Дар ҷомеаи имрӯзаи мо, бештари мардум ба равонпизишкони соҳибтаҷриба, кордон ва дилбохтаи касб ниёз доранд. Марям Давлатова аз зумраи ҳамон равоншиносонест, ки бо забони хуш, табассуми зебо ва бо самимияти комил беморони худро табобат мекунад. Баъд аз хатми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи аспирантура, соҳаи адабиётшиноси супорида, онро бомуваффақият ҳимоя намуда, унвони номзади илми филологияро ба даст меорад. Дар ш.Маскав кори осорхонашиносиро аз худ мекунад. Марям Давлатова дар умум дар осорхонаҳои давлатии М.Турсунзода, С Айнӣ, М.Раҳимӣ, А.Лоҳутӣ, Академияи улум, Донишгоҳи Технологӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази сиёсати гендерӣ ва дар маҷалаи “Равзана ва ҳаёт” кору фаъолият намудааст вале тақдир роҳи ӯро ба кору касби равоншиносӣ пайваст намуд. Тӯли даҳ сол мешавад, ки муаллима дар соҳаи равондармони кор мекунад ва бештари мардум аз он кас розӣ ҳастанд. Ҳангоме, ки бо апаи гиромиқадр сӯҳбат мекардам, дар симои ӯ шахси некхоҳ ва хоксору фурӯтан дида мешуд. Бо эшон сӯҳбати хубе анҷом додем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

 -Аввало салом, муаллимаи азиз! Умедворам, ки хуб ҳастед, мегуфтед имрӯзҳо ба чӣ кору бор машғул ҳастед?

-Айни замон тавассути радио ва телевизион суҳбатҳои равоншиносӣ ва кӯмакҳои равоншиносӣ ба хоҳишмандон медиҳам. Мушкилии кори мо ҳамин аст, ки хоҳишманд моро бояд пайдо кунад, розӣ бошад, бо мо кор кунад. Барои ҳамин корамон аз рӯйи миқдор камтар аст, вале кофист барои як одаме, ки дам гирад, аз ҷояш нахезад, раҳ нагардад(механдад).

 -Аз кай кору касби равоншиносӣ дар дили шумо маъво гирифт?

-Ба фикрам равоншинос таваллуд шудаам. Вақте кӯдакони ман ба камол расиданд, ман дидам, ки онҳоро нафаҳмида истодаам. Барои он ки забони онҳоро фаҳмам, ман бояд илми равоншиносиро донам. Як муддате худомӯзи мекардам. Ҳангоми мутолиаи китобҳои психология, шавқу ҳавас дар дили ман пайдо шуд. Баъдан дар ташкилоти гендерӣ соҳаи равоншиносиро омӯхтам. Аз кишварҳои хориҷа устодони ташкилотҳои байналмилалӣ аз касби равоншиносӣ ба мо дарс мегуфтанд. Соли 2014 давоми таҳсилро дар ш.Эрон анҷом додам. Пасон мо ба дигарон ин касбро омӯзонидем, ба дигар давлатҳо сафар намудем. Аз соли 2016 то инҷониб дар ҳамин касб кору фаъолият намуда истодаам. Ҳамчун равоншинос дар ҷамъият муаррифӣ шудам. Агар олами равонии одамонро нашиносем, муносибат бунёд карда наметавонем. Хушбахтии худамонро вақте сохта метавонем, ки дониши амиқ дошта бошем. Дониши муҳимтарин дар бунёди муносибат ин илми равоншиносӣ аст.

 -Дар МД телевизиони “Сафина” барномаи равондармониро пеш мебаред ва мавзуъҳои муҳимро ба тамошобинон мефаҳмонед. Идеяи пешниҳоди барнома чӣ хел дар фикратон омад?

-Якумин маротиба ман бо даъвати журналисти телевизиони “Тоҷикистон”- Моҳсафари Яҳёзод барнома таҳия кардам. Бо Моҳсафари Яҳёзод як барнома доштем. Рафти барнома гарму зебо мегузашт. Баъдан ба барнома тағйиру иловаҳо ворид кардем. Барнома бо номи “Дабистони оиладорӣ ” дар муддати як сол ба тамошобинон пешкаш карда шуда буд. Бо сабабҳои дигар барнома қатъ карда шуд. Баъди ду сол ман мехостам барномаи дигаре дар телевизиони “Сафина” пахш шавад. Мо барномаро сабт кардем вале мутаассифона бо сабабҳои техники ба эфир нарафт.

Аз миён чандруз гузашту ман мақсаду нияти барномаи навамро ба Зевар Давлатова фаҳмондам. Он кас барномаи маро хуб дастгирӣ намуд. Барнома бо номи “Эҳсос, афкор ва рафтор” се сол таҳияву пешкаш гардида буд. Ин барнома муваффақ ҳам шуда буд. Баъдан дар барномаи “Субҳ” сужаи равоншиносӣ пешкаш мекардам. Як барномае дигаре бо номи “Рӯ ба рӯ” таҳия кардем. Ҳар як барнома давомнокии худро дорад.

Айни замон барномаи бо номи “Лаҳзае бо равоншинос” дар телевизиони “Сафина” ҳафтае 2-3 маротиба пешкаш мегардад ва тамошобини худро дорад.

 -То ҷое, ки медонам касби равоншиносӣ аз дунёи эҷод дур ҳаст. Шумо ҳам шеърҳои баландмазмун эҷод мекунед ва ҳам хотираҳои худро менависед. Каме оид ба ин машғулиятҳо нақл мекардед.

-Шеър як чизи аҷиб аст. Замоне дар ш.Эрон таҳсил мекардам, устоде доштем бо номи Курдӣ. Он кас дарсашро бо шеър оғоз мекард. Ман дидам, ки барои мардуми мо шеърдармони як раванди хеле ҷиддӣ аст. Пас аз он ки ба ш.Душанбе омадам, гоҳ-гоҳ шеърҳо, хотираҳои худро дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук мегузоштам.

-Беморон ба шумо муроҷиат карда, зиндагии худро нақл мекунанд. Албатта ҳолатҳое мешавад, ки шикояти онҳо шуморо ғамгин месозад. Бо чӣ роҳу восита худро таскин мебахшед?

-Воқеан равоншиносӣ касби вазмин аст. Мо усулҳои худро (супервизор) дорем. Барои таскин додани худ ба дигар равоншиносон (бонуе аз ш.Маскав) муроҷиат мекунем. Ҳар ҷое, ки хастагиро эҳсос мекунам, ҳафтае як маротиба тариқи онлайн сӯҳбати дустона мекунам.

-Кадом асарҳои шоирони классикро фориғ аз кор мутолиа мекунед?

-Ман ошиқи асарҳои Ҳофизи Шерозӣ ҳастам. Агар ғамгин бошам, шеърҳои Ҳофизи Шерозиро мутолиа мекунам. Агар хурсанд бошам осорҳои Мирзо Турсунзодаро мехонам.

 -Хислату рафтори кадом инсонҳоро намеписандед?

-Баъзе одамон самимӣ нестанд, дилашонро намекушоянд. Ман ҳақ надорам онҳоро бад гӯям, чунки офаридаи Худованд ҳастанд. Вақте эрод мегирам, шикояти ман ба боло меравад.

 -Дар зиндагӣ аз киҳо зарбаву бадиҳо дидаги ҳастед?

-Шояд дар сину соли шумо маро ҳам мегуфтанд, ки ин бад буд. Аммо ҳозир ин хел баҳо дода наметавонам. Касе, ки маро ранҷонд, шояд устоди бахшидани ман аст. Дар китоби “Ду ҳаёт”-и нависанда К.Антаро гуфта шудааст, ки дар рӯйи замин дӯстон ва душманон вуҷуд надорад, ҳамаи одамон устодони ту ҳастанд, онҳоро бипазир, донишашонро бигир.

-Кадом беморон ба шумо муроҷиат мекунанд?

Занон бештар муроҷиат мекунанд. Мардум оид ба масоили оилавӣ назди ман меоянд.

Ҳолатҳое шудааст, ки аз касбатон пушаймон шуда бошед?

-Не, медонед Маҳинаҷон ман аз касбе ки хаста дилбазан шавам, аз он ҷо меравам. Ман аз касбам пушаймон нестам.

16)-Нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд роҳи шуморо интихоб кунанд. Ба онҳо чӣ маслиҳат медиҳед?

-Биёмӯзанд. Бо ташаббуси пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин донишгоҳҳо шӯъбаи психологӣ кушода шудааст. Хоҳишмандон метавонанд рафта омӯзанд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба илми равоншиносӣ маводҳои муфид оварда шудааст.

 -Орзуҳое, ки то ҳоло ҷомаи амал напушидааст, яктояшро мегуфтед.

-Як вақтҳое мехостам, ки тренери сатҳи байналмиллалӣ бошам зеро дониш дорам. Фарҳанги Тоҷикистонро, донишу ҷаҳонбинии худро дар шакли барнома ба мардуми хориҷа пешниҳод кунам лекин мутаасифона амали нашуд. Нияти дигари ман он аст, ки мехоҳам нафаре бошад шеърҳои маро ба оҳанг ҷӯр созад, муассиртар кунад. На ба хотире, ки ба ман шӯҳрат орад.

-Ташаккур барои сӯҳбати хотирмон. Саломату сарбаланд бимонед!

Мусоҳиб: Маҳина Орзуева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь