Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигори тоҷик ба муносибати якуми апрел – Рӯзи ханда перомуни мақоми ҳаҷв ва нақши он дар ҷомеа ва ба вижа дар журналистика бо Halva суҳбат кардааст.

Мавсуф дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки мақоми ҳаҷв басо баланд аст, ҳатто, ки ҳарфҳои “магӯ”-и сиёсиву иҷтимоиро ба ин восита гуфта мешавад. Ба ақидаи ин ҳаҷвнигор, фазои ҳаҷв дар шабакаҳои иҷтимоӣ рангин аст, дар матбуот ба назар мерасад, вале дар телевизион камранг мебошад.

Дар ин баробар, пешниҳод мекунад, ки дар кишвар Академияи ҳаҷви тоҷик ташкил шавад ва вазорату ниҳодҳои марбутаро лозим аст, ки бо ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ кунанд ва аз нигоҳи моливӣ кӯмак намоянд. Ӯ бар ин назар аст, ки адами ҳаҷви касбӣ сабаби рушди ҳаҷви кӯчаву бозорӣ шудааст ва барои ин роҳҳал ҳам ироа менамояд.

Холиқназар Ҷумъаев мегӯяд, ки ҳаҷвнигор заҳрро худ мечашаду шириниашро ба шунаванда мебахшад ва инчунин аз рӯзгори пурхандаи худ дар ин мусоҳиба қисса мекунад.

Лаҳзаҳои дилчаспу хандаовари зиндагӣ

– Ҳаҷв чист ва он чӣ тафсир дорад?

– Ҳаҷв таърихи хеле қадима дорад ва он як бахши васеи адабиёти бадеии моро фаро гирифтааст. Ҳаҷв навъҳои гуногун дорад ва аз ҳама шакли маъмултарини он, ки миёни мардум паҳн гардидааст, ин латифа мебошад. Латифа аз он жанрҳоест, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд меояд. Ҳар ҳодисаи дар рӯзгор рухмедода зуд ба интиқод, ҳазлу шӯхӣ ва вокуниш дучор гашта, бо қолаби латифа ҷамъбаст мегардад.

Қаҳрамонони латифаҳои тоҷикӣ, чун  Хоҷа Насриддин, Афандӣ, Кали зирак ва даҳҳо нафари дигар, ки маҳз аз номи онҳо латифаҳо сохта ва паҳн шудаанд, маъруфияти махсусро касб кардаанд.

– Дар ин жанри ҳаҷвӣ, ки Шумо ҳам беш истифода мекунед, чӣ қадр аз иғроқ ва киноя истифода мешавад ва он аслан чӣ хосият дорад?

– Дар латифа асосан як лаҳзаи хурди воқеаи мухтасар ишора меёбад, ки барои дилчаспу хандаовар шудани он аз муболиғаву иғроқ истифода мебаранд. Ҳатто хурдтарин ҷузъиёте, ки дар зиндагии мардум дорои аҳамият ва арзише ҳаст ё худ лавҳаву лаҳзаҳои гуногуне, ки дар муносибати ҳаррӯзаи одамон мушоҳида мешаванд, дар мазмуни латифаҳо бозтоб мегарданд. Яъне латифа давраҳо ва ҳодисаҳо не, балки танҳо як лаҳзаро аз ин ё он ҳодиса дар бар мегирад. Дар он инкишофи воқеа ва хислати қаҳрамонон дида намешавад.

Муаллиф дар эҷоди латифа кӯшиш ба он мекунад, ки бо рафторҳои хандаовару зарофатҳои намакин ва бо истифода аз киноя камбудиҳои фардӣ ва иҷтимоиро танқид карда, мардумро шоду хурсанд ва ба зиндагӣ дилгарм кунад.

Ғайр аз ин, муаллифи ҳаҷву латифаҳо ҳатто барои танзу эътироз ва ҳатто танқиду тамасхур аз хандаю шӯхӣ истифода мебарад. Агар ба ҷавҳари ҳар як латифа нигаред, дар он ду тобишро дидан мумкин аст. Тобиши аввал он аст, ки шунавандаро бе ҳеҷ андешае механдонад, вале агар ба тобиши пинҳонии он таваҷҷӯҳ кунед, ҳатман ягон камбудӣ ва мушкилиеро мебинед, ки муаллиф онро ба ҷомаи ҳазл кашидааст.

Шӯхӣ бо ҷиддитарин одам

– Якуми апрели имсолро чӣ гуна “фол мебинед” ва кадом рафторҳои хандаовару зарофатҳои намакинро интизоред?

– Якуми апрелро беҳуда Рӯзи ханда нагуфтаанд. Мардум дар ин рӯз ҳатто бо ҷиддитарин одамон шӯхӣ мекунанд. Талаба бо муаллим, шогирд бо устод ва баръакс. Ҳатто корманди одӣ бо сардори худ баъзан шӯхиҳои ғайричашмдошт карда, ӯро ғофилгир мекунад ва барои ин муҷозот намешавад.

Дар журналистика ҳам ҳазлу шӯхиҳои якумиапрелӣ басо зебо истифода мешаванд. Агар ба агентии иттилоотии “Азия-Плюс” нигаред, дар ин рӯз ҳатто дар бораи қарору қонунҳои нави набуда низ шӯхиҳои намакин мекунад ва дар охираш ишора мегардад, ки имрӯз якуми апрел аст ва ба он бовар накунед. Ин таҷриба дар дигар нашрияҳо, аз ҷумла “Фараж” ва “Тоҷикистон” низ дида мешавад. Ман бовар дорам, ки имсол низ чунин амал идома хоҳад ёфт.

– Китоби “Ашкҳои зери борон”-и Шумо аз рӯзгори талху ширини муҳоҷирон қисса мекард. Ин якуми апрел ҳам муҳоҷири тоҷик механдад?

– Ман бовар дорам, ки муҳоҷирони мо дар ин якуми апрел низ шӯхиҳои худро мекунанд ва механданд. Албатта, ходисаи нангини охир, ки дар Маскав ба амал омад, ба сари муҳоҷирони мо мушкилӣ меорад, вале ин мушкилиҳо ҳам бо мурури вақт пушти сар хоҳанд шуд.

Қаҳрамониҳои як деҳи шӯхтабор

– Шумо кай ба ҳавҷнигорӣ пардохтед?

– Ман агарчи ҳаҷв наменавиштам, вале зиндагиам пурра бо ҳаҷву ханда ва ба роҳ мондани корҳои ҳаҷвӣ мегузашт. Зеро дар деҳае таваллуд шуда ва ба воя расидам, ки мардумони шӯху дилписанде дорад. Дар зодгоҳи ман, ки Мадовра ном дорад ва дар Панҷакент воқеъ аст, бо шӯхиҳои гуногун ва ғофилгиркунии якдигар хеле зиёд маъруф гаштааст.

Масалан, агар нафаре медид, ки ягон шахс аз сокини деҳа чорвоеро забҳ кардааст, ӯро огоҳ накарда, аз номи ӯ якчанд нафар аз аҳли деҳаро ба хонаи ӯ ба зиёфат даъват мекард. Соҳибхона маҷбур мешуд, ки ҳамаро зиёфат диҳад.

Ҳатто чунин шӯхиҳое буданд, ки мардум гоҳ-гоҳе якуми апрел шабона говеро аз оғили як нафар гирифта бурда ва ба оғили нафари дигар баста, аз он оғил гӯсоларо оварда, ба ҷойи гови ӯ мебастанд. Гӯё мӯъҷизае рух медод, ки дар як шаб гов ба гӯсола ва гӯсола ба гов табдил ёфтааст.

– Шумо ҳам ин гуна шӯхиҳо кардаед ва ё ин ҳол бо худатон ҳам воқеъ гашта?

– Бале, бо худам низ зиёд чунин шӯхӣ кардаанд. Аз ёдам намеравад, ки аз Абдусамеъ ном ронандаи ҳамдеҳаам хоҳиш кардам, ки барои ман як мошин санг биёрад. Ӯ гуфт: Санги тайёр нест, вале агар якчанд одам пайдо кунӣ, якҷоя меравем, санг ҷамъ карда, ба мошин бор карда, меорем.

Ман тамоми деҳаро гашта ҳамагӣ 4 нафарро пайдо кардам. Якҷоя ба домони кӯҳ рафта, як мошин санг овардем. Бегоҳ дар хона барои ҳамин чор нафар хӯрок фармоиш додам. Вақте сангро овардему ба хона даромадем, 15 нафар ҷамъ шуданд. Танҳо баъд фаҳмидам, ки ронанда сари роҳ ҳар нафареро, ки дидааст, ба хонаи ман ба зиёфат хабар кардааст.

Модарам зуд дастархон оростанду бо хандаву шӯхӣ меҳмононро гусел кардем. Ният кардам, ки сангро мефарораму ба ронанда пул намедиҳам ва бо ҳамин роҳ қасди меҳмондориро аз ӯ мегирам. Шояд ронанда аз нияти ман огоҳ шуд, ки гуфт:

– То пулашро надиҳӣ, сангро намефарорам. Агар пулашро надиҳӣ, харидор дорам, сангро бурда мефурӯшам!

Ноилоҷ пулро додаму сангро фаровардам.

Баъдтар вақте ба рӯзноманигорӣ рӯ овардам, нахуст ба навиштани ҳамин гуна хотираҳои шӯх оғоз карда, онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мондан гирифтам. Дар аввал гумон намекардам, ки онҳо қобили қабуланд, вале вақте дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла “СССР”, “Фараж”, “Нигоҳ”, “Тоҷикистон” ва дигарҳо чоп шудани ин хотираҳои кӯтоҳро дидам, донистам, ки беҳтараш ба ҳаҷв рӯ орам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Аз соли 2010 инҷониб, асосан, ҳаҷву латифаҳои кӯтоҳ менависам.

Вақте рӯ – рӯйи дастҳо меоранд…

– Ҳаҷв бояд мақсад дошта бошад: ҳадафи Шумо хандондан аст ва ё тарбия кардан?

– Ростӣ, вакте ман ба навиштани ҳаҷв рӯй овардам, ҳадафам асосан хандондан буд. Ҳоло низ кӯшиш мекунам, ки асосан хандонам. Дар ин баробар ҳам, латифаҳои зиёди тарбиявӣ дорам, ки аксар воқеа аз сари худам гузаштааст:

Дар кӯчае раҳгум задем. Аз роҳе мегузаштем, ки охираш ба назар ноаён менамуд. Аз роҳгузаре пурсидам:

– Ин роҳ моро ба куҷо мебарад?

Гуфт:

– Ба қабристон!

Ба ҳамроҳонам муроҷиаткунон гуфтам:

– Биёед ба қабристон даромада, ба арвоҳи фавтидагон фотиҳае мехонем ва баъд ба роҳамон идома медиҳем.

Яке аз ҳамраҳон гуфт:

– Вақт танг аст, ягон рӯзи дигар барои фотеҳа меоем.

– Баъдтар чунин имконият нашуданаш мумкин…, – гуфтам ман.

– Чаро баъдтар чунин имконият намешудааст? – ҳайрон шуда пурсид.

– Алҳол, ки бо пойи худ омадем, имконият дорем, ки фотиҳае хонем. Фардо вақте рӯ – рӯи дастҳо меоранд, чунин имконият намеёбем, – гуфтам дар ҷавоб.

“Зане бо туфлии пошнабаланд мехоҳам”

– Мавзӯъро чӣ гуна интихоб мекунед: меъёр барои Шумо чист?

– Ман мавзӯъро барои ҳаҷв интихоб намекунам, зеро он асосан ҳангоми ин ё он суҳбат бо табақаҳои гуногуни мардум, дар нишастҳо, ҷаласаҳо ва ғайра пайдо мешавад. Вақте гапи ҷолиберо мешунавам, зуд дар дафтари қайдҳои телефон сабт мекунам ва чун вақт ёфтам, онро менависам. Яъне ман мавзӯъро не, балки мавзӯъ маро пайдо мекунад.

Масалан, чанде пеш ҳамкасбон аз телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маро ба ҷашни Наврӯз ба дараи Қаратоғ даъват каданд. Яке аз ровиёни он бонуи зебову қоматбаланди хушгуфтор туфлии пошнабаланде пӯшида буд. Вақте ба рӯйи сабзаҳои замини нарм роҳ мерафт, пошнаи туфлӣ ба замин фурӯ мерафту роҳравиро барояш торафт душвор мекард. Бо илҳом аз роҳравиҳои ӯ ва ин ҳолати рухдода латифаи “Зане бо туфлии пошнабаланд мехоҳам”-ро навиштам:

Ҳамроҳи меҳмоне аз деҳа дар гулгаштҳои пойтахт сайругашт доштем. Зане аз назди мо гузашт, ки туфлии пошнабаланд дошт. Пошнаи туфлиаш дар баробари баландӣ хеле борик буд. Меҳмон бо нигоҳи чашм ӯро то дур гусел карда, гуфт:

– Мехоҳам дар деҳа чунин зане бо туфлии пошнабаланд дошта бошам.

– Чаро маҳз дар деҳа ва чаро бо туфлии пошнабаланд? – пурсидам бо кунҷковӣ.

– Вақти шинонидани ниҳоли помидору пиёзу дигару дигар зарур аст, – гуфт меҳмон.

– Чӣ хел зарур? – чизе нафаҳмида боз суол кардам.

– Зан бо туфлии пошнабаланд роҳ мераваду ҷойи ниҳолу тухмиро сӯрох мекунад ва ман аз пасаш онро шинонидан мегирам! – хандакунан гуфт меҳмон.

Ё латифаи “Банг хостам, банд овард” низ дар ҳамин барнома пайдо шуд:

Меҳмоне дар истироҳатгоҳе дар дараи Қаратоғ дар назди хаймаи сайёҳии ман бандеро дида, пурсид:

– Шумо, ки кӯҳнавард нестед, бандро чӣ кор мекунед?

Бо шӯхӣ гуфтам:

– Ман банг хостам, рафиқам банд овардааст.

Ҳаҷвнигор заҳрро худ мечашаду…

– Ҳаҷвнигориро ҳам омӯхтан мумкин аст: чиро мешавад омӯхт ва чӣ табиист?

– Нахуст, истеъдод зарур аст. Дуюм, асарҳои зиёди ҳаҷвӣ бояд хонд. Ба ҳаҷви нависандагони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ бояд таваҷҷуҳ кард. Зеро дар Русия ҳоло ҳаҷв хеле пеш рафтааст.

– Шумо бо нигоштаҳои ҳаҷвӣ дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ шӯҳрат доред: вақте ба маводатон реаксия мешавад, чӣ ҳис доред?

– Аз реаксияи хонандагон ҳисси хеле хуб мегирам. Бахусус, вақте шарҳҳои онҳоро мехонам, боз як бори дигар механдам ва аз баъзеи онҳо латифаҳои дигар ҳам месозам. Реаксия нишонаи он аст, ки навиштаи моро касе хондааст ва мо ба мақсад ҳам расидаем.

– Нақши ҳаҷв ва мазҳакаро дар ташаккули афкори ҷомеа чӣ гуна мебинед?

– Ба фикрам, ҳаҷву мазҳака ба ташаккули афкори ҷомеа коре надорад. Вазифаи ҳаҷву мазҳака ин хандондан, хурсанд кардан ва лаҳзае дур кардани аҳли ҷомеа аз мушкилиҳо аст. Зеро ҳаҷвнигор дар ҳар латифа заҳрро худ мечашаду шириниашро ба шунаванда мебахшад.

– Имрӯз кадом мавзӯъҳоро барои матолиби ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон мубрам мешуморед?

– Баро эҷодкор бояд мавзӯъ маҳдудият надошта бошад. Ҳаҷвнавис ҳар мушкилиеро мебинад, метавонад онро ба ҳаҷв кашад. На танҳо мушкилӣ, ҳатто хурсандиву хушбахтӣ низ баъзан метавонанд ба ҳаҷв кашида шаванд.

Ҳаҷв дар матбуот ҳаст, дар ТВ не

– Шумо розиед, ки ҳаҷв дар журналистикаи тоҷик аз байн рафта истодааст?

– Не, ба ин розӣ шуда наметавонам. Ҳаҷви имрӯз низ дар журналистика пеш рафта истодааст ва дар оянда низ пеш хоҳад рафт. Агарчи китобҳои ҳаҷвӣ каманд, вале вақте ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба нашрияҳои гуногун менигаред, ҳатман ҳаҷвҳои хеле хубу хонданиро меёбед. Аммо барои ҷамъоварӣ ва чопи онҳо на ҳама имконият дорад. Ман имконияти молиявиро дар назар дорам…

– Нигоҳи Шумо ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҳаҷвии кишвар чӣ гуна аст: аз ҷумла, шумо “хор”-ҳои “Хорпуштак”-ро мебинед?

– Ман бо “Хорпуштак” низ ҳамкорӣ дорам ва латифаҳоям дар саҳифаҳои ин маҷалла низ чоп мешаванд. Ба истилоҳи дигар, ман “ҷигаргӯшаи Хорпуштак” низ ҳастам. Агар гӯем, ки “хор”-ҳои “Хорпуштак”-ро тамоман эҳсос намекунем, ин муболиға мешавад. Агарчи хеле маҳдуд, вале “Хорпуштак” то андозае салоҳияти худро иҷро карда истодааст.

– Бархе ҳафтаномаҳои кишвар дар саҳифаи охир ҳаҷвнигоштаҳо доранд. Мунаққидон мегӯянд, ки “аксари он навиштаҳо ҳаҷви публистистӣ нестанд”. Фикри Шумо чист?

– Агар манзури Шумо нашрияҳое чун “Адабиёт ва санъат”, “Тоҷикистон”, “Истиқлол” ва чанде дигар аст, ки қариб ҳамагӣ саҳифаи охири худро ба латифа бахшидаанд, ба назарам, ин хуб аст. Бояд эътироф кунем, ки хонанда хондани аксари ин нашрияҳоро маҳз аз саҳифаи охир шурӯъ мекунад. Яъне ин латифаҳо хонандагони доимии худро доранд.

Ман бо нашрияи “Тоҷикистон” ҳамкорӣ дорам, ҳатто ҳолатҳои зиёде шудааст, ки хонандагон ҳам ба худи ман ва ҳам ба идораи нашрия занг зада, фикру андешаҳои худро перомуни ин ё он латифа иброз дошта ва чопи бештарро дархост кардаанд.

Дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Фараж” низ ҳаҷви созанда дида мешавад, ки ҳамкасбони мо хеле моҳирона мушкилиро дар қолаби ҳаҷв ғунҷонидаанд.

– Вале латифа жанри бадеӣ аст – ку, на публитсистӣ. Ба ин чӣ мегӯед?

– Бале, латифа ин жанри бадеӣ аст. Ба жанри публитсистӣ, асосан, памфлету фелетон дохил мешаванд, ки дар матбуот хеле кам ба назар мерасад. Ба назари ман, чопи маводи ҳаҷвӣ аз қобилияту маҳорати ҳайати эҷодии нашрия вобаста аст, на ба ҳаҷвнигорон. Барои он ки бахши ҳаҷви публитсистӣ рушд кунад, ҳамкасбони моро зарур меояд, ки бо ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ намуда, камбудиву нуқсонҳои рӯзмарраро боҷуръатона дар қолаби фелетону памфлет ба риштаи ҳаҷву тамасхур ва ришханд кашанд. Он гоҳ, ҳам нашрияҳо хонандагони бештар пайдо мекунанду ҳам ҳаҷви публитсистӣ аз нав эҳё мешавад.

– Саҳначаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои тоҷик ҳам қариб аз байн рафтанд – “Лаҳзаҳои гуворо” пош хӯрд, “Ғарибшо” ва “Шакарханд” нопадид шуданд, “Шӯхиҳои Аловуддин”-ро ҳаҷвнигор бо худ бурд… Дар суроғи ҳаҷви касбӣ ба куҷо равем?

– Намедонам, чаро дар шабакаҳои телевизионӣ ҳаҷв кам шуд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла шабакаи Ютуб ҳаҷв хеле хуб паҳн шуда истодааст. Барномаҳои нав ба нави “Лаҳзаҳои гуворо”, “Гурӯҳи Ғарибшо”, “Хандинкамон” ва даҳҳо саҳнаҳои ҳаҷвии дигарро дучор омадан мумкин аст, ки ҷолибияти хуб доранд.

Ниҳоят, сабаби рукуди ҳаҷв дар журналистикаи тоҷикро дар чӣ мебинед?

– Ман ба ин фикри шумо розӣ шуда наметавонам, зеро рукуд ин карахтӣ аст ва вақте рукуд мегӯед, бояд қабул кунед, ки ҳаҷв дар журналистика умуман ба чашм намерасад, ки ин тавр нест. Имрӯз мо қариб нашрияеро намебинем, ки дар ин ё он шуморааш ҳаҷв набошад. Бояд иқрор шавем, ки агарчи камчинии ҳаҷв эҳсос мешавад, вале мо ҳоло ба ҳолати рукуд рафта нарасидаем. Аз сӯйи дигар, барои рафъи ҳолати меомада бояд талош кунем ва бетаваҷҷӯҳ набошем, ки то ба рукуд рафта расем.

Адами ҳаҷви касбӣ…

– Ба ҳаҷви блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ нигоҳ доред?

– Ҳаҷви блогерон албатта камбудӣ дорад, вале дар аксари онҳо истеъдоди ҳаҷвнигорӣ мушоҳида мешавад. Ба аксари барномаҳои ҳаҷвии блогерон нигарем, мушоҳида мекунем, ки миллионҳо нафар онҳоро тамошо мекунанд.

– Доштани тамошобин маънои ҳаҷви хубу касбиро надорад-ку… Бо вуҷуди ин, мутаассифона, ҷомеа бештар рӯ ба ҳаҷви кӯчаву бозорӣ оварда…

– Бале, бояд иқрор шуд, ки аксари блогерон ба устоди саҳнасоз ниёз доранд. Устоде, ки маводашонро таҳрир кунад ва роҳ нишон диҳад. Дар кул, кори онҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз рӯйи қудрат ва тавоноии худ барои ҷалби аудитория кор карда истодаанд.

– Пас, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки набудани ҳаҷви касбӣ сабаби рӯ ба ҳаҷви кӯчаву бозорӣ овардани аудитория шудааст?

– Бале, ин гуна хулоса ҳам кардан мумкин аст…

Фарҳангистони ҳаҷви тоҷик ташкил шавад

– Роҳҳал чист ва дар ин шароит чӣ бояд кард?

– Ба назари ман, барои рушди бахши ҳаҷву ҳаҷвнигорӣ ва таҳияи саҳнаҳои ҷолиби ҳаҷвӣ беш аз ҳама маблағ зарур аст, ки ин имкониятро на ҳар ҳаҷвнигор дорад. Барои ин боз ҳам кӯмаки давлат зарур аст.

Бинобар ин, вазоратҳои марбутаи кишварро зарур меояд, ки бо ҳаҷвнигорон, чӣ касбиву чӣ ба қавли шумо кӯчагӣ, ҳамкорӣ кунанд ва онҳоро ба кор ҷалб намоянд. Ман боварӣ дорам, ки аз ҳар якеи онҳо ҳаҷвнигору ҳаҷвнависи хуб омода кардан мумкин аст. Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ чунин таҷриба буд ва он ҳамон ҳаҷвнигоронро маҳз дар миёни мардум пайдо кардаву тарбият менамуданд.

Имрӯз, ба назари ман, барои даври ҳам овардани ҳама ҳаҷвнигорон барномаҳои давлатие заруранд, ки ҳамаашонро муттаҳид кунад ва аз байнашон беҳтаринашонро интихоб намояд. Дар ин замина бояд Фарҳангистон (Академия)-и ҳаҷви тоҷик ҳам ташкил шавад, то заминаи рушди соҳа дар кишвар гардад.

Он чиро, ки ҷиддӣ гуфта намешавад, бо шӯхӣ мегӯем

– Фазои ҳавҷро дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?

– Фазои ҳаҷв миёни мардум ва шабакаҳои иҷтимоӣ хеле пеш рафта истодааст. Фақат камбудӣ дар он аст, ки ҳар як нафар фазои ҳаҷвро аз рӯйи диду хости худ пеш мебарад. Боз ҳам мегӯям, агар барномаҳое бошанд, ки ҳаҷвнигоронро дар атрофи ҳам ҷамъ оварад, ин фазо хеле васеъ ва ҷолиб хоҳад шуд.

Яке аз шӯхиҳои худамонро нақл мекунам:

Субҳи барвақт бо устод Наҷмиддини Шоҳинбод рӯ ба рӯ шудам. Баъд аз салому алейк устод гуфтанд:

– Ту бояд ягон рисола нависӣ, ҳимоя кунӣ ва олим шавӣ!

– Не, устод, – гуфтам бо қатъият, – ман нияти олим шудан надорам.

– Чаро олим шудан намехоҳӣ? – бо тааҷҷуб пурсиданд.

– Ҳамаро олим карда, чӣ кор мекунед? – гуфтам ман ва хандакунун афзудам, – монед миёни шумо олимҳо ақаллан якто-нимто одамҳо боқӣ монанд.

– Ба ҳаҷв ва озодии баён чӣ назар доред?

– Ба назари ман, ҳаҷв ин худ як роҳи гурез аз озодии баён аст. Он чиро, ки ҷиддӣ гуфта наметавонем, бо шӯхиву танзу киноя мегӯем.

– Дарвоқеъ, қаблан дар мавзӯъҳои ҷиддие, ки имкони дар он бора гуфтану навиштан набуда, бо ташбеҳу киноя мегуфтанд. Ҳоло ин раванд эҳсос мешавад?

– Агар ба матбуот нигаред, ҳаҷвҳои гуногунро мебинед, ки аз рӯйи имконият ин ё он мушкилиро бо ташбеҳу киноя дар қолаби ҳаҷв баён кардаанд ва бо ин раванд баён кардани фикр вуҷуд дорад. Ба ин метавон навиштаҳои устод Наҷмиддини Шоҳинбод, латифаву ҳаҷвияҳои Абдурауф Муродӣ, Фазлиддин Хоҷаев ва чанд нафари дигарро мисол овард, ки моҳирона истифода мебаранд.

– Якуми апрел рӯзи дурӯғгӯӣ будааст. Шумо инро мепазиред?

– Не, намепазирам, зеро ман якуми апрелро чун Рӯзи ханда мешиносам. Дар ин рӯз дурӯғи танзомез ва хушҳолкунанда гуфта мешавад, на маҳзункунандаву зарароваранда.

– Бо кадом ҳаҷвия мусоҳибаро ба поён мерасонед?

– Дурӯғеро нақл мекунам, ки ҳатто дурӯғгӯйро ҳайратзада кардааст:

Рӯзи 1-уми апрел Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири пешини нашрияи “Минбари халқ” ба корманди маҷаллае занг зада, ӯро бо якуми апрел фиреб доданӣ шуда, мегӯяд:

– Дар назди дар туро ду нафар интизоранд. Зуд бархезу ҷойи кор биё!

Ӯ мегӯяд:

– Бахшиш, ки омада наметавонам, зеро дар ҷанозаи сармуҳаррирамон қарор дорам (сармуҳаррир аз наздиктарин дӯстони Бахтиёр Ҳамдамов будааст).

Бахтиёр Ҳамдамов хеле афсӯсхӯрона мегӯяд:

– Ман хабар наёфтаам-ку. Ба ӯ чӣ шудааст, ҷаноза дар куҷост? Ман бояд ҳатман дар ҷанозаи ӯ иштирок кунам!

– Эшон ба садама дучор шудаанд ва ҷанозаашон соати 14:00 баргузор мешавад, – гуфта, ӯ суроғаеро медиҳад.

Ҳамдамов зуд гӯшакро монда, аз дар мебарояд. Танҳо дар берун баъди дидани “марҳуми зинда” мефаҳмад, ки ин шӯхии якумиапрелӣ будааст. Худ ба худ хандида мегӯяд:

– Ана инро дурӯғ мегӯянд! Дурӯғе, ки ҳатто дурӯғгӯйро ҳайратзада кард!

Мусоҳиб,

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь