Абдулазиз Раҷабов ҳафт маротиба нияти зиёрати Каъба, – хонаи Худо намуда, се дафъа, як маротиба бо автобус ва ду дафъаи дигар ба таври пиёда, мушарраф ба дидори ин макони муқаддаси олами Ислом шудааст. Вале чор маротибаи дигар ба мушкил мувоҷеҳ шуда, раводиди баъзе кишварҳоро гирифта натавонист ва сафари ӯ барор нагирифт

Зиёрати Каъба аз ҷумлаи панҷ рукни исломӣ буда, барои мусулмонон фарз дониста мешавад. Абдулазиз Раҷабов доир ба мушкилӣ, ташвишҳо ҳангоми сафар ва дидаҳои худ бо хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” сӯҳбат намуд.

Ба орзуи кӯдакиам расидам

Абдулазиз Раҷабов мегӯяд, ки зиёрати Макка орзуи ҳар як мусулмон аст. Ӯ низ аз айёми ҷавонӣ дар дил ин орзуро доштааст:

“Аз давраи ҷавонӣ мехостам, ки хонаи Худоро зиёрат намоям, ин барои ҳар мусулмон фарз аст. Вале имкон надоштам. Чун синну солам ба ҷое расид, имкони мусоид пайдо шуд, ба ин орзуи давраи ҷавонии худ расидам”, – қайд намуд, Ҳоҷӣ Абдулазиз.

Қаҳрамони мо 75 сола буда, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунад. Мавсуф дар давраи Шуравӣ дар мактаби варзишии ноҳияи мазкур ҳамчун мураббии гӯштини тарзи озод фаъолият намуда, ҳамчунин, унвони корманди шоистаи варзиши Тоҷикистонро дорад.

Зодгоҳи Низомии Ганҷавӣ рафтам

Абдулазиз Раҷабов бори нахуст бо автобус ба Макка сафар намудааст. Ӯ аз шаҳри Кӯлоб тариқи хатсайри сафарии Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Ироқ – Арабистони Саудӣ ба шаҳри Макка рафтааст.

“Аввалин сафари мо ба шаҳри Макка соли 2002 буд. Тақрибан 11 шабонарӯз тариқи автобус сафар доштем ва имкон пайдо шуд, то аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон – Бухоро ва Самарқанд боздид кунем. Ҳамчунин, сафар ба кишвари ҳамзабони мо – Эрон низ хеле хотирмон буд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон чанд муддат дар инҷо кор намудам. Вале зиндагӣ маҷбур намуд, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирам”, – мегӯяд, ӯ.

Баъди муҳоҷир шудан, шавқи Абдулазиз Раҷабов барои пиёда сафар намудан ба Ҳаҷ зиёд шуд. Баъди он ки вазъи молиявии худро беҳтар намуд, аз пайи ҷустуҷӯи ҳамсафарони худ гашт.

“Соли 2005 дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштам. Ба худ мегуфтам, ки ман бояд пиёда ба Макка равам, бовар доштам, ки аз ӯҳдааш мебароям. Ҳамсафарони худро пайдо намудам, ки онҳо низ аз Тоҷикистон буданд. Вале чанд ҳамроҳи мо пеш аз оғози сафар аз фикри худ гаштанд.

Ин сафар аз шаҳри Москва шурӯъ шуд ва беш аз нӯҳ моҳ давом карда, тариқи кишварҳои Русия – Озарбойҷон – Гурҷистон – Туркия – Сурия – Урдун – Уммон – Арабистони Саудӣ сурат гирифт. Сафари мо тариқи шаҳрҳои обод, маконҳои қадима ва кӯҳу пуштаҳо сурат мегирифт. Чун пиёда сафар мекардем, аз чандин маконҳои таърихии ҷаҳон боздид кардем. Маҳз ҳамин сафар имкон дод, ки шаҳри таърихии Ганҷа, зодгоҳи шоири маъруф Низомии Ганҷавӣ ва оромгоҳи шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ), ки дар шаҳри Кунияи Туркия воқеъ аст, зиёрат намоям”, – мегӯяд, “Ҳоҷӣ-пиёда”.

Баъзе шабро дар кӯчаҳо рӯз мекардем

Қаҳрамони мегӯяд, барои бисёриҳо шавқовар аст, ки зимни сафар мо шабҳоро чӣ гуна рӯз мекардем:

“Давоми рӯз тақрибан 40-50 километр роҳро тай карда, аксаран  шаб дар масҷидҳо меистодем. Дар чунин сафарҳо ёфтани ҷои хоб як андоза мушкил ҳам буд. Меҳмонхонаҳо нархи гарон доштанд. Баъзан, дар меҳмонхонаҳое, ки нисбатан арзонтар буданд, хоб мекардем. Шабҳое ҳам буданд, ки дар кӯчаҳо рӯз кардем”.

Абдулазиз Раҷабов бо худ чаҳор ё панҷ ҳамсафар мегирад. Ба қавли ӯ на ҳамаи ҳамсафаронаш ба мушкилиҳои дар сафар пешомада тоқат мекунанд.

“Бидуни ҳамсафар ба роҳ баромадан мушкил ва то ҷое хатарнок аст. Мо роҳи зиёдро тай мекунем. Барои ин бояд шахси қавӣ ва пуртоқат буд. Маҳз ҳамин хислатҳо дар ҳамсафарони мо намерасид ва онҳо аз идомаи роҳ даст мекашиданд. Баъзан бемор ҳам мешуданд. Барои чунин сафари тӯлонӣ, ки моҳҳо идома мекунад, пеш аз ҳама иродаи устувор доштан, хеле зарур аст ”.

Баъзан аз гуруснагӣ азият мекашидем

Абдулазиз Раҷабов ва ҳамроҳони ӯ баъзе вақт аз маводи хӯрока танқисӣ мекашиданд. Вале буданд нафароне, ки ба онҳо кӯмаки худро дареғ намедоштанд:

“Барои омода кардани хӯрок ҳамаи лавозимотро доштем. Агар сафари мо тариқи кӯҳу пуштаҳо идома мекард, дар чунин маконҳо худамон хӯрок омода мекардем. Вале дар баъзе ҳолатҳо маҳсулотҳоямон тамом мешуд. Чун дар наздикиҳо мағоза набуд, то ҷое аз гуруснагӣ азоб мекашидем. Чанд маротиба ба чунин ҳол рӯ ба рӯ шудем. Мошинҳое, ки аз наздамон мегузаштанд, ба мо кӯмак мекарданд. Дар ивазаш пул пешниҳод мекардем, вале намегирифтанд.

Як субҳ дар наҳорӣ гӯшти бирёншуда хӯрдем. Хостем хӯроки боқимондаро ҳангоми нисфирӯзӣ истеъмол намоем. Вале гармии зиёди ҳаво ба хӯрок таъсир расонд ва дигар имкони истеъмоли он набуд. Ҳамон рӯз ва як рӯзи баъд гуруснагии зиёд дидем”, – қисса намуд Абдулазиз Раҷабов.

Ба Ҳабиб либоси тоҷикона пӯшондем

Ҳоҷӣ Абдулазиз чанд сол дар мактаби деҳаи Сомониён, ки ҳоло он ҷо зиндагӣ мекунад, ҳамчун мураббии варзиш кор кардааст. Мавсуф бо хости ҳамдеҳагон тими ҳаваскорони волейболбозони деҳаро таъсис дода, ба онҳо дарс медиҳад. Ӯ мегӯяд, вақте шахс ба варзиш машғул шуд, солим мемонад.

Ҳангоми як сафари худ Абдулазиз Раҷабов бо Ҳабиб Нурмагомедов, варзишгари маъруфи доғистонӣ вохӯрдааст.

“Чун мураббии варзиш ҳастам, ин соҳаро дӯст медорам. Ба варзишгарони маъруф низ мароқ дошта, ба онҳо мухлисӣ мекунам. Соли 2017 сафари мо дар Русия идома дошт ва дар ин сафар имкон шуд, ки бо Ҳабиб Нурмагомедов вохӯрам”, – зикр мекунад қаҳрамони мо.

Абдулазиз Раҷабов аксеро, ки варзишгари доғистонӣ бо либоси тоҷикона аст нишон дода мегӯяд: “маҳз дар ҳамин вохӯрӣ ҷома ва тоқии тоҷикиро ба Ҳабиб пӯшонидем ва таклиф намудем аз Тоҷикистон боздид кунад. Хеле хурсанд шуд.

Ҳоҷӣ Абдулазиз зимни як сафари хеш, ки дар Аврупо идома дошт, Криштиану Роналду, футболбози маъруфи сайёра ва мунтахаби футболи Португалияро мебинад:

“Соли 2017 дар Италия будам. Ҳамон вақт Роналду дар дастаи “Ювентус” бозӣ мекард. Ба ин бозигар мухлисӣ мекунам. Як бегоҳ дар кӯчаҳои шаҳри Турин гардиш доштам. Забони русиро медонистам ва ин дар бисёр ҳолат кӯмакам мекард. Аз чанд нафар, ки сайёҳ буданд, пурсида майдони варзишии дастаи “Ювентус”-ро пайдо кардам. Варзишгоҳ калону мӯҳташам буд. Дар як кӯчаи дароз, ки тақрибан 400-500 метр дарозӣ дошт, мухлисону ҳаводорони зиёди ин даста баромадани футболбозонро интизор буданд. Дар наздикии ман як зан бо кӯдакаш бо забони русӣ гап мезад. Чун ман шунидам, бо забони худаш гуфтам “Роналду дар ҳамин ҷост”. Ӯ тасдиқ кард ва гуфт, қариб 10 рӯз аст, ҳар бегоҳ фарзандаш ӯро маҷбур мекунад, ки ба ин ҷо оянд, то Роналдуро бинад. Вале чунин фурсат пайдо нашудааст.

Баъди чанд лаҳза як мошин назди мухлисон ист кард. Оинаи он поён шуд ва мухлисони зиёде ба назди мошин давиданд. Дохилаш Роналду буд. Ман ҳам дар миёни анбӯҳи зиёди одамон худро ба мошин наздик намуда, бо ин футболбоз салом кардам. Баъди рафтани мошин ҳамон занро бо кӯдакаш дидам. Кӯдак аз шодии зиёд, ки Роналдуро аз наздик дидааст, гиря мекард. Роналду ба куртаи ӯ имзо гузошта буд”, – аз хотираҳои ҷолибаш нақл кард “Ҳоҷӣ-пиёда”.

Абдулазиз Раҷабов боз ҳам мехоҳад сафар кунад ва хонаи Худоро зиёрат намояд. Ӯ мегӯяд, вақте назди худ мақсад гузоштӣ ва барои амалӣ шудани он талош варзӣ, ҳатман комёб хоҳӣ шуд. Аз иродаи инсон вобаста аст:

“Ҳарчанд ба ин сину сол расидам, вале ба қавле “ба пирӣ тан намедиҳам”. Боз ҳам нияти пиёда ба Макка рафтанро дорам. Худо хоҳад, ҳамроҳу ҳамсафари хуб пайдо шуд, сафари хешро оғоз мекунем, – мегӯяд Абдулазиз Раҷабов”.

Давлат АБДУЛЛО, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь