Ному шахсияти устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ беш аз даҳ сол аст, ки барои мо (албатта, манзур мусоҳибон ҳастанд) ошност ва ҳамзамон, аз осору суҳбатҳои ҳикматбори устод илму хирадварзиро ғанимат бурдаем. Дар олами илму донишварӣ кам касонро метавон дарёфт, ки бо хиради фарогирашон инсонро тасхир бикунанд, вале устод Музаффарӣ дар нахустин дидор метавонанд дили мусоҳиб ё ҳамсуҳбати худро тасхир намоянду ба даст оранд. Албатта, ин вижагии устод аз камоли шахсият ва инсонияти баландашон сарчашма мегирад. Дар воқеъ, устод Музаффарӣ аз шахсиятҳое ҳастанд, ки дар осорашон бештар манфиату ҳайсияти миллат дар мақоми аввал аст ва ин нукта баёнгари он аст, ки устод файласуфи миллӣ ва орифи инсондӯст мебошанд.

Устод Нозим Нурзода дар бобати шинохту ҷойгоҳи устод Музаффарӣ нуктаҳои арзишманде гуфта, ёдовар шуд, ки баҳори соли 1998 дар яке аз маҳфилҳои “Ҷаҳони андеша” устод Музаффарӣ, ки дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (имрӯза Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) фаъолият мекард ва маҳфил ҳам дар утоқи шуъбаи таърихи фалсафаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ҷараён мегирифт, доир ба мақом ва ҷойгоҳи инсон дар низоми зиндагӣ гузориши ҷолиби илмӣ ироа дод. Зимни матраҳ намудани масоили фалсафӣ устод Музаффарӣ хеле роҳат бо забону истилоҳоти фалсафӣ атрофи қонунмандии илмӣ, бархӯрди мантиқӣ бо ҳаводиси таърихӣ, тарзи шаклгирии шуури ҷамъиятӣ, фаҳмиши фалсафии фазову замон ва амсоли инҳо суҳбат кард. Ҳарчанд ки суҳбати фалсафии устод Музаффарӣ зиёд тӯл накашид, аммо хеле фарогирӣ намуд. Дар доираи як суҳбати тақрибан сидақиқаӣ устод Музаффарӣ дар шакли муъҷазу мухтасар маҷмӯа-комплекси масъалаҳои фалсафиро бо шарҳу тафсири илмӣ барои ҳозирини маҳфил, ба истилоҳ, ҳадя кард. Дар ҷараёни маҳфил, ки устод Музаффарӣ ба унвони гузоришгари асосӣ матолиби илмиро бидуни таоруфу такаллуфу фазлфурӯшию зиёдагӯйӣ ба таври табиӣ матраҳ мекард, чанд маротиба тариқи пурсишу посух бо устод бархӯрд намудем. Ва тибқи одоти маъмулӣ, ки дар ҳафзаҳои илмию фарҳангии ватанӣ то имрӯз мутадовил аст, фикр кардем, устод аз тарзу шеваи суолгузориҳои мо як навъ нороҳат шудааст. Вале замони посухгӯйӣ ба пурсишоти мо дар ваҷоҳати Музаффарӣ на танҳо камтарин хастагию норизоиятиро эҳсос накардем, балки, баръакс, хушҳолию қаноатмандӣ дар рафти посухгӯйии устод ба мушоҳида расид. Шахсан ман, ки ҳанӯз ба меъёрҳои гузориши илмӣ ва забону услуби баёни масъалаҳои фалсафӣ шиносу мусаллат набудам, аз тариқи суҳбати ихтисосии устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ бо мушаххасоти баҳси мантиқии мавзӯӣ ошно шудам ва минбаъд мекӯшидам, ки фурсати муносиб пайдо карда, аз гузоришу суҳбатҳои ихтисосии мавсуф баҳраҳо бардорам. Дар зимн, дар доираи маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод Комил Бекзода, ки гоҳ-гоҳе устод Музаффарӣ ҳам ба сифати меҳмон ширкат меварзид, бо файласуф ифтихори ошноӣ пайдо намудам ва, хушбахтона, ошноӣ то ба имрӯз идома дорад.

Устод Музаффарӣ бемуболиға дар муҳити илмии замони имрӯз ҷойгоҳи шоистаеро бархӯрдор мебошанд. Албатта, дар илми инсоншиносии имрӯзи тоҷик олимони дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруф аҳён-аҳён ба назар мерасанд ва устод Музаффарӣ бо осору фазилати худ тавонистанд, ки дар сафи аввал қарор бигиранд. Чӣ тавре ки ҳамагон эътироф кардаанд, устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ илми атропология (инсоншиносӣ)-ро ба унвони илми мустақил ба муҳитҳои академӣ ва донишгоҳӣ ворид кард. Ба ин маънӣ, устодро, бемуҳобо, метавон асосгузори илми антропология ва ягона мутахассиси ҳирфаӣ дар ҷумҳурӣ номид. Устод аз ҷумлаи файласуфони ҳирфаиест, ки омӯзиши антропологияро муштарак бо илмҳои фалсафӣ, тиббӣ ва табиӣ-риёзӣ талқин карда, ҷойгоҳи илми мазкурро дар таснифот-классификатсияи илмҳо мушаххас кардааст.

Дар мавриди осору шахсияти устод Музаффарӣ метавон маҷмӯаҳо навишту нашр намуд, зеро устод боистаи чунин таоруфу қадрдонӣ ҳастанд, аммо дар ин навиштаи маҳдуди мо он ҳама фасоҳату нубуғи шахисияти устод намегунҷад.

Дар зер фишурдаи суҳбати кутоҳу муъҷазеро, ки бо устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ доир намудем ва он баёнгари андеша ва нигоҳи устод аст, ба хонандагони илмудӯсту хирадварз эҳдо менамоем.

-Дар бораи худатон каме маълумот медодед…

-Ман писари Музаффар.Падарам корманди соҳаи маориф.

-Чаро Шумо маҳз ҳамин ихтисосро аз байни ҳама равияҳои фалсафӣ интихоб кардед?

-Фалсафа дар шакли умум аз чаҳор илми бунёдӣ иборат аст: метофизика, кайҳоншиносӣ,антропология ва сотсиология, психологияи умумӣ, мантиқ ва мантиқшиносӣ. Ман антропологияро интихоб намудам, ба он сабаб ки инсон субъекти ҳамаи илмҳои номбурда ҳисобида мешавад. Баъдан ин ки антропология яке аз илмҳои бунёдии ҷаҳонишаванда аст.

-Мутахассисони илми антропологияро дар Тоҷикистон ғайр аз худатон номбар карда метавонед? Чаро дар ҷумҳурӣ мутахассисони риштаи антропология ангуштшуморанд?

-Дар Тоҷикистон як қатор шахсон бо ихтисоси фалсафаи фарҳанг рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд, вале мутаассифона, хоса дар самти антропология каси дигаре нест, сабаб дар он аст, ки антропология аз сабаби он ки объекти омӯзишаш “одам” аст, табиати худи одам хеле мураккаб ҳисобида мешавад, кас намехоҳад, ки бо чунин объекти мураккаб сарукор дошта бошад. Бинобар ин, довталабони соҳаи антропология кам ба назар мерасад.

-Аз баҳси он, ки фалсафа илм аст ё не, каме ҳам бошад, маълумот дорам. Мегуфтед, ки оё “Антропологияи фалсафӣ” илм аст? Умуман, кадом омилҳо фалсафаро ҳамчун илм муайян мекунад?

-Фалсафа, албатта, илм ҳаст, касоне, ки фалсафаро илм намешуморанд, маълум мегардад, ки худашон нафаҳмидаанд, ки илм чист? Мафҳуми “антропологияи фалсафӣ” мафҳуми нодуруст аст, чунки антропология худ илми фалсафист.

-Баъзеҳо Комил Бекзодаро ҳамчун файласуфи асил муаррифӣ мекунанд. Ба андешаи Шумо файласуфи асил кист?

-Файласуфи асил он аст, ки пиндору гуфтору рафтораш як аст.

-Олими имрӯза кадом хислату хӯйро бояд дошта бошад?

-Олими имрӯза бояд инсони комил, ҳақиқатгӯ, ҳақиқатпараст бошад.

-Равони инсон аз дидгоҳи антропология таҳқиқ мешавад?

-Равони инсонро психология меомӯзад, психология бошад яке аз илмҳои антропологист.

-Андозаи ақлгароӣ ва мифсозиро (асотирангезиро) дар шуури инсони имрӯза чӣ гуна муаррифӣ мекунед?

-Ақлгароӣ агар коста шавад, ҷояшро асотирсозӣ мегирад.

-Ҷой ва мақоми фалсафаи тоҷикро дар радифи фалсафаи имрӯзаи ҷаҳонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Мо имрӯз танҳо бо таҳқиқот дар самти таърихи фалсафа ифтихор дорем, аз дигар самтҳо дастоварди назаррас надорем.

-Шумо ҳамчун олими инсоншинос оқибати таҳаввулоти кунунии ҷаҳонро чӣ гуна пешгӯӣ менамоед?

-Таҳаввулоти ҷаҳониро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, вале бояд гуфт, ки ҳолати имрӯзаи ҷаҳон чандон хурсандибахш нест.

-Рисолат ва масъулияти як зиёӣ дар пешрафти ҷомеаро бозгӯ намоед…

-Ҳар як зиёӣ бояд ватандӯст, масъулиятшинос ва ақлгаро бошад.

-Ҳувият ва арзишшиносии миллӣ аз чӣ сарчашма мегирад?

-Аз фаҳмиши дуруст ва дониши бунёдӣ.

-Идеалогияи миллии мо имрӯз дар кадом поя қарор дорад ва ҳамзамон, ба таври густурда ё фарогир ба роҳ мондани он чӣ бояд кард?

-Идеологияи мо имрӯз конститутсия ба шумор меравад.

-Чаро таваҷҷуҳи Шумо ҳамчун олим бештар ба мероси қадимаи Ҳинд нигаронида шудааст?

-Таваҷҷуҳи ман ба мероси Ҳинд не, ба арзишҳои Ведоӣ ва Авестоӣ, яъне ориёӣ нигаристан аст. Ҳинд мафҳуми васеъ аст. Дар он ҷо ҳазорон мактабҳои бо якдигар мухолиф мавҷуд аст.

-Индивид ва Шахс аз ҳам чӣ фарқият доранд?

-Индивид фарди ҷудогонаро гӯяд, шахс бошад, ифодакунандаи сифатҳои иҷтимоист.

-Ҳаким ва донишманд як кас аст ё байни онҳо тафовут ҳаст?

-Ҳаким агар ақли ҳикматро дар назар дошта бошад, яъне файласуфро, пас файласуф аз донишманд болотар аст.

-Ба фикри Шумо, сатҳи имрӯзаи диссетатсияҳо назар ба пештара боло рафтааст ё баракст?

-Сатҳи имрӯзаи дисертатсияҳо беҳбудиро металабад.

-Шиори ҳамешагии Шумо?

-Ҳарчи бештар бояд илм омӯхт.

-Ин ҷумлаҳоро пурра намоед: «Зан барои ман…», «Антропология – ин …», «Мерос барои ман…»…

– Зан барои ман ҳамеша рамзи модар ва муҳаббат аст. Антропология – ин илми фаҳмиши муаммои инсон. Мерос барои ман маънавиёт аст.

Мусоҳибон:

Зоҳир САЙФУЛЛО,

Зебо ЗИЁЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь