Отахон Саидзода, ҳунарпешаи театр, директори Театри вилоятии мусиқӣмазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар. Соли 1988 дар шаҳри Кӯлоб дида ба ҷаҳон кушодааст. Бо тақозои сарнавишт оилаи онҳо ба шаҳри Бохтар омаданд ва ӯ мактаби миёнаи умумиро дар маркази вилояти Хатлон хатм кард. Ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар тибқи квотаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, собиқ Қӯрғонтеппа қабул шуд, аммо ҷодаи ҳаёту зиндагӣ ва умри олуда бо ҳунарро тағйир доду ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода омад. Ин соли 2004 буд.

Факултаи “Фарҳангшиносӣриштаи режиссёриро бо дипломи сурх ба итмом расонид ва ба Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба фаъолият пардохт. Акнун дар ҳамин боргоҳи ҳунар роҳбар аст.

Наздик ба 20 -нақши саҳнавӣ дорад, ки беҳтаринашон Пешво аз намоишномаиТавҳид”, Рӯдакӣ дар намоишномаиРӯдакӣ“, Шоҳзода дар намошиномаиЛаку пак“, Расул дарМоҷарои имтиҳон“, Тоҳир азТоҳир ва Зӯҳро“, Бежан дар намоиши Бежан ва Манижа”, Хаткашон дарРевизор“- и Гогол маҳсуб меёбанд.

Оиладор, соҳиби 3 – писар

-Дархосту тақозои ба вилоят ба кор омадани банда, далели хосе дошт.

Давраи таҷрибаомӯзии ман дар ҳамин театр ҷараён гирифт ва устоди зиндаёдам Аловуддин Абдуллоев ва директори онвақтаи театр, Бурҳониддин Раҷабов ҳанӯз он солҳо маро дар муҷригии чорабиниву маҳфилҳои адабӣ – фарҳангии вилоят ва пазироии меҳмонони олиқадр ҷалб мекарданд.

Роҳбарияти вилоят ҳам ба қавле аз маҳоратҳои мо огаҳӣ доштанд ва маро барои инҷо хостагорӣ карданд ва истиқбол ҳам намуданд.

Ҳар кӯдаке як ҳунарманд аст, мушкил ин аст, вақте бузург шуд, ҳунарманд боқӣ бимонад.

Пабло Пикассо

Ин суханони ҳикматдори рассоми машҳури испанӣ то чӣ андоза ҳақиқат дорад? Оё ҷавҳари ҳунар дар вуҷуди шумо ирсӣ аст ё орзуҳои воқеан тиллоӣ?

-Шоир Озарахш мефармоянд:

Ман намедонам агар ҳаст, Худо медонад

Аввалан шеърхониву ишқу алоқаи зиёди банда ба риштаи адабиёт ва дӯст доштани осори ниёгон буд, ки аз айёми мактабхонӣ ба маҳфилҳо ҷалб мешудам.

Баъдан тақозои Модари азизам, ки ин ҳама ворастагиро бо чашмашон медиданду комилан маро ба ҳамин хостаи қалби кӯчаку бузургормонам роҳнамоӣ карданд.

Аз хонаводаи мо ҳеҷ нафаре дар ин масир нестанд.

– Фатҳи баландтарин қуллаҳо аз қадами нахустин шурӯъ мешавад. Чун вориди ин саҳна шудед, чӣ гуна онро дарёфтед?

– Бале, думболи орзуҳо ҳамеша равонему равон.

Рӯзҳои аввали ба театр омаданам хуб ёдам аст.

Устоди гаронмояам Аловуддин Абдуллозода ва аҳли театр хеле олӣ пазироиям карданд. Чун ягона актёри ҷавони театр будам, истиқболи ҳама ҳунармандони касбиву таҷрибадор хушу гуворо буд.

Кай нақши аввалин офаридед?

– Ҳамон лаҳзаҳое, ки ба кор қабул шудам.

Нахустин нақшам албатта гунаи бисёр нишоти зиндагӣ, аз ҷумла мактабравӣ, донишгоҳ дохилшавӣ хотирмон аст.

Дар намоишномаи “Тавҳид” аз рӯйи асари Садрӣ Умар нақши Пешвои муаззами миллатро бозӣ кардам.

Баъдан дар намоишномаи ” Одами барфин” дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукуров, нақши марказӣ доданд.

Дар асари устод Зариф Ибод ” Шодмон ва дӯстони ӯ” низ нақши асосӣ доштам…

-Боре дар як барномаи телевизионӣ дидам, ки бо ифтихор аз Ватану садоқати ҳимояи марзу бум шеърҳо мехондед ва дар тан либоси сарбозӣ доштед.

Дар хизмати Модар Ватан будед ё нақши навбатӣ?

– Бисёр сипосмандам, ки роҷеъ ба банда иттиллооти дақиқ доред.

На, нақше набуд!

Баъди як соли кор дар театр ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, бо роҳнамоии генерал, собиқ комиссари ҳарбии вилояти Хатлон Нуралӣ Фақиров ба Камендатураи ҳарбии шаҳри Душанбе фиристода шудам ва як сол адои қарзи виҷдонӣ кардам.

-Вале фақат шеър мехондед ва дар барномаҳои ватанпарваронаи телевизонҳо сухан мекардед.

-Оре, онҷо низ ба ҳамин ҳунари ровигиам шоистаи эҳтиромот будам…

Маҳз замони хизмати сарбозӣ ба Маскав рафтем ва дар Фестивали байналмилалии “Манораи баланд”, миёни 14- давлати ҷаҳон, он ҳам дар Майдони сурх бо ҳайати оркестри ҳарбии нафасӣ ҳунарнамоӣ ва Тоҷикистони азизро муаррифӣ намудем.

-Мегӯянд, ҳунарманд, новобаста аз кам дороӣ доштанаш, духтари подшоҳро харидорӣ ва исроркорӣ мекунад.

Издивоҷ бо шоҳдухтаре кардед, ё хати тақдир?

– Саволи аҷиб!

– На, шоҳдухтар насибам нашуд, вале маликаеро ба занӣ гирифтам, ки имрӯз дар саҳнаи ҳунару зиндагӣ маро шоҳ Манучеҳр, ошиқон Бежану Тоҳир кард…

– Воқеан, хуш шудам, ки аз нақши шоҳ Манучеҳр гуфтед.

Чанд вақти охир аст, ки аз достонҳои таърихииШоҳнома“-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ намоишнома таҳия мекунед.

Ин идеяи кист?

Дар ин сабки назмӣ омода кардани як достони бузург мушкил нест?

-Бале, таҳияи асарҳо аз “Шоҳнома” душвор аст, вале шавқу ҳавас, ки бошад, кор ҳамеша осон аст. Интихоби рӯйи саҳна овардани достонҳои Абулқосим Фирдавсӣ, ин бо хости банда аст, зеро ҳангоми дарсхонӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, устодон Аслиддин Низомов, Соро Раҳимова, Гулчеҳра Нӯъмонова, Баҳодур Миралибеков, Фарҳод Мираҳмадов, Рустам Воҳидов, Санавбар Мирмуллоева, муаллимаҳо Рауфова, Султонова, Турсунова, Арбобов ва устоди шодравонам Аловуддин Абдуллоев ҳамвора таъкид мекарданд, ки асарҳои таърихӣ ҳамеша мондагор мегарданд ва ба тамошобинон ҷавҳари зиндагӣ, расми паҳлавонӣ, оини Ватандӯстӣ, садоқату ишқи пок, ҳисси душманбадбинӣ ва ифтхормандии нозидан аз ниёгонро ҳадя меоваранд.

– Чанд достони таърихӣ ба намоиш гузоштед ва чӣ гуна пазируфта шуд?

– То ҳоло се намоишнома, аз ҷумла ” Бежан ва Манижа “, Зол ва Рудоба” ва “Тоҳир ва Зуҳро”-ро пешниҳоди бинандагон гардонидем, ки ҳам аз ҷониби тамошобинон ва ҳам аз тарафи шӯрои бадеии назди Вазорати фарҳанги ҶТ ва Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон истиқболи самимӣ ёфтанд. Имсол бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Фестивалозмуни ҷумҳуриявии “Парасту- 2023” бо намоишномаи “Зол ва Рудоба” дар коргардонии Баҳром Қурбонзода ва саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус ширкат варзидем ва соҳиби ҷойи дуюм шудем. Албатта ҳунармандони театри мо дар сатҳи баланд ин саҳнаро пешкаш намуданд. Шоҳид, қарсакҳои бардавоми мухлисон буд, ки моро хеле шод мекард.

– Аз мухлисону кафкӯбиҳо гуфтед.

Маданияти тамошобин дар саҳнаи театр ба шавқи ҳунарманд чӣ зам мекунад ё ғайри сурат чӣ таъсире мегузорад?

-Агар мухлис бо фарҳанги воло ва саъйи комилу ҳадафи бархурдории маънӣ ба театр ташриф оварда бошаду дақиқкорона пайгирӣ кунад, бешак мо аҳли ҳунар шодмон мешавем. Мутаассифона бархе аз тамошобинон бо лаҳзаҳои марбути асар доду фиғону садои зишт мебароранд, ки нороҳатӣ ва тағйири образро шояд ба вуҷуд меорад. Шукр тамошобинони мо ҳама хубанд.

– Чарлӣ Чаплин, ҳунарманди маъруфи ҷаҳонӣ мегӯяд:

“Бисёр мехостам мардум бифаҳманд, аммо онҳо фақат механдиданд“.

Чӣ назар доред?

– Боз ҳам пурсиши ҷолиб.

Вазифаи ҳунарманд, он ҳам дар рӯйи саҳна ба намоиш гузоштани маънову паҳлӯҳои мухталифи зиндагии инсонҳост.

Дарки он заҳматҳо ба завқу салиқа ва маърифати бинандаи асар марбутӣ дорад.

– Хуб аст, бармегардем ба давраи баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ ва дубора омаданатон ба театр.

– Кай директор таъин шудед?

Шуморо ҳампешагон дар таърихи театр аз ҷавонтарин роҳбар унвон мекунанд.

– То расидан ба ин симмат муовини директор будам. Соли- 2019 бидуни огаҳӣ пайкашро расонданд, ки моро собиқ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сифати директори муассиса пазируфтаанд. Хабари хуш буд албатта, зеро ман ҳамагӣ 30 сол доштам.

 – Роҳбарӣ якчанд талабот дорад. Азҷумла роҳбар бояд дорои якчанд ҳунар бошад,ки якеаш муросо кардан бо ҳамкорони ҳамдил аст.

Дар мавҷуди шумо буд ин лаёқат?

– “Саволҳо то рафт мушкил шуда истодаанд“,механдад, мусоҳибам

Бале роҳбарӣ дар як корхона, он ҳам даргоҳи муқаддаси театр, ки қариб 100- нафар коргар дорад, хираду донишу маърифату ҳунари болотар аз ин ҳунари доштаро тақозо мекунад.

Шукр, ки бо ҳама ҳамкорон тифоқем,сарҷамъона, оромона рисолати касбиамонро пеш бурда истодаем.

– Атрофи ҳамин мавзӯъ.

– Мегӯянд,ки мақом он вақт мондагор мегардад,ки он мансабу вазифа дар қалби одамон ҷой дошта бошад.

Баъзе роҳбарон, баъди рафтанашон аз маснад, зуд фаромӯш мешаванд ва мавриди маломатҳои коргарони қабл қарор мегиранд.

– Шумо ин маъниро чӣ гуна тафсир мекунед?

– Роҳбар будан маънои хӯҷаинӣ ва хитобҳои зӯриву шиканҷаву ситам ба коргарро надорад. Чӣ гунае, ки Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд:”

Вазифаи роҳбар кӯмак кардан аст, на бадбиниву хусумату фишороварӣ”

-Офарин, Отахон!

– Умедворам ба гунаи як роҳбари боадолату хайрхоҳ дар миёни аҳли маънӣ боқӣ мемонед.

– Ба кормандонатон ёрӣ мекунед?

– Албатта, чаро не?

Ҳар дафъае, ки кормандон эҳтиёҷе пеш меоранд,ҳатман кӯшиш мекунам,дасти ёрӣ дароз кунам.

Ба кормандоне, ки дар иҷора зиндагӣ мекунанд,маблағи иҷорапулиашонро лутф мекунем…

– Дараҷаи тахассусашон чӣ?

Талаботи шуморо қонеъ мекунад?

– Як замоне бӯҳрони кадрӣ дар театр буд.

Ҳунармандон ба дигар самт майл карданд, қисме ба муҳоҷират рафт.

Ҳоло шукр ҳама ҳунарпешаҳо дилгармона кор мекунанд.

Ҷавонони лаёқатнок дорем.

Ифтихор мекунем, ки дар канори устодоне чун Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева, Маҳмадалӣ Аюбӣ, шогирди абарустоди саҳнаи тоҷик,Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Муҳаммад Шомуддинов, коргардон Қурбонмуҳаммад Шукуров, Ҳоҷамқул Сатторқулов ва бисёри дигарон бо неруву ғайрати даҳчанд фаъолият мекунем.

– Суҳбати мо дар ин театри бошукӯҳ, албатта ҷойи азизу муътабар барои мову шумо ҷараён дорад.

Ин шаҳомати театр, бузургиву зебоиҳои ҳар нақши девор, муҷаҳҳазии саҳна кай насиби шумо гардид?

– Ташаккур!

– Ибтидо шукри Сарвари фарҳангсипосу маърифатҷӯву ҳунарпарвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунем, ки ҳамвора ба аҳли фарҳанг таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Мо дар театри кӯҳна, ки соли- 1946 сохта шуда буд ва барои он маврид шароит дошт, фаъолият мекардем.  Ин театри бузургу камназир дар мамлакат маҳз бо дастури Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуд. Соли- 2016 дар ифтитоҳи бинои нав бевосита худашон ширкат доштанд ва ба мо ҳунармандон дуову ниятҳои хайр карданд. Дар сохтмони таетр ва ороишу ҳар нақши он саҳми собиқ раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бағоят бузург аст. Маҳз бо тахайюл ва эҳсоси зебоипарастиашон ҳунармандони чирадасти Суғду Истаравшанро ба инҷо даъват карданд, то аз услубҳои меъмории қадимаи тоҷикон,гаҷкориву наққошӣ аз шишанигорӣ макони озодагонро зиннат бубахшанд.

– Аз театри қадимӣ ёд кардед, аз аввалин ҳунармандони театр киро медонед?

– Иқболамон фаровон аст, ки дар қадамҷойи азизон, устодони театру кинои тоҷик Саидмурод Ҳотамов, Хайрӣ Назарова, Фаррух Қосимов, Шавкат Халилов, Шокир Сафаров, Неъмат Идрисов, Давлатҷон Муқимов ва зиёд нобиғаҳои санъат гомҳо мегузорем.

Ёдашон гиромӣ бод!

– Шумо як садои фораму қавие доред.

Кай пай бурдед, ки лаҳни шумо ғайриодӣ аст?

– Оҳо, боз ҳам замони бачагӣ хоҳем рафт….

Мактаб мехондам, ки маро ба муҷригии чорабиниҳо фаро мегирифтанд.  Дар озмунҳои Тв “Хатлон” бо шавқи дил ширкат мекардам. Ҳатто дар озмуни  телевизионии ” Қироати шеър” ғолиб омадаам. Акнун бинандаву шунаванда баҳогузорӣ кунад. Худтаърифкуниро хуш надорам.!

– Дар кино нақш доред? Ҳунарманди кино буданро мепарастед ё саҳнаи

театрро?

– Росташро гӯям, Ака?

Ҳатман!

-Дар филмҳои “Азизи зиндагӣ”, “Ранҷи зиндагӣ”- дар якчанд филмҳои “Хатлонсинамо”, азҷумла дар ” Асрори тақдир”, “Артист”, “Пушаймонӣ” нақш офаридаам, вале ҷону ҳушу хотиру ҳар нафаси ман дар театр аст….

– Дар ҳар соҳа ва рушди ҳар нафаре, касе пуштибон меистад.

Ё таври дигар гӯем,тағо доштан лозим аст.

Пушти ин ҳама нумӯъ карданҳои шумо кӣ қарор дорад ё саъйи беминнатӣ аз хеш доред?

– Хеле зебо!

– Дар ин зимн бо садои баланд мегӯям, ки ягона соҳае, ки дар он тағобозӣ карда намешавад, ҳамин театр аст.

Мебахшед, Отахон!

Дар журналистика ҳам касе  наметавонад, пуштибони ҳамешагӣ бошад ва ё ба ҷойи шумо нависад!

– Бале,мо қариб ҳамтоем!

Ин ҳама дастовардҳо дар роҳи ҳунар бешак заҳмати худи ман аст. Албатта устодон дастгирӣ кардаанд, вале боз ҳам меҳнат, омӯзиш, бедорхобӣ, талошҳои ҳамешагӣ зарур ва муҳим аст. Мо вақте ба кор омадем, ҳатто маошро напурсидем,ки чӣ қадар аст… Мақолиба як мард чил ҳунар кам аст” – ро дар фаъолияти шумо хуб эҳсос мекунем.

Гоҳо нақш меофаред, коргардонӣ мекунед, гоҳо суруд мехонед ва баъзе маврид рақс ҳам мекунед.

Боз чӣ маҳорату сирри ҳунари ниҳон доред?

– Қариб ҳамаашро гуфтед! Изофа бар ин шеър менависам, ровигӣ мекунам ва дар тӯю хурсандиҳои мардум шарик шуда, садри маҳфилҳои арӯсӣ мешавам. Гоҳо намоишҳои театрии шаҳру ноҳияро коргардонӣ ва таҳия мекунем.

Яъне манбаи рӯзгузаронӣ зиёд доред?

– Шукри пешаву ҳунари Худодод, ки агар дошта бошем, ҳам ном ёфтему ҳам нон.

– Дар журналистика ба қавли устоди равоншод Пайванди Гулмурод аввал ном аст, баъдан нон худаш пайдо шудан мегирад.

Дар соҳаи шумо ҳам чунин аст?

Бешак!

– Отахон чанд пурсише дорам:

– Дар саҳнаву намоишномаҳои шумо танҳо модари бузургвору ягонаатонро мебинем.

Падаратон?

Бале, мо бо фариштаи хонадонамон якҷоя, аз дусолагӣ бо ҳамем.

Бо падар зиндаҷудоем…

Модари омӯзгорам дар саҳнаву зиндагӣ шаборӯз канори банда аст ва аз муҳаббатҳову меҳрубониҳои эшон баҳра мегирам.

Аз устоди гиромиатон Аловуддин Абдуллоев ёд кунем. Чӣ хотироти ширину якумра доред?

– Билохира омадем, сари мавзӯе, ки ҳар маротиби аз он варақгардонӣ чашмонам ашк мегиранду хотираҳои гузаштаамон рӯшан.

Бузурге фармудааст: “Хотираҳо чӣ неку чӣ манфӣ, ҳамеша мондагоранд”.

Аммо мо аз устоде, ки падарвор дӯсташ медоштам, ҳамвора бо накӯиҳову ширинлаҳзаҳои ҳамкорӣ ёдномаҳову дилномаҳо дорем.

Ҷояшон фирдавси барин бод!

– Омин!

Пурсишҳои кӯтоҳ дорам, ҷавобҳо ҳам бигузор фишурда бошанд.

– Бошад!

-Аз чӣ гуна намоиш худдорӣ мекунед?

– Аз навиштаҳои беҳадаф!

Дар театр драмманавис ва нависанда мисли обу ҳаво зарур аст, доред?

– Мутаассифона, на!

Аз пойтахт, бо устодон Ҷумъа Қуддус, Ато Ҳамдам, Низом Қосим, Тоҳир Маҳмадризоев ҳамкорӣ дорем.

Оянда чӣ нақши таърихӣ дар назар доред?

– Офаридани нақши Спитамен, Суҳроб, Сиёвуш, ва Ромеоро!

– Толори холӣ ё камбинанда доштед?

– Пурра на, вале баъзан буд, ки моро хеле ғамнок мекард.

Медал, мукофоти давлатӣ ё нишони сарисинагӣ?

-Албатта, шукргузорам, ки Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорам.

Боз ҳам, вақти адои хидмати ҳарбӣ бо медалҳои 60- солагии ғалаба ва медалҳои 10 ва 15 – солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, медали Аълочии фарҳанги ҶТ, Аълочии сарҳадбон, 20- солагии марзбон, 20- солагии Гвардияи миллӣ, Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ, нишони 3000- солагии Ҳисор қадрдонӣ шудаам .

– Фоҷеа доред?

– На!

Мазҳака?

– Бале, дар намоишномаҳои “Лаку пак”, “Ревизор” , ” Моҷарои имтиҳон”, дар “Скапен”- и Молер нақши Леандр, мазҳака офаридаам.

Дар хориҷа будед?

– Бале, бо намоишномаи “Лаку пак” дар Фестивалҳои байналмилалӣ дар Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ҳамчунин бо намоиши “Арасот” дар 90- солагии Чингиз Айтматов, нависандаи қирғиз, дар шаҳри Бишкек ҳунарнамоӣ кардем, ки хеле мақбули сокинонаш гардида буд…

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйи нақши Шоҳзода сазовори беҳтарин нақши мардона гардидам,ки хотироти  ширин дорад….

– Сӯҳбати мо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ сурат гирифта истодааст.

Меъмори Ваҳдат ва формулаи сулҳи тоҷиконро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Албатта паси ин ҳама рӯзгори осоиштаи мардум, рушди бесобиқаи Ватан,оромиши ҳар хонадон хидматҳои Сарвари наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад,ки ба ивази ҷоннисорӣ ва баҳои ҷавонии Президенти мамлакат ба даст омадаанд. Сарвари давлат бо баҳои ҷони азизи хеш ҷони Ватани аҷдодиро наҷоту осоиш бахшиданд ва акнун Парчами иззату шарафи мо дар арсаи олам ба ҷовидонӣ болову парафшон аст.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакатон бод!

– Ташаккур!

Дар баёни ҳусни мақтаъ аз сухани бузургон мегӯем:

“Шарофатро набояд ба даст овард, фақат онро набояд аз даст дод!”

Отахон, воқеан шарофат дорад ва ҳадафмандона дар ҷодаи пуршарафи театр гом мезанад….

Абдурозиқ Розиқзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь