Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Зеро донишгоҳ дар рушду такомули соҳаи илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Имрӯз дастпарварони ин боргоҳи илму хирад дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Мо тасмим гирифтем, ки бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода доир ба дастовардҳои ин боргоҳи маърифат дар тайёр намудани кадрҳо ҳамсуҳбат шавем.

 – Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро маркази асосии омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир дар кишвар маҳсуб медонанд. Чаро?

– Албатта, дуруст баҳо додаанд. Зеро аз замони таъсис то имрӯз донишгоҳро шахсиятҳои донишманду барӯманди ҷумҳурӣ роҳбарӣ намуда, талош намудаанд, ки ин боргоҳи дорои таърихи куҳан ҳамеша нуфузу эътиборашро нигоҳ дорад. Борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, ба фаъолияти он баҳои арзанда додаанд. Аз ин ҳайати устодону кормандони донишгоҳ илҳоми тоза гирифта, кӯшиш менамоянд, ки мутахассисонро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбият намоянд.

Ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади муназзам гардонидани корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию хоҷагидорӣ ва ташкилию сохторӣ як силсила тадбирҳои муҳим андешида шуда истодаанд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, пеш аз ҳама ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҷараёни таълим, тарбия, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа омода ва дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон баррасию тасдиқ ва мавриди иҷро қарор гирифтанд.

– Шумо дар нишасти матбуотии хеш доир ба ислоҳот дар низоми идоракунӣ ва таълими донишгоҳ ишорае карда будед, аммо онро батафсил шарҳ надодед. Ин чӣ тағйирот буд ва ба хотири чӣ?

– Соли равон бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишазбаркунии донишҷӯён, ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардонидани равияю ихтисосҳои донишгоҳ, ҳамчунин хубтару беҳтар намудани корҳои ташкилӣ ва таълимию методӣ дар сохтори мавҷудаи донишгоҳ тағйиротҳои назаррас ба вуқуъ пайваст. Ҷиҳати мувофиқ сохтани сохтори донишгоҳ ба талаботи тағйирпазирии ҷомеа ва мақоми донишгоҳ, сохтори комилан нави идоракунии донишгоҳ таҳия ва барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Сохтори нав низоми идоракунии донишгоҳро муназзам ва танзим мекунад. Инчунин, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои сохтории нав таъсис дода шуд. Ин имкон медиҳад, ки такроршавии баъзе зерсохторҳоро аз байн бурда, кадрҳои роҳбарикунандаро ба танзим дарорем. Дар сохтори батасвибрасида воҳидҳои таркибии нав, аз ҷумла, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия (дар заминаи вазифаи муовини ректор оид ба илм), маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ, раёсати инноватсия, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, шуъбаи магистратура, шуъбаи назорати сифати таҳсилот, шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ, бахши ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва табодули академӣ, бахши идоракунии лоиҳаҳои донишгоҳ таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ карданд.

– Ихтисосҳои нав ҳам таъсис ёфтанд?

– Бале. Дар мувофиқа бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои сиёсати берунӣ ва дипломатия дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ, таъмини иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, менеҷменти молиявӣ, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук дар факултети молиявию иқтисодӣ, танқиди адабӣ дар факултети филология, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (англисӣ-хитоӣ), логистика дар факултети иқтисод ва идора кушода шуданд. Дар  ҳамаи ин ихтисосҳо аллакай донишҷӯён ҳам дар гуруҳҳои буҷавӣ ва ҳам дар гуруҳҳои шартномавӣ қабул карда шуданд.

Ҳамчунин, бо назардошти таъсиси ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисодиёти мамлакат ҷавобгӯй факултети баҳисобгирию иқтисодӣ ба факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти рақамӣ тағйири ном кард.

– Дар маҷмуъ, айни замон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чанд факултет мавҷуд аст? Зимнан, донишгоҳ чӣ иқтидор дорад?

– Ҳоло дар донишгоҳ 19 факултет бо фарогирии 118 кафедра (111 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умимидонишгоҳӣ), Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди ДМТ, литсейи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 34 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 7 хобгоҳ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда истодаанд.

Теъдоди устодоне, ки ба донишҷӯён таълим медиҳанд, чанд нафаранд? Дар миёни онҳо академикҳо ҳам ҳастанд?

– Алҳол дар 118 кафедраи донишгоҳ 1585 нафар омӯзгор, аз ҷумла 13 нафар академик, 14 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 179 нафар докторони илм, 512 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Аз онҳо 1270 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ (штатӣ) ва 315 нафар ҳамчун омӯзгорони ҳамкор фаъолият менамоянд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар донишгоҳ 718 нафар омӯзгорони дорои унвони илмидошта  фаъолият доранд, ки 56,5 фоизро омӯзгорони унвондор ташкил медиҳанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар донишгоҳ аз рӯи 112 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, аз рӯи 84 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура ва 103 ихтисос доктор РhD, доктор аз рӯи ихтисос мутахассисон омода гардида, таҳсил дар гуруҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

– Албатта, донишгоҳро бидуни илм тасаввур кардан нашояд. Илму амалия таконбахши пешрафти ҳар як муаассисаи олист. Дар ин замина ДМТ чӣ дастовард дорад?

– Ҳамасола бо мақсади ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба соҳаи илм бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи соҳаҳои гуногун олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» санаи 12-13-уми марти соли ҷорӣ олимпиада баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёне, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳсил мекунанд, иштирок намуда, аз рӯи 7 самти илм – математика, физика, астрономия, химия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ дар шакли тахассусӣ ва ғайритахассусӣ сабқат намуданд. Дастаи олимпии Донишгоҳи миллӣ бо гирифтани чор ҷойи аввал ва ду ҷойи дуюм ғолиб баромада, сазовори ҷойи аввал ва диплому «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд. Зимнан, дар факултетҳои донишгоҳ 114 маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён амал менамояд.

Кормандони Институти илмию тадқиқотии ДМТ аз рӯи 28 мавзуҳои илмӣ, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, корҳои илмию тадқиқотиро идома медиҳанд.

То имрӯз дар шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии донишгоҳ 110 аспирант, 12 нафар докторант, 270 нафар унвонҷӯ, 152 нафар докторанти PhD ва 1022 нафар магистр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳ дорои маҷаллаҳои илмии “Паёми ДМТ” ва “Илм ва инноватсия” буда, мунтазам чоп мешаванд.

Дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 7 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ва 14 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 Шӯрои байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғистон фаъолият менамоянд.

Соли ҷорӣ дар Шӯроҳои диссертатсионии русӣ 18 рисолаи номзадӣ, дар шӯроҳои диссертатсионии ватанӣ 7 рисолаи докторӣ, 30 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи доктор PhD дифоъ карда шуданд.

– Ҳар сол бо дастгирии Президенти кишвар теъдоди донишҷӯёни тариқи квотаи Президентӣ таҳсилдошта зиёд карда мешаванд. Албатта, имрӯз кам нестанд чунин донишҷӯёне, ки дар ДМТ таҳсил менамоянд. Раёсати донишгоҳ чӣ гуна онҳоро ҳавасманд мегардонад?

– Донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо қарор доранд. Тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишҷӯёни мазкур дар донишгоҳ, аз ҷумла иштирок дар машғулиятҳои дарсӣ, натиҷаи таҳсил, ҷараёни сессияи санҷишию имтиҳонӣ, таъминот ва истиқомат дар хобгоҳ, таъмини стипендия, ҷалб намудан ба чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва илмӣ, озмуну олимпиадаҳо зери назорати бевоситаи раёсати таълими донишгоҳ қарор дорад.

– Чанд нафар тариқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд?

– Дар 14 факултети донишгоҳ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 259 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Аз онҳо 157 нафар духтар ва 102 нафар писар аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошанд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда 161 нафар дар хобгоҳ истиқомат мекунанд.

– Равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии хориҷӣ дар кадом поя қарор дорад?

– Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ дар робита ба амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун сиёсати «дарҳои боз» дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон маҳаки калидист, сарчашма гирифта, батадриҷ рушд карда истодааст. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 донишгоҳ макони баргузории чандин ҳамоишҳо, конференсияву мизи мудаввар ва дигар нишастҳои байналмилалӣ буд. Аммо паҳн шудани бемории сироятии КОВИД-19 дар ҷаҳон, маҳдуд гардидани омаду рафти одамон, баста шудани марзҳо то ҳадде ба поён омадани сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ боис гардид. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар доираи восита ва имкониятҳои техникии замонавӣ донишгоҳ тавонист то андозае сатҳи ҳамкориҳоро нигоҳ дорад. Намояндагони донишгоҳ дар 12 ҳамоиши байналмилалӣ тариқи онлайн иштирок намуданд.

Айни ҳол донишгоҳ бо 286 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, узви Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад. Донишгоҳ узви фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, узви Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2020 донишгоҳ бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ Созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориро ба тасвиб расонида, бахшҳои гуногуни ҳамкориро бо шарикони нави хориҷӣ оғоз намуд.

– Дар пеш 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Донишгоҳ дар ободу зебо гардонидани атрофи биноҳои таълимӣ, мавзеи «Шаҳраки донишҷӯён» чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

– Дар бинои маъмурии донишгоҳ назди биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо тибқи дастури роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам шанбегиҳо гузаронида мешавад. Дар ин замина ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садорати факултетҳо, кормандони ҳоҷагӣ ва ёрирасон аз ҳисоби соатҳои фориғ аз кор ва берун аз машғулиятҳои дарсӣ ба шанбегӣ мебароянд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи корҳои ободонию созандагӣ дар заминҳои донишгоҳ 1500 дарахтони сояафкан ва ороишӣ, аз он ҷумла, дар маҳаллаи “Шаҳраки донишҷӯён” ба миқдори 850 дона дарахтон ва ниҳолҳои сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Дар назди биноҳои таълимии донишгоҳ ва хобгоҳи №6 зиёда аз 32 ҳазор дона ва дар «Шаҳраки донишҷӯён» зиёда аз 50000 дона гулҳои ороишӣ шинонида шуд. Дар бинои таълими №17 бо истифода аз маблағгузории грантӣ маркази инноватсионӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ин яке аз дастовардҳои нав дар татбиқи илмҳои техникӣ дар донишгоҳ мебошад. Дар марказ дастовардҳои навтарини олами техникӣ, аз қабили 10 адад моноблокҳои навъи охирин, дастгоҳи гравёркунӣ – 2 адад, принтерҳои 3D, проектор, таҷҳизоти лазерӣ насб карда шудаанд.

Ҳамзамон, дар хобгоҳи №6 як сехи дӯзандагӣ бо 8 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд, ки фаъолияти худро аз дӯхтани рахтҳои хоб барои донишҷӯён оғоз намуд. Баробари паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус COVID-19 сех самти фаъолияти худро барои дӯхтани ниқобҳои яккарата иваз намуд. Дар хобгоҳи №7-и духтарон бо дастгирии раёсати донишгоҳ бо истифода аз гранти хориҷӣ синфхонаи таълимӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки духтарон дар вақтҳои фориғ аз дарс ба касбомӯзӣ машғул мешаванд.

– Имсол донишгоҳро чанд нафар хатм намуданд?

– Аз рӯи 3 зинаи таҳсил – бакалавр, мутахассис ва магистратура 4743 нафар хатм намуданд. 126 нафар донишҷӯён соҳиби диплом гардиданд.

– Пандемияи коронавирус на танҳо ба иқтисодиёти ҷаҳон, балки ба соҳаи маориф ҳам зарба зад. Зеро баъди ошкор шудан ва хурӯҷи коронавирус тамоми муассисаҳои таълимии кишвар пеш аз муҳлат давраи хонишро ба охир расониданд. Дар ин росто, ДМТ чӣ кор кард?

– Сессияи санҷишию имтиҳонии зимистона ва тобистонаи соли 2020 мувофиқи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ баргузор гардиданд. Ба тамоми деканҳои факултет дастур дода шуд, ки дар ин давраи ҳассос донишҷӯёнро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, имтиҳонҳоро дар вақташ бидуни мушкилӣ гузаронанд. Дар ин давра ягон донишҷӯ қарздор намонд. Инчунин, донишҷӯёни гуруҳҳои буҷавӣ, ки давраи аввали сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаро дар вақти муайяншуда супориданд, ба гирифтани стипендия мушарраф гардиданд, ки онҳо 2951 нафар донишҷӯро фаро мегиранд. Ҳамзамон, дар донишгоҳ 42 нафар стипендияҳои номӣ мегиранд.

Дар пайи пандемияи коронавирус 28-уми август 2821 нафар муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пардохти маблағи кредит озод карда шуданд. Ин тасмими раёсат дар Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷиикистон дастгирӣ ёфт. Донишҷӯёни донишгоҳ аз фанҳои гуногун (дар маҷмуъ 3587 фан) қарздор буданд. Акнун онҳо аз пардохти маблағи кредит озод шуда, бидуни мушкилот таҳсилро идома медиҳанд.

“ФАРАЖ”

МАЪЛУМОТНОМА:

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, 38-сола. Соли 2004-ум факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистоноло ДМТ)-ро аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намудааст. Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор. Аз 27-уми январи соли 2020 инҷониб ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Қобилҷон Хушвахтзода дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини декан оид ба илм ва тарбияи факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ, муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ ва декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ фаъолияти пурсамар намудааст. Хизматҳои шоистаи Хушвахтзода Қ. Х. бо «Ифтихорнома»и ДМТ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ), Диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон қадр гардидаанд. Номбурда муаллифи зиёда аз 170 маводи илмӣ дар мавзуҳои вобаста ба риштаи иқтисод аст. Ҳамзамон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Молия ва иқтисод”-и КОА-и Федератсияи Русия мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь