Мусоҳибаи Раҳимаи Аъзам бо рӯзноманигори хушзавқ ва адиби зарофатгӯ, муаллифи китобҳои «Парандаҳои муҳоҷир» ва «Биё, ки фолат бинам» Холиқназар Ҷумъаев.

 То ҷое огоҳем, 13 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор доштед. Аз ин рӯ, нахуст бигӯед, барои чӣ ба муҳоҷират рӯй овардед ва мактаби муҳоҷират чӣ бурду бохтҳое дошт?

-Соли 1993 баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияти кории худро дар гимназия – интернати шаҳри Панҷакент ба ҳайси омӯзгор оғоз намудам ва ду сол дар мактаби таҳсилоти умумии №50-и деҳаамон низ фаъолият доштам. Вале зиндагии вазнин ва маоши пасти омӯзгор сабаб шуд, ки чун садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон соли 1996 ба муҳоҷират рӯ орам. Агарчӣ дар шаҳрҳои зиёде будам, вале дар ин 13 сол асосан дар шаҳри Маскав фаъолият доштам ва бо нашрияҳои гуногуни кишвар ҳамкорӣ мекардам. Натиҷаи ҳамкорӣ чунин шуд, ки дар баробари кор дар Маскав бо пешниҳоди Раҷаби Мирзо ва Хуршед Атовулло соли 2004 чун хабарнигори махсуси нашрияи «Рӯзи нав» дар шаҳри Маскав фаъолиятро шурӯъ кардам. Соли 2006 хабарнигори махсуси МТЖТ дар Федератсияи Руссия таъин шуда, то соли 2008 маводҳои зиёде дар нашрияҳои гуногун ба нашр расондам. Бурду бохтҳои зиёди муҳоҷиратро дидам ва азияти муҳоҷиронро дар тани худ эҳсос кардам. Давраи муҳоҷират бароям бузургтарин мактаби ҳаёт буд, ки сабақҳои зиёде аз он гирифтам.

Эътироф мекунам, ки чун миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагии худро маҳз бо кор дар муҳоҷират обод кардам. Хонаву даре, ки дорам, ба шарофати ҳамин муҳоҷират аст.

Натиҷаи муҳоҷирати 13 сола чунин поён ёфт, ки китоберо бо номи “Парандаҳои муҳоҷир” чоп кардед. Муҳоҷирномаи шумо бо ҳамин ба анҷом расид ё чизҳои дигаре низ дар кӯлвори сафари сездаҳсола мондааст?

-Тӯли 13 соли муҳоҷират, ба шаҳрҳои зиёди Русия, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Қазон, Иваново, Тейково, Белгород, Самара, Оренбург, Воронеж, Кострома, Ярославск ва аксари шаҳрҳои вилояти Маскав сафар карда, бо зиндагии муҳоҷирон аз наздик шинос шудам ва чандин гузоришҳову мақолаҳо дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ чоп кардам. Соли 2008 баъд аз бозгашт ба Ватан ҳамаи саргузаштҳоро ҷамъоварӣ ва китоб кардам ва ҳамин тавр соли 2013 китоби нахустинам “Парандаҳои муҳоҷир” дар нашриёти «Ирфон» бо теъдоди 1000 нусха чоп шуда, пурра ба фурӯш рафт. Китоби мазкур натиҷаи тадқиқотҳоям дар шаҳрҳои гуногуни Русия буда, чор қиссаи детективии пурсӯзу гудози «Бозгашт аз он дунё», «Доми фиреб», “Парандаи муҳоҷир» ва «Рӯзи сиёҳи муҳоҷир»-ро дар бар мегирад ва аз рӯзгори вазнину пурмашаққати муҳоҷирони кории тоҷик, беҳуқуқиву сарсонӣ ва бепуштупаноҳии онҳо, аз ваҳшиёнату куштори ҳамватанони мо аз тарафи скинхедҳо, порахӯрии милисаҳову мансабдорони гуногуни давлатии Русия, вазъи боздошти муҳоҷирони маҳкумшуда дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва колонияҳои ислоҳотӣ ҳикоя мекунад.

Қиссаи «Бозгашт аз он дунё» аз ҳаёт ва фаъолияти муҳоҷире ҳикоят мекунад, ки зиёда аз 12 сол беному нишон гум шуда буд. Агарчӣ баъди 5 соли гум шуданаш хабари марги ӯ ба Тоҷикистон омада бошад ҳам, дар куҷо дафн шудани ӯро касе намедонист. Вале бо гузашти 12 сол ӯ зинда, вале бо як пойи бурида ба ватан баргашта дарёфт, ки завҷааш шавҳар кардааст.

Қиссаи «Доми фиреб» аз рӯзгори муҳоҷироне ҳикоят мекунад, ки ба доми нашъаҷаллабон афтода, худ низ нашъаҷаллоб мешаванд ва пушти панҷара меафтанд, ба нашъаҷаллабон қарздор шуда, аз хонаву дари худ маҳрум мешаванд.

Қиссаи «Рузи сиёҳи муҳоҷир” аз рӯзгори муҳоҷире ҳикоят мекунад, ки ба доми духтари ҳероинфурӯш афтода, оқибат ба маҳбас меафтад ва зери шиканҷаи сахти кормандони маҳбас афтода, дар ниҳоят маъюбу маслуқ ба ватан бармегардад.

Кӯлвори муҳоҷирати ман бо ҳамин анҷом наёфт ва инак китоби навбатиам оид ба рӯзгори муҳоҷирон дар зери таҳрири Хуршед Атовулло ва Нуралӣ Давлат омодаи чоп аст, ки аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал якчанд қисаи детективӣ ва очеркҳоро дар бар мегирад ва қисми дуввум якчанд тарона ва хотираҳои ҳаҷвиву латифаҳоеро низ фаро гирифтааст, Яъне қисмати авал хонандаро мегирёнад ва қисмати дуввум механдонад.

– Роҷеъ ба очерки «Даҳшат дар таҳхонаи Оренбург» мехостам суол кунам. Он чӣ гуна рӯи кор омад?

-“Даҳшат дар таҳхонаи Оренбург” ҳодисаи воқеӣ буд, замоне навишта шуд, ки дар Русия будам. Он сол хабари марги як зани тоҷик бо се фарзандаш дар таҳхонае дар шаҳри Оренбург дар нашрияи «Жизнь» чоп шуда буд. Баъди хондани ин мавод, ба шаҳри Оренбург омадам. Бо муффаттишон, духтури беморхонаи марказии шаҳри Оренбург ҳамсуҳбат шуда, дар нашрияи «Зиндагӣ» чоп кардам. Соли 2009 вақте тасодуфан бо ягона нафари дар ин таҳхона наҷотёфта Диловар, ки ҳамроҳи падараш ба идораи ҳафтаномаи «Фараж» омада буд, вохӯрдам, онро такмил дода, дубора нашр кардам. Қаҳрамони қисса занест, ки бо фаҳмидани хабари зангирии шавҳараш, чор фарзандашро гирифта, ба шаҳри Оренбург ба назди шавҳараш меравад, вале шавҳар бо сабабҳои гуногун зану фарзандонашро қабул намекунад. Ин аст, ки зан худ ва чор кӯдакашро дар таҳхонае қулф карда, ба марг маҳкум мекунад. Диловар ягона нафари зипдамонда, ки баъди 62 рӯз дар таҳхона нимҷон пайдо мекунанд ва хушбахтона, наҷот медиҳанд. Ин ва чандин қиссаву очеркҳои детективӣ дар китоби навбатӣ, ки омодаи нашр аст, ҷой дода шудаанд.

– Вақте дар Русия муҳоҷир будед, нашрияҳои тоҷикӣ дастрас буданд?

-Дар Маскав нашрияҳои тоҷикӣ дастрас набуданд, вале ҳар шиносе, ки аз Тоҷикистон мерафт, дастовези ӯ ба мо газета буд ва як газетаро то даридан даст ба даст мегашт. Мардум ташнаи нашрияҳои тоҷикӣ буданд. Дар ёд дорам соли 2006, вақте шумораи нахустини «Фараж» чоп шуд, 10 нусхаашро ба Маскав бурдам. Дар бозори «Лужники» ҳама бачаҳо якбора ба ман ҳуҷум карда, газетаҳоро аз дастам гирифтанӣ шуданд. Барои он ки ҳамаи 10 нусхаро нагиранд, бо шӯхӣ гуфтам: Бачаҳо бубахшед. Ин газетаҳоро бо фармоиш овардам. Як нафар меояд ва ба ҳар донааш 200 рублӣ, 2000 рубл дода, инҳоро аз ман мегирад.

Гумон кардам бо шунидани ин нарх, газетаро дар ҷояш мемонанд, ин тавр нашуд. Дар як лаҳза бачаҳо 200 рублӣ ҷамъ карда, 2000 рублро, ки бештар аз 150 доллар мешуд, ба дастам дода, ҳама нусхаҳоро гирифтанд. Ин гувоҳ аст, ки муҳоҷирони мо ба нашрияҳои тоҷикӣ ва ба китобҳои тоҷикӣ сахт эҳтиёҷ доранд. Агар нафаре дар Русия нашрияи тоҷикӣ ташкил кунад, ҳам муваффақ мешавад.

– Тӯли солҳои муҳоҷират хеле чизҳоро мушоҳида кардед. Мехостам назаратонро дар бораи тоҷикбадбинии русҳо донам

-Тоҷикбадбинии русҳо не, тоҷикбадбинии скинхедҳо ё миллатчиёни рус гӯед. Русҳо тоҷиконро бад намебинанд ва аксарашон ба мо назари нек доранд. Нависандагону олимони рус низ моро чун миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг эътироф мекунанд.

Ин ҳама тоҷикбадбиниву миллати дигарро маҳкум кардан асосан ба миллатчиён ва скинхедҳо рабт дорад. Онҳо на танҳо тоҷикон, балки кулли онҳоеро, ки симои славянӣ надоранд, бад мебинанд. Тибқи мушоҳидаҳо, тоҷикбадбинӣ асосан солҳои 2000 то 2010 авҷ гирифта, аз тарафи скинхедҳо дар рӯҳияи милатбадбинӣ ҷиноятҳои зиёд содир мешуданд. Алъон чунин гуруҳҳои ҷинояткор дар Русия нисбатан камтар шудаанд. Зеро давлат қонунҳои сахт ҷорӣ намуд ва нафарони зиёдеро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати миллӣ муҷозот кард. Ин падида боис шуд, ки ҷиноят дар ин бахш хеле кам шавад.

– Аз бархӯрди хашини пулиси рус ҳам навишта будед. Сабаб дар асл чӣ буд?

-Бархӯрди пулисҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳамеша сахт аст. Борҳо шоҳиди чунин бархӯрдҳо шуда, чандин маротиба ба шӯъбаҳои корҳои дохилии гуногун афтода будам. Бархӯрди шадидтарине, ки бо ман сурат гирифт ва дар бораи он баъдтар маводе омода карда, дар нашрияҳо чоп кардам, муносибати бади милисаи баландрутбаи миллатчӣ буд. Ӯ тоҷиконро тамоман чашми дидан надошт. Ин амалашро пинҳон намедошт ва рӯйирост мегуфт, ки тоҷиконро дӯст намедорад. Ба дастам завлона зада ба ШКД бурданд ва чанд рӯз нигоҳ доштанд.

– Аз хатми муҳоҷирати шумо зиёда аз 13 сол гузашт. Шумо чӣ гуна ин далелҳоро то ин замон дар хотир ҳифз кардед?

– Абдумуддассир Аҳмадзода, дар сарсухани китоби «Биё, ки фолат бинам”, навиштанд, ки «вақте Холиқназар қиссаҳои худро барои таҳрир ба ман дод, фаҳмидам, ки ӯ боз қилиқи хунуки саргузаштнависӣ ҳам доштааст». Маҳз ҳамин одат боиси ин шуд, ки ончиро дар 13 сол гирд овардам, ҷамъоварӣ, ҳифз ва китоб кунам.

-Шумо ягона журналисти тоҷикед, ки дар Маскав оид ба қабристони Перепечинский, ки дар он шахсони шахсияташон номаълум дафн карда мешаванд тадқиқот бурдед ва гузориш омода намуда, соли 2008 дар нашрияи «Фараж» чоп кардед. Ба шумо чӣ гуна муяссар шуд?

– Аз соли 2004 то соли 2008 дар шаҳри Маскав тадқиқотҳои зиёде анҷом додам. Тадқиқоти охиринам дардисарсоз шуд, ин тадқиқот ва гузориш аз қабристони Перепечинский ва мурдахонаи Лианозовскийи шаҳри Маскав буд. Сабаб барои тадқиқот ҷустуҷӯи писартағоям Гадоев Абдумалик шуд, ки соли 2004 беному нишон ғайб зад. Мо нахуст ба ШКД дар вокзали Ленинградский муроҷиат кардем, аз онҷо моро ба Шӯъбаи бақайдгирии ҳолатҳои нохуш (Бюро регистрации несчастных случаев) ирсол намуданд, ки дар Метрои «Проспект мира» воқеъ буд. Маҳз ҷустуҷӯи Абдумалик Гадоев маро водор намуд, ки аз аксари мурдахонаҳои Маскав, аз ҷумла мурдахонаи Лианозовский дидан кунам, маълумотҳо ба даст орам ва дар тадқиқоти минбаъда истифода кунам. Аз онҷо аз суҳбат бо роҳбарияти мурдахона дарёфтам, ки ҳар сол дар шаҳри Маскав ва атрофи он ҳазорҳо шахси бе ҷойи зисти аниқ, ба истилоҳ бомжҳо, мардикорон ба таври фоҷеавӣ ба халокат мерасанд. Ҳамаи онҳоеро, ки бо худ асноди муайяне надоранд ва шахсияташон муайян карда намешавад, нахуст ба мурдахонаи Лианозовский меоранд. Мурдахонаи мазкур ҳамагӣ барои 500 ҷасад пешбинӣ шудааст. Бинобар он ки мурдахона ҳамаи ҷасадҳои пайдошударо наметавонад муҳлати зиёд нигоҳ дорад, Ҳукумати шаҳри Маскав якҷоя бо ВКД зарур донистанд, то як қабристони махсусе барои дафни ҷасадҳои номаълум таъсис диҳанд ва ҳамин тавр қабристони Перепечинский арзи ҳастӣ кард, ки дар наздикии фурудгоҳи Шереметево воқеъ аст. Ҳамаи ҷасадҳои шахсияташон номаълум дар ҳамин қабристон дафн карда мешавад. Ҳатто бо директори генералии ГУП «Ритуал» -и шаҳри Маскав Алексей Суслов ҳамсуҳбат шудам. Аз натиҷаи суҳбат дарёфтам, ки пеш аз дафн дар дафтаре синну сол, ҷинсият, шаклу намуд, суратҳои дақиқ, ки зимни ёфтани ҷасад гирифта шудаанд, хол ё ягон нишонаҳои модарзодии дар бадан буда, қайд карда мешавад. Комиссияи махсус дар се нусха акт тартиб дода, ин маълумотҳоро як нусха ба Раёсати кофтукови ҷинояти Маскав, нусхаи дуввум дар бойгонии ҳамин қабристон ва нусхаи саввум дар мурдахонаи Лианозовский дар китоби «Дафншудагони қабристони Перепечинский» нигоҳ дошта мешавад. Маҳз ба шарофати ин дафтар бисёр нафарон тавонистанд хешовандони худро дар ҳамин қабристон пайдо карда, ҷасадашонро барои аз нав дафн намудан, ба ватан баранд. Ҷанбаҳои зиёди ин тадқиқот баъдан бароям дар Русия дарди сар оварду боиси ихроҷам аз Русия гардид. Дар ин бора қиссаи детективӣ ҳам дорам, ки дар китоби нав ҷой карда шудааст.

-Тақдири хеши гумшудаатон чӣ шуд? Пайдо кардед?

-Ҳанӯз пайдо накардаем. 19 сол мешавад аз ӯ дараке нест.

-Намехоҳед дигар аз рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар Русия нависед?

-Хеле вақт шуд дар ин мавзӯъ мақолае нанавиштаам. Феълан бартариятро ба навиштани китоб дар мавзӯи муҳоҷират ва латифаву ҳаҷвияҳо додам.

-Агар Шумо сардори хадамоти муҳоҷират мешудед, барои беҳбуди фаъолият ва зиндагии муҳоҷирон чӣ кор мекардед?

-Аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дида, фаъолияти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муассиртар аст. Хадамоти муҳоҷират муҳоҷиратро дар дохили Тоҷикистон ба танзим медарорад. Вазифаи асосии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатии берунӣ ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо шароити хуби кор, инчунин ҳимояи ҳуқукҳои эшон дар худуди Федератсияи Русия мебошад. Намояндагии ин вазорат бояд бо кордиҳандаҳои ФР ҳамкорӣ намояд, барои ҷалби муташаккилона бо кафолати риояи хуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон талош варзад. Намояндагии мазкур ҳанӯз 16-уми октябри соли 2004 баҳри дар амал татбиқ намудани Созишнома оид ба фаъолияти меoнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ таъсис ёфт.

Пешниҳод дорам дар қонунгузорӣ тағйиротҳо ворид карда шавад, нахуст, ҳимояи ройгони ҳуқуқҳои муҳиҷирон дар судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба роҳ монда шавад. Чунин таҷрибаро Ҷумҳурии Озорбойҷон дорад. Ҳар озарбойҷоние, ки кораш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия афтад, новобаста ба сатҳи ҷиноят, адвокати ӯ ройгон аз тарафи давлати Озарбойҷон таъмин карда мешавад. Инчунин, овардани ҷасадҳои муҳоҷирон аз буҷаи давлат сурат гирад. Ба хонаводаи онҳое, ки дар Русия мефавтанд, кӯмакҳои моддию маънавӣ расонанд ва ба муҳоҷирон тавсия диҳанд, ки ихтиёран ҳаёт ва саломатияшонро пеш аз сафар суғурта кунанд, ки дар ҳолати ба амал омадани ҳодисаи нохуш маблағи муайян ба хонаводаашон пардохт шавад. Феълан ин қишри ҷомеа ба дастгирии давлат сахт ниёз доранд. Бояд фаромӯш накунем, маҳз пули миллионҳо муҳоҷир аст, ки наздикони онҳо зиндагиашонро дар Тоҷикиситон бичархонанд.

Мусоҳиб:

Раҳима АЪЗАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь