Чанде пеш дар кишварамон мавсими футболи соли 2021 анҷом ёфт ва беҳтаринҳои мавсими гузашта аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ва шарикони расмии он қадрдонӣ карда шуданд.

Тасмим гирифтем, ки бо яке аз футболбозони номдори Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев мусоҳибае анҷом бидиҳем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Фатҳулло Фатҳуллоев ҷоизадори медалҳои биринҷии мавсими соли 2021 бо дастаи КМВА, беҳтарин нимҳимоятгари Тоҷикистон дар соли 2021, беҳтарин футболбози соли 2021 аз рӯйи фарзияи шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон ширкати букмекерии Париматч мебошад. Ҳамчунин, Фатҳулло Фатҳуллоев дар мавсими гузашта чанд маротиба бозингари беҳтарини давр эътироф гардида буд.

Инак, мусоҳибаи Фатҳулло Фатҳуллоевро манзури шумо хонандагони азиз мегардонем.

Тавре медонем, бештари ҷавонони кӯҳистон ба гӯштингирӣ майлу рағбат доранд. Чӣ боис гардид, ки Фатҳулло Фатҳуллоев футболро интихоб кард?

-Воқеан, бештари наврасони манотиқи кӯҳистон ба гӯштингирӣ майлу рағбат доранд. Чанде аз наздикон ва шиносҳои ман ҳам маҳз дар ин намуди варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд ва муваффақ ҳам ҳастанд. Дар баробари ин, ман низ мухлиси ашадии дигар намудҳои варзиш, бахусус гӯштингирӣ ҳастам. Вале аз айёми хурдсолӣ ман ба футбол завқ доштам ва маҳз ҳамин чиз боис гардид, ки ба футбол рӯй овардам.

Мухлисон шуморо ҳамчун футболбози касбӣ аз вақти дар дастаи Динамо бозӣ карданатон мешиносанд. Нахустин тамринҳои Шумо дар кадом даста ва зери роҳбарии кадом мураббӣ баргузор гардид?

-Бале, ҳамчун футболбози лигаи олӣ ман мавсими аввалинамро дар дастаи Динамо гузарондам. Маҳз ҳамин даста маро ҳамчун футболбози касбӣ муаррифӣ кард. Дар дастаи мазкур солҳои 2007-2008 бозӣ намудам ва аз ин даста ба Истиқлол гузариш кардам.

Пеш аз дастаи Динамо ман дар дастаҳои Ваҳдат ва Душанбе бозӣ мекардам.

Нахустин мураббиям дар футбол Иззат Мирзоев мебошанд. Зери роҳбарии ин мураббӣ мо дар Парки Ленин машқ мекардем ва мураббӣ бештар ба тайёрии техникиамон диққат медоданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, барои ин шахс, ки дар омода намуданам ҳамчун футболбози касбӣ саҳми ниҳоят калон доранд, изҳори сипос намоям.

-Аз Динамо то КВМА Шумо роҳи дароз ва пурпечутоберо тай кардед. Ҳам дар дастаҳои кишвар ва ҳам берун аз он бозӣ кардед. Фазои кадом дастае, ки дар он бозӣ кардаед, бароятон нисбатан мувофиқ буд?

-Дар тӯли 15 сол ман дар чанд дастаи Тоҷикистон ва берун аз он бозӣ кардам. Дар ҳамаи дастаҳо тамоми бозингарон ва ҳайати мураббиён мисли як оилаи калон буданд. Тӯли 11 сол ман шарафи дастаи Истиқлолро дифоъ мекардам ва дастовардҳои бузургтаринамро низ маҳз бо ҳамин даста ба даст овардаам. Ҳамчунин, дар ин даста рӯз аз рӯз маҳорати футболбозиам сайқал меёфт. Ба назарам нисбат ба дигар дастаҳое, ки ман дар онҳо ҳунарнамоӣ кардаам, фазои дастаи Истиқлол бароям нисбатан мувофиқтар буд. Фикр мекунам, ҳамаи футболбозоне, ки он замон ҳамроҳи ман дар Истиқлол бозӣ мекарданд, ин чизро тасдиқ мекунанд. Мо мисли як оила будем ва дар пеши худ ҳадафҳо гузошта, баҳри ноил шудан ба он ҳамарӯза кӯшиш мекардем.

-Дар мусобиқаи ватанӣ низ бозингарони бомаҳорат зиёданд. Бахусус, метавон чанд тан аз муҳофизатгарони дастаҳои мухталифро ном бурд. Бароятон дар муқобили кадом муҳофизатгари Чемпионати Тоҷикистон бозӣ кардан нисбатан вазнинтар аст?

-Воқеан ҳам дар Чемпионати Тоҷикистон футболбозони бомаҳорат ниҳоят зиёданд. Дар ин қатор метавон чанд тан аз муҳофизатгаронро номбар кард, ки сазовори бозӣ кардан дар дастаҳои беҳтаринанд. Албатта, ки бозӣ кардан бо ҳамаи муҳофизатгарон мушкил аст, чун ҳар яки онҳо ба бозиҳо омодагии ҷиддӣ мебинанд. Яке аз муҳофизатгарони беҳтарини Чемпионати Тоҷикистон футболбози дастаи Истиқлол Алексей Ларин мебошад, ки дар кори худ усто аст.

Гарчанде, ки мавқеи ман ниммуҳофизатгар ҳам бошад, дар бисёр мавридҳо ман ҳамчун ҳуҷумкунанда бозӣ мекунам. Дар ин ҳолат маҳз дар муқобили Ларин қувваозмоӣ кардан мушкил аст. Ба ин легионери футболи тоҷик ман махсусан арҷ мегузорам, чун маҳз ҳамин гуна қувваозмоиҳо боиси рушду инкишофи футболи меҳан мегардад.

Дар тӯли бештар аз 15 сол Шумо зери роҳбарии чанд мураббӣ тамрин кардаед. Тактикаи машқдиҳии кадоме аз мураббиён бароятон писанд аст?

-Ман чӣ дар чемпионати дохилӣ ва чӣ берун аз он дар зери роҳбарии мураббиёни зиёде тамрин кардаам. Аз ҳамаи ин мураббиён як чизи навро ёд гирифтаам. Аммо, аз байни ҳамаашон зери роҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев ва Амин Субҳонӣ тамрин кардан нисбатан писандам аст. Таҳти роҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев ман беҳтарин солҳои футболбозиамро дар дастаи Истиқлол гузарондаам. Соли гузашта низ бароям яке аз солҳои беҳтарин дар фаъолияти футболбозиам буд, ки саҳми Амин Субҳонӣ дар он хеле калон аст.

-Мусобиқаи имсолаи футбол нишон дод, ки Фатҳулло Фатҳуллоев яке аз бозигарони беҳтарини Тоҷикистон аст. Бахусус, метавон гуфт, ки дар нимаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон ҳамто надошт. Чӣ боис гардид, ки дар ин қисмат Шумо бозии беҳтаринро нишон додед?

-Қисмати якуми мусобиқа бароям нисбатан вазнинтар буд. Тавре медонед, ман аз кишвари Ҳиндустон баргаштам ва барои истироҳат ҳамагӣ 20 рӯз доштам. 20 рӯз вақти он қадар кам ҳам нест, вале бояд қайд кард, ки чӣ иқлими Ҳиндустон ва чӣ сатҳи мусобиқаи футбол дар ин кишвар аз Тоҷикистон фарқ мекунад. Барои ҳамин дар бозиҳои аввал ман натавонистам ба пуррагӣ худро дар майдон дарёбам.

Бо гузашти вақт бароям имкон дод, ки бозии хуб нишон диҳам ва дастаамро дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи болотар бардорам.

Ҳамчунин, дар ин кор заҳматҳои мураббии даста Амин Субҳонӣ, ки дар як вазъи начандон хуб мураббии даста таъин гадиданд, саҳми ниҳоят калон дорад. То омадани Амин Субҳонӣ дастаамон дар ҷадвали мусобиқа яке аз охиринҳо буд. Тамринҳои мураббии нав боварии футболбозонро рӯз аз рӯз зиёд мекард ва дар натиҷа, мо тавонистем соҳиби медалҳои биринҷӣ шавем ва роҳхати Ҷоми КФО-ро ба даст орем.

-Шумо чандин маротиба ҷоизаҳои инфиродӣ ва даставиро ба даст овардаед. Тавре медонем байни онҳо ҷоизаҳои байналмилалӣ низ ҳастанд. Мегуфтед, ки барои Фатҳулло Фатҳуллоев кадом ҷоизаи бадастовардаашон арзиши баландтар дорад?

-Ҳар як ҷоизаи бадастомада арзиши худро дорад, хоҳ он ҷоизаи инфиродӣ бошад, хоҳ ҷоизаи даставӣ. Ман ба ҳар як ҷоизаи бадастовардаам арҷ мегузорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки шумораашон зиёд гардад. Мавсими гузашта яке аз беҳтарин мавсимҳо дар фаъолияти футболбозиам буд ва бароям имкон дод, ки чанд ҷоизаро ба даст оварам. Мавқеи ман дар майдон ниммуҳофизатгар аст. Лигаи футболи Тоҷикистон маро нимҳимоятгари беҳтарини соли 2021 эълон кард. Назар ба дигар ҷоизаҳои бадастоварбаам ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгари Тоҷикистон дар соли 2021 бароям арзиши баландтар дорад.

-Одатан варзишгарон кӯшиш мекунанд, ки дар бораи маошашон сухан нагӯянд. Агар пӯшида набошад, мегуфтед, ки дар кадом даста Шумо маоши бисёртар мегирифтед?

-Кӯшиш мекунам, ки дар бораи ин фикр ҳам накунам. Касе меҳнат кунад, албатта, ки подоши онро ба даст меорад. Фақат ҳаминашро мегӯям, ки нисбат ба дигар дастаҳое, ки дар онҳо бозӣ кардаам, маошам бештар буд.

Ҳамчунин, баъзе ҷоизаҳои инфиродӣ маблағи муайяне доранд. Аз ин рӯ, мақсади асосиамон нишон додани бозии хуб аст. Бо бозии хуб нишон додан даромад низ худаш омадан мегирад…

-Шумо дар мусобиқаи дохилии чанд мамлакати Осиё бозӣ кардаед. Мегуфтед, ки сатҳи кадоме аз ин чемпионатҳо баландтар аст?

-Бештари корнамоии футболбозиамро ман дар дастаҳои Тоҷикистон гузарондаам. Дар ҳайати дастаҳои футболи дигар кишварҳо ман беш аз ду мавсим бозӣ накардаам. Вале ба фикрам сатҳи мусобиқоти дохилии кишвари Ӯзбекистон ва Ҳиндустон нисбатан баландтар аст. Сабабаш шояд дар он бошад, ки дар ин мусобиқот муддаиён барои қаҳрамон шудан зиёдтаранд. Дар мусобиқаи дохилии худамон дастаи Истиқлол қариб ки рақиб надорад. Ҳамчунин, дастаи футболи Ӯзбекистон ва Ҳиндустон аз ҷиҳати иқтисодӣ низ хубтар таъминанд. Вазъи иқтисодии даста низ барои бозии хуб нишон додан аҳамияти калон дорад.

-Имсол дастаи КМВА дар таърихи мавҷудияташ нахустин маротиба дар Ҷоми КФО бозӣ мекунад. Роҳбарияти даста дар пеши ситоди мураббиён ва футболбозони даста чӣ вазифаҳо гузоштааст?

-Дастаи КМВА бори аввали дар ин мусобиқа иштирок хоҳад кард, вале ман бо дастаи Истиқлол аллакай дар Ҷоми КФО бозӣ кардаам. То андозае таҷрибаи бозӣ кардан дар ин мусобиқаро дорам.

Дар назди мо ягон вазифаи мушаххас гузошта нашудааст, чун дар варзиш пешгӯйӣ кардан ғайриимкон аст. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки дар мавсими оянда бозии максималиамонрл нишон диҳем ва дастаамонро сазоворона муаррифӣ намоем. Бахусус, мо кӯшиш мекунем, ки дастаамон дар Ҷоми КФО бозӣ беҳтаринашро нишон диҳад.

Мусоҳиб: Музаффар АЙДАРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь