Ҳунарпешаи мумтоз Хуршед Иброҳимзода (тенори лирикӣ) имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун сарояндаи раддаи аввали шашмақом ва писандидатарин сароянда ба шумор меравад. Писандида гаштан саҳл нест, зеро кори мақбули дигарон карданро на ҳар кас қудрати бардошт дорад. Аммо хонандаи забардасти Ансамбли «Шашмақом» – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, мутриб ва овозхони хушнавои шашмақом Хуршед Иброҳимзода аз хуш омадан бо сарбаландӣ баромадаву писандидагиро шеваи ҳамарӯзии фаъолияти ҳунарии хеш медонад.

Хуршед Иброҳимзода. Ин ном дар доираи ҳунарии пойтахт бори нахуст, 21 сол қабл ҳангоми дар ҳайати дастаи ҳунарии шаҳри Конибодом дар озмуни эҷодиёти халқ «Андалеб – 2001» ширкат ва мақомсароиаш, чун заррачаи офтоби тобон аз паси абрҳои тира рух намуд. Вай дар ин фестивал бо сурудҳои «Бебокча» ва «Тоҷикистон» барандаи озмун ва сазовори «Диплом» -и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гашт. Дар интиҳои сабқат дар барномаи ҷамъбастии «Гулчин» низ мақом ёфт. Ҳайати ҳакамони «Андалеб» ҳунарманди ҷавонро бе супурдани имтиҳон ба курси якуми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тавсия доданд. Хуршед ҳамагӣ ду ҳафта дар донишкада таҳсил намуда, Душанберо тарк гуфт ва ду сол аз доираи назар дур монд.

Тулуи дигарбораи Хуршед ба соли 2003 рост омад. Вай аз ҷумлаи писандидагон, пазируфтагони Академияи мақоми Тоҷикистон буд. Он овон дар шаҳри бостонии Хуҷанд 8 тан аз сарояндагону навозандагони ҷавон муҳассили ин ҳунаристони олӣ шуданд, ки Хуршед яке аз дилбастагони мақом маҳсуб меёфт. Инак 20 сол аст, ки ӯ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба шогирдон сабақи ҳунар меомӯзонад. Ҳамзамон, дар ансамбли «Шашмақом» – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати сароянда фаъолият мебарад.

Бо устоди ҳунар, яке аз хонандагони мумтози шашмақоми миқёси кишвар Хуршед Иброҳимзода суҳбати ихтисосие оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Доманаи 20 сол аст, ки шумо аз саҳнаҳои баланди кишвар ва берун аз он доди ҳунарро медиҳед. Аммо дар матбуоти даврӣ, бавижа маҷаллаву рӯзномаҳо дар хусуси фаъолияти ҳунарии шумо ками дар кам менигоранд. Он далеле, ки маълум аст, он ҳама барои ҳаводорони мақоми кишвар басанда нест, зеро ҳоло ҳам аз шумо дар ин росто огаҳии шоиста надоранд. Аз ин рӯ, биёед суҳбатро ба овони мактабхонӣ ва гомҳои нахустинатон дар пешаи сарояндагӣ бубарем.

– Бисёр хуб. Чил сол қабл 19 декабри соли 1982 дар хонаводаи тоҷикони бумии шаҳри санъаткорони кишвар – Конибодом ба дунё омадаам. То ман дар хонаводаи мо ягон нафар сароянда набуд. Падар аз пешаи ронандагӣ ва модарам аз бойгоншиносӣ ризқу рӯзии фарзандонро муҳайё месохтанд. Аммо маҳз падар боис шуданд, ки ба ин шоҳроҳи пуршебу фароз равон шудам. Падарам шабонгаҳ барои мо, фитаву қартаҳои ҳофизони номии мақомсарои садаи бистумро мешунавонданд. Қиблагоҳамон мехостанд, ки ҳар се писараш: Хуршед, Дилшод ва Далер роҳи санъатро пеш гиранд, аммо бо ҳукми тақдир танҳо ман орзуи падарро ҷомаи амал пӯшондам, Бародаронам – Далер оператори студияи телевизиони маҳаллӣ, Дилшод ба соҳибкорӣ машғул аст. Онҳо фаҳми хуби мусиқӣ ва овози ширини сарояндагӣ доранд, аммо…

– Пас аз хатми мактаби миёна кӣ ҳидоятгари роҳи ояндаатон шуд?

– Аз синфи 1- ум маро ба дастаи ҳаваскорони санъати мактаб пазируфтанд. Пас аз хатми синфи 8 – ум роҳбарияти мактаб маро ба мактаби мусиқии Конибодом тавсия доданд. Падарам маро бо ду дасти адаб ба ин ҳунаристон овард. Солҳои 1994 – 1999 дар ин даргоҳи ҳунар навозандагиро аз бар намудам. Муаллимони ихтисос Толибҷон Абдуллоев ва Яҳёҷон Юсуфов нозукиҳои рубоби қошғариро омӯзонданд. Он айёми пурнишот дар ин мактаб ба донишҷӯён танҳо ҳунари навозандагӣ меомӯхтанд, аммо ман пинҳонӣ аз ҳама, то оғози дарсҳо, то омадани муаллимон суруд замзама мекардам…

Ва рӯзе дар қап задед…

– Бале, ба тахмин соли 1997, рӯзе аз рӯзҳо сурудхониамро ҳамсинфам Фурқатҷон дида, гуфт, биё туро бо шахси наҷибе шинос кунам. Ва дӯстам маро назди муаллим Шуҳрат Эргашев бурд…

То ҳамин дидор бо муаллим сурудҳои халқӣ, анъанавӣ месурудам. Пас аз ошноӣ устод пурсиданд, мехоҳӣ шашмақомхон бошӣ? Дарҳол розӣ шудам. Суруди якуми худро дар ин шоҳроҳ: «Фурӯғи Мустазоди Наво» – ро аз устод андӯхтаам…

Ба бахти ман соли 1994 дар назди шуъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии Шуҳрат Эргашев «Ансамбли шашмақомсароёни наврас ба номи Боймуҳаммад Ниёзов» таъсис ёфт ва ман узви ин дастаи ҳунарии умедбахш шудам. Ҳамзамон дар ду даргоҳи ҳунар таҳсил мекардам.

Дар мактаби дувум ба чӣ дастоварде ноил гаштӣ?

– То соли 2000 – ум бо роҳбарии Шуҳрат Эргашев «Сарахбори Оромиҷон», «Уфари Оромиҷон», «Бебокча», «Ушшоқи Самарқанд» ва ғайраро аз худ намудам. Таҳти сарпарастии устод таҳсил намудан боварии маро ба мақомсароӣ даҳчанд афзуд ва маҳз тавассути он кас дар ҷодаи ҳунар то ҷое ба камол расидам. Ин бахти аввали банда дар шоҳроҳи зиндагист…

Аз кадом давра ҳунари сарояндагиатон мақбули ҳаводорон гашт ва он дар кадом чорабинӣ ва ё маъракае буд?

– Соли 2001 дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ  «Андалеб» доман густурд. Чун дар зодгоҳ қарор доштам, хоҳ – нохоҳ маро ба ин чорабинӣ ҷалб намуданд. Дар Конибодом он рӯзҳо аз ман зӯраш набудааст. Толеъ баландӣ карду дастаи ҳунарии шаҳри Конибодом дар миқёси вилоят мақоми арзандаро соҳиб шуда, ба пойтахт ба финал роҳ ёфт. Дар шаҳри дилорои Душанбе соҳиби ҷоиза гаштам. Ду ҳафта дар Институти санъат таҳсил намуда, ба қасди зодбум тарк гуфтам…

Ва раҳ ба кӯчаи саргумӣ ниҳодед?

– Чунин ҳам шуд, аз пойтахт саргардон ба Конибодом баргаштам. Падару модар амали ноҷои маро напазируфтанд ва хуб сарзаниш ҳам карданд. Аз тарки донишкада карданам мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом Нуъмонҷон Раҳимҷонов, ки маро нағз мешинохтанд, озурда шуданд.

Соли 2001 бароям соли бобарор буду ҳам нобарор. Як соли дароз, ба қавле дар хона ҳет – ҳет гаштам. Он айём 19 сол доштам. Дар ин синну сол аз рӯи физиологӣ дар кас тағйири овоз рух медиҳад. Шояд то ҷое дуруст ҳам шуда бошад. Биноан ҳамон давра мегуфтанд, ки овозатро эҳтиёт кун…

– Кай боз имкони ҳунарнамоӣ дар саҳнаи баланд шуморо даст дод?

– Моҳи майи соли 2003 дар шаҳри бостонии Исфара «Симпозиуми байналмилалии мақом», доир шуд. Моро шарафи бузург насиб гашт ва дар он маъракаи сатҳи байналмилалӣ «Наврӯзи Сабо» (матни Ҳофиз) аз мақоми «Рост» ва «Офтоб аст он парирух» (матни Саъдӣ, оҳанги Б. Ниёзов)  -ро ба самъи ҳозирин расондам. Барандаи дипломи ин симпозиум шудам.

Пас аз дастовард дар Исфара хушнуду хушҳол ба Хуҷанд баргаштам. Он ҷо моро навиди нишотангез интизор буд. Як зумра ҷавонони болаёқат ба монанди Зумрад Самиҷонова (равонашон шод бод), Насиба Омонбоева, Сироҷиддин Ҷӯраев, Камолиддин Ҳамдамов, бо Абдувалӣ Абдурашидов ба шаҳри Душанбе, ба Академияи мақом даъват шудем…

Роҳ ба сӯи қуллаҳои мурод ибтидо аз пойтахти мамлакат шуд…

– Бале, дар шаҳри дилорои Душанбе ба дастаи мо Озода Ашӯрова, Муродҷон Ҷумъаев, Ҷамшед Эргашев пайвастанд. Дастаи 8 – нафара бо тамоми ҳастӣ, ба омӯхтани тору пуди шашмақом камар барбаст. Давраи таҳсил дар Академия силсилаҳои қисми овозии «Наср» ва «Савт» – и мусиқии шашмақомро омӯхта, онро иҷро намуда, асосҳои амаливу назариявии мақомро хуб омӯхтам.

– Биёед аз сафарҳои ҳунариатон ёд биёрем.

– Чаро не. Дар ҳайати сарояндагону навозандагони Академияи мақом ва андактар дар ҳайати дастаи яккачини ҳунармандони тоҷик ба хориҷи мамлакат сафарҳои ҳунарӣ доштем. Дар Эрон, Фаронса (2004), Ӯзбекистон (2004), Қирғизистон (2004), Амрико (2006), Англия (2004), Марокаш (2005), Озарбойҷон (2009), Олмон, Алҷазоир (2011), Ҷумҳурии Мардумии Чин (2011), Ҳиндустон (2013), Москва (2014), Туркманистон (2016), Кореяи Ҷанубӣ (2017), Ӯзбекистон (2018), Русия, ҶМЧ (2019), Фаронса (2021), Эрон, Федератсияи Русия (2022) сафар кардему ҷаҳон дидем.

– Агар иштибоҳ нашавад соли 2004 Академияи мақоми Тоҷикистон дар Бишкек кадом мақомеро дар диск сабт намуда буд.

– Оре, дар пойтахти Қирғизистон мақоми «Рост» – ро дар фита сабт намудем. Барои иҷрои ин амал аз Амрико режиссёрони овоз бо дастгоҳҳои сабт омада буданд. Ин дискро соли 2005 бароварданд, ва дар асоси пешниҳоди ҳамин диск ҳайати ҳунармандони Академияи мақоми Тоҷикистон номинанти Ҷоизаи байналмилалии «Гремми» (2007) дар соҳаи санъат шуд. Сипас медали ин ҷоизаи муътабарро ба мо дар шаҳри Душанбе супурданд.

– Дар «Донишномаи Шашмақом», дар шарҳи ҳоли шумо омада: «Иброҳимов Хуршед табъи хуби оҳангсозӣ ҳам дорад…». Вобаста ба ин паҳлуи эҷодиёти хеш биафзоед. Ин ҳунар аз кай шуморо дарёб кард?

– Ин истеъдод дар давраи омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб – 2001» зуҳур кард. Маро чун овозхон ба ин чорабинӣ хонданд. Директори мактаби мусиқии Конибодом Муҳаммадхон Маҳмудов, шахси масъул ва вобастаи ин маърака буд. Ҳангоми ба саҳна мондани «Сюитаи рақсӣ» он кас гуфтанд, ки дар оғози он мисле, ки чизе намерасад ва бори ин масъулиятро бар дӯши ман вогузор намуданд…

Ба ҳамон наздикиҳо «Тоҷикистон» ном шеъри шоир Бобо Ҳоҷиро аз ёд карда будам. Баъди маслиҳат бадоҳатан чанд мисраи ин шеърро ба фаҳми худ шаҳд хондам. Ин кӯшиши аввалини банда дар ҷодаи оҳангсозист. Бо гузашти чанд моҳ ба як шеъри Бурҳон Фаррух «Аё дилбар туро дар боғ дидам» оҳанг бастам. Ин ду оҳанг ибтидои кӯшиши шогирдонаи банда маҳсуб меёбанд.

Ин «дард» – и ба хайр чанд муддат шуморо ёр шуд?

– То ҳол аз ин банд раҳо наёфтаам. Алҳол 6 силсила дар пардаҳои гуногуни мақом таълиф ва коркард намудаам. Пас аз хатми Академияи мақом яке аз мақсадҳои мо ин эҷоди силсилаҳои нав буд. Дар вақташ ин анъанаро устодони забардасти ҳунари тоҷик анҷом медоданд, яъне ба эҷоди оҳанг машғул буданд ва як муддат бо сабабҳои гуногун чунин шеваи эҷод аз байн рафт…

Баъди хатми аспирантура аввалин нафаре ҳастам, ки ба ин ҷодаи мушкил ҷадал кардам. Эҷоди оҳанг дар пардаҳои шашмақом басо сангин аст. Хушбахтона, ин корро идома бахшидам. Бемуҳобо, тули 13 сол пайваста (1994 – 2007) ҷиддан дар такопӯ ва омӯзиши шашмақом машғул будам. Бо хатми Академия низ аз омӯзишу ҷустуҷӯ канор намондам. Ба қавле, дар ин ҷода таҳкурсии хубу шоиста ҳам дорам. Кадом мақом аз кадом парда сар мешавад, хуб медонам. Албатта, ин дастовард аз дониш, собиқа ва омӯзиши пайваста манша мегирад. Вақте ҳунарманди асил танбӯрнавоз аст ва медонад, ки кадом мақом аз кадом парда оғоз мегардад, фикр мекунам мушкилие садди роҳаш намешавад…

– Албатта, ин ҳунар ва фаҳмиш дар заминаи холӣ ба миён наомадааст. Дар шоҳроҳи шашмақом устодон, мутрибону хонандагони пурсаодат эҷодҳо кардаву нақш ба ёдгор мондаанд. Биёед аз таърихи мақом сухане чанд гуфта бошем то хонандаи  азиз аз он баҳра бардоранд…

– Зикри баҷо. Ин ҳунар ба қавли нигорандагон, садсолаҳо арзи вуҷуд дорад. Дуртар намеравем, ин маврид аз асрҳои XV – XVII мегӯем. Дар он замон сарояндагону навозандагон ва мусиқидонони пурҳунар Устод Ҳусайн, Саидаҳмади Ғижакӣ, Алии Танбӯрӣ, Устод Шодии Самарқандӣ, Султонмуҳаммади Удии Самарқандӣ, Ғулом Шодӣ, Абдуллои Нойӣ, Бобои Истаравшанӣ, Кавкаби Бухороӣ ва даҳҳои дигар асарҳои зиёди мусиқӣ эҷод кардаанд, ки дар инкишоф ва равнақи санъати мусиқии замони худ мавқеи муҳимро созгор буданд. Дар асрҳои XVII – XVIII асарҳои мусиқии берун аз доираи «Дувоздаҳмақом» афзуда, доираи наве ба вуҷуд омад, ки он ба ҳунарварону мусиқидонҳои садсолаҳои болозикр иртибот дорад. Ин ташаккул аз асрҳои XVII ибтидо гирифта, дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX анҷом пазируфт. Акнун ба ҷойи 114 суруду оҳанги доираи «Дувоздаҳмақом» 252 таронаи «Шашмақом» ба миён омад…

Дар асрҳои минбаъда кадом як рисолаи мусиқӣ ва мусиқидононро метавонед зикр намоед?

– Дар асрҳои XVIII – XIX дар бахши «Шашмақом» рисолаҳои зиёди мусиқӣ эҷод шудаанд, ки «Рисолаи «Шашмақом» – и Мӯсохоҷаи Туркистонӣ (1884) аз зумраи онҳост. Ин асар доир ба тартиб ва сохти «Шашмақом» маълумоти муфид дорад. Ҳунармандон ва мусиқидонҳои мумтози он давраи тоҷик Калхоти Борух, Мирзо Отаҷони Танбӯрӣ, Отаҷалоли Ҳоҷихони Чорҷӯӣ, Отағиёс, Мирзоназруллои Танбӯрӣ, Шодӣ Азизов, Домуллоҳалим Ибодов, Левӣ Бобохонов, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Бобошарифов, Умар Ҳофиз, Муллотӯйчӣ Тошмуҳаммадов аз бузургтарин устодон буданд, ки маҳз тавассути онҳо «Шашмақом» то ба замони мо расидааст.

Ин иқдом, кӯшишҳо дар замони нав, давраи Ҳукумати советӣ бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров ва устод Садриддин Айнӣ дар солҳои 50 – уми асри XX идома ёфт…

– Оре, бо кӯшишу эҳтимоми мусиқидонҳо ва мутрибони барҷаста Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибов «Шашмақом» – ро ба нота гирифтанд, ки он дар ҳаҷми 5 ҷилд ба табъ расид. Ҳамчунон, бо заҳмати ин мардони ҳунар «Шашмақом» ба тасма (навори) магнитофон сабт гардид, ки онро ҳофизони бомаҳорат А. Бобоқулов, Б. Исҳоқова, Б. Ниёзов, А. Солеҳов, Н. Тоштемиров, мутрибон ва ҳайати ансамбли мақомхонон иҷро намудаанд. Хушбахтона, нусхаи ин сабт дар фонди тиллоии Бойгонии давлатии Тоҷикистон маҳфуз аст…

Ин ҳама дар як давр ва он ҳам бо ташаббус ва хидматҳои бузургони миллат Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шуда буд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар «Шашмақом» бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоистаро касб кард. Ансамбли «Шашмақом» – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифт. 12 – май Рӯзи «Шашмақом» эълон гардид. Дар кишвар якчанд ансамблҳои «Шашмақом» таъсис дода шуд. Дар ин муддат шогирдони зиёде тарбия ёфта, баъди хатми Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ дар ансамблҳо фаъолият доранд, ки меваҳои шаккарини истиқлол мебошанд.

Ҷоизаи ҳунарие, ки дар ин давра сазовор гаштед?

– 22 – 24 марти соли 2009 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Озмуни байналмилалии «Олами мақом» (нахустозмун) доир гашт. Мо ба воситаи интернет оҳанги суруди «Шикастаи Қарабоғ» – ро гирифтем. Як шарти озмун ҳамин буд. Ин оҳангро бо созҳои миллии тоҷикӣ иҷро ва бар он матн – мухаммаси Сипандӣ бар ғазали Шавкати Бухороиро мақом додем.

Ин навгонӣ ба ҳайати ҳакамон сахт писанд омад. Барои иҷрои ин суруд маро ҳамчун беҳтарин ҳунарманд бо «Диплом» сазовор гардонданд.

Хидмати бистсолаи шумо бо кадом мукофоти давлатӣ қадр шудааст?

– Соли 2011 бо медали «Хизмати шоиста» ва соли 2018 бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мушарраф гаштам, ки аз ин меҳрубонии роҳбарияти Кумита сарфарозам…

Умари Шерхон

PS. Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Самак” сарояндаи мумтоз Хуршед Иброҳимзодаро ба муносибати 40 – солагии зодрӯзаш (с. тав. 19.12.1982) муборак бод мегӯяд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь