Ҳамсуҳбати навбатии моро ҳар кас ба таври худ мешиносад. Касе Ҷавҳари Саидназар, касе Лолаи Саидакбар, касе омӯзгор, касе шоир, касе журналист, касе фаъоли шабакаи “Фейсбук”, касе ҳамсари шодравон Саттор Турсун

 ФАСЛИ ЯКУМ:

“Худамонро набояд қурбон созем

Боре фикр кардаед, ки мо чаро ба ин дунё омадаем, бояд чӣ кор кунем, куҷо равонем…?

– Ман ба тақдири илоҳӣ бовар дорам, Худованд қисмати моро менависад ва ҳар нафар он рисолатеро, ки Худованд ба дӯшаш гузоштааст, бояд ба таври шоиста ба анҷом расонад. Муҳимаш инсон бошаду инсон бимонад.

Албатта, ҳар як шахс дар зиндагӣ рисолати худро дорад. Бигӯед, ки чӣ гуна метавон онро дарёфт ва иҷро кард? Яъне маълум кардани рисолати инсонӣ чӣ гуна сурат мегирад?

– Ман дар бораи худам мегӯям. Рисолати як зан аввалан модари хуб будан аст, тарбияи фарзандони хуб. Сипас, ҳамсари шоиста, нигоҳ доштани фазои хонадон ҳамчун сариштакунанда. Баъд, ҳалол кор кардан, дар дили худ хомӯш накардани шуълаи меҳр ва муҳаббат доштан ба пешаи худ.

Ба назари шумо, маънии ҳақиқии зистан чист?

– Чун умр мегузараду ба гузаштаат назар мекунӣ, мебинӣ, ки новобаста ба ҳама он фоҷиаҳои дидаат, ба касе бадӣ накардаӣ, ҳасад набурдаӣ, баъди шикастанҳо аз дигар нумӯ кардаӣ, муҳтоҷи касу нокас набудаӣ, танҳо ба сутуни қомати худат такя кардаӣ, яъне хуб зистаӣ. Фикр мекунам, маънии ҳақиқии зистан, зиндагиро бо ҳама пасту баландаш дӯст доштан аст.

Оё инсон имкон дорад, ки зиндагии худро куллан ба даст гирад ва чӣ гунае ки хоҳад онро гузаронад?

– Метавонад, чаро не? Ба шарте, ки аз касеву аз чизе вобаста набошад ва мустақилияти рӯҳӣ дошта бошад. Шахсе, ки истиқлоли рӯҳи надорад ба ин кор қодир нест.

 ФАСЛИ ДУЮМ:

Дар ҷустуҷӯ илҳом, дурӣ аз коғазу қалам, шарм доштан аз соядастмонӣ

Эҷод кардан барои шумо чӣ маъно дорад? Оё он як раванди ҷустуҷӯ дар ботини худ аст ё кӯшиши дигаргун кардани ҷаҳон бо асари худ?

– Шеър оинаи ботини ман аст, чизе ки дар дил дорам онро мегӯям. Як ҷузъи ҳаёти ман аст гӯем ҳам, хато намекунем.

Оё ҳама ҳарфе, ки дар дил дорад дар шеър меғунҷанд?

– Не.

Пас чаро нависанда намешавед?

– Ба коре, ки қувватам намерасад, даст намезанам.

Барои шумо навиштан ҳосили меҳнати пайваста аст ё натиҷаи як илҳоми ногаҳонӣ ва кӯтоҳмуддат?

– Агар ҳамеша омӯхтани осори гузаштагон ва адибони имрӯзаро меҳнати пайваста номидан бошад, зиёд мутолиа мекунам. Аммо шеърҳоям натиҷаи илҳоми ногаҳонӣ ҳастанд. Ҳеҷ гоҳ маҷбурӣ шеър нагуфтаам.

– Илҳом чӣ гуна ба суроғатон меояд?

– Як сирро бори аввал ба шумо мекушоям. Қариб ҳама шеърҳоямро ҳангоми тамиз намудани хона навиштаам. Сирашро худам ҳам намедонам ростӣ

– Мақсади аксар эҷодкорон ин аст, ки бавоситаи маҳсули эҷодашон хонанда аз ҳар ҷиҳат рушд кунад. Бигӯед, ки дар баробари хонанда, эҷодкор ҳам метавонад аз маҳсули худ баҳра барад?

– Дар натиҷаи эҷод кардан эҷодкор рушд мекунад, зеро барои навиштан ҷустуҷӯ мекунад, таҳқиқ мекунад ва баъд як маҳсули комил тавлид мешавад. Дар мавриди мухотабон бошад, бояд бигӯям, ки баҳои баланди хонанда ва таваҷҷӯҳи онҳо ба эҷодкор нерӯи дигар мебахшад.

Шумо чӣ гуна муносибати худро бо илҳом тасвир мекунед? Онро интизор мешавед ё дар ҷараёни навиштан пайдо мекунед?

– Ин вобаста ба ҳолат аст. Дар зеҳни ман аввал мавзуъ пайдо мешавад ва он метавонад ҳафтаҳо дар андешаҳоям чарх занад. Шояд интизории илҳом ҳамин бошад. Мавзуъҳое ҳастанд, ки пайдо шудан замон дар қолаби назм медароянд, азобат намедиҳанд.

Шумо чӣ гуна мувозинатро байни воқеият ва бадеият месозед?

– Ба воқеият аз атласи хаёл пираҳан медӯзам ва кӯшиш мекунам зебандаву арзандаву хос бошад, на тақлидӣ.

Мегӯянд вақти дилтангӣ ва ба чизе эҳтиёҷ доштан эҷодкор беҳтар менависад. Оё ин рост аст?

– Ман вақти дилтангӣ хуши бо касе суҳбат кардан надорам, куҷо монад шеър навиштан. Дилхоҳ эҳтиёҷ ва ниёзамро пинҳон медорам, чунки ғурури зотиям иҷозат намедиҳад, ҳатто пайвандонам ҳеҷ гоҳ инро эҳсос намекунанд. Асабам ором, таъбам болида, хотирам ҷамъ бошад менависам.

Бо «кризис»-и эҷодӣ рӯ ба рӯ шудаед?

– Соли 2006 китоби “Нигоҳи сабз”-ам бо пешгуфтори устод Гулназар ва зери назари ҳамсарам шодравон Саттор Турсун чоп шуд ва баъди он дигар шеър нанавиштам. Хеле кам менавиштам, соли 2019 бо маслиҳати ҳамсарам дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо имзои мустаори журналистиям Лолаи Саидакбар саҳифа кушодам. Мехостам мақолаҳоямро гузорам. Вақте ки шеърҳоямро мондам ва истиқболи нек ёфтанд, боз оғоз кардам ба навиштан.

– Танаффуси калон доштед, сабаби асосии  дур будан аз коғазу қалам чӣ буд?

– Ростӣ то ҳол намедонам сабабашро. Шояд ду ҷой кор кардан, кору бори хонаи сермеҳмон, ташвишҳои зиндагӣ маро аз коғазу қалам дур карда буд.

Оё шеър дар замони пешрафти технология ва зудтағйирёбанда маънии аслии худро гум намекунад?

– Дар замоне ки мо зиндагӣ мекунем кам касон шеър мехонанд. Аммо новобаста аз давру замон сухани асил мемонад ва ҳаводорони худро дорад.

– Шумо гуфтаед: “…шеърҳоямро ба касе нишон намедодам…” Чаро эҷодкорон дар аввали роҳашон маҳсули эҷодашонро пинҳон мекунанд? Ин анъана аст?

– Мо намояндаи насле ҳастем, ки шоиру нависанда барои мо муътабартарин инсонҳо буданд. Шарм медоштем, ҳоло мебинам, ки як ҷавонаке китобро дуруст хонда наметавонад, ман шоир, ман носир мегӯяд. Бовар кунед, ҳайрон мешавам. То ҳол ман ба худам назари сахти танқидӣ дорам. Вақте ки мегӯянд, дар китобат соядаст навис, шарм медорам..

– Ба шеърҳои шумо сарояндаҳои маъруф Ҷовидон Нозимов, Хосияти Зарафшонӣ, Нигина Амонқулова, Ибодат Раҷабова, Эркин Одинаев, Зиёвиддин Нурзод оҳанг баста, сурудаанд. Ин ҳамкориҳои шумо бо кадом шакл ба роҳ монда шудаанд. Оё даромади хуб ёфтан мумкин аст аз ин ҳисоб?

– Созмони байналмилалии муҳоҷират як озмун эълон карда буд, шеъри ман ғолиб омад ва Нигина Амонқулова онро хонд, мукофотпулии хуб гирифта будам. Боқӣ, ҳунармандоне, ки шумо номбар кардед, дӯстони ман ҳастанд ва шеърҳоямро ба онҳо тӯҳфа кардаам. Аммо бо фармоиш ҳам тарона менависам, фоидаи хуб гирифтан мумкин аст ва мегирам. Аммо ман принсипҳое дорам, ки ба хотири пул онро намешиканам. Барои пул шуда ба садои доираи як ҳофизаки бесавод “рақс” кардан намехоҳам.

– Маҷмӯаҳоятон бо номҳои “Тасалло”, “Паридарё”, “Нигоҳи сабз”, “Нома ба офтоб” нашр шудаанд. Оё дар фикри китоби нав нестед?

– Ҳастам, оё мешавад бе ин фикр будан?

Кай хабари нашри маҷмӯаи навро ҳаводорони шеъратон мешунаванд?

– Ҳар вақте ки Худованд насиб карда бошад.

 ФАСЛИ СЕЮМ:

Ҳалол кор кардан даркор”

– Шумо дар як суҳбат омӯзгориро “ишқ, шоириро “шуғл” ва журналистиро “дард” гуфтаед. Бигӯед, ки ба андешаи шумо омӯзгор кист?

– Омӯзгор чароғест, ки ояндаи дунёро мунаввар мекунад. Худ месӯзаду дунёи шогирдонро месозад.

– Аён аст, ки ҳоло омӯзгор будан осон нест. Интернет фикри бачаҳоро парешон кардааст. Оё шумо барои таваҷҷӯҳи шогирдонро ҷалб кардану ба онҳо таълим додан бо интернет мубориза бурда метавонед?

– Бале, ҳоло хеле душвор аст омӯзгор будан. Ман тарзе дарс мегузарам, ки дар ҳамон 45 дақиқаи дарс шогирди ман фақат бо ман дар олами зебои адаб сайр мекунад. Дирӯз дар синфи панҷ шеъри “Бӯйи ҷӯи Мулиён”-и устод Рӯдакиро гузаштам ва ҳамон лаҳзаи бе мӯза ба асп савор шуда рӯ сӯи Бухоро овардани амирро, аз филми “Сарнавишти шоир” аз планшет ба шогирдон нишон додам. Хуб гӯш мекунанд ва муҳимияту мағзи дарсро аз худ менамоянд. Дар мавриди интернет бошад, то ҳол кӯшиши мубориза бурдан бо онро накардаам. Ба фикре ҳастам, ки бояд фарҳанги истифодаи интернетро ба шогирдон омӯзонем.

– Дар бораи маҳсули эҷоди шумо шогирдонатон чӣ фикр доранд?

– Ман ҳеҷ гоҳ ба шогирдонам намегӯям, ки шеър менависам. Мо дар барномаи таълимии синфи 11 Саттор Турсун мегузаштем, аммо шогирдон намедонистанд ман ҳамсари ӯ ҳастам. Вақте ки мусоҳибаҳоямро дар телевизион диданд, бо ҳайрат пурсиданд, ки муаллима шумо шоиред?!

– Ба фикри шумо ҳоло ба омӯзгор чӣ намерасад, намояндаи ин касби пуршараф аз чӣ танқисӣ мекашад?

– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон гуфтаанд, ки “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”. Ба муаллими имрӯз ҳама чиз мерасад, фақат ҳалол кор кардан даркор.

 ФАСЛИ ЧОРУМ:

“Даъвои журналистӣ надорам”

Шумо як дард доред, ки номаш “журналистика” аст. Чӣ гуна гирифтори ин дард шудед ва оё бо гуфтани бархе мушкилиҳо дардатон сабук мешавад?

– Ростӣ, даъвои журналистӣ надорам, вале мавзуъҳое ҳастанд, ки маро бетараф намегузоранд ва фикрамро чун як шаҳрванд баён мекунам. Албатта, сабук мешавам ва вазифаамро иҷрошуда мешуморам.

– Дар “Чархи гардун” навиштаҳоятонро бо имзои Лолаи Саидакбар бисёр мехондем. Чаро ҳоло чунин матлабҳо дар дигар рӯзномаҳо наменависед?

– Гоҳ гоҳ дар ҳафтавори “Тоҷикистон” менависам.

ФАСЛИ ПАНҶУМ:

Орзу

– Шумо бисёр пайраҳаи душворро интихоб кардаед: шоир, омӯзгор ва журналист. Оё боре фикр накардед, ки тарки ин ҳама кунед ва рафта дӯзанда ё пазанда шавед?

– Солҳои пеш чанд маротиба таклифи ба кори дигар гузаштан буд, аммо ман хаёл мекунам, ки ғайри омӯзгорӣ касби дигареро шоиста анҷом дода наметавонам. Гап дар сари ҳамон “ишқ” аст.

Аз зиндагие, ки ҳоло доред ва бо инишқ“-ушуғл“-удардгузаронида истодаед, розиед?

– Бале! Розиям ва дар ҳар намозам ба Худованд барои “ишқ”-у “шуғл-у “дард”-и додааш сипос мегӯям.

Ин суҳбатро чӣ гуна ҷамъбаст кардан мехоҳед?

– Мехоҳам зери осмони софу беғубори Тоҷикистони азиз, бо хотири ҷамъу дили шод, зиндагӣ кунем.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь