Пеш аз ҳама, шуморо ба муносибати ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудан муборакбод мегӯям.

– Сипосгузорам.

– Шумо дар ҳавзаи адабии Ӯзбекистон, дақиқтараш дар ҳавзаи адабии шаҳри Тошканд эҷод мекунед. Айни ҳол бурду бохти ин ҳавзаи адабиро чӣ гуна баррасӣ мекунед?

– Давраи истиқлолият яке аз давраҳои пурбор дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанги халқҳо мебошад, аз ҷумла, тоҷикони Ӯзбекистон имкон пайдо карданд, ки адабиёти худро аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ба сифати шохаи мустақили адабиёти форсии тоҷикӣ ба вуҷуд оварда, идомаву густариш диҳанд. Нависандагону шоирон асарҳои зиёд офарида, қисме аз онҳоро ба нашр расониданд. Аммо назм бештар ташаккул ёфт ва аз ҷониби ҳамзабонон низ гарм истиқбол гирифта шуд. Дар хориҷ аз кишвар китобҳои “Боғи бисёрдарахт”, “Аз Самарқанди чу қанд”, “Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон: қарни бистум то кунун”, “Намунаҳои шеъри Ӯзбекистон”, “Форсисароёни Ӯзбекистон” нашр гардид.

Намунаи ашъори шоирони тоҷики Ӯзбекистон дар баёзҳои “Гулдастаи Самарқанд”, “Каҳкашони орзу”, “Ҷилои ахтарони Сӯх”, “Суханобод”, “Гулистони адаб”, “Сарводаи Сурхон”, “Армуғони Самарқанд”, “Сапедадам” ва ғайра мавриди мутолиаи алоқамандони каломи мавзун қарор гирифт. Масалан, “Сарводаи Сурхон” нахустин баёзи шеърист, ки ба пуррагӣ аз намунаи шеърҳои шоирони ҳавзаи адабии Сурхондарё иборат буда, фарогири зиндагинома ва намунаи ашъори 84 нафар шоир мебошад.

Фаъолияти маҳфилҳои адабии “Гули санг”, “Чашмаи хуршед”, “Қаламдору”, “Худафрӯз”, “Амвоҷи Варорӯд”, “Сапедадам” ва ғайраҳо дар рушду нумӯи истеъдодҳои ҷавон заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки тӯли сӣ соли охир, хусусан, давоми 21 соли асри ХХI адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон ба таври назаррас рушд кард. Инро аз мазмун ва муҳтавои осори нашршудаи адибон пай бурдан душвор нест.

Аммо ҳанӯз тадқиқи густурдае рӯйи адабиёти ин ҳавза сурат нагирифтааст. Ниёз ба нақди созандае эҳсос мегардад, ки бурду бохти сисолаи адабиёти тоҷикро дар Ӯзбекистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад.

Яке аз ҳавзаҳои адабии пурбори адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон ҳавзаи адабии шаҳри Тошканд ба шумор меояд. Ҳузури эҷодкорони тоҷик дар ин шаҳри бостонӣ барои рушду нумӯи адабиёту фарҳанги миллии мо заминаи мусоид фароҳам меорад. Нашри китобҳои бадеиву илмӣ, рӯзномаи “Овози тоҷик”, фаъолияти барномаи телевизионии “Рангинкамон”, барномаҳои радиоӣ, баргузории шабнишиниҳои илмиву адабӣ аз як тараф ба дӯстии ду халқи бародар саҳим гардад, аз ҷониби дигар, кӯраи афкори ниёгони бузургро дар ин ҷо ҳамеша гарм нигоҳ медорад.

– Аз назари шумо шеър чист ва шеърҳоятон бештар ба кадом мавзӯъ ва масъалаҳо бахшида шудаанд?

– Шеър даъвати инсонҳо ба олами тахайюл аст. Барномае аст, ки садсолаҳо пеш аз ҷониби шоир тарҳрезӣ мешавад. Шоир вазифадор аст, то ҳар айбу нуқсон ва камбудиеро, ки дар ҷомеа мебинад, барои дигарон гӯшзад намояд ва чашми онҳоро ба сӯи ояндаҳо боз кунад.

Дар асл каломи мавзуну мухайял маҳсули андешаву ормонҳои ҳар як нафар эҷодкор аст. Он ҳолате миёну рӯъёву бедорӣ аст, ки ҷуз шоири асил касе дигар аз чигунагии он дарак намеёбад. Ё чун мевае дар зеҳн аст, ки барои пухта расидан бояд чор фасли тафаккури инсонро аз сар гузаронад. Беҳтар аст, ки ҳангоми хомӣ эҷод нашавад. Шоири воқеӣ нафаре аст, ки фасли пухтупази андешаро медонад ва дар корхонаи хаёли худ набзи замонро ташхис монда метавонад.

Барои шоири ҳунарманд дар маҷмӯъ шакл аҳамият надорад. Дар ҳар қолабе метавонад фикри худро баён созад ва шаклҳои суннативу озод суробе беш набуда, танҳо барои шакл ва озодиву имконияти шоир дар хизмат мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳунари ба вожаҳо дамидани рӯҳи мазмун ва мӯҳтавои амиқ пайваста машқу тамрин ва омӯзиш мехоҳад. Дар натиҷа мумкин аст шеъре мондагор падид ояд. Зеро калимаҳо дар дасти шоири боистеъдод ҳукми плостилинро доранд, ки дар ҳар шаклу намуде, ки бихоҳад, аз онҳо мазмун рост мекунад.

Аз муҳимтарин фазилатҳои шеъри муосир ин аст, ки бозгӯйи таҷрибаҳои фардии шоир бошад. Наву кӯҳна будани қолаби шеър не, балки бархӯрди дигаргунаи ҳунарманд ба олами атроф муҳим аст.

Дар навиштаҳои банда мавзӯҳои ишқ, худшиносӣ, иҷтимоӣ, башаргароӣ, ирфон, ватандӯстӣ, истифодаи бештар доранд. Масалан, ишқ мавзӯи кӯҳнашаванда нест. Агар кӯҳна мешуд, аввало худи ҳамин калима ҷозибаашро аз даст медод. Аммо диди ҳунарманд бояд нав бошад, то паҳлуҳои кашфнашудаи онро рӯйи коғаз биёрад.

Ҳаргиз ба ин ё он мавзӯъ маҳдуд набояд шуд. Ҳар ҷо бинобар ин ё он масъала холигие ҳаст, пур кардан лозим. Ва вазифаи шеър дар қалби инсонҳо тори оштӣ танидан ва камбудиҳои ҷомеаро ба таври ба худ хос нишон додан аст. Дигар ин ки:

Шеър бояд гуфт,

аммо

бо ҷасорат,

бо таҳорат,

ботаманноибузурге, ки

бадилбахшадтакон,

ҳамшавад

бар бомимаъно нардбон.

– Баъди чанд соли фаъолият дар “Овози тоҷик” ба кори дигар гузаштед. Ин ба чӣ маънӣ сурат гирифт?

– Баъди ҳимояи рисолаи илмӣ маро барои тадрис ба донишгоҳ даъват карданд, аммо бо рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки пири матбуоти тоҷик ба шумор меояд, ҳамкории доимӣ дорам. Ин рӯзнома дар ҳаёти ман нақши носутурданӣ дорад. Ҳанӯз аз даври мактабхонӣ шумораҳои онро бесаброна интизор мешудам. Нахустин чакидаҳои қаламам низ дар он интишор ёфтааст.  “Овози тоҷик” овози ҳар як нафар тоҷик аст, ба ин хотир, бо дили пур мегӯям: “Овози тоҷик” овози ман аст. Инсон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки овозаш ҷарангдор бошад. Ба гӯши ҳамагон фораму хуш бирасад.

– Дар Маркази таълим низ чанд муддат фаъолият намудед. Баъзан фаъолияти марказ мавриди танқид қарор мегирад. Сабаб чӣ бошад?

– Ҳарчанд ин мавзӯъ аз доираи баҳси мо берун аст, иҷмолан ба чанд нукта бояд таваҷҷӯҳ кард: Агар ҳадаф пешрафти таълим дар мактабҳои тоҷикӣ аст, сараввал шӯрои илмиву методии забон ва адабиёти тоҷики назди Маркази таълими ҷумҳуриро пурқувват намудан лозим. Таркиби он аз олимони варзидаву омӯзгорони соҳибтаҷрибаи миқёси ҷумҳурӣ ғанӣ гардонида шавад, ба мақсад мувофиқ аст. Зеро доираи кори таълим бинобар макотиби тоҷикӣ аз иқтидори як-ду нафар беш аст. Ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, фарҳанги имло ва меъёрҳои забони адабӣ ҷиддӣ бояд амал кард, то ки байни омӯзгорон ва хонандагон ҳар гуна саволу баҳсҳо сар назананд. Маводи китобҳои дарсиро ба талаботи имрӯза мувофиқ гардонида, забони онро такмил додан айни муддаост. Азбаски норасоии китобҳои дарсӣ ба таълими мактабҳои тоҷикӣ латма ворид мекунад ва яке аз омилҳо ё баҳонаҳои коҳиш ёфтани сафи донишомӯзон мегардад, камбудиҳои мавҷударо бартараф карда, дар тарҷумаи китобҳои дарсии фанҳои дигар аз қувваи мутахассисони соҳа ба таври бояду шояд истифода бурдан лозим меояд.

– Равобит бо Тоҷикистон беш аз пеш беҳбуд меёбад. Шумо бо кадом нашрияҳои ин кишвар ҳамкорӣ доред?

– Халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон рӯҳан ба ҳамдигар наздиканд. Онҳо дину мазҳаб, расму оин, таъриху маданияти муштарак доранд. Гузашта аз ин, аз як дарё об менӯшанд ва аз як ҳаво нафас мегиранд. Шукри Худо, ки робитаи байни ду мамлакат рӯ ба беҳбудӣ меорад. Тарғиби дӯстиву бародарӣ, ривоҷ додани илму адабиёт, ба ҳамдигар манзур намудани тарҷума ва таҳқиқи осори ҳарду халқ вазифаи ҳар якеи мост. Инҳо барои таҳкими садоқату самимият асос мешаванд. Чунонки ҳазрати Мавлоно мефармояд:

Мо барои васл кардан омадем.    

Банда баъзе матолиби маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Суханшиносӣ”, рӯзномаи “Фараж”-ро аз тариқи фазои маҷозӣ мутолиа мекунам. Умед аст, ки минбаъд барои ҳамкорӣ бо нашрияҳои илмиву адабии он кишвар бештар имконият пайдо мешавад.

– Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур!

– Сарбаланд бошед!

Сӯҳбаторо: Мирасрор АҲРОРОВ

 

Инак, чунин намунаҳо аз эҷоди Хусрави Саъдуллоҳро пешкаши шумо, муштариёни азиз мегардонем:

АМОН ДЕҲ АЗ ВАБОҲО ХАЛҚИ МОРО

Илоҳо, илтиҷо дорам ба сӯят,

Дуои бандагон дар роҳ нагзор.

Гунаҳкорем, ҷурми мо фузун аст,

Вале ту афв кун бо лутфи бисёр.

Амон деҳ аз вабоҳо халқи моро.

Ба ҳаққи “Ояталкурсӣ”-ву “Ихлос”,

Балоро аз халоиқ дур гардон.

Ба шоми ҷаҳлҳои хеш мондем,

Ба файзи зикр дил пурнур гардон.

Амон деҳ аз вабоҳо халқи моро.

Силоҳи халқ вирди субҳу шом аст,

Умеди одамон танҳо туӣ, ту.

Ҳама дармондаи ин дард ҳастанд,

Табобат кун, ҷасорат бахшу нерӯ.

Амон деҳ аз куруно халқи моро.

Ту Раҳмону Раҳимӣ, раҳм бинмо,

Ба ҳар як пиру барно, ҳар зану мард.

Кушоям дасти зорӣ чун гадоён,

Иҷобат кун ниёишҳои ҳар фард.

Амон деҳ аз куруно халқи моро.

Қарантин гашта аҳли олам акнун,

Намесозад касе бо даст бардам,

Даҳони хеш баста, баҳри покӣ

Намояд шустушӯи даст ҳар дам.

Амон деҳ аз куруно қавми моро.

Ба ҳаққи авлиёи покзодат,

Ки сар аз саҷдаи ту барнагиранд.

Ба фарёди ҳама бечорагон рас,

Ки зери панҷаи ин дард асиранд,

Амон деҳ аз куруно халқи моро.

МАН, КИ ИНСОНАМ…

Ман, ки дар дил меҳри дарё парварам,

Қатраҳоро дӯст дорам,

Қатраҳоро низ ҳурмат мекунам,

Баҳрашон арзи муҳаббат мекунам.

Мешаванд, оре, ба марзи зеҳн ҷорӣ,

Хотиротамро намоянд обёрӣ.

Дар раги ҳар қатра хуни баҳр буд,

Чун ҷунуни баҳр шуд.

Ман, ки як шохи дарахти рӯзгорам,

Навдаҳоро меҳрубонӣ мекунам,

Лаҳзаҳоро зиндагонӣ мекунам.

То ба зери пӯстам сармо наояд,

Ҳастии худро ҳимоят мекунам,

Бар низоми фаслҳо қатъӣ риоят мекунам.

Решаҳоям

дар замини сахти торих устуворанд,

Аз табардастон наметарсам,

В-аз шамоле ҳам намеларзам.

Гар бибуррандам,

Баҳори дигаре созам нумӯ,

Решаи худро намоям ҷустуҷӯ.

Ман, ки як сатрам зи девони муҳаббат,

Зери ҷилди ҳарф пинҳон мағз дорам,

Таҳти сатрам муҳтавои нағз дорам.

Аз табори байтҳои Рӯдакиям,

Дар суроғи ҳамсафони хеш доим,

Бо хаёли ҳамдилони хеш доим…

Ман, ки инсонам,

набитвон буд хомӯшу карахт,

Ҳар чи дар дил дорам, иншо мекунам,

Рӯй бар дунёи маъно мекунам.

ҒАЗАЛЕ БА ҶОЙИ ТАБРИК

Ба ту ҳадя мефиристам ғазале ба ҷойи табрик,

Ки ба матни хеш дорад ҳама муҳтавои табрик.

Ба ту ҳадя мефиристам каламоти офтобӣ,

Ки бувад чароғи хотир ва шавад ҳумои табрик.

Ба ту ҳадя мефиристам гули сурхи набзҳоро,

Ки дар он нуҳуфта бошад ҳама вожаҳои табрик.

Ба ту ҳадя мефиристам сабаде гули таманно,

Ки шукуфта бошад инак, зи дилам барои табрик.

Ба ту ҳадя мефиристам ғазали замири худро,

Ки ба қалби ту гузорад абадӣ ҳинои табрик.

Ту ба ҳар каломӣ лоиқ, туӣ вожаро мувофиқ,

Чу баҳор дам зад аз ту, бикунам адои табрик.

ШАРҲИ ХИЁНАТ

Ҳеҷ медонӣ хиёнат чист?

Рӯи ҳар як вожаи сабзи тамаддун хат кашидан,

Ҳам ватанро бар пашизе

бар кафи андешаи аъдо супурдан,

Туф намудан бар забони модарии хештан,

Ё ки ҳар дам бар гулӯи ҳарфҳои бикри виҷдон

латтаи чиркини кизбу жож бастан.

Ман хиёнатро

ба ақли содаам ин гуна мефаҳмам,

Ман хиёнатро давоми ҷаҳл медонам,

Ман хиёнатро ба мисли як хари коҳил тасаввур мекунам,

Ки надорад тоб зери бори мардум.

Ман ба саркӯби тамоми хоини фарҳанг

бо ду даст овоз хоҳам дод,

Чунки халқи бетамаддун

халқи бенанг аст,

Ору номусаш ниҳон

зери ғубори гарду чанг аст.

Он ки хоки меҳанашро мефурӯшад,

Оби ӯ доим сияҳ монад,

Ҷони ӯ ғарқи гунаҳ монад.

Меҳан он ҷое, ки нонат додааст,

Ҳамчу модар дар бараш парвардааст.

Меҳан он ҷое, ки хуни нофат он ҷо рехтаст.

Меҳан он ҷое, ки рӯзе месупорандат ба хок.

Хоини миллат набинад рӯзи нек,

Хоини меҳан бимонад

баъди мурдан ҳам сияҳному палид,

Хоини виҷдон ҳамеша

дарбадар гардад.

Хоини имон, бародар,

пешпоӣ мехӯрад дар остони дини Ислом.

Мо, ки аз насли Фаридунем,

Боре бар хиёнат даст н-олоем,

Миллати худрову меҳанро

Чун ҳамеша дӯст медорем.

Миллати соҳибтамаддун

дур бошад аз хиёнат.

Рӯбарӯ бо ойина истод бояд,

Метавон пас,

айби худро

як ба як диду дар он таҳрир кард,

Хоби кобусро зи нав таъбир кард.

Чист ойина?

– Тамаддун.

Метавон танҳо ба он

пеши хиёнатро гирифт.

Метавон танҳо ба он

аз хоинӣ озод шуд,

Хушдилу обод шуд.

ГАР ТУ ОӢ

Соате таркам макун, эй ёри дерин,

Бар билоди ишқ боз о,

Гар ту оӣ,

Байтҳои ман рубобӣ мешавад,

Рӯзҳоям офтобӣ мешавад.

Соате бо ман ҷудо кун,

Лаҳзаҳоямро бидеҳ мазмуни нав,

Вақти худ то чанд медорӣ дареғам?

Бо ту гул бандад ҳама афкори зеҳнам,

Гар ту бошӣ,

Дар дилам сад баҳр ҷорӣ мешавад,

Фасли поизам баҳорӣ мешавад.

Эй, ки хуршеди заминии Худоӣ,

Чашмаи нуру сафоӣ,

Гарм месозад замирам оташи рухсори ту,

Руҳ бахшад гармии гуфтори ту.

Гар ту оӣ,

Ғам фаромӯшам шавад,

Дар такаллум қалби хомӯшам шавад.

Соати сурхи диламро

Ман ба дастони ту бастам.

Шишаҳои фурсатамро

Ту вале  бо санги ҳиҷронат шикастӣ.

Бо дилат кун ошноям,
Қиссаи нав гӯ бароям.

Бо ҳузурат ҳастиямро шӯр деҳ,

Гар ту бошӣ,

Ҳарфҳои ман кабӯтар мешавад,

Ишқро чашми ту минбар мешавад.

БАР ШИКАСТ ОМОДА БОШ!

Бар шикаст омода бош!

Тан мадеҳ бар бохт,

яъне, доимо дар ҷода бош!

Мард бояд шуд ба ҳангоми бало,

Мард бояд шуд ба ҳангоми шикаст,

Мард бояд шуд

даме, ки бар сарат шамшер меояд,

ё ба ҷисмат тир меояд.

То ба нерӯи замират

Комёбиро ба даст орӣ.

Инчунин, дар вазъи худ истода бош!

Бар шикаст омода бош!

Тан мадеҳ бар зиндагонии карахт,

Бахт дар роҳ аст, медонӣ, бародар?

Бахт дар роҳ аст.

Бояд ин дам аҷзҳоро зери по кард,

Хобҳоро шуст аз чашмони худ,

Қалби мардон ҷои тарсу гиря нест.

Низ бояд руҳро таъмир кард,

Ҷисмро татҳир кард,

Ҳарфи нав пӯшонд бар маънои бикр.

Чашмҳоро бо нигоҳҳои мудернӣ,

мағзро бо ғояҳои офтобӣ,

қалбро бо сураи парвози ишқ,

бо ҳарири поки имон,

бо қабои гарми виҷдон

мешавад таъмин намуд.

Бар шикаст омода бош!

Комёбӣ пушти дар бошад.

МУАРРИФИНОМА:

Хусрави Саъдуллоҳ, доктори фалсафа оид ба илмҳои филология (2019), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2006), Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон (2007), ҷоизадори “Беҳтарин журналисти сол – 2013”, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (бакалавр), Донишгоҳи давлатии Самарқанд (магистратура), феълан мудири кафедраи забону адабиёт ва фанҳои иҷтимоии Донишкадаи мусиқии миллии ӯзбек.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь