Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамо 50-умин саҳифаи умри хешро боз кард. Ӯ 7-уми октябри соли 1971 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, соли 1995 ба олами ҳунар ворид мешавад. Ҳунараш муаррифигари шахсияташ шуда ва дар намоишнома ва филмҳо нақшҳои асосиро офаридааст. Мавлона мегӯяд, ки ин касб дар хуни ӯ ҷой гирифтааст ва онро ирсӣ медонад. Дар ин солгарди умр ӯ бештар аз дардҳояш гуфт, вале дар оғоз аз меҳри ҳунар сухан сар кард.

– Инсон аслан ба як чиз меҳр мебандад ва ба он пойбанд мемонад. Аммо ман ба ду чиз меҳр баста будам: аввалан, бисёр мехостам табиб шавам; баъдан, ҳунарманд. Ду маротиба кӯшидам, то ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавам. Вале нашуд. Сипас, бидуни розигиву огоҳии волидон омадам, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо супоридам ва ин ҷодаро қадам задам. Вале, фикр мекунам, ин касб дар рагу пайванди ман ҷой шуда буд ва ишқу меҳри ҳунар маро ба ин ҷо расонид ва раҳоям накард.

– Фаъолиятро аз Театри “Аҳорун” оғоз кардед. Чӣ сон ба ин боргоҳ ворид шудед ва бо чӣ омил аз ин театр рафтед?

– Аз соли 1995 – оғози давраи донишҷӯӣ мо рафтуо ба Театри “Аҳорун”-ро сар кардем ва бо нақшҳои хурд ба рӯи саҳнаи муқаддас баромадем. Муҳити Театри “Аҳорун” бо шукуҳу шаҳомати беандозааш моро ба олами театр ворид кард. Дар соли дуввуми таҳсил ман аллакай дар ин даргоҳ нақши марказии Тарсо – духтар аз намоиши “Шайх Санъон”-ро бозидам. Минбаъд, дигар саҳнаҳо маро ба театр жарфтар ворид сохт ва дилбастаи театрам кард. То соли 2004 дар ин боргоҳ будам. Ҳамон сол аз Театри русии ба номи Владимир Маяковский даъватам карданд ва замони серкориву серташвишӣ ва дар ду театр фаъолият бурданам шуруъ шуд.

Дар Театри Маяковский бар замми ин ки намоишномаҳо хеле зиёд буд, сафарҳои ҳунарӣ низ бисёру пайи ҳам буданд. Дигар хеле кам вақт меёфтам, ки ба Театри “Аҳорун” бираваму намоишномаҳои навро саҳна бимонем. Аз он ки намехостам аз роҳбарияти театр “гап шунавам”, аз Театри “Аҳорун” баромадам.

– Дигар омил набуд?

– Сабаби дигар ин буд, ки иҷоранишин будам ва Театри Маяковский бо ҷалби таваҷҷуҳ маблағи иҷораи маро ба гардан гирифт ва маоши баланд пешниҳод кард.

– Воқеан, Театри “Аҳорун” фаъолияти ирфониро пеш гирифта буд: ин барои шумо чӣ қадр ошно буд?

– Вақте аввалин бор ба ин театр рафтам, он ҳама тамринҳоро дида, ба худ гуфтам: “Худоё, Худовандо! Маро ба театри девонаҳо овардӣ?”…

Тамоман бароям ошно набуд. Ҳатто дар курси аввал аҳамияти ҷиддӣ ҳам надода будам. Ҳамон вақт, ки дар комбинати “Абрешим” кор мекардам ва маблағи хуб ҳам ба даст меовардам, ба театр таваҷҷуҳе намекардам ва хеле кам мерафтам. Замоне, ки устод Фаррух Қосимов нақши марказии Тарсо – духтарро ҳам супориданд, ҷиддӣ напазируфтам ва шарикам Абдулмӯмин Шарифиро, ки нақши Шайх Санъонро онҷо меофарид, хеле азият додам. Мегуфтам, барои ҳамин як гап, чӣ лозим худро азият диҳам ва такрору такрор бозгӯ кунам…

Шояд дар байни 24 нафар мард, танҳо ман зан будам, ноз мекардам ва ин нозамро онҳо мебардоштанд. Лекин оҳиста-оҳиста нақшҳову намоишҳои ирфонӣ қисми муҳими ҳунарам шуд ва худро дар ин олам эҳсос кардам.

– Рост аст, ки дар намоишномаи маъруфи “Юсуфи гумгашта” нақш доштаед?

– Бале, дар он намоишнома, ки нақшҳои асосиро устод Қурбони Собир ва Сабоҳат Қосимова меофариданд, муаллими роҳнамо Фаррух Қосимов ману Хуршед Мустафоевро дублёр гирифтанд. Мо тамрин намудем ва нақшро дар назди устод ва дигар ҳунармандон бозӣ кардем ва бо баҳои баланд супоридем. Аммо ман он нақшро набозидам.

– Сабаб?

– Ин нақши муаллима Сабоҳат Қосимова буд. Он кас гуфтанд, ки “ин фарзанди ман аст”. Ман даст кашидам.

– Чаро “Аҳорун” пош хӯрд? Ва чӣ монеа ҳаст, ки имрӯз он ҳунармандон сарҷамъ нашаванд?

– Вақте ҳамаи он ҳунармандони аз саҳнаи “Аҳорун” баромада имрӯз сарҷамъ шаванд, ба иззати нафси касе нарасад, театрҳои тоҷик ҳунармандони хубашонро аз даст хоҳанд дод.

Лекин сабаби аслии пош хӯрдани Театри “Аҳорун” – ин бемор шудани устоди бузург Фаррух Қосимов буд. Замоне он кас бемор шуданд, кори театр ё монд ва ё ранги дигар гирифт. Театру ҳунар бо эҷоди наву навтарин зинда аст ва тамошобин ҳам саҳнаи навро дидан мехоҳад. Театри “Аҳорун” низ бо ҳамин мақсаду ният ташкил шудаву шуҳрат ёфта буд. Вале он замон дар “Аҳорун” намоиши нав дигар эҷод намешуд ва ҳамаи тамринҳо ба болои намоишномаҳои аллакай ба саҳна гузошташуда равона мешуданд. Ҳамон вақт дар ин боргоҳ чанд беҳунар теша ба решаи ҳунар заданд. Онон аз бемории устод истифода карданд ва нагузоштанд, то ҳунармандони ҷавони шӯру шар дошта ҳунарашонро рӯи ин саҳна гузоранд. Намоишномаҳо сабуку сатҳӣ ранг гирифтанд ва ормонҳои бунёднамудаи устод Фаррух Қосимов фаромӯш гардид. Он шахсе, ки ҳунари худро қадр мекард, аз “Аҳорун” рафт…

– Фоҷеа ё мазҳака: кадомин нақш барои шумо писанд аст?

– Албатта, фоҷеа! Чун одамизод бедард намешавад ва нақши фоҷеавӣ инсонро сабук мекунад. Як фоҷеае, ки дар саҳна гузошта мешавад, на дарди як ё ду нафар, дарди садҳову ҳазорҳо инсон аст. Вале мазҳакаро ҳам дӯст медорам.

– Рост аст, ки Мавлона нақши мардона бозидааст?

– Бале, нақши Динис аз намоишномаи “Однажды в уезде” аз рӯи ҳикояҳои Чехов нақши мардонаи ман буд.

– Чаро мардона?

– Вақте ин нақш пешниҳод шуд, ман ҳам ин саволро ба коргардон Баҳодур Миралибеков додам: “Ман як занам! Чаро нақши занона нагирам?”. “Ман Динисро дар ту мебинам”,- гуфтанд он кас.

– Душворӣ надошт?

– Сар аз қадамзанӣ, то сигоркашӣ, табаки бар қоғаз мепечида, бо дандон кандан ва ҳатто доштани як шиша ё ашёе дигар – ҳама сар то по душвор буданд ва азиятам медоданд…

Лекин ҳамон нақшҳои бо заҳмат рӯи саҳна овардаам бароям азизанд! Он чиро, ки саҳл ба даст овардам, наздам қадре надорад.

– Дар театри тоҷик рақобатро мебинед?

– Замоне рақобат вуҷуд дошт. Фаррух Қосимов, Барзу Абдураззоқов, Султон Усмонов, Баҳодур Миралибеков ва дигар коргардонҳо байни ҳам рақобати солими эҷодӣ доштанд ва ҳар кӣ талош меварзид, то намоишаш аз дигар намоишҳо фарқ кунаду беҳтар бошад. Он вақт театри тоҷик дар авҷ буд ва саҳнаҳои театр ба ҷӯш омада буданд. Ҳоло ин гуна нест. Рақобатҳои носолим дар театри мо вуҷуд доранд. Рақобати “аз “Парасту” то “Парасту”” ҳис мешавад, тамом. Агар рақобат набошад, ҳунар ба сӯи нобудӣ меравад, аз ин рӯ, бояд дар соҳаву ҷодаи ҳунар рақобатҳои солим барқарор шаванд.

– Пас, сабаби камбинанда шудани театри тоҷик дар чист?

– Миллати тоҷик фарҳанги мутамаддини худро аз даст медиҳад. Ҳамаро дар назар надорам ва касеро ранҷониданӣ нестам, вале зиёди ҷавонони имрӯз на ақл доранд, на фаҳмиш ва на фарҳанг. То вақте пиру барнои мо ба китоб ва китобхонӣ рӯ наоранд, ба театр намеоянд. Аммо ин мушкилии ҷиддии мо имрӯз саҳл пазируфта шудааст. Ҳатто бузургсолон на китоб мехонанду на ба театр меоянд. Бо ин ҳол пеш нахоҳем рафт. То замоне ба фарҳанг арҷ нагузоранд, эътибор надиҳанд, жарф нанигаранд, ба худшиносии миллӣ нахоҳем расид. Ва театр бар ин ҳама замина хоҳад гузошт.

– Яке аз сабабҳои наёмадани мардумро ба театр дар саҳна надидани дарди ҷомеа медонанд. Ин дардҳо чаро ба саҳна гузошта нашаванд?

– Медонед, дардҳои ҷомеа дар саҳна гузошта мешаванд. Вале касе намебинад. Чӣ кунем? Гуруҳе ба театр меоянд, чун фарҳанг надоранд, ба рафти намоиш халал мерасонанд, гап мезананд, телефонбозӣ мекунанд, чиз мехӯранд… Парвое надоранд, ки дар саҳна кадом “ҳунарманди бесаводи девонаи бекормонда” чӣ мегӯяду чӣ мемонад. Ҳатто медонед, масъулини фарҳанг ба театр намеоянд. Ягон нафаре, ки муваззаф мешавад (то супориш нашавад, бовар кунед, ҳамонҳо ҳам намеоянд), ҳатто ҳамон ҳам дер мекунад. Борҳо шудааст, ки дар зимистони сард бо як либоси нафис мо – ҳунармандон дар паси саҳна соатҳо омадани фалонӣ ҷанобро интизор шудаем. Бубинед, агар ки мо – ҳунармандон ҳам “эшон”-ро мунтазир шавем, тамошобини мо мунтазир нахоҳад шуд. Дар ин ҷамъ шояд нафароне ҳам бошанд, ки аввалин бор ба театр меоянд. Бо мунтазир мондани фалонӣ ҷаноб ӯ аз театр чӣ таассурот хоҳад бардошт, намедонам. Вале аниқ аст, ки дигар ба театр намеояд.

Лекин, боз бубинед, журналистони мо меоянду намоишро нодида, номашро нафаҳмида, лаҳзае тамошо накарда, аз ин ҷо “матлаби журналистӣ” омода мекунанд. Пеш аз намоиш мегӯянд, “як чӣ гӯед”. Дар намоиши “Рустам ва Суҳроб” нақши Таҳминаро меофаридам, ки Худоро шукр, он саҳна маро то Аврупо бурд, хонуми зебои журналисте омадаву пурсид, ки “шумо ҳам дар ҳамин намоишнома бандед?”. Баъд ман ба вай чӣ гӯям? Ҳайронам! То ба кай чунин мемонад ва моро дар пеш чӣ интизор аст, намедонам…

Лекин боз мо ба хотири ҳамон чанд тамошобини воқеӣ ҷон меканем.

– Иҷрои нақши модар дар намоишномаи “Гунҷишкакон ҳам механданд”ро мунаққидони театр аз меъёри ҳунар баланд нақшофаришуда медонанд: “Гунҷишкакон бо ҳама ҳунармандонаш як сӯМавлона як сӯ. Фикри ҳунарпеша чист?

– Ин фикри онҳо аст. Лекин ҳамаи ҳунармандони намоишнома нақшеро бар зимма доштанд. Ба мо як вақт пешниҳод шуд, то дигар ҳунарпешаҳоро аз намоиш барорем, онро дар шакли моноспектакл оварем ва танҳо ман бори онро кашам, вале намедонам, чунин имкон дорад ё не, аз тамошобин вобаста аст.

Ин нақш дар фестивали ҷумҳуриявии имсолаи “Парасту” сазовори ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гардид. Аммо ин ҷоизаи пулӣ дар баробари дирӯза ҷоизаи Ҳунарпешаи мардумии кишвар Сайрам Исоева то куҷо дар таносуб аст?

– Ҷоизаи мо 1000 сомонӣ буд. Аз муаллима Сайрам Исоева 20 ҳазор доллар. Дигар чӣ гӯям?

– Фарҳанги қадр дар мо вуҷуд дорад?

– Не.

– Чаро дар Донишкадаи санъат фаъолият надоред ва дарс намегӯед?

– Намехоҳам дар муҳите кор кунам, ки ба мавқеам мувофиқ наояд. Он боргоҳ имрӯз аз нафарони камҳунару беҳунар пур шудааст ва барои ман дар чунин муҳит кор кардан душвор аст. Ҳамаро дар назар надорам, вале баъзе ба ном устодоне он ҷо дарс мегӯянд, ки на аз ҳунар бӯй бурдаанд ва на аз таърихи он. Ҳатто донишҷӯёне, ки аз ин Донишкада ба театр меоянд, дар назди мо корро аз сифр оғоз мекунанд. Устод Тағоймурод Розиқов борҳо даъватам карданд, вале рад кардам, зеро наметавонам дар ҳамон муҳит кор кунам, виҷдонам азобам медиҳад. Ин боргоҳи муқаддас замоне Донишкадаи ҳунарҳои зебо буд, ҳоло на, мавқеашро аз даст додааст.

Мавлона чанд вақти дигар иҷора менишинад?

– Дар Душанбе хона надошта бошам ҳам, дар деҳаамон соҳиби манзил ҳастам. Аз ин рӯ, якчанд соли дигар дар Душанбе мемонам ва баъд меравам ба деҳа.

– Дигар сирре доред?

– Не.

Шиоратон чист?

– Ҳар лаҳзае, ки аз по афтодам, худ мехезам, касе дасти маро нагирад!

Мусоҳиб: Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь