Рашк, бахилӣ ва боз чизҳои дигар

– Шуморо пешпо медоданд, садди роҳатон мешуданд…

– Бахилӣ ҳам буд, рашк ҳам буд. Зеро насли мо композитсияҳое тасвир мекард, ки онҳо ҳайрон мемонданд. Мо саводи касбии олӣ доштем. Замона дигар шуда буд, стереотипҳо аз байн рафта буд. Шахсан худам ба ҳар коре даст мезадам, бо баҳра аз донишам даст мезадам.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Маош гирифта, нисфашро ба фарзандонам мегузоштаму нисфи дигарашро роҳкиро карда, ягон асарамро бо худ мегирифтаму ба Шӯрои бадеии Маскав мебурдам. Он ҷо намоиши умумииттифоқӣ баргузор мешуд. Ҳамаи ҷумҳуриҳо ширкат менамуданд. Маҷаллаҳои маъруф аз қабили “Творчество”, “Искусство” дар бораи асарҳои мо -ҷавонон, мақолаҳо чоп мекарданд. Баъд дар Тоҷикистон хабар меёфтанд ва моро даъват мекарданд, танбеҳ медоданд, ки чаро бидуни иҷозаи мо асарҳоятонро Маскав бурдед? Мегуфтем, шумо моро роҳ намедиҳед, чӣ кор кунем? Он ҷо озодист, ҷавононро дастгирӣ мекарданд.

Дар ҳақиқат ҳам Маскав ҷавононро бисёр кӯмак менамуд. Шахсан роҳи маро Москав боз кард. Бо ман шартномаҳо мебастанд, баъд дар Тоҷикистон хабар меёфтанд.

Садди роҳи ҷавонони дигар низ мешуданд. Иншоотҳоро низ ба мо ҷавонон намедоданд. Ягон рассоми калонсол иншоотро ба номи худ мегирифт, мо ҳамроҳаш кор мекардем. Баъд мо дар пленуму ҷаласаҳо даъво ва ҳуқуқҳоямонро талаб мекардем, онҳо мегуфтанд, ки инҳо ҷанҷолиянд, миллатгароанд. Маро бори аввал ҳамон солҳо миллатчӣ гуфтанд.

– Аз сензураи айёми шӯравӣ нагуфтед...

– Дар асарам «Гусел» мӯйсафедеро тасвир кардам, ки писарашро, ки савори асп аст, бо дуо гусел мекунад. Он замон сензура сахтгир буд. Ибодат Раҳимова (Худо раҳматаш кунад!) гуфт, медонед, ки идеологияи ҳозира дуо доданро иҷоза намедиҳад.

Гуфтам: падар ба писараш дуо дода истодааст. Маро модарам, падар надоштам, ва бобоям ҳамин хел дастонашонро бардошта, дуо додаанд. Маро дар хона ҳамин хел тарбия додаанд. Чаро дар хона манъ нест, дар асар мамнӯъ бошад?

Ӯ мегуфт, бояд динро таблиғ накунем.

Ин дин нест, урфу одати мост. Моро дар даври донишҷӯиямон аз фанни таърихи КПСС омӯзонданд, ки ҷиҳатҳои реализми сотсиалистиро риоя намоем, он чиро ки мебинем, мешунавем, тасвир кунем. Яъне, воқеанигор бошем. Мо-ку ҳамин корро мекунем, – гуфтам ман.

– Мавзӯи асари Ҳамеша зиндаанд”ро аз куҷо пайдо кардед?

– Ҳар чизе барои офариниши асаре такон мешавад. Масалан, марги Бобоҷон Ғафуров маро водошт, ки рӯи асари “Ҳамеша зиндаанд” ҷиддӣ кор кунам. Марги фоҷиавии Маҳмудҷон Воҳидов низ, ки дӯст будем ва ҳамчунин моро тарк намудани устод Мирзо Турсунзода. Дар муддати як сол ҳарсеашон дунёи моро тарк карданду ба абадият пайвастанд. Инҳо сутунҳои миллат буданд. Асари «Ҳамеша зиндаанд» ҳамон ҷо пайдо шуд.

Баҳс бо Раҳмон Набиев, дӯстӣ бо Қаҳҳор Маҳкамов

– Баҳсатон бо Раҳмон Набиев аз куҷо шурӯъ шуд ва ба куҷо кашид?

– Бо Раҳмон Набиевич барои бинои Сирк баҳс кардем. Он вақт он кас Сарвазири кишвар буданд. Шакли ҳайвонҳое, ки барои даромадгоҳи бинои Сирк аз мис сохта будам, ба он кас маъқул нашудааст, гуфтаст, бардоред инро. Ман набудам. Бояд дар ҳузури муаллиф инро мегуфт ва далелашро мефаҳмонд.

Вохӯрдем. Даъво кардам. Гуфтам, чаро заҳмати маро бе машварати ман аз байн бурдед?  Баъди чанд муддате намудҳои дигар пешниҳод кардем. Эҳтиромона гуфтам, эскизҳои (хомакҳои) навро шабҳо нахобида, бо машаққат эҷод кардам. Маош-ку надодед, ақаллан дар ҳузури ман мефаҳмондед, ки чаро маҳсули ҳунарамро аз байн бурдед.

Бори дигар мулоқот кардем. Эҳтиромона гуфтам, тасвири офаридаам аз шӯрои бадеӣ гузаштааст, муаллифи ин иншоот меъмор қабул кардааст. Чаро Шумо иҷозат надодед?

Посух дод: Меъморат дигар. Мақоми ман баланд. Бояд ман қабул кунам. Рав, ба куҷое шикоят мекунӣ, кардан гир.

Бо вуҷуди ин пешниҳодамон тасдиқ шуд ва онро мо аз мис иҷро кардем, ки ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Лекин афсӯс, ки имрӯз бо худихтиёрии роҳбарияти ин иншоот намуди онҳоро бо рангҳои сунъӣ ранг намуда, намуди аслиашонро гум намуданд. Мисро ранг намекунанд, мисро бо кислота тоза менамоянд. Ҳоло замоне шудааст, ки бе маслиҳати мутахассисон пайкараву муҷассамаҳоро, ки аз биринҷ ва мис сохта шудаанд, бо ранги сунъӣ ранг менамоянд. Бо маслиҳати кӣ яке аз муҷассамаҳои беҳтарини пойтахтро дар назди Донишгоҳи тиббӣ – Абӯалӣ ибни Синоро ранг кардаанд? Охир ин муҷассама дар асл аз биринҷ сохта шудааст…

Бори дуюм соли 1990 дар театри давлатии драмавии А. Лоҳутӣ вохӯрдем. Он вақт дар вазифаи котиби якуми ҳизби комунисти Тоҷикистон буд. Ин пеш аз интихоботи Президенти Тоҷикистон.

Асари сегонаи монументалӣ «Фазои вақту замон» дар пешдолони театри Лоҳутӣ овезон аст. Як назар андохту пурсид: Ин чӣ? Исо Абдурашидов, роҳбари онвақтаи театр, гуфтанд, ин асарҳои офаридаи ин кас (ба ман ишора карда). Ба тасвирҳои бари девор нигоҳ карду бо ман салом дод. Моҳияти асарро барояш фаҳмондам. Бо вуҷуд гуфт, ки инро мардум намефаҳманд. Гуфтам, аллакай дар борааш дар рӯзномаҳо навиштанд, аз ҷониби мардум пазироии хуб шудаст. Ва гуфтам: Раҳмон Набиевич, як бор маҳсули заҳматамро написандидаву бидуни маслиҳату машварат канда партофтед, ин бор қанотамро нашиканед. Пуштам бақувват шудагӣ. Асарҳои зиёд офаридам. Ин яке аз асарҳои охирам аст. Суханам писандаш омад, хандиду ҳамдигарро оғӯш гирифтем. Ҳақ ҳамеша ҳақ аст охир.

– Дар ҳамин ҳол, бо сарвазири вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов ҳамкорӣ ва муносибати хубу дӯстона доштед. Ҳатто ӯро дар китобатон «ҳимоятгари мо» гуфтед. Қиссаи дӯст шуданатон чӣ гуна аст?

– Бо ягон нафар узви дастаи мо ҳаргиз бо овози роҳбарӣ гап намезад. Гуё ҳамкорамон бошад. Вақте дар иншооти Кохи Борбад дар мавриди сохтмон «ҷаласа» (планёрка) мешуд, кор ё муҳокимаи иншоот анҷом меёфт, ҳамаро ҷавоб медод, ғайр аз ману ҳамкорам Валимад Одинаев ва меъмор. Менишастему ӯ маслиҳатҳои касбӣ аз мо пурсон ва аз фикрҳоямон огоҳ мешуд. Мегуфт, ин тавр бояд кард, он тавр бояд кард, чӣ фикрҳо доред? Аз ҷо мехесту палтову мӯзаҳои корияшро мепӯшид, ки либосҳояш пури лой мешуд. Коргари фидоӣ буд. Ҳамроҳи мо ба нуқтаҳои ба мо дахлдошта рафта, назар мекард.

Аз он кас маслиҳатҳо мепурсидам. Қаҳҳор Маҳкамов бисёр роҳбари хоксор ва самимӣ буд. Ин хислатҳояш маро бо ӯ наздик кард.

Баъди президент шудани Раҳмон Набиев Қаҳҳор Маҳкамович котиби аввали ҳизби комунистӣ буданд. Ҳамсарам Нозигулро ӯ ба кор қабул карда буд. Айёми сар задани воқеаҳои нангин Нозигул дар он ҷо кор мекард. Нафаре бо номи Сабзаалӣ Шарифов, ки дар радио кор мекардааст, аз Қаҳҳор Маҳкамов талаби истеъфо намуда, бар зидди ӯ бархостааст.

Қаҳҳор Маҳкамов ёварашро даъват карда, гуфтааст, ки охир ман Сабзаалӣ Шарифовро мешиносам, наход ӯ чунин рафтор кунад? Ва ҳамсарамро ба наздаш даъват менамояд.

Нозигул мегӯяд, иштибоҳ кардед, шавҳари ман ақидаи мустаҳкам дорад. Ӯ як эҷодкор аст, ки ба сиёсат таваҷҷӯҳ надорад.

– Медонам. Шавҳаратро хуб мешиносаму яке дилам дур рафт, кӣ медонад, ҳозир ҳодисаҳое шудаистодааст, ки…, – нигарон шуда, суханашро ба охир нарасонида мегӯяд ӯ.

Аз байн солҳо гузашт. Ӯ аз вазифа рафт. Ҳарду аз як ҷой нафақа мегирифтем. Боре дар навбати нафақа истода будам, ки ҳама ба сӯе нигаристанд. Ман ҳам ба ҳамон тараф нигоҳ кардам. Дидам, Қаҳҳор Маҳкамов дар охири навбат аст. Навбатамро ба ӯ додам ва ба муҳосиб гуфтам, нафақаи ӯро бенавбат бидиҳад. Ӯ гуфт, чаро ин корро кардӣ?  Дар ҷавоб гуфтам, ки барои инсонгариятон.

Мушкилоти хонаводагии эҷодкор

– Аз ишқи донишҷӯиятон Татяна Соловева қисса кунед. Чаро бо ӯ издивоҷ накардед?

– Ӯ дарди дили ман аст. Дар Хоразм вақти таҷрибаомӯзӣ вохӯрда будем. Татяна дар соли сеюми Академияи рассомии ба номи Репини шаҳри Ленинград мехонд. На танҳо ошиқаш, ошиқи донишу ҳунараш ҳам будам. Дар як моҳ бисёр чизҳо аз ӯ омӯхтам, ки ин маро бо ӯ бештар наздик кард. Мақсади ниҳоиям дохил шудан ба Донишкадаи рассомии шаҳри Ленинград буд. Ба Донишкадаи рассомии шаҳри Тошканд ба умеди он дохил шудам, ки аз он ҷо ба Донишкадаи рассомии шаҳри Ленинград гузарам. Дар қисматам Хоразм будааст. Ба чанги Татяна афтидам (механдад). Ба ӯ гуфтам, ки орзу дорам, дар Ленинград таҳсил кунам. Ваъда дод, ки кӯмак мекунад. Пас аз бозгашташ ба Ленинград мактуб навишт, ки дар Ленинград хондан ду роҳ дорад: ба хотири хатарнок будани саломатият, яъне агар таҳсил дар Тошканд ба сиҳатат хатарнок бошад, метавонӣ дар Ленинград идома бидиҳӣ, ё оиладор бошӣ. Ва пешниҳод кард, ки  бо ҳам издивоҷи сохта мекунем, ту хондан гир.

– Бо ҳамсари аввалатон Дилбар чӣ гуна ошно шудед?

– Ман варзишгар ва дар гурӯҳи яккачини “Буревестник”-и Ӯзбекистон аз шамшербозӣ дохил будам. Дар мусобиқаҳои донишкада аз ин намуди варзиш ширкат меварзидам. Муррабиямон гуфт, бояд ба мусобиқаи умумииттифоқӣ омода шавӣ. Ба толори варзишӣ, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор» ҷойгир буд, барои тамрин рафтам. Дидам, духтараки ҷавоне шамшербозӣ дораду ҳамаро мебурад. Азбаски ниқоб дошт,  рӯяшро надидам. Бачаҳо гуфтанд, ин духтарчаи майдаҳак ҳамаро бурид, намехезӣ ҳунаратро нишон диҳӣ? Гуфтам, айб аст бо як духтар бозӣ кардан. Хайр ҷавон будем. Рафтам, шӯхиомез бо шамшер дар таги дасташ задам. Ӯ, ки инро интизор набуд, мехост ҷавоб диҳад, ки боз ба тарафи дигараш задам. Истод, ки боз задамаш. Қаҳраш карду ниқобашро гирифта партофт. Дар толор ҳама хандиданд. Ӯ асабӣ шуда, -э дафъ шавед, – гуфт. Ман, ки дар кишвари бегона ташнаи забону ҳамватанонам будаму дар ҳасрати сухани тоҷикӣ, аз сухани ӯ шах шудам.

Дилам сӯхт, ки духтарро хафа кардам. Дар бараш нишастаму пурсидам, ту тоҷикӣ? Гуфт, узбекам. Гуфтам, пас тоҷикиро аз куҷо медонӣ?

– Чӣ тавр?, – пурсид ӯ.

– «Дафъ шавед»-ро танҳо тоҷикон мегӯянд, – илова намудам ман.

Пурсид, Шумо тоҷик ҳастед? Бо шухӣ гуфтам, яҳудии бухороиям. Бовар кард (механдад).

Тамрини ман шурӯъ шуду аз ӯ тамом. Дидам, портфелаш аз худаш калон аст. Гуфтам, ин портфелатон аз худатон калон аст, чӣ хел мебаред? Гуфт, шумо мебаред -да. Гуфтам, ман хари боркаш нестам. Машқ тамом шуду баромадам, ки ӯ мунтазири ман нишастаст. Портфелашро бардошта, гуселаш кардам. Хулоса, рӯзи дигар ҳам тамрин омадам, ки ӯ низ он ҷост. Ҳамин тавр шинос шудем. Ӯ аз Самарқанд будааст.

Инсон дар зиндагӣ чи қадар нақшаву орзу кунад ҳам, насиб кори худашро мекардааст. Ҳамин тавр орзӯи таҳсилам дар шаҳри Ленинград амалӣ нашуд.

– Сабаби ҷудоӣ аз ҳамсари аввалатон чӣ буд ва ин шикваву шикоятҳо бароятон чӣ паёмадҳо дошданд?

– Дар равияи зиндагиамон аз ӯ танбеҳҳо мешунидам, чунки касбамро бад медид. Иллати ҷудоиямон ҳамин буд.

Шукрона, ки фарзандонамро сари вақт хабар мегирифтам, таъмин ва тарбия мекарадам. Ба хотири писари маризам Шоҳинҷон барои ҷудоӣ аз ҳамсарам як умр худамро гунаҳкор меҳисобам. Гарчанд ҳар ҳафта ӯро хабар мегирифтам, ҳатто гирифта хона меовардам. Вале аз ҷудоии ман писари маризам Шоҳинҷон бисёр азоб кашид. Ба хотири ӯ бисёр ғам мехӯрам. Дар пеши ӯ худамро беандоза гунаҳкор меҳисобам. Барои ӯ бояд аз модараш ҷудо намешудам, худамро қурбон мекардам. То синну солаш ба ҷое расидан, бояд сарро хам карда тоқат менамудам.

Сад шукр, ки ҳамсари дуюмам Нозигул маро дарк мекунаду кӯмак мерасонад. Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки вақт шифобахш аст. Ҳоло бо завҷаи нахустам гоҳ-гоҳ дар маҳфилҳои хурсандии фарзандонамон вомехӯрем, ҳамдигарфаҳӣ дорем. Сабабгори ин Нозигул бо хислатҳои некаш аст. Худо нигаҳбонаш бошад.

– Дар бораи ҷураатон, чанори танҳо, ки китобатонро ба номи ӯ гузоштед ва дар асарҳоятон чун пирамарди хирадманд тасвир ёфтааст, чанд сухан бигӯед

– Соли 1996 дар осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод 50-солагиямро ҷашн гирифтам. Устохонаам омадам, ки бетартиб буд. Илоҷи кор кардан набуд. Писарам Мурод донишҷӯ буд. Мехостам, устохонаи худашро дошта бошад, дар устохонаам маводҳо барои кор кардан буд. Калиди устохонаамро ба ӯ додам. Худам дар хона камин гирифтам. Дар як гӯшаи ҳавлиям як хонача сохтам барои кор карданам, яъне устохона. Асари  “Сиёҳу сафед” ба ҷоизаи Рудакӣ сазовор шуд ва ин ҳуҷраро аз маблағи ҳамон ҷоиза сохтам, китобҳоямро дар он ҷамъ овардам. Вақте китоб мехондам, дар варақ ҳар гуна қайдҳо мекардам, яъне мавзӯҳои ба зеҳнам омадаро ёддошт мекардам. Саргарми андешаву мулоҳизаву мутолиа будам, ки кӯдакиву чаноре, ки дар зераш бузург шудам, ба ёдам омад. Чиноре, ки зери сояи он модарам менишасту чой менӯшиду сӯҳбат мекард.

Ин чанор дар ноҳияи Темурмалик буд ва дӯсти рамзӣ ва пайванд кардани худ ба зодгоҳ аст. Барои эҷодгар баҳри пайванд додан рамзе зарур аст. Вақте ёддоштҳоямро менавиштам, мутаваҷҷеҳ шудам ҳама навиштаҳоям сари чанори танҳо ва анорбоғи бобоям пайванд мехӯрад.

Чанор 500 метр аз хонаи бобоям дур буд. Дар таги суфраи баланд чанори бузурге буд ва болои он чанор ба тасвир кардан машғул мешудам. Он вақтҳо майдон холӣ буду атроф пахтазор. Хонаву дар набуд. Кунун ин ҷӯраам дигар нест. Ҳама ҷо хона шуд. Кадом рӯз гӯристонҳоро ҳам хона мекунанд.

Ҳар гоҳ Сари Хосор мерафтам, дар он ҷо чанорҳои бузурге буданд, зери он чанорҳо асарҳо меофаридам.

Модарам дар ноҳияи Темурмалик дар саҳро бо пахтачинӣ овора буд. Зери чанор менишастаму ӯро интизор мешудам, худ ба худ гап мезадам, суруд мехондам, дар замин расм мекашидам.

Бубинед, чанор ҷон надорад, лекин бо ӯ сӯҳбат мекардам, рози дил мегуфтам. Ҳаноми таътил ба аёдати модарам мерафтам ва ҳатман дар таги чанор менишастам. Бачагиямро ба ёд меовардаму асрори дил мегуфтам. Чанор бароям дӯст буд.

Аз Сайф то Лоиқ

– Марги фоҷеабори Сайф Раҳим барои адабиёт ва фарҳанги кишвар зарбаи ҷонкоҳе буд. Шумо, ки аз дӯсти наздики марҳум будед, ин фоҷеаро чӣ гуна қабул кардед?

– Маргаш бароям талафоти бузург буд. Даҳшат буд. Масирамон, ки аз як сӯ мерафт, ҳар субҳ вориди автобус мешудему ҳамдигарро медидем ва бо ишораи сар “салом” мегуфтем. Бо чашм сӯҳбат карданамон 2-3 сол идома ёфт. Яке Сайф ғайб зад.

Ёд дорам, бори аввал бо Сайф дар театри Лоҳутӣ бахшида ба садсолагии Абулқосим Лоҳутӣ вохӯрдем. Ду асарам дар он ҷо овезон буд: бахшида ба Маҳмудҷон Воҳидов ва “Ҳамеша зиндаанд”.

Марде омаду дар пуштам рост истод. Дӯстонам ҳама баргаштанду нигоҳ карданд. Риш монда буд, нашинохтам. Аз ҷоям бархостаму нигоҳ кардам, ки Сайф (он вақт номашро намедонистам). Маро, ки дид, хандаи зебое карду миёнамон гуфтугӯ сурат гирифт:

-Эй, ҷӯра, чӣ хелӣ?

-А, ҷӯра, дар куҷо будӣ, 2-3 сол надидамат?

Сӯи асарам баргашту гуфт «мафтун кардӣ».

-Асари тасвириро хуб дарк мекунӣ?, – ҳайрон шуда пурсидам ман.

-Ай изом нате, – бо шухӣ гуфту ҳамин тавр шинос шудем. Мизро овардаму нишаст. Ҷӯраҳоям Валимад Одинаев, Дод Самадов ва Сайф Шералиев пурсиданд, ки ин мард кист. Гуфтам, худатро муаррифӣ кун. Гуфт, ман Сайф Раҳим ном дорам, ду-се сол аст, ки дар Афғонистон кор мекунам. Лекин ин кори акаи Сабзаалӣ бисёр диламро тасхир намуд. Барои ҳамин омадам, ки асарашро бубинам.

Ман бачаҳоро бо Сайф ошно кардам, бо ҳам дӯст шуданд. Сайф то охири умр бо онҳо дӯстӣ дошт.

Соли 1980 буд. Афғонистон рафт ва баъди ду сол баргашт. Аз ҳамсарам ҷудо шуда будам, танҳо будам, устохонаам меомаду соатҳо бо ҳам сӯҳбат мекардем. 5 соли зиндагӣ дар Афғонистон назараш дигар шуда буд, хеле фарқ мекард бо собиқ. Солор, сангин, пуртамкин ва пурмутолиа ва донишмандтар шуд буд. Ман ҳам худамро пурра ба корам бахшидам. Ба ҳамдигар беҳад даркор шудем. Ба ҳамдигар зарур шудем. Як рӯз ба хонааш даъват кард. Фарзандонаш хурдакак буданд.

Издивоҷ бо ҳамсарам Нозигулро ҳам Сайф тавсия кард.

Як рӯз қаҳраш карду гуфт, “э, акаи Сабзаалӣ, ба ту ҳамин хел духтар даркор аст. Ин хел духтари кӯҳистонии баҷуръатро намеёбӣ”. Гуфтам, ба ман зане лозим аст, ки касбамро эҳтиром кунад.

Сайф Нозигулро пеш аз ман мешинохтааст ва аз хислатҳои неки инсонгарӣ ва босаводияш дар ҷодаи санъати тасвирӣ дарак доштааст. Аз ин рӯ, ба Сайф бовар доштам ва то ҳол аз қисматам шукргузорам. Дар як сӯҳбати телевизионӣ аз ҳамсари Сайф Раҳим пурсидаанд, ки “акаи Сабзаалӣ ба хонаатон меояд?”. Ӯ гуфта, сари гӯраш мераваду пояш намешавад, ки ба хона биёяд.

Наметавонам. Ҷое, ки хунаш рехтааст, қадамамро монда наметавонам. Аз пушти дарвозааш меравам, мебинам Зебову фарзандонашро. Зебо гиря мекунад, “ака, биё хона, ҳама меояд, ту намеоӣ”.

– Зебо, хоҳарам, хафа нашав, наметавонам. Манзили охираташ меравам, – мегӯяму бармегардам.

– Аз дӯстиятон бо устод Лоиқ чӣ хотирот доред?

– Парадокси зиндагиро бинед: рӯзи 20-уми май таваллуди Лоиқ асту марги Сайф. Лоиқ дар устохонаи қаблиям бо ман ҳамсоя буд. Шабҳо гоҳе маро хабаргирӣ меомад, соатҳо сӯҳбат мекардем. Чеҳраашро он вақтҳо эҷод мекардам. Афсӯс, ки анҷомашро надида, ба абадият рафт. Аз шиносоӣ ва дӯстӣ бо устод Лоиқ шодам, ки дар зиндагияш китоби шеърҳояш «Рӯзи сафед»-ро ороиш дода будам. Ва ороиши ин китоб дар замони Шӯравӣ дар намоиши умумииттифоқӣ дар шаҳри Маскав ҷоии аввалро сазовор гашт. Ин мавриде буд, ки моро ба ҳам бештар наздик кард. Ёдаш ба хайр!

Сӯҳбаторо:

Раҳима АЪЗАМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here