Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Ашуриён Шаҳлои Сайфуллозода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи омӯзгор қарор дорем, аз ин фурсати муносиб истифода карда, тамоми ҳамватанони азизро бо Рӯзи омӯзгор муборакбод мегӯям.
-Албатта, Паёми Пешвои миллат дастурест барои ҳама соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, зимнан Шумо андешаи худро вобастаи ба ин гуфтор баён мекардед…
-Мо дар марҳалаи бунёдкориҳо, таҳаввулоти амиқи техникию илмӣ, дастовардҳои бузурги башарӣ ва расидан ба ҳадафҳои чандинасраи олами инсонӣ қарор дорем. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон декабри соли 2023 ироа гардида, ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили ҷиддӣ қарор гирифтанд. Чун Паёмҳои солҳои пешин соҳаи маориф ва вазъи таълиму тарбия яке аз масъалаҳои назарраси Паёми Пешвои миллат буданд, ки бо тавваҷуҳи зиёд мавриди таҳлили амиқи Сарвари давлат қарор гирифт ва дастуру супоришҳои саривақтӣ ҳам Пешвои миллат доданд, ки баҳри пешрафти соҳаи илму маориф ва тандурустӣ муосидат мекунанд, мо омӯзгорони соҳаи тиб дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор додаем.
-Баҳри баланд бардоштани сифати таълим имрӯзҳо дар кишвар шароитҳои лозима муҳайё гардидаасту дар оянда низ боз ҳам беҳтар хоҳад гардид, лутфан мегуфтед, ки дар коллеҷ дар робата ба сифати таълим чӣ корҳо анҷом дода шуда истодааст?
-Дар масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар, Сарвари давлат ба ҳамаи мо кормандони соҳаи маориф, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонон ва ҷомеа машғулем такя намуда, дар назди мо як қатор вазифаҳои мушахасро гузоштанд, ки ҳар яке аз онҳоро дар замони имрӯз барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар соҳаи маориф масъалаҳои асосӣ арзёбӣ гардидаанд.
МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чунин корҳоро роҳандозӣ намудааст:
Ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни муассиса ба конференсияҳои байналмилалӣ, дар инҷо бояд тазаккур диҳам, ки дар таҷрибаҳо таҳлил намудем, ки иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар конференсияҳои байналмилалӣ шавқу рағбати онҳоро барои омӯхтани илм ва баррасӣ намудани қобилияту дарки масъулиятнокӣ нисбат ба касби омӯхтаашон зиёд менамояд. Инчунин, аз муассисаи мо санаи 17.05.2024 дар конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои тиббии фундаменталӣ, амалӣ ва дорусозӣ” дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон иштирок карданд. Соли равон кормандони муассиса дар конференсияи маҷозӣ байни донишҷӯён дар Ҷумҳурии Қазоқистон вилояти Акмолай дар мавзӯи “Кокшетай-200 сол”, дар конференсияи маҷозии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Технологияи иноватсионӣ дар самти фанҳои химия, физика ва биология”-и Донишгоҳи давлатии роҳбарӣ ва иқтисодии шаҳри Новосибирски Русия фаъолона иштирок карданд.
-Коллеҷ бо кадом муассисаҳои хориҷа ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст?
-Ташкил намудани ҳамкориҳои коллеҷи тиббӣ бо коллеҷҳои тиббии хоириҷи кишвар ва рушди ин ҳамкориҳо метавонад дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим нақшгузор бошад… Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар давоми фаъолияти худ бо якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи тиббии хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсия Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Финляндия ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст ва ин ҳамкориҳоро оянда низ рушд хоҳад дод.
-Дар робита ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар баланд бардоштани сифати таълим коллеҷ чӣ корҳоро ба сомон рансондааст?
-Омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами дигар коллеҷҳо, барои иҷрои банди мазкур ҳайати кории коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар доираи барномаи кории “Конгресси физиотерапевтони ҷаҳон 2023” яке аз пойгоҳҳои клиникии намунавии шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабро дидан намуданд, ки имконияти шинос шудан бо технологияҳо ва усулҳои нави табобат пайдо гардид.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи “Таҳкими хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар системаи нигоҳдории тандурустӣ” бо ташкилоти Momentum Wheels for Humanity гурӯҳи корӣ дар ҳайати директори МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва кормандони бахшу сохторҳои муассиса таъсис дода шуда, барои омӯзиш ва табодули таҷриба ба Ҷумҳурии Гурҷистон сафари хизматӣ намуданд ва бо табибону мутахассисон, намояндагони вазорати тандурустии Ҷумҳурии Гурҷистон вохӯриҳо гузарониданд.
Бо мақсади баррасии масоили марбут ба беморӣ ва фавти навзодон, мушкилоти нигоҳубини навзодон ва модарон дар давраи баъдитаваллудӣ, инчунин воридсозии барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир вохӯрӣ бо намоянда – машваратчӣ аз Академияи педиатрии Амрико ва “LDS Charity” Мирсаидова Манзура бо маъмурияти коллеҷ ширкат варзиданд. Зимни нишаст иштирокчиён баҳри ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтарини пешгирӣ кардани ин мушкилот ва баланд бардоштани сифати ҳифзи навзодон табодули таҷриба намуданд. Соли ҷорӣ дар МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар ҳамкорӣ бо созмони USAID (Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ) “Маркази таълимӣ оид ба ғизо ва тибби исботшуда” кушода шуд, ки дар маросими ифтитоҳ директори намояндагии минтақавии USAID ҷаноби Питер Райли ва муовини он Кристофер Барред, инчунин роҳбарони лоиҳаи «Модари солим- кӯдаки солим» Клиф Любитс ва муовинаш Гулнора Разакова, роҳбари самти тандурустии созмони ЮСАИД Малика Махкамбаевна, мутахассиси лоиҳаи «Модари солим- кӯдаки солим» оид ба тағйироти рафтори иҷтимоӣ нисбати саломатии модару кӯдак ҳузур доштанд.
Моҳи марти соли 2024 дар МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ вохӯрии бо ҳайати корӣ аз Донишгоҳи илмҳои амалии JAMK, ки дар шаҳри Юваскулеи Финляндия қарор дорад, баргузор гардид. Ин вохӯрӣ оғози ҳамкориҳои эҳтимолии ду муассисаи пешбари таълимӣ буд, ки ба пешрафти соҳаҳои тандурустӣ ва илм нигаронида шудаанд.
Ҳарду муассиса омодагии худро барои табодули афкор, таҷриба ва захираҳо барои ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти тибби муосир ва илмҳои амалӣ изҳор намуда, ба муколамаи судманд ва роҳандозии ҳамкориҳои муштарак барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд даъват карданд.
Боздиди ҷаноби Ҳейкки Пуса, директори Хадамоти таълими глобалии JAMK ва хонум Йоханна Ҳейкила, мушовири Донишкадаи тандурустӣ ва тадқиқоти иҷтимоии JAMK, таваҷҷӯҳи амиқро ба иқтидори ҳамкориҳо нишон дод.
Намояндагони JAMK таъкид намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо коллеҷи тиббӣ барои васеъ намудани доираи фарогирӣ ва ғанӣ гардонидани барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои тадқиқотӣ иқтидори калон мебинанд.
-То ҷое огоҳӣ дорем, дар коллеҷ ихтисоси нав ба унвони физиотерапия ба роҳ монда шуд, заминаи ин ихтисос дар кадом поя қарор дорад?
– Роҳбарияти муассиса иқдоми пешгирифтаи худро баҳри кушодани ихтисоси нав физиотерапия сарбаландона иҷро намуда, аз соли хониши 2023 ба қабули донишҷӯёни ихтисоси мазкур оғоз намуданд.
МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалии “USAID”, “World Physiotherapy” ва “Momentum wheels for humanity” аз соли 2018 то инҷониб барои омода намудани омӯзгорони кафедраи тиббӣ-офиятӣ аз рӯйи ихтисоси нав физиотерапия аз ҷониби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ Сиди Усман Ди роҳбари ташкилоти “Физиотерапияи ҷаҳонӣ” аз Ҷумҳурии Фаронса, Лучиа Бернхард – муттахасиси оид ба ортез ва пратезкунонӣ аз Ҷумҳурии Италия, Анн Николсон – духтури физиотерапия аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Хезер Давсон- духтури физиотерапевт аз Ҷумҳурии Фаронса, Нихад Алмасори- духтури физиотерапевт аз давлати Урдун ва Лизебет – духтури физиотерапевт аз Ҷумҳурии Нидерландия пайваста семинарҳои омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда шуда истодааст.
-Таълимоти дуалӣ низ дар коллеҷ ба роҳ монда шуд, заминаи моддии он дар кадом поя қарор дорад?
-Ба роҳ мондани таълими дуалӣ;- барои дар амал татбиқ намудани банди мазкур сохтмони бинои дармонгоҳ ва клиникии наздиколлеҷӣ дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар кӯчаи Р.Набиев – №248- ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2022, №30 тасдиқ шудааст, оғоз карда шуда, сохтмони бинои мазкур барои таҳхона ва 8 ошёна ба назар гирифта шудааст, ки масоҳати умумиаш 20646,0 (бист ҳазору шашсаду чилу шаш) метри мураббаъ, аз он ҷумла майдони сохтмонӣ 5000,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва баъди анҷоми он барои таълими дуалӣ ва сифати таълим заминаи мусоид фароҳам меояд.
-Чунончи, гуфта шуд, базаи кадрии коллеҷ дар сатҳи хуб арзёбӣ мегардад ва лутфан мегуфтед, ки барои таҷрибаомӯзӣ кадрҳои коллеҷ ба хориҷи кишвар ҳам мераванд?
-Ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони коллеҷ дар муассисаҳои хориҷи кишвар;- оид ба банди мазкур омӯзгорони МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мунтазам тариқи онлайн аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муассисаҳои хориҷи кишвар мегузаранд. Дар соли ҷорӣ омӯзгорони кафедраҳои забони англисӣ, фармакология ва забони лотинӣ аз такмили ихтисоси Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Омски Федератсияи Руссия гузаштанд ва айни ҳол омӯзгорони кафедраи забони русӣ барои гузаштан аз такмили ихтисоси онлайнӣ дар донишкадаи мазкур омодагӣ мебинанд.
Бояд қайд намуд, ки ин ҳама талошҳо дар асоси Партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои миёнаи касбии равияи тиббӣ нақши муассир дорад.
–Фаъолияти илмии коллеҷ дар кадом поя қарор дорад?
-Пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки коллеҷ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 42 нафар устодони таълимгоҳ корҳои илмӣ-тадқиқотии худро идома дода истодаанд. Аз инҳо: 3 нафар доктори илми тиб, 1 нафар номзади илми филологӣ, 1 нафар номзади илми биологӣ, 10 нафар номзади илми тиб ва 28 нафар омӯзгорон ҳамчун унвонҷӯй дар мавзӯъҳои гуногун корҳои илмӣ тадқиқоти бурда истодаанд.
Дар соли равон Аҳмадзода Мансур Аҳмад дар мавзуи “Распространённость основных стоматологических заболеваний среди детей и подростков Республики Таджикистан» кори илмии худро ҳимоя кард.
Таълими тиббии муосир такмили доимӣ ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалиро тақозо менамояд. Аккредитатсияҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таълимӣ имкони мубодилаи таҷрибаи пешқадам, мутобиқ кардани усулҳои пешрафтаи таълим ва таъмини сатҳи баланди омодасозии мутахассисонро фароҳам меоваранд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва заҳматҳои кормандони коллеҷ муассиса ба сатҳи баланди эътироф ва маҳорати касбӣ ноил гардид.
Дар робита бо гуфтаҳои боло, моҳи майи соли ҷорӣ мудири кафедраи кори дандонсозии МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Аҳмадзода М.А. аз ҷониби Маркази Авруосиёии аккредитатсионӣ, таъмини сифати таҳсилот ва тандурустӣ (ECAQA) барои гузаронидани аккредитатсияи Коллеҷи олии тиббӣ-стоматологии профессор Рӯзиддинов дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон даъват карда шуданд ва бо дастовард ноил гардиданд.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ