Чанде пеш ҳунарманди машҳури театру синамои тоҷик, саркоргардони Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский Хуршед Мустафоев зодрӯз доштанд. Мо бо эшон суҳбати ихтисосие перомуни фаъолияти эҷодиашон анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо менамоем.
– Дар ибтидо, Хуршед Мустафоев кӣ буданд ва кӣ шуданд, гуфта метавонед?
– Хуршед Мустафоев инсон буд ва инсон монд. Аммо агар гӯем, ки Хуршед Мустафоев як одами оддӣ буду баъдан ҳамчун ҳунарманд ба ҷое расид, мумкин. Вале ман то ҳол фикр намекунам, ки чун ҳунарманд касе шуда бошам.
– Дар наврасӣ шармгин будаед. Рост аст?
– Аслан, ман ҳозир ҳам шармгинам. Лекин ҳамин солҳои зиёди рӯйи саҳна буданам кумак намуд, то тавонам шармгинии худро пинҳон созам. Ҳоло ҳам маро ба ягон тӯю маърака даъват кунанд, ба ташвиш меафтам, ки чӣ хел ба он ҷо меравам, чӣ кор мекунам ва чӣ мегӯям? Ҳатто, барои ҳамин шармгинӣ кӯшиш мекунам, ки ба қаҳвахонаву тарабхонаҳо камтар равам, чунки агар дар ин ҷойҳо касе ба ман нигоҳ кунад, хеле хиҷолат мекашам ва хӯрок хӯрда наметавонам.
– Ба ғайр аз саҳнаи театр боз чӣ боис гардид, ки як нафари шармгин тавонист ин гуна ҳунарманди муваффақ шавад?
– Хоҳиш, дӯст доштани касб ва сахтгирии устодон.
– Дар даврони донишҷӯйӣ кор мекардед?
– Замони донишҷӯйӣ як маротиба кӯшиш намудам, то кор кунам. Як вақт яке аз дӯстон дар тарабхонае кор мекард. Ба ман гуфт, ки агар хоҳиш дошта бошӣ, биё, дар тарабхона пешхизмат шуда кор кун, ин барои ту хуб аст: пул ба даст меорӣ ва мушкилиҳои доштаатро бартараф мекунӣ. Ман қабул кардам, вале баъди як рӯз корро партофтам. Ин ҷо ҳам шармгинии ман боис шуд. Чунки вақте муштариён ба ту мегӯянд, фалон чизро биёр, дигарашро бар, дар ин ҳолат шахсан маро хеле шармам меояд. Баъд, ба қароре омадам, ки беҳтараш бепул монам, лекин назди мардум хиҷолатзада нашавам.
– Ин овон дар театр кор намекардед?
– Кор мекардам. Баъди анҷоми курси дуюм коргардони маҳбубу машҳур Фаррух Қосимов панҷ – шаш нафар ҷавонони лаёқатмандро, ки дар байнашон ман ҳам будам, ба ҳайси ҳунармандони ёрирасон ба театри «Аҳорун» ба кор қабул намуд. Яъне, ба мо он вақт нақшҳои асосӣ намедоданд, вале ҳамроҳи ҳунармандон дар саҳнаҳои умумӣ иштирок менамудем. Дар баробари ин, мо дар он ҷо ҳамчун коргарони саҳна низ кор мекардем. Дар театри «Аҳорун» аввал ба уҳдаи ман вазифаи мутасаддии асбобу анҷомҳои театрро вогузошта буданд. Баъдан, маро масъули сарулибос таъйин карданд. Яъне, мо ҳам ҳунармандӣ мекардем ва ҳам корҳои берун аз театрро иҷро менамудем ва бо ин роҳ, ба ғайр аз музди кор, боз иловапулӣ ба даст меовардем.
Ҳангоми масъули сарулибос буданам, ба ҳунармандон ҳамеша таъкид мекардам, ки либосҳоро тоза нигоҳ доранд ва нисбаташон бепарвоӣ накунанд. Чунки баъди анҷоми ҳар як саҳна бояд сарулибосро тамиз кард ва ман ки ин либосҳоро бо дастони худам мешустам, боз ҳам бароям гиромитар буданд. Бинобар ин, барои покизагии либосҳо бештар аҳамият медодам.
– Имрӯз ба Донишкадаи фарҳанг ва санъат меравед?
– Не.
– Баъди хатми донишкада боре ҳам шуморо ба ин даргоҳ барои кор даъват карда буданд?
– Панҷ сол қабл маро ҳамроҳ бо Некқадам Шоназаров аз тарафи донишкада даъват намуданд ва аз мо хостанд, ки он ҷо омӯзгор шуда кор кунем. Мо розӣ шуда, ба кор рафтем, вале ҳамагӣ як сол ба бачаҳо дарс омӯзонидем. Ман намегӯям барои чӣ, аммо баъди як сол донишкадаро тарк кардем.
– Таҳсили донишҷӯёни имрӯза (актёронро дар назар дорам) нисбати замони таҳсили шумо чӣ фарқияте дорад? Сатҳу сифати таълим дар донишкада пештар хуб буд, ё ҳозир ва ё баръакс?
– Фарқият хеле зиёд аст. Яъне, бо мурури замон ва сол аз сол дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат сабақомӯзӣ коставу коставу коста шуда истодааст. Ба ҳамон бачаҳое, ки ба он ҷо дохил мешаванд ва барои донишомӯзӣ меоянд, бисёр дилат месӯзад. Бигзор ранҷанд, аммо ман рӯйирост мегӯям. Имрӯз дар Донишкадаи фарҳанг дигар фарҳанге боқӣ намондааст.
Мо бо ҳамроҳии Некқадам дар давоми як соле, ки дар он ҷо ба донишҷӯён дарс меомӯзонидем, бисёр асабӣ мешудем. Чи гунае, ки Некқадам мегуфт, “чӣ қадар “бардак” аст ин донишкада”.
Дар давраи мо ин “бардак” камтар буд ва давраи пештар аз мо умуман вуҷуд надошт. Ва ин “бардак” оҳиста-оҳиста фарҳанги Донишкадаи фарҳангро коста карда, ки ин боиси бадбахтии насли шумо мебошад.
– Истеъдоди бачаҳои аз донишкада меомадаро имрӯз шумо чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Бачаҳо бисёр боистеъдоданд. Яке аз онҳо дар театри мо ҳам кор мекунад. Ин ҷо бачаҳо гунаҳкор нестанд. Чӣ қадаре, ки ба онҳо ҳунар омӯзонданд, ҳамон қадар ҳунарашон пайдо мешавад.
– Яъне, гуфтаниед, ки дар ин ҷо омӯзгор гунаҳкор аст?
– Албатта! Боз мегӯям, ки ин ҷо айби донишҷӯён нест, зеро донишҷӯ он чиро аз худ мекунад, ки омӯзгор ба ӯ омӯзонидааст.
– Баъди хатми донишҷӯйӣ чанд соли дигар дар театри «Аҳорун» фаъолият кардед?
– Баъди хатми донишҷӯйӣ ман панҷ соли дигар дар театри «Аҳорун» кор кардам. Ду соли охири дар театри «Аҳорун» буданам, кӯшиш кардам, ки ҳам дар театри «Аҳорун» ва ҳам дар театри русии ба номи Владимир Маяковский кор кунам, вале ин бароям душворӣ кард. Буданд рӯзҳое, ки соати панҷи бегоҳ дар театри русии Владимир Маяковский намоишнома буд ва хоҳиш карданд, ки ҳамин соат дар театри «Аҳорун» ҳам намоишнома бошад. Баъд ба қароре омадам, ки бояд якеро интихоб кунам ва омадам ба театри Маяковский.
– Чаро дар идома маҳз театри Маяковскийро интихоб кардед ва аз саҳнаи «Аҳорун» рафтед?
– Аслан, сабаби асосиаш ин буд: солҳое, ки ман донишҷӯ будам, дар хонаи хешу табор зиндагӣ мекардам. Баъди хатми донишкада ба онҳо барои некиҳои бароям кардаашон миннатдорӣ баён намудам ва гуфтам, ки акнун ман бояд аз пайи зиндагии худ равам. Вақте аз хонаи хешу табор рафтам, бояд маконе барои зистан меёфтам ва бинои театри «Аҳорун» ҷое дошт, ки онро барои ман доданд. Ҳамин тавр, тӯли панҷ сол дар бинои театри «Аҳорун» ҳам кор мекардам ва ҳам зиндагӣ. Ҳангоме ки маро ба театри Маяковский даъват карданд, бо мушкилии зиёд ҳам бошад, ду соли аввал дар ҳарду театр фаъолиятро идома додам. Чун театри Маяковский хобгоҳи шахсии худашро дошт, ба ман пешниҳод намуданд, ки омада он ҷо зиндагӣ кунам. Вақте рафта хонаи бароям ҷудо намудаашонро дидам, нисбати ҷойи зистам дар театри «Аҳорун», ки ҳаммому ин гуна чизҳо надошт, беҳтар буд, барои ҳамин ба хобгоҳи Маяковский омадам.
Вақте ба ман гуфтанд, ки аз миёни «Аҳорун» ва Маяковский якеро интихоб намоям, ба худ гуфтам, агар ман «Аҳорун» равам, дар кӯча мемонам ва маҷбур шудам, ки Маяковскийро интихоб кунам.
– «Калигула» аввалин нақши бозидаи шумо дар театри Маяковский аст ва ҳамчунин яке аз нақшҳои писандидаатон низ ҳаст. Аз таърихчаи ҳамин нақш мегуфтед…
– Як рӯз саркоргардони театри Маяковский устод Султон Усмонов маро ба наздаш даъват намуда, гуфт, намоишномаи “Калигула”-ро рӯйи саҳна монданист ва ба онҳо як ҳунарпешаи мард лозим. Сенарияи саҳнаро ба ман доду як нақши хурдакакро нишон дод, ки ту бояд ҳаминро иҷро кунӣ. Он вақт нақши Калигуларо устод Раҷаб Ҳусейнов тамрин мекарданд. Ҳангоме ки пейсаро гирифта мутолиа кардам, нақши Калигула он қадар бароям писанд омад, ки дигар он нақши бароям додашударо фаромӯш кардам, ки кӣ буд ва чӣ гуна буд. Баъд, ба назди устод Султон Усмонов омада, хоҳиш намудам, ки иҷозат диҳад, то ман рӯйи ҳамин нақш тамрин кунам, зеро хеле бароям маъқул шудааст. Ва ҳамин тавр, устод Султон Усмонов қабул карданд, то ман рӯйи нақши Калигула кор кунам.
– Баъд, нақшро чӣ гуна бозӣ кардед: хуб ё бад?
– Ман намегӯям, ки то чӣ андоза дар иҷрои ин нақш муваффақ шудам, вале як чизро қайд мекунам: як рӯз вақти тамрин устод Раҷаб Ҳусейнов аз нақш даст кашиданду гуфтанд, ки ман ин нақшро иҷро намекунам ва дигар нақшро мегирам, бигзор ин нақшро Хуршед иҷро кунад, чунки нақш ба ӯ мувофиқтар аст. Ҳамин аз нақш даст кашидану онро ба ман туҳфа кардани ин ҳунарманди бузурги тоҷикро дида, ба худ гуфтам, ки шояд, ман каме ҳам бошад, муваффақ шудаам, ки устод ин нақшро бароям вогузор намуд.
– Рост аст, ки вақте ҳунарманд дар як нақш дарояд, то чанд муддат аз он берун шуда наметавонад?
– Як чиз гӯям: ҳамин гап, ки мегӯянд, ба нақш медароиву аз он то чанд вақт баромадан душвор аст, комилан дурӯғ аст. Ман ин чизро ягон маротиба надидаам ва дар худ низ эҳсос накардаам. Буданд ҳунармандоне, ки мегуфтанд, ман даруни нақш ворид мешавам ва баъди намоиш то ду-се соат аз он берун баромада наметавонам. Аммо, ман чанд бор ба баъзеҳояш гуфта будам, ки канӣ, як бор барои ман ҳам нишон деҳ, ки чӣ тавр вориди нақш мешавӣ, то мо ҳам омӯзем. Барои ҳамин чиз чанде аз ҳунармандонамон аз ман ранҷида буданд…
– Шумо чӣ қадар ба озодии молиявии худ расидаед ва озодии молиявӣ барои як ҳунарманд то чӣ ҳад лозим аст?
– Шояд ягон 30 дарсад ба озодии молиявии худ расида бошам. Ба андешаам, ҳунарманд агар гурусна набошад, саҳна баромада наметавонад. Ҳамон ҳунарманде муваффақ аст, ки гурусна аст. Вақте бо шиками сер вориди саҳна мешавӣ, нақшро бозида наметавонӣ, вазнинӣ ва аз дастат иҷрои нақш намеояд…
– “Рӯзе меравам ва он рӯз бисёр наздик аст”,- борҳо гуфтаед шумо. Ин дуруст аст ва агар “ҳа”, пас куҷо меравед ва кай?
– Ман аниқ рафтаниям. Кай рафтанамро гуфта наметавонам, чунки мумкин пагоҳ равам ё рӯзи дигараш, яъне маълум не. Ва ҷойи рафтанам, ҳар куҷо ки набошад, аз Тоҷикистон берун аст.
– Чаро рафтан мехоҳед? Ҳол он ки, шумо театр доред, ҷойи кори хуб доред. Иллати аслии ин чист? Ва боз давоми чанд соли охир ин «меравам» гуфтанҳои шумо такроршуданист?
– Барои он то ҳол нарафтаам, ки ин сарзаминро зиёд дӯст медорам. Гузошта рафтани ин ҷо бароям хеле сангин аст. Ҳамаи онҳое, ки маро мешиносанд, хеле хуб огоҳанд, ки ман чӣ қадар ин кишварро, ин хокро дӯст медорам. Аммо, медонам, ки як рӯз не – як рӯз меравам. Фақат, барои кайфу сафо ё барои бой шудан рафтан намехоҳам, балки зиндагӣ маҷбур мекунад, ки равам.
– Ба дигар мамлакат ки рафтед, чӣ кор мекунед?
– Касбамро идома медиҳам. Шояд рӯзҳои аввал танқисӣ кашам ва ба ғайр аз театр ё кинои ҳамон давлате, ки меравам, дар дигар ҷойҳо ҳам кор кунам. Чунки шаҳри бегона аст ва барои зиндагиро сохтан, мумкин каме азоб кашам. Вале боварӣ дорам, ки хор намешавам.
– Ҷое гуфтаед: “Театр бошад ҳам, бад нест, набошад ҳам, бад нест. Бошад ҳам, бад аст, набошад ҳам, бад аст”. Метавонед ин парадоксро шарҳ диҳед? Гуфтаниед, имрӯз театр аҳамияти худро гум кардааст?
– Вақте фиттаҳо ҳастанд, вақте ки телевизион ҳаст, вақте интернет ҳаст, театр мавқеи худро хеле гум мекунад ва агар то ҳадди охирин ҳам талош кунем, ҷойи инҳоро гирифтан мушкил аст. Мисол, агар мардум эълони намоишномаи “Гамлет”-ро бинанд, мегӯянд, ки рафта аз интернет мебинем, лозим нест, то ба театр биёем. Ё шояд ҳам, намоишро умуман дидан нахоҳанд ва асосан, халқи мо, мардуми мо аз пайи ба даст овардани як луқма нонанд ва вақти рафтан ба театрро надоранд. Рӯзҳо аз пайи зиндагии худ овораанд, то як-ду танга ёбанду фарзандони худро хӯронанд. Барои ҳамин ҳам, майли рафтан ба кинову консерту театр барин ҷойҳоро надоранд ва агар майл кунанд, бегоҳ дар хонаи худ филми ҳиндӣ ё туркӣ мебинанд.
– Яъне, мушкили нарафтани мардуми мо ба театр – ин андармон будан аз қафои зиндагиашон аст?
– Бале. Театр, кино ва консерт он нафароне мераванд, ки дар зиндагияшон камбудие нест. Дар зиндагии ман ҳам агар норасоиҳо бошад, дилам намекашад, ки ба ягон ҷо равам.
– Ба ақидаи шумо, айни ҳол мушкили рақами яки театри тоҷик чӣ аст?
– Ҳунар! Ман дар назар надорам, ки мо ҳунармандон ё коргардонҳои беҳунар дорем. Балки худи калимаи ҳунар нест. Ҳунар, яъне чӣ? Ҳунар, яъне хоҳиш! Ҳунари ман танҳо хоҳиши ман аст, ки мехоҳам касеро дар саҳна биофарам, агар хоҳиш дошта бошам, муваффақ мешавам ва агар хоҳиши иҷрои онро надорам, муваффақ намешавам ва ҳунарманди бад боқӣ мемонам.
– Барои чӣ Хуршед Мустафоев рӯз ба рӯз лоғар мешавад?
– Хуршед Мустафоев рӯз то рӯз лоғар намешавад, балки ҳамон гунае, ки буд, ҳамон хел монд. Аз даврони мактабхонӣ, яъне аз синфи 10-11 чӣ хеле ки будам, ҳамон хел мондам. Ҳар вақте мегӯянд, ки ман лоғар ҳастам, рафта худро бармекашам, лекин тағйироте намебинам. Фарбеҳ одаме мешавад, ки бепарвову беғам аст, аммо ман бепарво нестам, ғам дорам, асабӣ ҳастам.
Бовар кунед, дар 12 соли охир ягон маротиба ба рухсатӣ набаромада будам ва пас аз ин муҳлати тӯлонӣ, имсол қасд кардам, ки ҳама чизро канор мегузораму ба рухсатӣ рафта, дам мегирам. Ба рухсатӣ рафтам, вале боз ҳам ҳамоне мондам, ки будам.
– Сабаб чист, ки дар ТВ “Синамо” дар бораи шумо ва ё бо иштироки шумо барномае нест? Ин ҳам дар ҳолест, ки ба дубляжҳои ин телевизион меравед…
– Сабабаш – риш. Албатта, борҳо мегӯянд, ки ришатро гир, то дар барномаҳо даъватат кунем, ё дар бораат барномае омода созем, вале розӣ намешавам.
– Воқеан, шуморо бидуни риш хеле кам дидаанд. Риш барои шумо чӣ аст?
– Алҳамдулиллоҳ, мо ҳам мусулмонем ва риш суннати Паёмбар аст. Вале риши ман ҳамагӣ “стиль”-и ман аст. Борҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки “акаи актёр, ҳамин ришта гир охӣ”. Аммо, мегӯям, “ман мулло нестам ва бо ин риш нақш меофарам”. Ман ҳам онҳоро мефаҳмам, ки ин вазифаашон аст, аммо банда як ҳунармандам ва дар саҳнаҳои зиёде бозӣ мекунам, ки бояд риш дошта бошам. Ва боз тамошобинон маро бо ҳамин ришам мешиносанд, агар ин ришро гирам, пас чӣ гуна мешавад? Театр шароите надошта бошад, ки мо дар ҳар намоиш риши сунъӣ истифода кунем. Ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, лекин ҳамин амал хеле ношоям аст.
– Сигорӣ будан хуб аст?
– Не, бад аст, аммо ман мекашам…
– Чаро?
– Худамро фиреб медиҳам, ки сигор маро ором мекунад ва барои ҳамин мекашам.
– Аз дӯстонатон иттилоъ гирифтем, ки перомуни рӯзгор ва ҳаёти эҷодии шумо филми мустанаде омода шудааст, вале то ҳол пахш намегардад. Сабаб чист?
– Он филм нест, он мисли “портфолио” аст ва онро дар Тоҷикистон нахоҳанд дид. Мисли онест, ки ҳунармандон акс мегиранд ва дар фитта мегузоранду барои филмҳо равон мекунанд ё “албом” мекунанду ба киностудия месупоранд ва ё дар театр мегузоранд. Аммо ин чизро ман дигаргуна кардам, яъне “портфолио”-ро мисли филм кардам. Ин филм моли ман ва шиносномаи ҳунармандии ман аст, ки агар ба ягон филми хориҷӣ даъват намоянду гӯянд, ки аксҳоятонро равон кунед, акс неву ҳамин филмро мефиристам. Дар ин филм тамоми ҳунари ман на ба таври сурати мурда, балки зинда ва ба таври филм нишон дода шудааст. Чун ин филмро диданд, хоҳанд, маро даъват мекунанд, нахоҳанд, даъват намекунанд. Барои ҳамин ҳам лозим надонистам, ки ин филмро дар Тоҷикистон бинанд, ё дар ягон ҷашнвора нишонаш диҳанд.
– Барои рушд додани театри тоҷик чӣ бояд кард?
– Бояд ҳунар омӯхт. Боз ҳам мегӯям, ҳунар, яъне хоҳиш!
– Театр оянда дорад?
– Албатта, дорад. Агар ҳунар дар саҳна пайдо шуду намоишномаҳо хуб гузошта шуданд, ҳатман театр зиндагӣ мекунад ва пеш меравад.
– Агар ба Донишкадаи фарҳанг ва санъат имрӯз шуморо ҳамчун омӯзгор ба кор даъват кунанд, меравед?
– Не! Ҳамон вақт меравам, ки дар донишкада аксари сабақомӯзон ҳунар дошта бошанд. Ҳозир ки бисёрашон ҳунар надоранд, рафтан намехоҳам.
– Худро коргардон медонед, ё ҳунарманд?
– Ҳунарманд!
– Хотирмонтарин рӯзи ҳаётатон…
– Ҳунармандон рӯзҳои хотирмон зиёд доранд.
– Ташаккури зиёд барои як суҳбати ошкоро ва самимӣ!
– Саломат бошед!
Мусоҳиб: Муҳаммадназар НАҶБУДИНОВ