Шиносоиям бо шоири хушбаён Раҷаб Саидӣ тавассути рӯзноманигори наҷиб Шодии Муҳаммадраҷаб имконпазир гардид. Гарчанде ин ном ба воситаи шеъре бо номи «Рӯзи маош» бароям ошно буд, аммо вақте акои Шодӣ намунаҳои шеъри шоири хушкаломро барои чоп дар ҳафтаномаи «Фараж» бо акси муаллиф фиристод, таваҷҷуҳам бештар гардид. Хоҳиш пайдо шуд, ки бо ӯ аз наздик ошно гардам. Ошно ҳам шудем. Борҳо бо ҳам сари як пиёла чой суҳбат доштем. Намунаи электронии китоби «Гулхани меҳр»-и худро бароям фиристод ва аз оғози он дарёфтам, ки мавсуф 18-уми ноябри соли ҷорӣ ба синни 69-солагӣ мерасад. Хостам суҳбате ороям бо ӯ, то фишурдааш пешкаши хонандагони азиз гардад.

– Устоди азиз, нахуст шуморо ба муносибати мавлудатон табрик мегӯям ва баъдан, як суоли бепарда мегузорам: аз умри гузаронидаи худ розӣ ҳастед?

– Ташаккури зиёд. Бале, аз умри гузаронида сарбаландам. Офаридгор бароям ҳамаи чизро арзонӣ дошт. Ҳамсари оқилаву ғамхору меҳрубонро насибам гардонид, ки дар ҳамаи лаҳзаҳои ҳаёт қадрдону қадршиносу дилсӯзам аст. Ба қадрам мерасад, эҳтиромам мекунад, дӯстам медорад. Оё болотар аз ин барои мард саодате  вуҷуд дошта метавонад? На, ҳаргиз на! Ман ҳам чун мард ба қадраш мерасам, эҳтиромаш мекунам. Ӯ чароғи равшану гармии хонадони ман аст.

Агар як лаҳза аз ту дур бошам,

Чу шамъи хираи бенур бошам.

Дар ин умри ду-се рӯза гули ман,

Агар қадрат надонам, кӯр бошам.

***

Ҷавонмардам, ҷавонмардат набошам,

Давобахше ба ҳар дардат набошам,

Гиреҳ бандад нафас андар гулӯям,

Агар дар зиндагӣ мардат набошам.

Дар давоми 45 соли умри якҷоя лаҳни хушу одоби ҳамидааш диламро тасхир кардааст. Маҳсули ишқи беғашу рӯзгори осудаи мо шаш фарзанди баркамолу 12 набераи навпарубол аст, ки ҳар кадомашонро чун ҷони гармам дӯст медорам. Аз умри гузаронида ҳазорон бор розиам.

– Аслан, фаъолияти шуморо метавон ду қисмат кард. Яъне, қариб нисферо ба рӯзноманигорӣ ва нисфи дигарро ба омӯзгорӣ бахшидаед. Чӣ пайвандеро эҳсос кардед миёни ин ду касб?

– Бале, беш аз бист сол омӯзгор будам. Ин касбро аз овони наврасӣ дӯст медоштам. Аҳди Шӯравӣ манзалату мақоми омӯзгор басо баланд буд. Тарзи либоспӯшӣ, лаҳни гуворову форами ҳар як омӯзгор аз дигарон фарқ дошт. Омӯзгори сахтгиру серталаби аҳди Шӯравӣ бо рафтору гуфтори худ дар дили ҳар як шогирд шуълаеро барои азхуд кардани қуллаҳои дониш бедор менамуд.

Баъди хатми мактаби миёна азми қавӣ намудам, ки омӯзгор мешавам. Донишгоҳро хатм намудам ва чун омӯзгори фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ фаъолиятро оғоз кардам. Меҳри касб соҳиборӯву сарбаландам намуд. Дар синни 28-солагӣ бо унвони ифтихории «Аълочии маорифи халқ» сарафроз гардидам. Вале аз овони наврасӣ гаҳе ошкору гаҳе пинҳон машқи шеър мекардам. Аввалин чакидаҳои ашъорам бо тавсияи устодони зиндаёд Мирзо Файзалӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Басир Расо ва Қутбӣ Киром нашр шуданд. Чун бо ин абармардон аз наздик ошноӣ пайдо кардаму аз мактаби эҷодиашон гузаштам, бо тавсияи устод Қутбӣ Киром ба кори рӯзноманигорӣ пардохтам.

Пайванди миёни ин ду касб басо қавист. Ҳар як омӯзгори асил эҷодкор аст ва ҳар рӯзноманигори ба касбаш содиқу арзанда омӯзгор.

– Мегӯянд, ки рӯзноманигорон инҷиқ мешаванд, ба ҳар ҷузъиёти майда-чӯйда эрод мегиранд ва қонеъ гардидан хоси табиаташон нест. Дар ин маврид чӣ гуфта метавонед?

– Ба андеша банда, инҷиқиву эродгирӣ кори рӯзноманигори солим нест. Рӯзноманигор бояд инъикосгари воқеии ҳаёти ҷомеаи инсонӣ, ҳақталош барои рӯйи об омадани ҳамагуна ҳақиқатҳо, нотарсу шуҷоъ бошад ва ҳақиқатро талқину амалӣ созад. Дар ин маврид шеъре эҷод кардаам, ки симои рӯзноманигорро равшан месозад:

Эй чашму дили бедор,

Эй марди ба нангу ор.

Ихлос ҳама бар ту,

Рӯзноманигор.

Ҳампои ҷаҳонӣ ту,

Виҷдони замонӣ ту.

Эй дар ҳама ҷо даркор,

Рӯзноманигор.

Маҳбуб ба дилҳоӣ,

Бар дидаву дил ҷоӣ.

Аз баҳри ҳама ғамхор,

Рӯзноманигор.

То ранҷи ту орад бор,

Омода ба ҳар як кор.

Касбат зи ҳама душвор,

Рӯзноманигор.

Эй чеҳраи нотакрор,

Бар ҷомеа ту даркор.

Бар аҳли қалам ғамхор,

Рӯзноманигор.

– Худ мегӯед, ки «соддаву дилкаш нависам чун ҳиҷои модарам» ва воқеан навиштаҳоятон соддаву оммафаҳманд. Оё зарур нест, ки хонандаро ба мураккаб хондан, андешидан ва дарк кардан одат кунонем?

– Барои ҳар як тифл ва ё наврас ҳиҷои соддафаҳм – ин ҳиҷои модар аст. Миёни мардуми шарифи кишварамон лаҳҷаҳои зиёде мавҷуданд. Дарки дурусти маънӣ бошад, на ба ҳар наврасу толибилм муяссар мегардад. Агар ба эҷодиёти шоирони шинохтаи адабиёти муосирамон М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, Лоиқ, Бозор, Каримзода, Миршакар, Қутбӣ назар андозед, мебинед, ки чӣ гуна соддаву оммафаҳм эҷод намудаанд. Ин завқи хонандаро нисбат ба шеърҳои маъмулии душворфаҳми имрӯз бо номи «шеъри сафед» баландтар месозад.

Мутаассифона, сарфи назар аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати китобу китобхонӣ ва гузаронидани озмунҳои бошукуҳе дар ин самт, қисмати зиёди шогирдони мо аз китобхонӣ дур мондаанд. Дар чунин ҳол магар онҳоро ба мураккаб хондану дарк кардан роҳнамоӣ намудан дуруст аст?

Модари соҳибимонам зинда бошад, дар барам,

Мурғи илҳом пар кушояд, соҳиби болу парам.

Меҳри гарми модарамро то ба гардунҳо барам,

Соддаву дилкаш нависам чун ҳиҷои модарам.

– Зиёд китобҳоятон ба модар бахшида шудаанд, аз ҷумла «Ҷонам фидои модарам», «Очаҷон», «Дуои модар». Аз назари шумо, модар кист?

– Ним аср бо модар будам. Дуои ҳаррӯзааш ҷавшани ҷонам буд. Чун ҷони гармам дӯсташ медоштам. Модар роҳкушову роҳнамоям буд. Бе ӯ лаҳзае худро тасаввур карда наметавонистам.

Мебароям ҳар саҳар ман бо дуои модарам,

Фориғи кор хона оям, мубталои модарам.

Як қадам берун нагардам аз ризои модарам,

Нурборон хонаам, ҷонам фидои модарам.

Китоби «Ҷонам фидои модарам» ҳангоми дар қайди ҳаёт будани модарҷонам нашр шуд. Бо номи ман ифтихор дошт. Ман низ аз вуҷуди ӯ сарбаланду бобарор будам. Чун азизу қадрдонамро аз даст додам, ҷигарам пора шуд. То ҳанӯз дар фироқаш дилгирёнам.

Ҷудоӣ сахту мушкил будааст, он лаҳза донистам,

Дилам чун лахча месӯзад, агарчи ҳар қадар гирям.

Саҳар аз хоб бархезам, набинам ман дигарбораш,

Ба ёди гашту гардаш гирди девору дарам гирям.

Дуогӯ буд падар, чун саҳар аз хона мерафтам,

Куҷо шуд болу парвозам? Ба он болу парам гирям.

Азодорону хешонам бирафтанд хонаҳои худ,

Мани танҳои бемодар ба ин рӯзи сарам гирям.

Чун сӯзу фироқ поён надошт, китобҳои дигар дар ёди модар баъди фавташон нашр шуданд.

Барои ҳар фарзанд роҳнамову роҳкушо, боли мустаҳками парвоз дуои модар аст.

– Падар кист? Фалсафаи пайванди падару модару фарзандону наберагону аберагонро дар чӣ мебинед?

– Шумо хуб медонед, ки рукни асосии ҷомеаи солим оилаи солим аст. Дар солимии оила бошад, саҳми падар чун саҳми модар бағоят бузург аст. Падари хирадманд барои фарзанд ба ҷуз илму донишу ҳунар одоби ҳамидаро низ дода метавонад. Барои солимиву сарсабзии оила заҳмати падар калон аст. Падар пуштибон ва муттакои оила аст. Агар оиларо ба дарахти сершоху баргу сарсабзе қиёс намоем, падар вазифаи решаи онро ба уҳда дорад. Сарсабзии ҳар як навдаву шохаи он, ки фарзандону наберагону аберагонанд, ба мустаҳкамии реша вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, сар аз реша то танаву навдаву шохаҳои дарахт пайванди якдигаранд. Пайванди падару модару фарзандону наберагону аберагон бо чунин тарзе, ки гуфтем, дар рушду камолот аст.

– Фосилаи миёни кӯдакӣ, навҷавонӣ, ҷавонӣ ва «мардаки калон» шуданро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Инсон дар ин фосилаҳо то куҷо метавонад тағйир ёбад?

– Бисёр бамаврид зикр намудед. Чуноне фармудаанд:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Пас аз саргардоншавӣ, яъне баъди тифлӣ ин ҷода чунон ҷараён мегирад, ки чӣ тавр гузаштанашро дарк намесозӣ. Айёми наврасиву навҷавониву ҷавонӣ бо омӯзиши илму ҳунар ва ё мароқ ба касбе паси сар мегардад. Яке босаводу дигаре бесавод, яке хушзеҳну яке кундзеҳн, яке болаёқату дигаре белаёқат ва билохира, яке бобарору дигаре бебарор. Бо гузашти вақт ибораи «мардаки калон»-ро хоҳу нохоҳ соҳиб мегардӣ. Тағйирёбии шахс бошад, ба барору нобарорӣ, пешравию ноумедиҳо дар ҳаёти инсон сахт марбут аст.

– Қисми зиёди шоирон дар ҷавонӣ рӯ ба мавзуҳои иҷтимоӣ меоранд, дар синну соли болотар ба мавзуҳои сиёсӣ низ даст мезананд. Марҳилаҳои эҷодии шумо ба кадом тартиб паси сар шуданд?

– Ҷавонӣ давраи зебоиву хотирмони ҳаёти инсон аст. Ишқ покиву озодагист. Баъди нашри китоби аввалин бо номи «Савганди вафо» ба шеърҳои лирикӣ рӯ овардам:

Аз он лабҳои хандон бӯса хоҳам,

Аз он зулфи парешон бӯса хоҳам.

Аз он мӯю аз он рӯю аз он лаб,

Яку даҳ не, ҳазорон бӯса хоҳам.

***

Пешобағали дамидаат чун бора,

Оғӯши кушодаат маро мефора.

Ду қоши сиёҳат қаламиву қаламӣ,

Ай қошқаламӣ, ҷигарма кардӣ пора.

То ба имрӯз ба мавзуҳои сиёсӣ даст назадаам. Мавзуи асосии ман ҳаҷв аст. Ҳаҷв оромам намегузорад. Барои рушд ва пешравии ҷомеа, танқиди нишонраси нотавонбинону ношустарӯён бо ҳаҷви хонданбоб саҳми худро дорам.

Бузургмарде фармуда: «Миллате, ки ба ҳоли худ намехандад, пешрав шуда наметавонад». Ҳадафи асосӣ нишон додани нуқсонҳои ҷомеа аст:

На хонаву дар дораму на зан дорам,

Як марди иҷорашини ҷон безорам.

Моҳонаи ман намебарад як ҳафта,

Аз мушу пишак қарзи ду дунё дорам.

***

Як бор хӯрок мехӯрам дар ҳафта,

Ман хуфтаву зан хуфта, намад норуфта.

Не нағз маро хӯроку не тоза либос,

Сад вою дареғи умри дар ғам рафта.

***

Кисаҳо холӣ, вале дилпур ҳамемонам қадам,

Нимрӯзӣ ду чагалдак мехӯрам бо сад алам.

Ганда мефахрам, ки як тан ҳастам аз аҳли қалам,

Ман мушовири муовини мудири шуъбаам.

– Дар бораи занҳо назмҳои шакаромезу тезгуна доред. Аз ғазаби занҳо наметарсед?

– Аз занҳо тарсидан оини ҷавонмардӣ нест. Ман занҳоро дӯст медорам. Бо тақозои касбу маҳфилҳову шабнишиниҳо аз миёни занҳо дӯстони зиёд дорам. Нигоҳу андешаҳои онҳоро дарк мекунам. Ҳадафашонро мефаҳмам. Баъзан ба онҳо хайрхоҳиву меҳрубонӣ мекунам. Зан бузургтарин эъҷози Худованд аст, ӯро танҳо дӯст доштан даркор.

Миёни занҳо низ баъзан бонувоне ёфт мешаванд, ки ба номи поку муътабари зан – модар иснод меоранд ва мавриди ҳаҷву танқид қарор мегиранд.

Занак, занаке, ҳо занаки зардина,

Кам-кам занакӣ, аксари сол мардина.

Моҳонаи аҳли хонадон дар дастат,

Ин мардаки лабкашол зи тақдир бина.

***

Хоҳӣ, ки ҳамеша чун ғуломат бошам,

Дар банди фиребу макру домат бошам.

Бе амри ту аз ҳавлӣ берун наравам,

Косашӯяки баъди таомат бошам.

***

Чор хонара ҷорӯб занаму ҳавлира об,

Шӯям ҳама ношустаи шабро баҳисоб.

Ширчой пазам, кулчаи ширмол орам,

Зардинаи ман соати даҳ хеза зи хоб.

– Мегӯянд, ки эҷоди зиёд нигорандаро «аз худ бехуд» мекунад. Ягон бор аз худ бехуд шудаед?

– То ба имрӯз беш аз даҳ китоби назмиву насрӣ нашр намудаам, вале бехудиеро ҳис накардам. Шукри Офаридгор, сарбаланду тансиҳат фаъолият дорам. Фазои осудаву ороми кишвар, пешравиҳои назаррасу хотирмони миллати арҷмандро дида, ба ваҷд меоям.

Дар дили шаб мисраи нобе агар иншо кунам,

Субҳгоҳон хоҳиши дидорҳо дорад дилам.

Ман барои миллати заҳматқаринам шоирам,

Дар сифоташ қиссаву гуфторҳо дорад дилам.

– Агар боз 69 соли дигар умр насибатон бошад, онро чӣ тавр гузаронидан мехоҳед?

– Чун вассофи ин диёри биҳиштосо саҳми муносиб мегузорам.

Луқмаи нони ҳалолам,

Чашмаи оби зулолам,

Бешикасту безаволам,

Тоҷикистон.

Болу парвози баландам,

Кишвари оламписандам,

Бо ту умре бегазандам,

Тоҷикистон.

Дар шаҳомат беназирам,

Дар тароват дилпазирам,

Як нафас бе ту нагирам,

Тоҷикистон.

Мусоҳиб: Фазлиддин АСОЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here