7-уми сентябр ба истеъфои маҷбурии якумин президенти бо раъйдиҳии умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон Раҳмон Набиев 30 сол пур мешавад. Соле, ки Раҳмон Набиев дар қудрат буд, душвортарин соли муборизаҳо, дақиқтараш муқовиматҳои сиёсии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба мавзӯи зимн бо муаллифи китоби “Соли Набиев”, шахси боътимоди Раҳмон Набиев дар интихоботи президентии соли 1991-уми Тоҷикистон ва ёрдамчии ғайрирасмии ӯ дар соли 1992 профессор Иброҳим Усмонов сӯҳбат намудем.

– Устод, Шумо муборизаҳои он замон ва умуман ҳолати сиёсии он давронро, ки асосан дар замони ҳукуматдории Раҳмон Набиев ба вуқуъ омад, чӣ гуна ба хотир меоред?

– Дар ин давра митингҳо, муқовиматҳои сиёсӣ, талошҳо, таҳқирҳо ва кӯшиши ба қудрат омаданҳо хеле ва хеле авҷ гирифт. Дар ин давра аслан дар Тоҷикистон муборизаи байни қувваҳои дунявӣ, яъне ҳукуматӣ бо қувваҳои, исломӣ, ки ҳукуматро ба даст гирифтан мехостанд, талошҳо ва кашмакашҳо ба амал омад. Исломиҳо барои он ки таваҷҷӯҳи кишварҳои дигарро, аз ҷумла Русияро ба худ ҷалб кунанд, ҳукумати Набиевро “ҳукумати коммунистӣ” эълон карданд. Дар фаҳми хонандагони соли 1992-и пасошӯравӣ “коммунист” ба “душмани халқ” ҳаммаъно мешуд ва аз ин рӯ, онҳо мехостанд, ки аз ин имконият истифода баранд. Ман тамоми ин равандро ба хотир овардан намехоҳам, танҳо мехоҳам он давраеро ёдрас кунам, ки хотимаи он давра хотимаи аз вазифа даст кашидани Раҳмон Набиев шуд. Ин ҳолат аслан аз моҳи майи соли 1992-ум шурӯъ гардид. Раҳмон Набиев ҳамроҳи ҳамсангаронаш дар назди митингчиёни “Майдони Озодӣ” ба сухан баромад ва ин ба онҳое, ки дар “Майдони Шаҳидон” камин гирифта буданд, писанд нагардид ва аз ин рӯ, талошҳо шадидтар шуданд. Рӯзи 5-уми май шаҳидониҳо ба бинои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки Президент ҳам маҷбур буд дар он ҷо кор кунад, зеро Қасри Президентро ба муҳосира гирифта буданд, ҳуҷум карданд.

Як нуктаро таъкид кардан мехоҳам. Имрӯз амрикоиҳо ҳамлаи тарафдорони Трампро ба Капитолия ҳамчун терроризми дохилӣ маънидод мекунанд, вале вақте ки Елтсин дар соли 1991-ум ба резиденсияи Парлумони Русия аз танк оташ кушод, ҳеч кас онро терроризм намегуфт. Дар соли 1992-ум дар Тоҷикистон вақте ки майдоннишинҳо 40 рӯз ҳукуматро кор кардан намонда ва бинои онро муҳосира карда, ба Қасри Ҳукумат зада даромаданд ва дар натиҷа ҳукуматиҳоро ба гаравгон гирифтанд, касе онро терроризм нагуфт. Ин ҳолат ба сифати терроризм шинохта нашуд. Яъне мафҳум шояд маънояшро дигар кард, аммо ҳақиқат он буд, ки Набиев аввалҳои моҳи май аз резиденсияи президентӣ гурехта, ба Маҷлиси Олӣ омада буд ва дар бинои Маҷлиси Олӣ кор мекард.

– Депутати Маҷлиси Олӣ Муродулло Шерализода дар ҳамин ҳангом кушта шуд?

– Бале, 5-уми май дар бинои Маҷлиси Олӣ депутати Маҷлиси Олӣ Муродулло Шерализода кушта гардид ва ҳамон рӯз демократҳои исломӣ ба Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамла оварда ва фаъолияти онро қатъ кунонданд. Ҳамон рӯз дар хамгашти роҳи байни ноҳияи Рӯдакии имрӯза ва Ёвон 12 нафар ҷавононро куштанд. Ҳамон рӯз ин нерӯ Телевизиони Тоҷикистонро ба даст гирифт. Яъне онро аз ҳукуматдорон озод карданд ва дар ин ҳангом тазйиқ ба ҳукумати Раҳмон Набиев шурӯъ гардид. Баъзе аз ҳамсангарони Раҳмон Набиев, аз ҷумла Сангак Сафаровро дастгир карданд ва баъзеҳои дигар маҷбур шуданд, ки Душанберо тарк намоянд. Худи Раҳмон Набиев дар гарнизони Двизияи 201-уми Русия панаҳ бурд ва ҳамагуна гуфтушунид дар ҳамон ҷо мегузашт. Намояндагони “Майдони Шаҳидон” барои тарсонидан ва ба гуфтушунид розӣ кардани Раҳмон Набиев ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳуҷум оварданд. Хушбахтона, як рӯз пеш аз ин воқеа роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти гарнизони 201-уми Русия дар Тоҷикистон аҳд карданд, ки агар ба офитсерони амният ҳамла оварда шавад, хонавода ва худи онҳоро офитсерони Артиши Русия муҳофизат мекунанд. Ҳамин гуна ҳам шуд, вале сарфи назар аз ин, аз рӯзи 8-ум то 12 -уми май дар ҳудуди гарнизони Русия гуфтушуниди намояндагони ҳукумат ва мухолифин шуруъ гардид. Дар он ҷо ба Раҳмон Набиев якчанд шарт пешниҳод карданд, ки муҳимтарини онҳо ташкил кардани Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ба ҷойи Парлумони мавҷуда ташкил кардани Маҷлиси Миллӣ, аз кор холӣ кардани раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Тоҷикистон, бахшидани гуноҳони ҳамаи онҳое, ки дар митинг иштирок доштанд, ба вазифаҳо таъйин кардани намояндагони мухолифин ва ба монанди ин. Раҳмон Набиев аксарияти ин шартҳоро қабул кард. Дар ҳамон ҷо бори аввал даъво пайдо шуд, ки Давлат Исмонро ба ҷойи Нарзулло Дӯстов ба вазифаи витса-Президенти Тоҷикистон таъйин кунанд. Раҳмон Набиев ба ин пешниҳод қатъӣ зид баромад ва гуфт, ки витса-Президент ҳамроҳи Президент дар интихобот интихоб шудааст ва ӯро ҳақи аз кор гирифтан надорад. Бинобар ин, баъди ду рӯз, яъне баъди талошҳои зиёд, Давлат Исмон муовини Сарвазир таъйин шуд. Вай ба қувваҳои мусаллаҳ роҳбарӣ мекард.

Дар ҳамин шабу рӯз кӯшиши ташкил кардани Маҷлиси Миллиро ба миён оварданд. Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев эълом кард, ки Маҷлиси Миллӣ ин мақоми ғайриконститутсионӣ аст ва Конститутсия ин гуна мақомро дар назар надорад. Прокурори генералӣ вазъияти вилояти Қурғонтеппаро ба назар гирифта, эълон кард, ки дар он ҷо генотсиди мардум ба миён омада истодааст. Ҳукумати мусолиҳаи миллии ташкилшударо ҳам, ки аксарияташ намояндагони мухолифин буд, Ҳувайдуллоев ва дигар ҳуқуқшиносон чун мақоми ғайриқонунӣ шинохтанд.

– Сабаби аслии муташанниҷ гардидани вазъи сиёсиро дар ташкили Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ медонанд. Баъди ташкил шудан Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ чӣ гуна сиёсат дошт?

– Ҳукумати мусолиҳаи миллии ташкилшуда фармонҳои президенро иҷро кардан намехост. Ба он тавре кор мекард, ки худаш мехост. Аз ҳамин сабаб, дар вилоятҳои Ленинобод ва Кӯлоб дар мақомҳои ноҳияҳо ва вилоятҳо ва дар минтақаи водии Ҳисор ҳам мақомҳои ноҳияҳо маҷлисҳои шӯрои депутатҳои ҳамин минтақаҳоро баргузор карданд ва ҳамаи онҳо аз Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ талаб карданд, ки бо Президент ҳамкорӣ кунад ва онро дастгирӣ намуда, дар муқобили он қарор нагирад. Баён доштанд, ки дар сурати акс Ҳукумати мусолиҳаи миллиро дастгирӣ нахоҳанд кард. Ҳамин гуна эътирозҳо дар моҳи май ва июн ба амал омаданд.

Дар ин давра мухолифин барои он ки худро мустаҳкам гиранд ва барои он, ки дар минтақаҳо тарсро эҷод намоянд, моҳи июн як ташкилоте бо номи “Ситоди наҷоти Ватан” ташкил карданд. Вале бо супориши Прокурори генералӣ Вазорати адлияи Тоҷикистон онро ба қайд нагирифт ва ин, албатта, мухолифинро ба хашму ғазаб овард. Мубориза бар муқобили президент ва атрофиёни ӯ боз ҳам тезутундтар шуд. Баъд дар ҳамин айём, бо тазйиқи майдонҳо Шӯрои вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки ҳабс шудани Раиси шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов ғайриқонунӣ аст ва бинобар ин, ӯ аз ҳабс озод карда шавад ва ба ин масъала ба ҳукумат муроҷиат карданд. Гарчи Прокурори генералӣ ба ин масъала зид баромад ва ҳанӯз Мақсуд Икромов аз маҳбас ҳам набаромада буд, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҳоло тибқи қарори Прокуратураи генералии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эълон шудааст) бо имзои М. Ҳимматзода изҳорот пахш кард, ки аз ҳабсхона ҷавоб шудани Мақсуд Икромовро дастгирӣ менамояд. Дар зимн гуфта, вале ин маънои онро надорад, ки гуноҳи Прокурори генералиро бо он мебахшида бошанд.

Аз ин сабаб, тазйиқ ба Прокурори генералӣ ҳамчун ба шахси наздиктарин ба Президент, ки намунаи ин мусоҳибаи телевизионии Прокурори генералӣ буд, ки дар он ба иқрори роҳбари ҳамонвақтаи телевизион Прокурор 1 бар 0 бар журналистон ғолиб омад ва ин албатта мухолифинро ба хашм овард ва ҳамчунин, ба идораи Прокуратура рафта Прокурори генералиро таҳдид ба куштан мекарданд, шурӯъ шуд. Бинобар ин, Прокурори генералӣ изҳорот дод ва гуфт, ки “Дар муҳити сиёсии мо одамоне пайдо шудаанд, ки маро ҷисман нест кардан мехоҳанд, вале ман аз марг наметарсам ва аз ҳимояи қонун даст намекашам”.

Мухолифин кӯшиш карданд, ки бо роҳи дигар боз ба Раҳмон Набиев тазйиқ биёранд. Аз 12-ум то 15-уми август Иҷлосияи XV-и Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Намояндагони мухолифин, ки дар мақомҳои расмӣ ҷойгир шуда буданд, 3 нафар вакили халқ Даврон Ашӯров – раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҷӯра Шокиров – раиси Шӯрои депутатҳои вилояти Ленинобод ва Нарзулло Дӯстов – витса-Президенти Тоҷикистонро маҷбур карданд, дар Иҷлосия ба сухан баромада, талаб кунанд, ки Раҳмон Набиев ба истеъфо равад. Аз ин шахсони номбаршуда ду нафарашон – Даврон Ашӯров ва Нарзулло Дӯстов воқеан тибқи гуфтаи онҳо баромад карда ва талаб карданд, Раҳмон Набиев ба истеъфо равад. Чун фурсате ба ин ҳолат мусоид гардид, танаффус эълон шуд ва баъди танаффус Президент Раҳмон Набиев ба маҷлис боз нагашт ва Ҷӯра Шокиров низ аз маҷлис баромада рафт. Сафаралӣ Кенҷаев низ, ки расман аз вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳамин иҷлосия озод шуда буд, маҷлисгоҳро тарк кард. Давоми маҷлис ҳамон тавре гузашт, ки намояндагони мухолифин мехостанд, вале импечмен ба амал наомад. Бинобар ин, қарори қатъии дигаре зарур шуд.

Ба ҳадде, ки ман шахсан аз яке аз иштирокчиёни ё вазифадорони ҳамондавраи мухолифин шунидам, роҳбарон ва баъзе намояндагони Наҷоти Ватан, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Растохез, Лаъли Бадахшон ҷамъ омаданд ва миёни ҳам пешниҳод карданд, ки яке аз наздикони Раҳмон Набиев бояд аз миён бардошта шавад, то ӯ ба ин тариқ тарсаду таслим гардад ва ин қурра ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев афтод. Бинобар ин, Прокурори генералиро рӯзи 24-уми август террор карданд. Ваҳшиёна як автомат тирро ба ӯ рехтанд. Ба ин ҳам қонеъ накарда, аз рӯзи 29-уми август ба гаравгирии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон шуруъ карданд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Каримов, мушовири Президенти Тоҷикистон Рашид Олимов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Рамазон Мирзоев, муовини Сарвазир Тухтабой Ғаффоров, ҷонишини Раиси вилояти Кӯлоб Сайфиддин Сангов ва чанд тани дигарро гаравгон гирифта, ба масҷиди маҳаллаи ҷанубии шаҳри Душанбе бурданд, ки масҷиди мазкур ба ситоди қувваҳои мухолифин табдил ёфта буд. Баъзеи онҳоро маҷбур карданд, ки ба воситаи телевизион сухан гуфта, аз Раҳмон Набиев талаб намоянд, ки ба истеъфо равад. Охирҳои моҳи август намояндаи Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, аз ҷумла Давлат Исмон бо роҳбарияти вилояти Суғд гапзанон кард, ки 2-уми сентябр дар Суғд ҷамъомад барпо карда ва масъалаи аз кор гирифтани Раҳмон Набиевро баррасӣ намоянд. Вале Раҳмон Набиев ба Суғд нарафт. Ҳамчунин, қарор карданд, ки ин мулоқотро рӯзи 4-уми сентябр раёсати Шӯрои Олӣ гузаронида, Раҳмон Набиевро ба истеъфо фиристанд. Раҳмон Набиев аз паногоҳи худ, яъне Двизияи 201-уми Русия берун набаромад. Бинобар ин, бо кадом роҳе, ки то ҳоло дар ин бора санади муайяни тасдиқкунандае надорам, Раҳмон Набиевро розӣ кунониданд, ки рӯзи 7-уми сентябр ба Хуҷанд равад. Ба ӯ гуфта буданд, ки Раёсати Шӯрои Олӣ ва аъзои Ҳукумат низ мераванд. Ба ин Раҳмон Набиев розӣ шуда ва вақте ки ба майдони ҳавоӣ омад ба ғайр аз худ каси дигарро аз Раёсати Шӯрои Олӣ надид ва ӯро боевикҳои мухолифин дар майдони ҳавоӣ пешвоз гирифтанд. Онҳо кӣ буданд ва чӣ буданд, намедонам, зеро ин номҳо дар ҳеч ҷойи ҳуҷҷатҳои нашршуда нест. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки баъди тахминан ним соат ҳамаи роҳбарияти Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамон ҷо ҳозир шуданд. Дар назди ҳама ва аз ҷумла бо фишори ба истилоҳ “ҷавонони Душанбе”, ки бо мили автомат Раҳмон Набиевро маҷбур карданд, ки ба аризаи истеъфо имзо кунад ва ҳамин гуна ин истеъфои маҷбурӣ ба амал омад.

– Баъди ин ҳолат ҳукумат чӣ вазъе ба худ гирифт?

Баъди ин, амалан ҳукумат пурра ба дасти мухолифин гузашт, зеро ҳар касе, ки ба ҳукумат ва Раёсати Шӯрои Олӣ ҷалб шуд, қувваи пешбаранда аксарияташон намояндагони мухолифин буданд ва ҳама дар сухан ба даҳони онҳо менигарист. Нафарони дигар овоз надоштанд.

Истеъфои Раҳмон Набиев баъдтар дар Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Хуҷанд мегузашт, яъне акнун дар замони каме оромтар ба расмият дароварда шуд. Раҳмон Набиев гуфт, ки агар ба истеъфо рафтанаш ба ҳукумати вақт фоида меоварда бошад ба истеъфо рафтанашро қабул кунанд. Ана ҳамин гуна як соли давлатдории Раҳмон Набиев ба охир расид.

– Ба назари Шумо хатои аслии Раҳмон Набиев чӣ буд, ки чунин як вазъияти хашине ба вуҷуд омад?

– Дар фаъолияти Раҳмон Набиев хатои майда чӯйда бисёр буд ва он чӣ, ки ба амал омад аз хатои Раҳмон Набиев набуд. Ин аз ҳамон ҳолате бар меомад, ки дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравии ҳамон замон қувваҳои зиддишӯравӣ, қувваҳои зидди демократияи ҳақиқии сотсиалистӣ, қувваҳои зиддидунявият ба по хеста буданд ва бинобар ин, дар ҳама ҷо талошҳои сиёсӣ мерафт. Дар ин кишварҳо ба истилоҳ аз “озодиҳои” атокардаи Гарбачёв ба по хеста буданд. Ин қувваҳо мусаллаҳ буда ва ҷавон низ буданд, ки гирифтани пеши роҳи онҳо хеле душвор буд. Махсусан, Тоҷикистон, ки артиш надошт.

Ҳамчунин, яке аз камбудиҳои Раҳмон Набиев (агар камбудӣ гуфтан дуруст бошад) дар он буд, ки мо пул надорем ва аз ин рӯ, наметавонем аскарҳоро хӯронда пӯшонем гуфта, розӣ нашуд, ки Двизияи 201-ум ба ихтиёри Тоҷикистон гузарад. Дар ҷумҳуриҳои дигар двизияҳои дар он ҷо буда ба ихтиёри онҳо гузашт. Дигар ин ки Раҳмон Набиев аз ҳад зиёд раҳмдил буд. Дар ин бора як ҳолатро ба хотир овардан мехоҳам. Вақте ки митингҳои моҳи апрели соли 1992 ҷараён дошт, Сафаралӣ Кенҷаев ба Раҳмон Набиев пешниҳод кард, ки ба Ҳиндустон ба сафари расмӣ, ки даъват шуда буд, равад. Раҳмон Набиев дар ҷавоб чунин гуфт:

“Туву Нарзулло Дӯстов одамони золим ҳастед, ман чӣ гуна дар ин ҳолат мардумро ба ихтиёри шумо монда равам? Худо накарда касе аз ин исёнгарон вафот кунад, халқ аз шумо не, аз ман норозӣ мешавад”.

– Баъзе муҳаққиқон яке аз хатоҳои ҳукумати Раҳмон Набиевро дар сиёсати нодурусти кадрии он медонанд

– Раҳмон Набиев воқеан ҳам дар интихоби кадр дар аввал ба саҳв роҳ дод. Ба вазифаҳо он нафаронеро таъйин кард, ки онҳо барои ин замон тайёр набуданд. Бинобар ин, дар митингҳои панҷоҳрӯзаи соли 1992-ум қариб ки овози вазирҳо ба тарафдории Президент шунида намешуд. Ва чизи дигар як анъанаи сиёсиро дар ҷобаҷогузории кадр вайрон кард ва он ин буд, ки дар роҳбарии Тоҷикистон шахси якум агар аз як вилоят бошад, пас шахси дуюм ҳатман аз вилояти дигар мебуд. Ҳамин паритет вайрон шуд. Раҳмон Набиев ҳамчун Президенти Тоҷикистон ва Сафаралӣ Кенҷаев ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳарду зодаи як вилоят буданд. Бояд каси дигаре ба раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон гузошта мешуд, то ки анъанаи мазкур риоя шавад. Бояд гуфт, ки кадри хуб ва пурқудрат дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон буд, ҳаст ва мешавад. Бинобар ин, аз рӯи инсоф ба вазифа таъйин кардан ин шарти аслии ҳукуматдорӣ буд, ки мутаассифона, онро Раҳмон Набиев риоя накард.

– Бо вуҷуди ин, оё Раҳмон Набиевро як Роҳбар гуфтан дуруст аст?

– Раҳмон Набиев аз зумраи роҳбарони бохиради миллии Тоҷикистон буданд. Он кас дар замони Шӯравӣ ҳам роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буданд ва дар он замон бо ташаббуси Раҳмон Набиев Қарори Бюрои сиёсии КМ ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ баромад, ки шаҳри Душанбе обод карда шуда ва ҳатто аз нав сохта шавад. Зеро Раҳмон Набиев талаб карда буд, ки ин шаҳр ба талаботи пойтахт будан ҷавобгӯ нест ва аз ин рӯ, бояд обод карда шавад. Қарори бюро қабул шуд ва ҳанӯз кадрҳо таъйин нашуда, тавре, ки мегӯянд Маскав ба Раҳмон Набиев супориш дод, ки 30 ҳазор мутахассисонро аз Русияву Украина ба Тоҷикистон баранд, то дар бунёди Душанбеи нав иштирок кунанд. Раҳмон Набиев инро қабул накарда ва дар ин замина ба воситаи матбуот ба халқ муроҷиат кард. Он замони Шӯравӣ, яъне замони Горбочёв буд. Раҳмон Набиев ба ҳамаи роҳбарони вилоятҳои Тоҷикистон муроиҷат карда, гуфт, ки барои сохтани шаҳри Душанбе ҳар кадом вилоят тибқи имконияти худ ба Душанбе коргар фиристанд.

Як нуқтаи дигарро дар ин замина ба хотир овардан мехоҳам. Тибқи расму оини сиёсии замони Шӯравӣ роҳбар дар мулоқот бо ягон роҳбар ё намояндаи давлати дигар бояд бо забони русӣ ҳарф мезад ва вақте Бабрак Кормал роҳбари давлати Афғонистон ба Тоҷикистон омад, Раҳмон Набиев дар аввал каме бо забони русӣ ҳарф зада ва баъдан бо забони тоҷикӣ ба сухан оғоз кард. Ман гумон мекунам, ки ин барои нишон додани шахсияти Раҳмон Набиев мисоли майда нест.

Раҳмон Набиев дар тамоми Тоҷикистон эътиқодмандони худро дошт, чунки ӯ бо мардуме, ки меҳнати ҳалол мекард, рафту омад менамуд. Бинобар ин, гумон кардан, ки Раҳмон Набиев аз ӯҳдаи кор намебаромад, ғалат аст. Вазъият бениҳоят печида буд.

“Ҳалва”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь