Роҳи аввал:

Саргаҳ

Чанд моҳ пеш дар интернет даҳҳо саҳифа шакли пурра ё порча-порчаи баромади Муҳаммадҷон Холовро аз Озмуни Central Asia’s Got Talent нашр карданд. Он чанд маротиба дар “лента”-и мо ҳам баромад. Ҳар боре, ки гӯш мекардем, гӯё аввалин буд. Самимӣ ва бодард!

Чанд рӯз ба ҳамин минвол гузашт. Аз калонсолон фаҳмидам, ки эшон ҳамчун ҳаҷвнигор-тақлидкор дар ҳайати гурӯҳи овозадори “Ғарибшо-кампания” солҳое рӯи саҳна будаанд, ки мо ҳанӯз таваллуд нашуда будем ва дар миён бо сабаби ҳодисаҳои нохӯш танаффуси калон доштаанд. Ҳоло ба тарроҳии либосҳо машғул ҳастанду каму беш кӯшиш карда истодаанд, ки дуюм бора болои саҳна корҳоеро анҷом диҳанд.

Фаҳмидани ин ҳама баҳонаи хубе шуд барои бо акаи Муҳаммадҷон суҳбате доштан. Занг задем. Барои суҳбат розӣ шуданд. Мо қарор додем, ки дар ошхонае вохӯрем. Вақте расидем, эшон қариб хӯрокашонро тамом карда буданд. Андаке пас диктофон фаъол шуду мо оғоз кардем.

Роҳи дуюм:

Фикр, гурба ва танҳоӣ

– То омадани мо дар чӣ фикру хаёл будед?

– Натанҳо то омадани Шумо, балки ҳоло ҳамеша дар фикри тамрини овоз, интихоби сару либос ва умуман хаёлам ба озмун аст.

– Берун аз озмун чӣ?

– Берун аз озмун дар фикри гурбаам ҳастам.

– Гурба?

– Бале, ҳоло дар фикри гурбаам ҳастам, ки ман дар инҷояму он гурусна намонда бошад.

– Чӣ хел шуд, ки Шумо гурба гирифтед?

– Як шинос гуфт, ки гурба дорам ва мепартоям, ман гирифтамаш.

– Номаш чист?

– Китана.

– Ҳоло бо Катана танҳоед?

– Бале.

– Ин танҳои чӣ хубиву чӣ бадӣ дорад?

– Танҳоӣ аз худи инсон вобаста аст, ки чӣ гуна онро қабул мекунад. Ман бисёр хуб қабул кардаам ва одат ҳам намудаам. Танҳоӣ ба ман илҳом медиҳад. Илҳоме, ки сабаби тавлиди сурудҳо, тасмирҳо ва кори тарроҳиям мешавад.

Роҳи сеюм:

Аз иштироки тасодуфӣ то соҳиби тугмачаи махсус

– Шумо зиёда аз 16 сол дар саҳна набудед, чӣ тавр тасмим гирифтед, ки дар Озмуни Central Asia’s Got Talent иштирок намоед?

– Бисёр осону сода. Як рӯз “Facebook”-ро фаъол кардам, ки эълони иштирок дар озмуни мазкурро дидам. Рӯзи охири қабули дархостҳо буд. Баъд ба Китана нигоҳ карда, гуфтам, ки дархост гузорам, он “мяв” кард ва ман ҳам дархости иштирокро гузоштам. Баъд ҳамроҳи гурбаам ба макони лозимӣ рафтем. Чанд суруд пешниҳод кардем ва ҳамаашро қабул карданд. Якчанд рӯз пас ба ман паём омад, ки чиптаам тайёр аст ва омодаи сафар бошам. Пасон, дар озмун иштирок кардем, ки натиҷаашро Шумо дар интернет дидед.

– Бо олам сароидед…

– Аламам зиёд аст.

– Бо дард сароидед…

– Дардам зиёд аст.

– Ангеза чӣ буд?

– Ҳамон ду калимаи боло.

– Аз ин ду гурехта намешавад?

– Не, агар мешуд, мегурехтам.

– Дар оғоз барои иштирок ноумедиҳо буданд?

– Не, ҳаяҷон буд, ҳаяҷони зиёд. Вақте ки сурудро дар саҳна иҷро мекардам, ҳамагӣ ашк мерехтанд ва эҳсосе пайдо шуд, ки гӯё аввалин маротиба ба саҳна баромада бошам.

– Кай ҳаяҷон гум шуд?

– Ҳамон вақте ки ашкрезии мардумро дидам.

– Суруд дарди Шумо буд, чаро мардум ашк рехтанд?

– Инсонҳо ҳамин гунаанд, бо нафари дардманд ҳамдард мешаванд.

– Шумо дар баромадатон гуфтед, ки бо дастгирии дӯстон ба худ омадеде, вале сужаи сурудатон баръакс мегӯяд, чаро?

– Ростӣ, ҳоло дӯстони ман бисёр каманд ва онҳо маро кӯмаку дастгирӣ мекунанд. Ҳатто, ман бо дӯсти азизам Парвин Юсуфӣ барои иштирок дар озмун рафта будам. Вале суруди “Одамон” вақте тавлид шуд, ки аз хонаи пиронсолон фирор кардам ва ба додам касе нарасида буд.

– Либоси саҳнавии Шумо маҳсули меҳнати худатон буд. Чӣ тавр фикри тоқӣ-кепка кардани сарпӯшатон пайдо шуд?

– Пеш аз озмун чанд нафар маслиҳат дод, ки шиму кастюм пӯшам, вале рад кардам, зеро гуфтам, ман тарроҳ ҳастам ва бояд як либосе пӯшам, ки худамро баҳузур ҳис кунам. Баъдан, либосамро интихоб намуда, болояш каме кор кардам. Боз як дӯсти дигар тавсия дод, ки тоқӣ монам, вале дар натиҷаи гуфтугӯ ва машварат тоқӣ не, балки тоқӣ-кепка тавлид шуд, ки онро ҳам худам кардам.

– Аз сурудатон се мисраъ мегӯям, шарҳ диҳед.

– Хуб, марҳамат.

– “Захмиям аз ханҷари номардӣ…”

– Аз пушти ман бисёр гап карданд…

– “Одамон доданд фиребам…”

– Вақте дар саҳна будам, бисёр истифодаам карданд…

– “Аз муҳаббат бенасибам, аз муҳаббат ноумедам…”

– Муҳаббат ва ҳақиқат танҳо дар филмҳои ҳиндӣ аст.

– Барои иштирок дар чунин озмунҳо як сурудро тақрибан чанд маротиба бояд такрор кард?

– Камаш ҳазор маротиба?

– Шумо суруди “Одамон”-ро ҳазор маротиба такрор кардед?

– “Одамон” дарди ман аст ва онро миллион маротиба ҳам хондаам.

– Шумо дар баромадатон ҳам тарсидед ва ҳам ашк рехтед, метавонед он лаҳзаро ба ёд оред?

– Ман интизор набудам, ки чунин мешавад. Вақте ки яке аз доварон тугмачаи махсусро пахш кард, ман ҳам тарсидам ва ҳам беихтиёр ашк рехтам. Он вақт ҳам алам ва ҳам дардҳоям рӯ заданд.

– Шумо тугмачаи махсусро интизор будед?

– Натанҳо тугмачаи махсусро, балки интизор набудам, ки маро барои иштирок даъват мекунанд.

Рози чорум:

Дар омади гап

– Агар бароятон душвор набошад, дар бораи солҳое гап занем, ки дар театрстудияи “Ғарибшо-кампания” фаъолият мекардед…

– Бовар кунед, душвор аст. Беҳтараш дар бораи хушиҳо суҳбат кунем.

Пас аз 16 сол ба саҳна баргаштан ва боз дар “ТОП” баромадан чӣ маъно дорад?

– Маъноеро дорад, ки ман шикастам, вале нарехтам. Банда бояд ноумед нашавад. Одам қодир аст, ки тамоми дардҳову дарҳоро бишканад ва ба рӯзҳое бирасад, ки дар хаёлаш намеғунҷиданд.

– Дар ин солҳои зиёд, ки дар саҳна набудед, фикр доштед, ки мардум Шуморо мешиносанд?

– Аслан, он қадар бегона нашудаам, вале насли нав, қариб, ки маро то ҳамин баромадам намешинохт. Агар баромадҳои пешинаам маро ба насли калонсол ҳамчун ҳаҷвнигор-тақлидкор шинос карда бошад, пас насли Шумо маҳз ба воситаи иштирокам дар Озмуни Central Asia’s Got Talent маро ҳамчун сароянда шинохтанд.

– Шумо дизайнери либос ҳам ҳастед. Чӣ тавр ба ин соҳа омадед?

– Ман хеле барвақт омада будам. Модарам доимо роҳнамоӣ мекарданд, ки пӯхтану дӯхтанро бояд омӯзам ва омӯхта будам.

– Маҳсули эҷоди Шуморо мо дар киҳо дида метавонем?

– Дар шиносҳоям. Барои бегонагон ҳеҷ чиз накардаам.

– Ҳоло зиндагӣ бо ин кор пеша рафта истодааст?

– Бале.

Роҳи панҷум:

Маъюбӣ охири зиндагӣ нест!

Фаросат болотар аст ё ақл?

– Ҳарду дар як вазн ҳастанд.

– Шумо кай аз худатон розӣ нестед?

– Дар ҳолати хӯрокхӯрӣ. Иштиҳоям аз хуб ҳам зиёдтар аст.

– Аз ҳама чизи бад барои инсон чист?

– Аз пушти касе ғайбат кардан.

– Ба фикри Шумо калонсолон аз ҷавонон ва ҷавонон аз калонсолон чӣ қарздоранд?

– Калонсолон намунаи хуб бошанду ҷавонон дастгиру кӯмакрасон.

– Ба фикратон вазифаи ин ҷо буданатон чист?

– Ба мардум гуфтан, ки ҳеҷ вақт рӯҳафтода нашаванд, зеро ҳамеша роҳе ҳаст.

Чанд сол умр дидан мехоҳед?

– Чанд соле, ки Худо насиб кунад.

Мехоҳед намиранда бошед?

– Не, мурдан ҳақ аст.

– Охирин маротиба кай шикамсерӣ хандида будед?

– Ду рӯз пеш.

– Охирин маротиба кай гириста будед?

– Ёд надорам. Аниқтараш, ба ёд намегирам.

– Охирин маротиба кай аз худ ё кори кардаи худ фахр карда будед?

– Чунин кор надорам.

– Охирин маротиба кай ба касе раҳмат гуфтед?

– Ҳамин субҳ ба Худо раҳмат гуфтам, ки як рӯзи дигар чашмони маро кушод ва барои зиндагӣ кардан фурсат дод.

– Охирин фикре, ки ба саратон омад, чӣ буд?

– Кай ман соҳиби хона мешавам?

– Дар аввали суҳбат пурсидем, ки ба кадом фикрҳо бандед, гуфтед ба озмуну гурбаам ва ҳоло боз мехоҳам як бори дигар ба ҳамон савол ҷавоб диҳед?

– Чун ин охири суҳбатамон аст, фикри калонамро ба Шумо гуфтанам зарур. Фикр дорам, аз миёни бачаҳое, ки имконаташон маҳдуд аст, мини-театр ё мини-студия ташкил кунам ва ба саҳна бароему нишон диҳем, ки маъюбият охири зиндагӣ нест.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь