Суҳбате доир ба ҳаёт ва фаъолияти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев

ФАСЛИ АВВАЛ:

САРГАҲ Ё АВВАЛИН ДИДОР

Тахминан 20 сол қабл, вақте ки ҳар бегоҳ бо рафиқонам футболбозӣ мекардем, аз модарам хоҳиш мекардам, ки баробари оғоз шудани силсилафилми «Дар орзуи падар» маро чеғ зананд. Ҳамин тавр, ҳар бегоҳ дар назди бинои истиқоматии мо вақти намоиши он филм касе намемонд. Ҳар кас мехост қисми нави онро бубинад. Мо ҳам барои қаҳрамони филм ғамгин мешудему ҳам ғазабамон нисбат ба падараш Нозимӣ бештар мегашт, вале дар қисматҳои охир симои Нозимӣ чунон тағйир ёфт, ки занҳо гиристанду нафрати ҷавонҳо ба шавқату муҳаббат бадал шуд.

Ва симои офарандаи нақши Нозимӣ дар зеҳни ман ҳамчун инсони комил ва ҳунарманди дӯстдошта боқӣ монд ва аз он дар ҳайрат будам, ки як нафар чӣ гуна метавонад дар як филм ба куллӣ иваз шавад.

Бо ҳамин муаммо солҳо зистам ва фаҳмидам, ки ҳунарманди асил бояд чунин бошад. Яъне, лозим шавад як соат одами «хуб» ва соати дигар одами «бад» гардад. Аз атрофиён доимо дар бораи Нозимӣ мепурсидам ва гоҳ-гоҳе доир ба нақшҳояш, ки образҳои гуногуни мусбату манфиро иҷро кардааст, нақл мекарданд. Аз нақлҳои онҳо ҳайратам то рафт зиёд мегардид, зеро маълумам шуд, ки то ба имрӯз нақше иҷро накардааст, ки ба дигаре монанд бошад.

Масалан, рӯзе падарам дар бораи ҳунарманд чунин гуфтанд:

“ – Мо Муҳаммадҷон Шодиевро ҳанӯз аз солҳои 80-ум мешиносем. Замоне ки намоиши телевизионии “Қобил кист?”-ро таҳия мекард. Ӯ бо ҳамон намоишаш чунон шуҳратёр шуда буд, ки ногуфтанӣ. “Қобил кист?” дар бораи кӯдакон ва барои кӯдакон буд. Барои мисол, агар кӯдаке ба беморхона меафтид, муаллиф ба ровии барнома бо дигар ҳамсолони ӯ ба беморхона рафта, дар бораи чӣ тавр рух додани ҳодиса намоишро таҳия мекард. Мардум, хусусан кӯдакону наврасон аз он вақт ӯро дӯст медоштанду ҳурмат мекарданд”.

Ҳамин аст бузургии як ҳунарманд…

ФАСЛИ ДУВВУМ:

АЗ ИШҚ ТО НАСИҲАТИ ПАДАР

– Устод, бачагии Шумо барои насли мо шавқовар аст. Лутфан, бигӯед, ки айёми бачагиатон чӣ гуна гузаштааст?

– Мо бо заҳмату меҳнат калон шудем. Пеш аз дарсу баъд аз дарс ва ҳатто мешуд ҳолате, ки вақти дарс ҳам меҳнат мекардем. Гову мол нигоҳ мекардем, ба саҳро юнучқадаравию пахтачинӣ мерафтем. Аз ҷониби дигар, барои худсозӣ ва ояндаи хуб сохтан бо роҳнамоии волидон камар мебастем.

– Дар ҳамон вақт ишқ буд?

– Кист, ки дар наврасиву ҷавонӣ боре ошиқ нашудааст? Албатта, ишқ буд, вале ҷуръат набуд. Дилрезаҳо буданд, вале дилкушоӣ набуд. Хоҳиш буд, вале фурсат набуд. Дӯстдорӣ буд, вале кӯшиши расидан ба он набуд.

Чун замони ҷавонии мо таваҷҷуҳи мардум ба насли мо ниҳоят зиёд буд, намегузоштанд, ки дар пушти сарашон хатое сар занад. Волидон фарзандони худро насиҳат менамуданд, эҳтиёт мекарданд ва беназорат намегузоштанд. Ману садҳо ҳамсоли ман аз сабаби беҷуръатӣ ишқамонро дар қалбамон гӯронидем, аз гапи волидон набаромадем ва нагузоштем, ки бо сабаби хатои мо сари онҳо хам шавад.

Гуфтед, ки барои худсозӣ волидон роҳнамоӣ мекарданд

– Ҳарчанд падарам маълумоти расмии олӣ надоштанд, вале китобхон буданд. Ҳар шаб мо падарро маҷбур мекардем, ки бароямон аз «Шоҳнома» порчаҳо нақл кунанд. Ман вақти нақли падарам худамро ба ҷои қаҳрамонҳои асар мемондам ва ба қавле, “нақшофарӣ” мекардам. Падарам хислати аҷиб доштанд. Дар миёни ҳар нақлашон як насиҳат, як панд, як сухани дилашонро мегуфтанд. Ҳеҷ вақт аз ёдам намеравад, ки боре гуфтанд: «Одам бояд инсоне шавад, ки баробари ворид шудан ба меҳмонхонае, ки сад нафар нишастааст, ҳадди ақал ба хотири эҳтиромаш панҷоҳ нафарашон беихтиёр аз ҷой бархезанд».

Яъне, дар ҷомеа соҳиби иззат бошад.

ФАСЛИ САВУМ:

СУХАНВАРӢ

– Шуморо дар баробари ҳунарманд ҳамчун суханвари хуб ҳам мешиносанд ва садоятонро дӯст медоранд. Бигӯед, ки ин ҳунар чӣ гуна пайдо шуд?

– Дар синфи нуҳум мехондам, ки дар ноҳияамон бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин озмуни ровиҳо барпо шуд. Аз мактаб маро равон карданд ва ман шеъри  «Ленин падари мо»-ро қироат кардам. Аз ҳамон вақт фаҳмидам, ки дар оянда новобаста ба касбам, як паҳлуи корам ин ҳунар хоҳад буд ва шукр ҳамин тавр ҳам шуд.

Ҳамчунин, замони донишҷӯӣ ду маротиба дар озмуни байналмилалии ровиён, ки дар шаҳри Маскав доир гашт, иштирок карда соҳиби диплом шудам.

Ҳоло дар фонди тиллои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ бо садои банда осори маъруфе аз қабили «Восеъ»-и Сотим Улуғзода, «Се рӯзи як баҳор»-и Саттор Турсун, «Занҳои сабзбаҳор»-и Гулрухсор, «Гулистон»-и Саъдӣ Шерозӣ, ғазалҳои Мавлавӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз ва ғайраҳо маҳфузанд. Ҳамчунин, дар тарҷума ва дубляжи беш аз 200 филм ҳам саҳм дорам.

– Аз фаъолияти суханварӣ дар дафтари хотирот ягон лаҳзаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст?

– Пас аз як моҳи кор дар театр аз вазорат гуфтанд, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав доир мешавад ва моро ба сифати баранда даъват карданд. Дар Маскав хуб гузашт. Пас аз он рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Сурия рафтем. Дар Сурия қиссаи аҷибе шуд. Чун суханҳои мо барои тамошобинон тарҷума мешуданд, он қадар лаззат надоштанд. Шаби охирин муаллима Тамара Абдушукурова гуфтанд, ки оё имкон дорем, ки баромади шаби охиринро бо забони арабӣ гузаронем? Мо матнро бо тарҷумони арабӣ, ки забони русиро медонист, сохтем ва вақте ки бе тарҷумон ба саҳна баромадем, ҳама ҳайрон шуданд. Ба ҳар ҷумла қарсак заданд, хуш пазируфтанд. Пас аз он хабарнигорон ба наздамон омада, мусоҳиба гирифтан мехостанд, вале ба ҷуз қориазёд чизе намедонистем…

ФАСЛИ ЧОРУМ:

АЗ ШАРҚШИНОСӢ БА АКТЁРӢ ВА ПАЙРАВӢ БА МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ

– Мо медонем, ки интихоби касб барои насли Шумо осону сода набуд, бигӯед, ки касбатонро чӣ гуна интихоб кардед?

– Бале, интихоби касб барои мо кори мушкил буд. Пешакӣ тайёр мешудем, мехондем, маслиҳат мегирифтем, роҳнамоҳҳоро гӯш мекардем. Қадами аввал ё сабаби аввал ин буд, ки вақти мактабхонӣ муаллимон, хусусан омӯзгори адабиётамон, барои сухандону суханвар шуданамон нақши калидӣ доштанд. Мо хондану гуфтанро аз онҳо омӯхтем. Дуюм, гуфторҳои радиоӣ гӯш мекардем, ки барои суханварӣ кумак мекарданд. Сеюм, ба киноҳои колхоз мерафтем ва баробари ҳунармандон худамонро дар филмҳо тасаввур менамудем. Фикр мекунам, ки ин омилҳо ва роҳнамоиҳои волидон буд, ки шавқу завқи банда ба соҳаи актёрӣ зиёд шуд, вале новобаста ба ин ҳама пас аз хатми мактаб ба факултаи шарқшиносӣ ҳуҷҷат супоридам, ки  бо се баҳои «4» муваффақ нашудам. Бозгашт ба деҳаро айб дониста, ба курси яксолаи коркуни комсомол шомил гардида, барои актёр шудан омодагӣ дидам. Соли оянда ба шуъбаи актёрӣ шомил шудам ва баъд фаҳмидам, ки интихоби дуруст кардаам.

– Насли имрӯз хоҳ нохоҳ ба Шумо пайравӣ мекунанд, Шумо ба киҳо пайравӣ мекардед?

– Дар давраи ҷавонии мо ҳунармандони машҳури замон Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Марям Исоева, Аслӣ Бурҳонов, Убайдулло Раҷабов ва ҳунармандони дигар буданд, ки мехостем мисли онҳо бошем. Дар мавриди шеърхониву ширингуфторӣ на танҳо банда, балки бисёриҳо мехостанд ба монанди устод Маҳмудҷон Воҳидов зебо сухан гӯянд. Аввалин вохӯриамон бо устод дар донишкада доир шуд ва он замон дар курси дуюм мехондам. Ҳамон вақт бори аввал қироат кардани шеърро аз забонашон шунидам. Хушбахтона, дар намоиши «Алломаи Адҳам», ки таҳиягар М. Воҳидов буданд, мо донишҷӯён дар нақшҳои саҳнавӣ бозӣ карда будем.

ФАСЛИ ПАНҶУМ:

АЗ КОНИБОДОМ БА ДУШАНБЕ

Шумо соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардед. Чаро махсус барои кор ба Конибодом рафтед?

– Курси моро махсус барои Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова омода карда буданд ва пас аз хатм аксарамон он ҷо рафтем. Ду сол кор кардам. Он замон давраи хуби кории банда буд. Саркоргардони театр Ориф Козимоғли аз Озорбойҷон ҳамдарси Хушназар Майбалиев – саркоргардони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд. Ӯ чанд намоише, ки дар театр монд, нақшҳои асосиро ба ман медод. Боре коргардони мо аз Хушназар Майбалиев хоҳиш кард, ки дар театрамон намоише ба саҳна гузорад. Хушназар Майбалиев  намоиши «Ин майдон, ин шайтон… »-ро гузоштанд, ки хуб қабул шуд. Пас аз намоиш пурсиданд, ки мехоҳӣ ба театри мо ба кор гузарӣ. Чун орзуи ман буд, қабул кардам ва соли 1984 ба Душанбе омадам.

– Кор дар Душанбе чӣ гуна шурӯъ шуд?

– Замоне ки мо ба театри Лоҳутӣ ба кор даромадем, барои насли мо фаъолият дар чунин театр бисёр душвор буд. Дар мавриди нақшҳои иҷрокардаам дар театр бошад, гап бисёр аст. Ҳоло ба ёд меорам, ки нақши шогирди Аҳмади Дониш аз рӯйи асари «Алломаи Адҳам»-и Сотим Улуғзода (асари мазкур солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар таҳияи Маҳмудҷон Воҳидов рӯйи саҳна баромада буд), нақши Борбад аз рӯйи асари «Ғуруби Аҷам»-и Ҷумъа Қудус (дар таҳияи Баҳодур Миралибеков), нақши Шоҳ аз рӯйи асари «Паёми Зардушт»-и Р. Беҳдин (дар таҳияи Фаррух Қосим), нақши Шоҳ аз рӯйи асари «Искандари зулқарнайн»-и  Бароти Абдураҳмон (дар таҳияи Баҳодур Миралибеков), нақши пири зардуштӣ аз рӯйи асари «Зардушт»-и Нур Табар, нақши Мавлавӣ аз рӯйи асари «Офати нафс»-и Нуриддин Ҷарронӣ (дар таҳияи Нуриддин Ҷарронӣ), нақши вазир аз рӯйи асари “Кушки гардон»-и Сорбон (дар таҳияи Қурбони Собир), нақши бародари Баҳром аз рӯйи достони «Баҳроми Чӯбина»-и Фирдавсӣ (дар таҳияи Тӯрахон Аҳмадхонов), нақши вазир Майвандӣ аз рӯйи асари «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода (дар таҳияи Султон Усмон), нақши сардори додхоҳон аз рӯйи асари «Драмаи миллат»-и  С. Аюбӣ (дар таҳияи Набӣ Ҷалолов), нақши вазир аз рӯйи асари «Шоҳ Исмоил»-и Меҳмон Бахтӣ (дар таҳияи Баҳодур Миралибеков), нақши устоди Куруш аз рӯйи асари «Куруш ва Томирис»-и Бароти Абдураҳмон (дар таҳияи Баҳодур Миралибеков), нақши Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯйи асари «Зиндагинома»-и Сайфиддиновҳо (дар таҳияи Давлати Убайдулло), нақши Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯйи асари «Аёдат»-и Ҳ. Раҳмат (дар таҳияи Давлати Убайдулло)-ро бозтоб кардаам. Инчунин, дар намоишномаҳои «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло (нақши Хизрхон дар таҳияи Хушназар Майвалиев), «Кушки гардон»-и Сорбон (нақши вазир дар таҳияи Қурбони Собир),  «Паёми Зардушт»-и Беҳдин (нақши Шоҳ дар таҳияи Фаррух Қосим) ва ғайраҳоро иҷро низ кардем, ки дар умум шумораашон аз 60 ҳам гузаштааст.

ФАСЛИ ШАШУМ:

СИНАМО ВА ТЕЛЕВИЗИОН

– Шумо дар синамо ҳам фаъол ҳастед, нақши киноро дар фаъолияти хеш чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Новобаста ба он ки умри мо дар саҳнаи театр сипарӣ шуд, вале ба он назар ҳастем, ки дар муаррифии банда синамо нақши калидӣ дорад. Нақшҳои Анор аз «Парвози занбӯр»- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз «Муҳоҷир»- и Собит Ал-Валӣ, директори мактаб аз «Маҳдӣ», Устод аз «Шамсиддини Шоҳин», Озар аз «Муҳити 44-46», Сибиқ ҷанговар аз “Доғ”, Падар аз “12 соли интизорӣ”, Нозимӣ аз силсилафилми «Дар орзуи падар» аз зумраи офаридаҳои синамоии мо ҳастанд. Бояд ёдовар шавам, ки силсилафилмҳои «Маҳдӣ», нақши рафиқи Ҷӯра аз силсилафилми “Ҷӯра – шикорчӣ аз Мин – Ар-хар”, нақши Саъдӣ аз видеофилми “Гулистон”-и Саъдӣ ва «Дар орзуи падар», ки дар онҳо нақши асосиро бозидем, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ гарм истиқбол шудаанд. Дар умум дар 26 филм нақш бозидаам.

ФАСЛИ ҲАФТУМ:

ҚАДРДОНӢ

– Аз умри рафта розиед?

– Бале.

– Доир ба эҳтирому қадрдонӣ нисбат ба шахсият ва ҳунаратон чӣ гуфта метавонед?

– Ба  андозаи муайян миёни мардум эҳтиром дораму ба қадри кофӣ қадр шудаам. Соли 2005 Ҳукумати мамлакат унвони Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро лоиқ донист. Дорандаи медали «Барои хизмати шоиста» ҳастам. Дар солҳои гуногун бо як қатор ифтихорномаҳо аз ҷониби Ҳукумат ва Вазорати фарҳанг қадрдонӣ шудам. Ҳамчунин, ба ифтихори 25-умин солгарди Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор гаштам.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь