Мусоҳибаи адабиётшинос Саидумрон Саидов бо Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурабек Набиев бо баҳонаи зодрӯзи ин сарояндаи мумтоз.

 – Устоди азиз, Шумо инсони хушбахтед, ки мероси бебаҳои ниёгонро ба имрӯзиёну фардоиён мерасонед. Ва ин бахти бузург ба ҳама даст намедиҳад. Вале ин ҷо мехостам бипурсам, ки чи тур шуд, ки Шумо ба ин олами рангини ҳунар ворид шудед: донанда, хонанда, сароянда ва устоди суруди мусиқии суннатии миллат гаштед?

– Нахуст инро ман аз инояти Худованди муттаол медонам. Дар дунё ҳеҷ амале бе [ҳикмат нест. Яъне, агар Худованд худаш намехост ва ишқу дарди мусиқиву сурудро ба дилам намеандохт, шояд чизи дигаре мусоидат намекард.

Бе амри он султони ҳақ,

Барге наяфтад аз дарахт.

Ҳаминро медонам, ки ҳанӯз дар овони бачагиям, садои мусиқӣ ва овози хуши ҳофизон маро мафтуну мот мекард. Лекин дар хаёл надоштам, ки ман ҳунарманд мешавам ва ё фалонӣ. Танҳо садои мусиқӣ ва ҳофизиро дӯст медоштаму бас. Шояд нияти неки падари бузургворамро Парвардигор мустаҷоб карда бошад. Ин қисса ин тавр аст: (Аз забони модари азизам шунидаам). Баъд аз таваллудам номи маро Абдуҳалим мегузоранд. Баъди як моҳ падарам ба шаҳри Тошканд мераванду дар як издиҳом сарояндагии ҳофизони бузурги марғилонӣ Ҷӯрахон Султонов ва Маъмурҷон Узоқовро тамошо карда бармегарданд. Ва аз ҳамон рӯз номи маро ба Ҷӯрахон Султонов (ин кас ҳам устод ва ҳамнафаси Маъмурҷон Узоқов) пайравӣ карда, номи писари ман Ҷӯрахон мегуфтанд. Ба қавли модарам, ман хеле барвақт ду-дунимсола аз падар ҷудо гаштам. Падарам Маъмурбеков Абдунабӣ ба ҷанги хонумонсӯзи ватанӣ рафта барнагаштанд. Дар баъзе ӯҳбатҳо, ки бо раисбобо Самадов доштам, он кас мегуфтанд, ки “Падарат низ овози хуш доштанд, дар гапхонаву гаштакҳо сурудхонӣ мекарданд”. ҳанӯз дар наврасиам модари меҳрубонам ҳангомаи чокдӯзӣ сурудҳои халқиро монанди “Алла” бо овози пасту маҳзун мехонданд. Борҳо гиряам меомаду боз хондани ин сурудҳоро аз модар илтиҷо мекардам. Нашунидаам, ки аз авлодони мо ягон ҳофизе ё ҳунарманде баромада бошад. Ёд дорам, хурд будаму модарам вақте бозор мерафт, илтимос мекардам, ки ба ман асбоби мусиқии доира биёрад. Модарам доирача меовард. Ман, ки бачаи шармгин будам, ба хонаи алоҳида даромада менавохтаму кам-кам суруд мехондам. Дар мактаби деҳаамон маҳфили навозандаву сарояндаҳо амал мекарду ман аз берун рафта тамошо мекардам. Вақте ки ба синфи панҷум гузаштам, як рӯз роҳбари маҳфил шодравон Отабобо Бобоев, ки танбӯрнавоз ва ғиҷакнавози маъруф буданд, маро ки ҳар рӯз назди тиреза омада менишастам, даъват карданд ва ман ҳамчун доиранавоз ба маҳфил аъзо гардидам. Вале дилам мехост, ки суруд хонам, ҳамоно шарм намемонд гӯям, ки ман суруд хонда метавонам. Бо гузашти вақт ба маҳфили мо як ҷавони хушсадо Азизмурод (ҷояш ҷаннат шавад, ҷавон рафт) ҳамроҳ шуд ва дар консертҳои мактабу хоҷагӣ баромад мекард. Аз баромади ӯ, садову овози ӯ ман ба шавқ меомадам ва тасмим гирифтам, ки суруд хонам ва то хатми мактаб мо бо Азизмурод ҳамовоз суруд мехондем. Баъди хатми мактаб ман ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дохил гардидаму мутаассифона, дӯстам дохил шуда натавонист.

– Устод, Шумо дилдодаи санъат будед ва роҳи ҳунарро интихоб кардед. Барои чӣ ба Донишгоҳи санъат неву ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шудед?

-Он давраҳо, рости гап, мардум ба санъаткор бо назари паст нигоҳ мекарданд. Дар тафаккури аксари мардум андешаи хурофотии “Мусиқӣ ҳалол нест” сахт ҷой гирифта буд. Ҳамчунин баъзе аз санъаткорон дар тӯю маъракаҳо корҳои паст мекарданд, ки он аз назари мардум дур намемонд. Бовар кунед, солҳои 60-ум ба санъаткор одамони дуруст духтар намедоданд. ҳамин тафаккур, назари мардум ба назару андешаи модарам ҳам бетаъсир намонд. Модарам гуфт, ки донишкадаи омӯзгориро хатм мекунӣ, он тараф ихтиёрат. Шукри Худо, баъдтар ҳунармандони асил рӯи кор омаданду назари мардум ҳам ба ҳунарманду ҳофиз дигар шуд. Маҳз бо ҳамин сабаб ман на ба Донишгоҳи санъат, балки ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шудам.

-Дар ҷодаи ҳунар устод нақши калон мебозад. Киро устоди хеш медонед?

– Чӣ хеле ки дар боло зикр кардам, дар оғоз ман ба гурӯҳи ҳаваскорони санъати мактаб дохил шудам. Дар ҳамон ҷо устоди аввалин – Отабой Бобоевро дарёфтам. Он кас хеле машшоқи моҳир – ғижжакнавоз, танбӯрнавоз ва ҳам овозхон буданд. Бо ҳаваскорон меҳрубонона рафтор мекарданд. Худашон, ки шӯхтабиат буданд, бо суханҳои шӯху ҳазломез дили талабагонро ба ҳунар гарм карда, машқ мегузарониданд. То синфи даҳум чанд сурудҳоро аз худ кардам. Чун муаллими ҳаваскорон ҳамон сол дигар устод Забиулло Боқиев омада буданд. Ин кас фақат ғижжакнавозбуданд, вале тавассути рубоб оҳанги “Тановор”-ро ба мо омӯзониданд.. Баъди дохил шуданам ба Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд ба идрори аввалинам рубоб харидам ва пай дар пай суруду мусиқиро машқ мекардам. Сурудҳои устодони бузург – сарояндагони Осиёи Марказӣ ба мисли Ҷӯрахон Султонов, Маъмурҷон Узоқов, Комилҷон Отаниёзов, Орифхон Ҳотамов, Нерё Аминов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигар устодони бузурги санъати сарояндагиро пайваста гӯш мекардаму меомӯхтам. Барои ҳамин ҳам онҳоро ғоибона бошад ҳам Устоди хеш мехонам. Баъзеи онҳо маро ҳамчун шогирд қабул кардаанд. Вале Барно Исҳоқова нодираи даврон ҳастанду ба қавле агар падари гетӣ ҳар қадар хоҳад, вале модари фалак наметавонад чун Барно Исҳоқова хонандаи хушсадои шашмақомро ба дунё биёрад. Аллоҳ таоллоҳ худ овози хушу истеъдоди хуб дода бошаду бар ҳунар меҳру муҳаббати бепоён набошад ва меҳнат накунед, мурод ҳосил намешавад.

-Устод, киро сарояндаи хуби “Шашмақомметавон донист?

-Ин ҷо бояд зикр кард, ки ҳамаи навъи овоз ба хондани “Шашмақом” рост намеояд. Овози фораму нозук ва хоса бояд бошад. Ва аз ҳама асосиаш дарди илоҳӣ бояд дошта бошад. Дарди “Шашмақом” чизи дигар аст, ки онро наметавон бо сухан ифода кард. Ҳофиз бояд садои хубро бо оҳанг ба ҳам орад. Матни баланд ва саҳеҳ[ хондани он низ муҳим аст. Ман қаблан дар мавриди тавассути матну оҳанг андешаи дигар доштам. Имрӯз бо итминони комил мегӯям, ки дар «Шашмақом» мусиқӣ, оҳанг муқаддам аз матн меистад. Бузургони мо гуфтаанд, ки санъати нафиса ғизои рӯҳиву маънавист. Бовар кунед, мусиқӣ забони худро дорад, оҳанг низ ҳарф мезанад, онро бо гӯши ҷон шунидан зарур , вале ба матн ҳам эътибори ҷиддӣ додан даркор аст. Осори классикони мо аз тараннуми ишқи илоҳӣ, ҳикматҳои зиндагӣ, панду андарз ва маъниҳои баланд иборат аст. Ҳофиз бояд онҳоро дарк кунад, дарди мусиқӣ ва дарди шеър ба ҳам меояд, сурудаи сароянда ҷаззоб, дилкаш ба шунаванда мерасад. Боиси таассуф аст, ки имрӯз шунавандаи асил кам андар каманд. Пештар солҳои 60- 70-ум шунавандагони асил зиёд буданд, онҳо ҳм ба матн имтиёз медоданд, ҳам ба овози сароянда. Вале имрӯз гоҳо дар тӯю маъракаҳо мушоҳида мекунам, ки баъзе аз зиёиёни мо ҳамон шоиру нависандагон, олимон умуман ба санъати хониш ва маънии он эътибор намедиҳанд. Дар гузашта бошад, ман бо чашмам дар маъракаҳо ҳини шунидани суруд гиря кардани мардони соҳибназарро дидаам. Яъне, пештар суруд барои гӯш кардан буд, имрӯз ҳофиз як ҷузъи шартии тӯй гардидааст, монанди ғизо, ё дигар колои зарурии тӯю маърака.

– Баъзе аз муҳаққиқон мегӯянд,ки дар гузашта сурудҳои «Шашмақом»ро на зиёда аз 3 нафар мехонданд. Дар даврони Шӯравӣ «Шашмақом» бахор“-и русӣ монанд шуд, ки ин саҳеҳ[ нест. Фикри Шумо дар ин бора…

-Вақте ки 25 сол муқаддам сурудҳои ансамбли “Дурдона”-ро сабт кардем ва мусиқишиноси фаронсавӣ Джон Дюринг хоҳиш кард, ки дар хориҷа ҳунари худро намоиш диҳем, он ҷо ин олим тақозо намуд, ки хонишҳои гурӯҳӣ сарфи назар карда шаванд. Дар воқеъ, «Шашмақом»-ро бояд як нафар хонад. Албатта, вақте ки гурӯҳ иҷро мекунад, хониш осонтар меафтад. Вале ҳунар дар танҳо хондан аст. Гурӯҳхонӣ шояд аз он ҷиҳат маъмул шуд, ки онҳое, ки соҳиби овози баланду хуш бошанд, кам ҳастанд ва барои пур кардани якдигар ин анъана шуд.

– Устод, эҷодиёти Шумо аз матнҳои баланди осори классикон иборат аст. Шумо матнро аз рӯи кадом меъёр интихоб мекунед?

– Осори классикон дарёи беканор аст. Ман бисёр шеър мехонам. Агар дилам ба танг ояд, ғамгин шавам ё девони Ҳофиз ё девони Камол ё девони Ҷомиро мехонам. Бузургони мо аҷоиб, дар ҳар мавзӯъ шеър доранд: маъниҳои латифу борик, лафзи ширини осори классикон барои инсони бофаҳм шифо аст. Ман ба дараҷаи дониши худ фаҳми худ ва дарди худ матнро интихоб мекунам. Агар ҳофиз маънии матнро дарк кунад ва он дархури дарди худаш бошад, албатта, ба дили шунаванда таъсир мекунад.

– Аз барандагони мероси ниёгон, наврасону ҷавонони имрӯзи мақомсаро умеде ҳаст?

– Чаро нест? Ба наврасону кӯдакони навозандаву сароянда менигараму завқам меояд. Инҳо ҳамонҳоянд,ки Худованд ба дилашон дарди «Шашмақом», муҳаббати санъати асилро ҷой кардааст. Он наврасони 8-12-соларо кӣ маҷбур кардааст? Онҳо барои пул намехонанд. Онҳоро ҳамон дарди азалb водор кардааст, ки дар ин ҷода қадам зананд.

Ман ба Абдувалӣ Абдурашидов, Султоналӣ Худойбердиев, Абдураҳим Шерматов барин омӯзгорони фидоӣ, ки наврасону ҷавононро тарбият мекунанд, миннатдорӣ баён мекунам.

Наврасону ҷавонони мақомсароро бинам аз таҳти дил хурсанд мешавам ва ба Парвардигор шукрҳо мегӯям, ки ба дили кӯчаки онҳо меҳру муҳаббати санъати ниёгонамонро андохтааст. Лекин онҳоро оҳиста-оҳиста ба қудрати ҳолашон ва истеъдодашон тайёр кардан лозим. Охир ба болои бом якбора намебароед, зина ба зина қадам ниҳодан даркор аст.. Асари мукаммал чун сурудҳои «Шашмақом» миёни ҷавононро шикастанаш мумкин ва онҳо коре, ки аз дасташон наомад, тез дилхунукӣ зоҳир мекунанд. Бе заҳматзар ба даст намеояд.

– Бештарини санъатшиносон, мухлисон бар онанд, ки суруди “Туӣ модарбеҳтарин суруда дар ҳаққи сарчашмаи зиндагонӣ – модар аст. Ин суруд чӣ гуна эҷод шудааст?

-Соли 1989 бо ташаббуси ҳукумати он замон ва бародарони азизам Муҳаммадҷон Ҳомидов ва Абдурауф Дадоев 25-солагии шаби эҷодиёти ман дар театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд. Қаблан омодагӣгирифтам ва ният кардам, як суруди тозае дар ҳаққи модар суруда бошам. Аз ашъори Лоиқ Шералӣ ҳамон ғазалро интихоб кардам ва ҳини қироати оҳанг худ ба худ эҷод шуд. Одатан оҳангҳои дигар таҷдид мешаванд, тағйир меёбанд, вале оҳанги суруди мазкур ҳамон тавре монд, ки бори аввал эҷод шуд. Модари бузургворам дар ҳаёт буданд. Ёдам ҳаст, ки модарам ба саҳна баромаду ман ин сурудро мехондам, бештарини дар толор нишастагон ашк мерехтанд.

-Мегӯянд, ки ду нафар аз Осиёи Марказӣ соҳиби диски тиллоӣ шуданд. Он чи гуна таърих дорад?

-Дар замони шӯравӣ ширкати “Мелодия” аз ширкатҳои бонуфузи сабту танзим ва пахши садову мусиқӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Миқдори фурӯши диски ҳофизе, ки аз як миллион мегузашт, ӯ соҳиби диски тилло мегардид. Ҳамчунин тарзи иҷрои асар, мазмуну мӯҳтавои он ба инобат гирифта мешуд. Аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ ҳофизи хушовоз Ғуломҷон Ёқубов соҳиби ин диск гардида буд. Моҳи ноябри соли 1990 ба ман хабар доданд, ки банда низ со[иби диски тиллоӣ гардидаам. Ва ҷонишини директори ширкати “Мелодия” ба Тоҷикистон омада, онро ба ман супурд. Диск, воқеан, аз тиллост.

– Муносибати мусиқӣ ва шеър аз назари Шумо?

– Ғазалсароиро (яъне ғазалгӯӣ ё шеъргӯӣ) ман волотарин атои Худо мешуморам. Ғазал илоҳист ва мусиқӣ низ илоҳист. Агар Худо надиҳад, кас ягон мусиқии дилангезро офарида наметавонад. Суруд офаридан ва ё эҷод кардан якумра орзуи ман аст. Баъзеи ғазалҳоро, вақте ки хондан сар мекунед, аз мисраи аввал оҳанги хуб пайдо мешавад, яъне шеърҳо оҳанги худро мегӯянд, бар баъзеи ғазалҳо аксар оҳанги мувофиқ ёфта наметавонам ва солҳо ин шеърҳоро бо худ гирифта мегардам. Вақте ки Худо имдод медиҳад, вай кадом ҳолат набошад, хоҳ дар роҳ, хоҳ дар вақти кор, хоҳ дар нимаи шаб, ҳатто аз хоб бархоста, рубобро ба даст мегирам ва онро ду-се бор навохта, сабт карда мемонам. Баъдтар дар болои он кор мекунам. Ин ҳолатҳо дар ҳаёти ман бисёр шудааст. Гуфтам, ки шеър ва мусиқӣ илоҳианд, албатта, ҳарду аз дарду ғам пайдо мешаванд. Агар шеъри баланд бо мусиқии баланд ё ин ки баръакс мувофиқ оянду сарояндаи худро ёбанд, ин нуран ало нур мешавад.

– Чаро маҳз мусиқии классикӣ таваҷҷӯҳи Шуморо ба худ кашид?

– Ба ин саволи Шумо мумкин ҷавоби аниқ гуфта натавонам. Чуноне ки мегӯянд: “Албатта, ба амри дил аст”. Агар дигар хел баён кунам, муҳити зист ва атрофиён таъсири худро ба ҳар гуна ҷабҳа нагузошта намемонад. Аз баччагиям ман дар иҳотаи ана ҳамин хел мусиқӣ ва сурудҳо будам.

– Назари Шумо ба эстрадаи муосири тоҷик?

-Ҳама чиз ки аз асос дур шуд, яъне аз асли худ берун шуд, он дер нахоҳад зист. Бар мисоли барги дарахт гуем, агар дарахт-ро решааш бурида ва ё аз ҷиҳати ғизо ва ё об дур афтода бошад, вай дер зиста наметавонад. Рости гапро гӯям, ман ҳофизони эстрадаи ҳозираро гӯш намекунам ва наметавонам ҳам. Чунки онҳо аз асл дуранд ва бисёриашон қобилият, истеъдод ва овози хуш надоранд. Ман ба сарояндагии онҳо зид нестам, балки аз он розӣ нестам, ки онҳо зеҳни мардумро, маърифат ва маънавияти мардумро ба пастӣ мекашанд. Мутаассифона, бештари мардум махсусан ҷавонон ба фарқияти ҳофиз, овоз, мусиқӣ намерасанд, ба шеър аҳамият намедиҳанд. Суруди шӯхи рақсбоб бошад, шуд. Борҳо ба ҳамнишинҳоям ин гапро такрор мекунам. Пеш сурудро барои сар мехонданд, ҳоло бошад барои по. Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Акнун барои сарояндагони ҷавон як гап гӯям. Эстрада аз солҳои 70-уми асри гузашта ба мулки мо ҳам оҳиста қадам гузошт. Агар донед, сурудҳои Аҳмади Зоҳир, Гугуш, Муқаддас Набиева ба дилҳои ҳамаи шунаванда шӯр андохт. Руҳонияти мардумро болида сохт. Онҳо, ҳатто, ба тамоми халқияти Шарқ машҳур шуданд. Ҳоло ҳам бисёриҳо онҳоро фаромӯш намекунанд ва ҳоло ҳамгӯш мекунанд. Аз ҷумла, ман ҳам онҳоро бо ҷону дил гӯш мекунам. Чаро, онҳо ба ин маҳбубият соҳиб шуданд. Як фикр кунед. Барои он ки онҳо аз асл дур наафтоданд. Асоси суруду мусиқиашонро мусиқии суннатӣ ташкил мекард.

– Мехостам мушаххас ва муҷаз аз хидматҳои Устод Барно Исҳоқова баён мекардед.

– Ман аз ҷавониам то ҳозир тамоми ҳофизони Осиёи Марказиро, ки бо сурудҳои классикӣ, алалхусус Шашмақом сару кор доштанд, хуб гӯш кардаам. Ҳамаашон хеле ҳофизони хуб буданд, вале овози Барно ва сарояндагии баланди Барноро дигар нашунидаам. Бемуболиға, нотакрор аст ва хусусан овоз ва имкониятҳои баланди овоистифодабарии ӯро ҳеч кас такрор карда наметавонад. Ин хел овози хушу форам дар садсолаву дусадсолаҳо мумкин пайдо нашавад. Ман дар яке аз сӯҳбатҳои радиоӣ ки барнома барои Барно Исҳоқова бахшида шуда буд (баъди вафоти он кас) инро гуфтам ва ҳоло ҳам такрор мекунам ва ин танҳо андешаи ман аст: Барно барои хондани Шашмақом тавлид ёфта ва Шашмақом фақат барои хондани Барно Исҳоқова офарида шудаасту халос.

– Назари Шумо ба мақоми Боймуҳаммад Ниёзов дар рушди санъати тоҷик чи гуна аст?

– Ман устод Боймуҳаммад Ниёзовро кайҳо “инқилобчӣ” номидаам. Медонед, барои чӣ? Солҳое, ки дар донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекардам, гоҳ-гоҳ ба тамошои консерти санъаткорони театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мерафтем. Маҳз, устод Боймуҳаммад Ниёзов сарояндаи сурудҳои тоҷикӣ дар сабки нав буданд. Ҳофизони тоҷик хеле кам буданд. Тақрибан аз соли 1960 устод ба эҷоди суруд[ҳи худ оғоз карданд ва якбора се суруд тавлид ёфт. Инҳо “То кай” (Камоли Хуҷандӣ), “Баски таманнои ту” (Махфӣ) ва суруди узбекӣ “Кокилинг” (Каримӣ) буданд. Мардум ба ин сурудҳо завқу шавқ пайдо карданд ва ман бо гӯши худ шунидам, ки мардум “Имшаб Боймуҳаммад баромад мекардааст”-гӯён барномаҳои радиову телевизионро интизорӣ мекашиданд. Оҳиста – оҳиста эҷодиёти устод хеле ривоҷу равнақ ёфтан гирифт ва сурудҳои нав ба нав пайдо шудан гирифтанд. Он вақт устод дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ ва кор мекарданд. Ман бо он кас ба консертҳои сафарӣ ҳам рафта будам. Баъдтар устод намедонам бо кадом сабабҳо ба ансамбли Шашмақоми радио ва телевизиони Тоҷикистон ба кор рафтанд ва то ба нафақа баромадан дар он ҷо кор карданд. Дар Хуҷанд ҳам ҳамчун омӯзгори Шашмақом дар факултаи санъати ДДХ дар ансамбли «Дурдона» ва «Нури Хуҷанд» шогирдонро аз сирри сарояндагии Шашмақом омӯхтанд. Устод ҳам навозандаи хуб, ҳам хонандаи хуб ва ҳам донандаи хуби Шашмақом ва бисёр суруду мусиқии классикӣ буданд.

– Мафҳумиустодвашогирдаз назари Шумо.

– Шахсе фарзанди худро ба назди устоди ин ё он ҳунар меовардаасту мегуфтааст: “Ҳамин фарзанди маро тарбият ва ҳунар омӯзед, гӯшташ аз они Шумову устухонаш аз они ман”. Шогирд дар хонаи устод ҳамаи хизматҳоро фарзандвор иҷро мекардаасту ҳам илму ҳунар меомӯхтааст. Рӯзе, ки шогирд ба камоли ҳунар расид, устод бо дилпурӣ фотиҳаи кушоиши корро медодааст. Аз ҳамон ваҷт эътиборан шогирд мустақилона ба кори [ҳунари худ шурӯъ мекардааст. Дар ҷодаи санъат ҳам устод ва шогирд мафҳуми муқаддас аст. Рӯзе ба назди Содирхони Ҳофиз сарояндаи ҷавоне, аз Марғилон Ҷӯрахон Султонов омада илтимос кардаанд, ки ба шогирдӣ қабул кунанд. Баъди чанд муддат як моҳ ё якуним моҳ гузаштан аз устод Содирхон пурсидаанд, ки “Устод, ба ман суруд ёд медиҳед?” Устод гуфтаанд, ки “Суруд ёд диҳам, ё дуо кунам?” “Дуо кунед, устод” – гуфтаанд Ҷӯрахон . Ҳамин тавр, агар Худодод бошад, дида-дида омӯхтан мегирад.

– Аз даврони донишҷӯӣ чӣ хотираҳои неке доред?

– Давраи донишҷӯӣ беҳтарин умри инсон аст, ки бо сахтиҳо илм омӯхтан, расоиву норасоӣ ва ғайра пасту баландиҳои худ нигоҳ накарда, бо лаззати ҷавониву лаҳзаҳои гуворо омӯхта шуда, дар хотири инсон як умр нақш мебандад. Ман ҳам низ хеле хотираҳои нек дорам. Барои ман аз ҳама азизаш он аст, ки ҳамчун инсон ва ҳамчун сароянда дар ҳамон донишгоҳ ташаккул ёфтам, Ман ҳоло гуфта гузаштам, ки мусиқӣ ва суруд фақат ишқу муҳаббати ман буду халос. Сароянда ё ки навозандаи моҳир шудан барои ман чун осмон дастнорас буд. ҳатто, дар хаёлам ғунҷонида наметавонистам. Дар донишгоҳ дар иду айём баромади консертии ҳаваскорони худфаъолият зиёд ташкил карда мешуд. Ва ман дар қатори дигар ҷавонони боистеъдод баромад мекардам. Оҳиста – оҳиста аз консерт то консерт иқтидори санъати ман ҳам такмил меёфту дар байни муаллимону донишҷӯён нуфузу обрӯи ман ба боло рафтан гирифт. Акнун донишҷӯён маро қариб, ки аз саҳна сар намедоданд. Ана ҳамон қарсакҳо ва лутфу меҳрубониҳо ба дили ман қувва бахшиду ба сарояндагии касбӣ оҳиста қадам гузоштам.

– Чанд сухан дар бораи шогирдонатон баён мекардед.

– Ба ман бисёр савол медиҳанд, ки чаро шогирдони Шумо каманд? Инро чунин ташреҳ ҳам медиҳанд, ки ман барои тарбияи шогирдон эътибор намедода бошам. Ин масъаларо ба онҳо фаҳмонидан хело душвор аст. Ман бар он ақидаам, ки аз ҳофизи бад шудан шунавандаи закифаҳм будан беҳтар аст, зеро истеъдод бозор надорад, ки онро харидорӣ кунем. Дар олами санъат чунин анъана ҳаст, ки аз худ калон, ё аз худ барвақт дар даргоҳи санъат кор мекардагиҳоро аз рӯи ҳурмат “устод” – гӯён муроҷиат мекунанд. Чуноне ки дар байни халқ калонсолонро “муаллим” гуфта эҳтиром мекунанд. Ҳамин тавр бисёр ҳофизону машшоқони баъди мо баромадагиҳо “устод” – гӯён ба ман ҳам муроҷиат мекунанд ва ман инро чӣ хеле ки гуфтам, аз рӯи эҳтиром қабул мекунам. Шогирди асили худро чӣ хеле ки ман мехоҳам, дарнаёфтаам. Баъзеи шогирдонро мебинам, ки ба худашон бовариашон нест магар устодфурӯшӣ мекунанд. Хаёл мекунанд, ки ман шогирди фалонӣ гӯям, мавқеи ман ё худ обрӯю иззати ман баланд мешавад. Дигар ин ки устод аз шогирд бояд фахр кунад, на шогирд аз устод. Ба ҳамааш халқ ҳакам, вақт ҳакам.

– Тозатарин китобе, ки хондаед, кадом аст?

– Китобхонӣ ягона машғулияти ман набошад ҳам, китоб ва китобхониро дӯст медорам. Дар давраи ҷавониам ҳатто бисёр китобҳоро аз адабиёти ҷаҳон мехондам. Ҳатто дар сафарҳои ҳунариам як -ду китобро гирифта, хонда, тамом карда меомадам. Вақтҳои охир зиёдтар ба хондани китобҳои ирфонӣ, адабиву таърихӣ рӯй овардаам. Ба мисли “Кимиёи саодат”, “Мантиқ-ут-тайр”, “Қиссаҳои Қуръони Карим” “Маснавии маънавӣ”, ва ғайра. Ин китобҳро такрор ба такрор мехонам. Ғазалиёт бошад бевосита ба ҳунари ман вобаста. Аз солҳои 70-уми асри гузашта сар карда, то ҳанӯз 2-3 ғазали Хоҷа Ҳофизро такрор карда, баъд хоб меравам.

– Муҳимтарин сифате, ки ҳунарманд дошта бошад

– Чашмсерӣ, хоксорӣ, камсуханӣ ва дили гарм ва нарм нисбати мухлисони худ. Кӯшиш кардан даркор, ки ягон кас аз Шумо наранҷад. Албатта, ахлоқи ҳамида. Санъаткорро чун санъаташ ҳам сухан, ҳам одоб, муомила нафис бояд бошад. Касе Шуморо як бор бинад, ҳавас кунад, ки бори дигар бинаду бо Шумо сӯҳбат намояд. Ҳамчунин вафо ба ваъда барои санъаткор муҳим аст.

– Чӣ бояд кард, то мардум ба санъати асил рӯй оранд ва санъати сунъиро аз санъати табиӣ фарқ намоянд?

– Ин бағоят мушкилоти азим аст, ки ба андешаи ман ду-се тан инро ба ҷо оварда наметавонанд. Чунки ин муаммо нафақат дар Тоҷикистон аст, балки дар бисёр мамлакату халқиятҳо мусиқии шайтонӣ паҳн шуд ва пахш кард. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз:

Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст,

Олами дигар бибояд сохт в-аз нав одаме.

– Фардои санъати мусиқиро чӣ хел тасаввур мекунед?

– Чуноне ки мегӯянд, ноумед шайтон аст. Ҳаёт албатта, ба маҷрои худ равона аст. Ман инро пешгӯи карда наметавонам. Худо кунаду мардум ба маърифат ва маънавиёт рӯ оранд. Боз ҳамааш ҷо ба ҷо хо[ад шуд.

– Аз фарзандон кадоме пайрави роҳи Шумо гардид?

– Аз фарзандони ман се нафар пайрави падар шуданд. Калониам Шавкатбек ғижжакнавоз,, дуюм Шӯҳратбек ҳам танбӯрнавозу хонанда, чаҳорум Улуғбек дуторнавоз. Шӯҳтарбек овози хубу пурқувват дорад ва ҳам қобилияти танбӯрнавозиаш хело баланд аст. Агар ме[нат кунаду ҷустуҷӯ карда, сабки худро ёбад, Ҳофизи беҳтарин шуданаш мумкин. Аз даргоҳи Худованд барои онҳо ҳама вақт кушоиши кор, баландии ҳунарро орзу мекунам.

– Нақшаҳои ояндаи Шумо?

– Нафақахӯр чӣ хел нақшаҳои оянда доштанаш мумкин? Пирони солхӯрда чӣ нақша дошта бошанд, ман ҳам ҳамонро дорам. Аммо ба Шумо бигӯям, ки аз ҳамон рӯзе, ки ба эҷодиёт ғӯта задам, ҳанӯз дилам беором. Ҳоло ҳам вақти холӣ ёфтам, ғазал мехонаму оҳанг меҷӯям. Баъзан хаёл мекунам, ки барои чӣ ва барои кӣ? Лекин дили маро як чизе ҳеч ором намегузорад. Ман то ҳамин рӯз аз эҷодиёти худ аз хонишҳои худ қонеъ нестам. Ана ҳамин ҳиссиёт маро маҷбур мекунад, ки боз ҷустуҷӯи эҷодӣ кунам. Ман суруд ва оҳанге, ки дилам мехоҳад, ҳанӯз наофаридаам. Ба олами санъати сарояндагӣ, ба олами мусиқӣ як чиз боқӣ мондан ҳанӯз орзуи ман аст. Шумо хаёл накунед, ки шахси таърихӣ шуданиам, не зинҳор. Инро Худо медонаду вақт ҳал мекунад.

икмате, ки мехоҳед барои дигарон гӯед.

– Мегӯянд, ки ҳар замон қабристонро зиёрат кун. Ин бароям бисёр ҳикматро баён мекунад. Мурдан ҳақ аст ва инро ҳеч гоҳ[ фаромӯш набояд кард.

Ба Шумо давлати пириву саодатмандӣ таманно дорам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь