Маҳмадсаид Шоҳиён чун шахсият ва ҳунарпешаи асил дар миёни мардум маъруфу маҳбуб аст. Бо офаридани образу характерҳои миллӣ синамои тоҷикро як зина боло баровард. Ҳамаи нақшҳояш дар ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва шинохти бештару беҳтари мо, миллати мутамаддину куҳанбунёд бо русуму анъанаҳои нек дар дохил ва берун аз он таъсир доранд.

Нақшҳои Восеъ (аз филми “Ашк ва шамшер”), Чӯпон (Файз – аз филми “ Кӯҳистонӣ”, Абдушукур (аз филми “Дар орзуи падар”) аз нақшҳои миллӣ ва мондагор дар синамои тоҷик мебошанд. Ҳамчун муовин ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини вазири фаҳанг, директори шабакаи телевизиони “Сафина”( аз рӯзи таъсисёбияш), мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, директори “Тоҷикфилм” дар сарварӣ ва амалӣ намудани иқдомҳои неку шоиста, пешрафти соҳа низ истеъдоду маҳорати махсус дорад.

   – Мехоҳам суҳбатро аз имтиҳони қабул дар Донишкада, дар назди шахсияти бузурги олами ҳунар, мусиқии касбӣ, Артисти халқии СССР оғоз бахшед. Овоз, суруд хонданатон сабаб гардид, ки баҳои аъло бигиред. Чӣ эҳсосе дар Шумо пайдо мешуд, агар ин имтиҳонгирандаро мешинохтед?

– Бисёр шод шудам, ки бо ин пурсиш маро вазифадор месозед, ки ба он рӯзгор, рӯзгори ширину талошҳо барои омӯзиш, ҳунарманд шудан, дигарбора биравам.

Тайёрӣ медидем, мехондем, машқ мекардем, ки ба Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қабул бишавему таҳсил бинамоем. Довталаб бисёр буду дохил шудан ба ин даргоҳи ҳунар осон набуд. Аз дохилшаванда дар баробари доштани саводи кофӣ, маҳорату истеъдодро ҳатман ҷӯё мешуданд.

Инак, рӯз ва навбати имтиҳонсупорӣ. Ба саҳна зарур аст, ки бибароӣ. Бояд бубинанд, ки чеҳра, ҷусса ба соҳа мувофиқат мекунад ё не. Дар баробари ҳамаи ин ҳатман овози дохилшавандаро, сатҳи мусиқифаҳмиашро низ муайян мекунанд. Дар ин ҳол ба ногоҳ ба гӯшам овози омиронаи раиси комиссия расид: “Хуб, писарам, авоз чӣ хел аст? Суруд хонда метавонӣ?”

– Метавонам. Кадом суруди машҳурро бихонам ва мисли кӣ?

– Як суруде бихон, ки кашиш ва баландии овозатро бифаҳмему муайян бикунем. Мақсадро фаҳмидед?

– Оре.

– Чӣ мехонӣ?

– Суруди “Чархофалак” – ро.

– “Чархофалак”? Авозат барои иҷрои авҷ мерасад?

– Мерасад, – мегӯям боҷуръат.

– Бихон!

Ва мехонам.

– Баҳоят “аъло”! Дар актёрӣ муҳим авоз аст, авоз!

Ҳеҷ кас ба ӯ муқобилият накард. Ин ҳолат тааҷҷуби маро афзуд. Баъд фаҳмидам, ки ман дар назди Аҳмад Бобоқулов, Артисти халқии Иттиҳоди Шуравӣ, суруди худашро сароидам. Албатта, агар ӯро мешинохтам, ҳеҷ гоҳ чунин ҷуръат намекардам. Инро ҳам бояд зикр бикунам, ки ин сурудро дар деҳа ба воситаи радио мешунидем ва ҳамеша машқ мекардем, ки мисли Аҳмад Бобоқулов онро бисароем.

– Эҳсос накардед, ки устод, аз он, ки сурудашро хондед, шод шуда бошад?

– Не. Устод дар вақти сароиданам, хоса дар гирифтани авҷҳо, кашишҳову лапишҳои овоз ёрӣ доданд.

Ӯ дар саҳна, ки мебаромад, саҳна пур мешуд, шукӯҳи хосса мегирифт. Ба як шахсияту ҳунарпешаи нотакрору мондагор табдил меёфт. Дар зиндагӣ, ҳангоми тадрис як инсони одӣ, ғамхор буд. Моро пас аз анҷоми дарсҳо ба хонааш мебурд. Гоҳе, ки шарм мекардем, бо лутфу муҳаббат мегуфт: “ Хой, не нагӯед, биёед меравем, охир оши серӯзаро хӯрда, тамом кардан лозим аст”. Чун мерфтему ба ғизо аҳамият медодем, ба осонӣ дармеёфтем, ки чанд дақиқа пеш онро дар хона омода кардаанд.

Сабаби чунин даъватҳоро баъд фаҳмидем. Устод дар даврони донишҷӯияш бисёр азоб кашида ва ҳолати шахсони боистеъдодро хуб медонистааст. Руҳаш шод бод!

– Омӯзиш дар муасисаи таҳсилоти олии касбӣ ба сайқал ёфтани маҳорати Шумо то куҷо таъсир гузоштааст? Пурсиш ба ин хотир мебошад, ки дар адабиёт, ки як навъ санъат ба шумор меравад, ин ҳақиқатро бебаҳс мепазиранд: «Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст».

– Истеъдод дар олами ҳунар, воқеан, муҳим аст, бисёр муҳим аст. Шояд дар дигар соҳа, касбҳо беистеъдод будани шахс рӯпӯш бишавад, аммо дар саҳнаи театр ва синамо он ба зудӣ ва осонӣ ошкор мешавад. Ҳеҷ кас ба ҷои ту ин камбудиро рафъ ва пинҳон карда наметавонад.

Дар баробари доштани истеъдоди табиӣ шахс бояд омӯзад, бисёри бисёр омӯзад, дониши фаррох дошта бошад. Аммо кас дар оғоз намедонад, ки чиро биомӯзад, чӣ тавр биомӯзад. Таҷрибаи андӯхтаи ҷавон барои дарку фаҳми он кофӣ нест. Ҳатман ӯро бояд устоду раҳнамо бошад. Ман аз устодони ҳунар дар ин боргоҳ бисёр асрори ин касбро омӯхтаам. Таҳсил зарур аст. Аз ин рӯ, ин Донишкадаро бо ҳамаи устодонаш дӯст медорам ва бароям ҳамеша азизанд. Сайидои Насафӣ барҳақ фармудааст:

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафтарафта чарх оламгир кард.

– Иҷрои нақши Восеъ дар филми «Ашк ва шамшер» ҳунари худододии Шуморо аён сохт. Дар кушодани ин образ то куҷо коргардон саҳм дораду то куҷо худи Шумо?

– Пас аз хатми Донишкада барои фаъолият ба Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омадам. Дар ин даргоҳ ҳанӯз нақше наофарида будам, чун аз байн ду моҳ нагузашта буд. Эълон карданд, ки барои нақши Восеъ ҳунарпешаеро хосторанд. Ҳунарпешагони маъруфу маҳбуби кишвар мерафтанд, то пазируфта шаванд. Ман ба сифати ёрдамчии яке аз ин ҳунармандон  мерафтам ва имтиҳонсупорандагонро барои иҷро намудани ин нақш медидам. Чун ҳамаи ҳунарпешаҳои маъруф ҳунарнамоӣ карданд, дар алоҳидагӣ, ҳангоми нисфирӯзӣ, рӯ ба коргардон овардаму гуфтам, ки ман ҳам мехоҳам дар иҷрои ин нақш худро бисанҷам. Бо тааҷҷуб ҳамроҳи ӯ чанд нафар ҳакамон ба ман гуфтанд: “Ту?! Ҳоло бисёр ҷавон нестӣ?! Таҷриба дорӣ?!”

– Ман ин нақшро дӯст медорам. Ин образ бароям бисёр шинос аст. Асари “Восеъ”- и Сотим Улуғзодаро борҳову борҳо хондаам, балки онро азёд кардаам. Восеъ бо ҷасорат, ифтихор, одамият, нангу номуси миллияш бароям идеали зиндагӣ аст.

-Хуб, месанҷем- розӣ шуданд онҳо.

Аз санҷишашон гузаштам. Онҳо низ шод буданд, ки Восеъро дар ман пайдо карданд.

Бисёре аз тамошогарон пиндоштанд, ки офаридани нақши Восеъ қуллаи баландтарини эҷодатон аст, аммо нақши офаридаатон дар филми «Кӯҳистонӣ» синамои миллиро як зина боло бурд. Бо дидани Абдушукурпадарандари Меҳрубон дар филми «Дар орзуи падар» дарёфтанд, ки чунин набудааст. Дар ҳақиқат, саҳми Шумо дар офаридани образу характерҳои миллӣ махсус қобили зикр аст. Воқеан, синамои мо бояд миллӣ бошад, фарқ бикунад, мисли синамои гурҷиҳо. Барои пешрафту муаррифиии синамоямон дар ин хусус чӣ бояд кард ва ё карда истодаем?

-Тавре ёдовар шудам, Восеъ бо он ифтихор ва ҷасорати миллияшу шахсияти нотакрораш барои ман идеал буд. Ӯ медонист, ки дар ҷанг ҳатман кушта мешавад. Аммо, дар зери дор мурданро аз зери нангу номус мурдан авлотар донист. Табииист, ки бо дарки ин ҳақиқат нақшро бо муҳаббат ва саммимият бояд офарид. Ба ҷуз ин, медонистам, ки он ҳунарпешагони маъруф ба чи ва чӣ гуна анҷом ёфтани корро дар нақшофариям интизор буданд. Яъне, оё аз уҳдаи он мани ҷавон мебароям ё не!

Филм, аз ҷумла нақши Восеъро тамошогарон хуш пазируфтанд. Ин, бешак, масъулияти ҳунарпешаи огоҳро меафзояд. Ман ҳуқуқ надоштам, ки нақшаҳои минбаъадаро дар дигар филмҳо пас аз он хубтар наофарам. Чӯпон (Файз) дар филми «Кӯҳистонӣ») нафарест, ки ифтихор дорад ва сарбаланд аст.

Абдушукур ҳам симои миллӣ аст. Бо он ки образи манфӣ аст, ҳар амалаш ҳар суханаш такондиҳанда, омӯзанда мебошад. Дар тарбияи дурусти тамошогар таъсири хуб дорад. Яъне, тамошогар аз ҳар чи, аз ҳар ки бад ҳаст, ҳазар мекунад ва дар пайи ислоҳи бадиҳои худ, агар онро мушоҳида бикунад, мешавад. Воқеан, тавре иброз доштед ва намунаи онро овардед, синамои мо бояд ҳатман миллӣ бошад. Пештар мутахассисон, бархе аз ҳунарпешагон барои офаридани филм аз дигар кишварҳо даъват мешуданд. Филмномаҳоро нахуст бо забони рӯсӣ менавиштанд ва баъд онро бо забони тоҷикӣ тарҷума мекарданд. Бо ин ҳама, албатта, набояд саҳми онҳоро дар рушди синамои миллӣ нодида бигирем. Онҳо синамои моро бо асарҳои миллӣ дар ҷаҳон муаррифӣ карданд ва шӯҳрат бахшиданд. Акнун мо истиқлол дорем, бояд синамоямонро на танҳо миллӣ, балки шуҳрати ҷаҳонӣ бахшем. Чанд филми бадеии миллӣ, ки офаридем, фикр мекунам, ҷавобгӯи талаботи давранд.

Мутахассисон, коргардонҳои ҷавони маҳаллӣ низ ба воя мерасанд ва онҳо дар ҷомеа мавқеи сазовор меёбанд. Барои мисол, метавон филмҳои «Додараки фариштаҳо», «Писари обӣ», «Се хоҳарон» – ро ном бурд, ки маҳорати филмноманависон, коркардонҳо аз ин ҳама равшан ба назар мерасанд. Албатта, барои покизагии забони тоҷикӣ, дуруст ва дар мавқеаш истифода шудани вожаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳо, задаҳои мантиқӣ, саъю кӯшиши махсус ба харҷ медиҳем. Ҳамин тавр, ин ҳақиқат маълум аст, ки то синамои мо миллӣ ва ҳирфавӣ нагардад, дар дохил ва берун аз он мавқеи сазовор пайдо карда наметавонад.

– Сарварӣ ба ҳунар, ривоҷи он ва сайқали маҳорат таъсири бад дорад ё нек?

– Не. Пеши роҳи ҳунари асилро ҳеҷ чиз, ҳеҷ амал гирифта наметавонад. Ҳунар зебоӣ аст. Агар чашму гӯшро бибанданд ҳам, зебоиро мебинӣ ва мешунавӣ. Он ҳамаи садду монеаҳоро аз байн мебарад ва зуҳур мекунад.

Ба ғалат ин андеша дар фаҳму вуҷуди бархе аз одамон роҳ ёфта, ки сарварӣ монеи эҷод, сабаби таназзули истеъдоду маҳорат мешавад. Инро беҳунарони ба сарварӣ роҳнаёфта мегӯянд ва ба он боз бовар ҳам мекунанд. Сарварӣ худ як ҳунари дигар аст ва аз кас истеъдодро хостор аст. Ин ки баъзе аз касон дар сарварӣ муваффақ намешаванд ва он боиси беобрӯиашон мешавад, гувоҳ аз беҳунариашон, беистеъдодиашон мебошад.

Сарварӣ, хосса дар соҳаи ҳунар, ба каси шоиста ё худ сарвари асил имкон медиҳад, ки барои дигарон, ҳунарпешагон шароити рушдашонро, расидан ба қуллаҳои баланди ҳунарро фароҳам биёрад.

Магар тааҷҷуббарангез нест?

– Ман шуморо фаҳмидам. Ҳаргиз. Ҳунарпешаи асил, яъне боистеъдод, бо рашку ҳасади эҷодӣ бегона аст. Чаро? Чунки медонад, ки истеъдоду ҳунари табиии ӯро ҳеҷ кас гирифта ва монеи пешравиаш ҳам шуда наметавонад. Ӯ чун гул аз дили санг ҳам мерӯяд.

– Ин ҳақиқат бар ҳама маълум аст, ки Шумо дар ҳар куҷое, ба ҳар соҳае ки сарварӣ кардаед, дар пешрафту тараққиёташ саҳми бузург гирифтаед. Ба хотир биёрем Шабакаи телевизионии «Сафина» (аз оғози таъсисёбӣ), Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имрӯз «Тоҷикфилм». Соҳаи кино бо омадани Шумо то ҷое рушд кард, пеш рафт. Ин ҳама неру, ташаббускорӣ аз куҷост?

– Албатта, вақте ки Сарвари давлат бо эътимоду боварӣ иҷрои вазифаеро ба дӯши шумо мегузорад, ҳамин худ як неру аст. Дар баробари он, бояд кас масъулият ҳис бикунад. Масъулиятшиносӣ дар навбати худ тавлидкунандаи неруи нав мебошад. Дар ҳамаи инсонҳо неруҳои зиёд мавҷуд ва нуҳуфтаву хуфта аст. Онҳоро бо масъулиятшиносӣ бояд бедор карду ба манфиати ҷомеа, миллат истифода бурд.

Даврони ҷавонӣ, даврони нерумандии инсон аст. Дар он бояд саъйи бештар ва, ҳамзамон, дуруст кард. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Луҷат-ул-асрор» бисёр хуб ва ҳадафрас баён доштааст:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Вазифаи сарварӣ ва ҳунарварӣ он аст, ки ташаббускор бошӣ, барои ояндаи дурахшони инсонҳо, миллат фикр ва саъю талош бинамоӣ. Дар як ҷой қадам задан, яъне пеш нарафтан, боиси марги ҳунару маҳорати сарвар мешавад. Ба ҷуз ин, бояд ба худат ҳатман бовар дошта бошӣ, чун ба шумо бовар кардаанд.

– Ба назар мерасад, ки имрӯз коргардонҳои тоҷик барои фестивалҳои байналмилалӣ филм меофаранд, яъне, тамошогари тоҷик аз дидани он дар аксар маврид маҳрум мемонад. Магар ин бар зарари коргардон, «Тоҷикфилм» ва фаъолияти худи кинотеатрҳо нест?

– Ин то ҷое ҳақиқат дорад. Муаррифии филму худи онҳо дар фестивалҳои байналмилалӣ муаррифии ҳунари мо ва миллат аст. Иштирокашон дар ин гуна чорабиниҳои байналмилалӣ дар рушду сайқали ҳунару истеъдодашон ҳатман таъсири нек мегузорад. Мо бояд ҷаҳонӣ биандешем ва барои ҷаҳониён филм биофарем. Албатта, ҳар кадоме аз ин филмофарон дар андешаи тамошогарони миллат ҳастанд. Имрӯз беш аз чаҳор ҳазор мактаб ва ҳамин қадар масҷид дар кишвар фаъолият дорад, аммо кинотеатрҳо ангуштшуморанд, яъне каманд, ками каманд. Барои эҳёи кинотеатрҳо ва бунёди кинотеатрҳои нав маблағи зиёди пулӣ зарур аст. Барои офаридани филми нави бадеиву ҷолибу тарбиявӣ низ. Ин бори  масъулиятро набояд мо ба дӯши давлат бигузорем. Дар тамоми дунё ин соҳа ба буҷети давлат маблағ ворид мекунад, на ин ки аз он мегирад. Бовар аст, ки синамои тоҷик бо саъйи дурусту фаъолияти нек дар оянда даромаднок мешавад. Ба ин хотир дар тарбияи соҳибистеъдодҳо мутахассисони аслии соҳа тамоми тадбирҳоро андешида истодаем.

Аз «зарар» чун ёдовар шудед, бояд бигӯям, ки наметавон онро зарар хонд. Агар ба забону истилоҳи деҳқонон бигӯем, зарур аст, ки нахуст бар замин дона бипошему баъд ҳосилро умедвор бишавем. То дона напошӣ, ҳосил намегирӣ. Ва ин ҳам зарур аст бидонем, ки тухми амалро дар куҷо бояд бипошем. Ба қавли Саъдии Шерозӣ:

Замини шӯра сумбул барнаёрад,

Дар он тухми амал зоеъ магардон.

Ин ҳақиқат бароямон равшан аст, аз ин рӯ, бовар дорем, ки фаъолиятамаон самари неку умедбахш меорад.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь