудом дар фикр аст, ки аз куҷо як пул ёбад, тамоми фикру зикраш банди ин аст. Магар бо ин ҳол нақш офарида метавонад?

-Бо вуҷуди мушкилот ояндаи Тоҷикистонро дар чӣ мебинед?

– Ояндаи Тоҷикистон сайёҳӣ ва нерӯгоҳҳои барқию обист. Ватанамонро обод кунем, сайёҳон ба кишвари мо бисёр меоянд. Фоидаи сайёҳон барои зиндагии халқ бас аст. Тасаввур кунед, барои нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун 70 чақрим роҳро даруни кӯҳ шикофтаанд. Ин нерӯгоҳ нерӯгоҳи аср аст. Дар Даштиҷум сохтани нерӯгоҳ арзон меафтад барои мамлакати мо. Чунки раҳи обро мебанданд, дара тайёр аст, калон, хушрӯ. Ҳазорҳо хонаҳои истироҳатӣ, ҳазорҳо ошхонаҳо сохтан мумкин аст барои гардишгарон. Дар ҳақиқат зебост Ватани биҳиштосои мо. Аз нуқтаи назари ман ояндаи Тоҷикистон хеле хуб аст.

-Дар фарҷоми суҳбат аз орзуҳоятон мепурсам

– Орзу дорам миллатам зиндагии шоду хуб дошта бошад. Мехоҳам дар ҳар хонадон се мошин бошад: барои боркашонӣ, сайру саёҳат ва кор. Ҳоло имкониятҳо маҳдуданд, Худо хоҳад оянда нағз мешавад.

Суҳбати Раҳима Бобоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь